SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

Orator1

Ҳамкурс ва дӯстам Парвона фикрамро оид ба ин ду мафҳум фаҳмидан хост. Тавсия дод, то фикрамро нависам ва чӣ фарқ доштани ин ду калимаро муайян созам.

 

 

 

Мафҳумҳои сухангӯ ва сухандон аз ҳам тафовути калон доранд. Нафари сухангӯ то сухандон шудан бояд хеле заҳмат кашад ва нафари сухандон ҳам ҳамчунин. Дар шахсияти нафари сухандон ман одамеро мебинам, ки ҳамадон аст. Бисёр чизҳоро медонаду дарк мекунад. Аз суханрониаш бармеояд, ки китобҳои зиёд мутолиа намудааст. Шахси сухандон дар ҳар гуна вазъу ҳолат гап меёбад. Ҳамеша суханаш ба ҳадаф, тираш ба нишон мерасад. На ҳама сухандон шуда метавонанд.

Сухандонӣ ҳам неъмати бузург аст, ки Худованд ато мекунад. Ин гуна нафарон намегузоранд, ки дар вазъияти ногувор монанд, худро аз вазъияти душвор ба осонӣ мебароранд. Сухан силоҳи аслии чунин нафарон аст. Бо сухан сухандон метавонад, шоҳро гадову нотавонро тавоно, парокандагонро ҷамъ ва душманонро дӯст гардонад. Сухан сеҳри бузург дорад ва танҳо сухандони оқил метавонад онро бо манфиат истифода барад.

Пас мафҳуми сухангӯ чӣ? Фикр мекунам, ҳар нафар сухангӯ буда метавонад, чун дар замони муосир суханронӣ хеле осон гаштааст. Имрӯз баъзе "бузургон"-и мо аз минбарҳои баланд, аз рӯи варақу телефон, планшетҳо чунон сухан мекунанд, ки агар Худо накарда айнак ё варақашон гӯм шавад, ҳоли бечораҳо чӣ мешавад. Муҳим суханро боҳадаф, дуруст ва мақсаднок ифода кардан аст. Агар нафаре аз сухане иттилои нав ва чизи хубу нафъоваре ба даст орад, давлати бузург аст.

Ҳастанд нафароне, ки сухандонанд, вале сухангӯ не. Ибрози ақида карда наметавонанд. Ин гуна нафарон бояд бештар машқи сухан кунанд. Баъзан шахси соҳибилм, хирадманд ва бофарҳанг, маҳорати сухани худро ба дигарон расонданро надорад. Фикри худро фаҳмонида наметавонад ва худ ҳам ба гумон аст, ки ба гуфтаҳояш қаноат кунад.

Баръакс ҳастанд шахсоне, ки забони чун булбул гӯё доранд, худро ҳамеша ҳақ мебароранд, суханварӣ ҳамто надоранд, вале суханҳо бесарунӯг ва норавшан мебароянд, ки то кадом андоза холи будани коҳдон зуд аён мегардад.

Ин буд чанд андешаи шахсиам оид ба ин ду мафҳум. Хонандагони азиз шояд муқобили ақидаи ман бошед, пас ҳақ доред, чун панҷ панҷа баробар нест ва на ҳама як фикр доранд.

 

Некқадамова Оламбегим

донишҷӯи соли сеюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.