SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

yod

Субҳ аз хоб бедор шудам. Нури офтоб аз тиреза ба рӯям мезад. Гӯё мехост маро аз хоб бедор кунад. Аз ҷой бархестам ва оҳиста-оҳиста ба сӯи тиреза қадам гузоштам. Тирезаро кушода, бо тамоми вуҷуд нафас кашидам.

 

 

Боди форам ба димоғам бӯи хуши баҳорро меовард. Шаббодаи дарёи Душанбе он қадар форам буд, ки ба эҷодкор илҳоми беандоза мебахшид. Кабутарон дар осмони мусаффо парвоз доштанд, ба онҳо нигоҳ кардам ва маро ҳаваси парвоз мекард. Аҷаб манзараи зебо ва хотирмон буд.

Ногаҳон аз паси девор гурбаи сиёҳе бо шаст гузашт. Сарамро аз тиреза берун кардам ва ӯро ҷустам, вале ӯ дуршуда буд. Рафта дасту рӯямро шустам ва боз ба назди тиреза омадам. Манзараи зебо маро бо худ ҷалб мекард. Назар ба берун андохтам, ҳамон гурбаи сиёҳ берун буд. Бо диданаш шод шудам ва майдаи нон ба наздаш партофтам. Ӯ аз ман тарсиду фирор кард. Кабутарон майдаи нонро чида хӯрданд.

Ҳамон вақт ба ёдам гурбаи модаркалонам омад. Модаркалонам гурбаи сип- сиёҳе дошд. Худ бисёр хӯрок намехурд, чун дандонҳояш пӯсида рехта буданд, вале ба гурбааш нон хоида медод. Барои хамин ҳам, гурба бисёр фарбеҳ буд. Рӯзи дароз дар берун мегашту аммо шаб ҳатман дар назди модаркалонам хоб мекард. Ӯ шояд медонист, ки модарам хонаро рӯбу чин мекунад ва ӯ халал мерасонад. Агар бегоҳ дер меомад, модаркалонам хаватир мешуд. Ҳамчу фарзандаш дӯст медошд. Чун ҳама фарзандон бо ташвиши рӯзғори худ буданд, вале гурба ҳамроҳу ҳамнафасу ҳамрози модаркалонам буд.

         Хурд будам, дар ёдам ҳаст, вақте ки гурба таваллуд мекард, модаркалонам гурбаро болои тахти хоби худ мехобонид ва гурбачаҳоро бошад, дар назди худ нигоҳ медошт.

       Вақте ки модаркалонам ба меҳмони мерафт, гурбааш хона намеомад, шояд аз мо метарсид. Садои пои модаркалонам ба гӯш нарасида, ӯ пайдо мешуд. Чун кӯдаке, ки домани модарашро гирифта гиря мекунад, ӯ низ ба пои модаркалонам печзанон нола мекард. Шояд ин ба касе хандаовар буд, вале ба ман як дунёи дигар.

     Ҳар чизе ки ба гурба азиз буд, ба модаркалонам ҳам.

     Ҳангоми модаркалонам дар беморхона будан гурбааш ба хона намеомад. Мо низ аҳамият намедодем. Аҳволи бибиам бад шуд ва ӯро ба хона овардем. Ҳама гирди ӯ ҷамъ омада гиря мекарданд. Ҳамон лаҳза гурбааш пайдо шуда омад. Ҳоли гурба низ бад шуд, гӯё зи дард нола мекард, вале бе садо. Аз ин парда ба он парда часпида фарёд мекашид. Ҳамон лаҳза модаркалонам аз олам чашм пушид. Гурба бошад, оҳиста-оҳиста қадам гузошта баромада рафт. Ман дигар ӯро надидам. Баъди марги модаркалонам ҳар гурбаи сиёҳеро, ки медидам, гумон мекардам шояд ин ҳамон гурба бошад.

         Аз ин воқеа чанд сол гузашт, вале дар ёди ман чун дирӯз аст. Ин воқеа ба ман чун дарси рӯзғор шуд. Ба ҳар ҳайвони хонагӣ меҳрубонона рафтор мекунам. Онҳо чун инсон қобиляти фикр кардан надошта бошанд ҳам, вале ҳиссиёт доранд. Одамизод рӯзғоро бояд аз гузашта омӯзад. Чун бе далел Устод Рӯдакӣ нагуфтаанд:

                       Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

                      Низ наомӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

                                                                                        

                                                                                                    

Зархоров Муҳаммадисо

донишҷӯи соли якум

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.