SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

istarrr

Истаравшан ҳамчун минтақаи бобаракат дар сари Роҳи Бузурги Абрешим қарор дошта, дар давоми садсолаҳо барои ривоҷи тиҷорат ва густариши робитаи иқтисодию фарҳангӣ кӯмак кардааст.

                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

 

          Яке аз шаҳрҳои таърихиву қадимаи миллати тоҷик, ки аз қадимулайём ҳамчун марвориде дурахшида дар ҷаҳон шаъшаъапошӣ кардааст, Истаравшани бостонӣ мебошад. Таърихчиён ин маконро маркази фарҳангу тамаддун, ҳунару ҳунармандӣ, осорхонаи зиндаи таърих, нуқтаи асосии тиҷорат дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим арзёбӣ кардаанд. Вобаста ба таърихи пайдоиш ва фарҳангу маданияти ин бостоншаҳр чандин рисолаҳои илмӣ иншо шуда, аз ҷониби муаррихони дохиливу хориҷӣ даҳҳо китобтаҳия гардидааст. Айни ҳол як гурӯҳ олимону эҷодкорон сари навиштани энсиклопедия бо номи “Қомуси Истаравшан” кор карда истодаанд, ки рӯйи чоп хоҳад омад.             Назирҷон Турсунов дар китоби “Истаравшан” бо такя ба манбаъҳои боэътимод аз таърихи ин куҳандиёр чунин мегӯяд: “Истаравшан аз замони Фарохнои Ориёнур, ки дар китоби бузурги ниёгон “Авесто” 3000 сол қабл аз ин зикр шудааст, чун яке аз вилоятҳои сукунати тоифаҳои эронӣ дар таърих ва маданияти тоҷикон, халқҳои дигари Осиёи Миёна осори амиқ гузоштааст”. Муаллифи китоби мазкур маънои Истаравшанро чунин шарҳ медиҳад “ ... дар забони Эрониёни Шарқӣ “Устуршана” маънои “Ситораи равшан”-ро ифода мекард. Зеро ойини тоисломӣ ба одамон парастиши ҷирмҳои самоӣ: офтоб, моҳтоб, ситорагонро талқин менамуд. Худи номи Истаравшан ифодаи барҷастаи пайдоиши ориёнаи ин тоифа буда,таърихи қадим ва ғании ниёгонро таҷассум менамояд”.

            Имрӯз дар Истаравшан зиёда аз 150 ёдгориҳои меъмориву таърихӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза қадамҷойи сайёҳон аст. Бузургтарину машҳуртарин ва қадимтарини он Қалъаи Муғ, Теппаи Тал, Ансамбли меъмории Ҳазрати Шоҳ, Чоргунбаз, Мадрасаи Абдулатиф Султон, Масҷиди Сари Мазору Боботағои Валӣ, Мазори Шайх Абӯбакри Шиблӣ, Мақбараи Абдулқодири Ҷелонӣ, Ҳазрати Махдуми Аъзам, Хоҷа Абдураҳмони Авф, Мавзеи Савристон, ки бо 11 адад дарахтони азими сарв (ҳар яки он таърихи қариб2000 сола доранд) иҳота гардидааст, мебошанд. Аз 120 масҷиди хурду калоне, ки дар замони зуҳури ислом ва баъди он сохта шуда буданд, аксарияташ таърихи заёда аз 200-400 сола доранд.Оид ба таърихи пайдоиши ин маконҳо метавон даҳҳо рисолаҳои илмӣ навишт.

            Назар ба гуфти муаллифи китоби “Истаравшан”: “Аз байни шаҳрҳои қадими Ҷумҳурии Тоҷикистон Ӯротеппа ягона маъво аст, ки барои ба осорхонаи муаззами кушоди таъриху маданият табдил ёфтан омилҳои моддӣ ва маънавӣ дорад”. Дар хусуси гиромӣ нигоҳ доштани маҷмааҳои таърихӣ пажӯҳишгар Ҳусейни Назрулло дар матлаби “Истаравшан бояд осорхонаи табиӣ – мамнӯъгоҳ эълон шавад” овардааст, кияк зумра олимон Дмитрих Хуфф(Олмон), Киодза Като (Ҷопон), Аҳмад Ҳасан Донӣ (ноиби президенти академияи Юнеско оид ба омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ), Носир Такмил Ҳумоюн (Эрон), Дияр Бикерли (Туркия) ва дигарон соли 1991 вақте дар корвони илмӣ-сафарии байналмиллалии “Роҳи абрешим – роҳи тамос” аз Истаравшан дидан карда буданд, аз зебоии ёдгориҳои шаҳр моту мабҳут шуда буданд. “Ин олимони машҳури корвони илмӣ ба унвонии ЮНЕСКО муроҷиатнома арза намуда, тақозо кардаанд, ки бо назардошти дарбаргирии объектҳои бостоншиносию меъморӣ ва этнографӣ шаҳри Истаравшан ба мамнӯъгоҳ табдил дода шавад” (“Садои Мардум”, №116(3753),30. 09. 2017).

            Истаравшан маъвои тавлиди таърих, маданияту фарҳанг ва ҳунару ҳунармандӣ дониста мешуд. Амирону хонҳо ва сарватмандон қасру кӯшк ва хонаҳои худро бо наққошию кандакорӣ оро медоданд, ки ин ба дӯши устоҳои Истаравшан буд.

Имрӯзҳо дар шаҳр Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ фаъолият намуда, барои эҳёи ҳунарҳои қадима мутахассисонро омода менамояд. Зиёда аз 100 ҳунаре, ки мардум бо он зиндагиашонро пеш мебаранд, 11 намуди он дар коллеҷи мазкур ёд дода мешаванд. Дар дохили коллеҷ гӯшаи намоишие мавҷуд аст, ки аз маҳсули дасти донишҷӯён ташкил ёфтааст.

Кӯчаву гузарҳои шаҳри Истаравшан вобаста ба касб номгузорӣ шудаанд. Масалан, гузари Шонатарошон, Кулолгарон, Косабофон, Осиёдурусткунон, Читгарон, Чармгарон, Мисгарон, Қолинбофон, Заргарон ва монанди инҳо аз зумраи чунин номгузориҳо мебошанд, ки таърихи гӯёи ин марзанд.

Сайёҳоне, ки ба ин шаҳр меоянд, саёҳати худро аз бозори марказӣ оғоз менамоянд. Зеро ин ҷо либосҳои милливу аврупоӣ, меваҷоту шириниҳои дохилӣ ва дар растаҳои махсус маҳсулоти дастӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Яке аз растаҳои калон бо номи “Растаи оҳангарон” машҳур аст, ки аз 14 утоқи корӣ иборат буда, ҳамарӯза ҳунармандон маҳсули заҳмати хешро ба фурӯш мебароранд. Аксарияташонро устоҳои кордсоз ташкил медиҳад. Кордҳои онҳо аз қадим дар Мовароуннаҳр аз ҷиҳати сифату миқдор дар баробари кордҳои ҳунарварони Қаротоғи Ҳисор ва Чусти Фарғона хеле баланд ҳисобида мешуд.

Ҷойи диданбоби дигар нимпайкараи инқилобчии бузург В. И. Ленин мебошад, ки соли 1964 сохта шуда, дар ҷаҳон калонтарин маҳсуб меёбад. То расидан ба ин нимпайкара 365 зинаро тай намудан лозим меояд. Зеро гирду атрофи он бо дарахтони ҳамешабаҳор печонида шудааст.Дар гузашта ин ҷо навхонадорон сайругашт карда, то охири зина мебаромаданд.

Дар наздикии он осоишгоҳи “Ависсенна” фаъолият мекунад, ки сайёҳони дохилу хориҷ истироҳат мекунанд.

Агар ин маконҳои нодири таърихӣ аз сари нав таъмиру бозсозӣ шаванд ва биноҳои баландошёна, осоишгоҳу меҳмонхонаҳои замонавӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ таъсис дода шаванд, барои солҳои рушди сайёҳӣ дастоварди хубе хоҳад буд.

Дар маҷмӯъ шаҳри бостонии Истаравшан бойгонии азими таърихи тоҷикон буда, ёдгориҳои нодири он натанҳо ҷалбкунандаи сайёҳон, балки инъикосгари таърихи куҳан ва мояи ифтихори миллати тоҷикаст.

                                                                            Абдуғаффор Шодиев

донишҷӯи соли дуюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.