SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

Haifo

Симои аҷаб нуронӣ. Як бор дидед, «боз бинам» - мегӯед. Муйсарӣ сап-сафед ба сураташон солориву шаҳоматеро бахшида.

Лабханди доимиашон шӯълапошии хуршеди ҷаҳонпероро монда. Нутқи ҳушрабояшон ширинии наботу асалро шарманда карда. Қиссаҳои аҷибу ғарибашон ҷойи сад достону ривоятро гирифта.

 

 

Муаллифи ин сатрҳо, гуноҳкор аст, чунки айни дарс пмнҳонӣ он нақлҳоро бо диктофон сабт кардаву дар бойгонии шахсӣ маҳфуз дошта. Дареғо, он нақлҳоро акнун факат аз ҳамон сабтҳои пинҳонӣ шунидан мумкин асту бас. Ҳайфо, Баҳриддин Камолиддинов мо шогирднабераҳоро гузошта рафтанд!!!

Ташнаи дарсҳоятонем, устод!

Бешак, дарси эшонро ҳатто донишҷӯйи нобошами гапнодаро низ пазмон мешуд. Шояд кам пурсидани вазифа аз ҷониби устод буд, ки ҳамагон «кай дарси устод Камолиддинов мешавад» - гуён интизорӣ мекашиданд. Лекин устод ҳам таноби ҳарякамонро нағзакак кашида мемонданд. Ногоҳон номи фалон донишҷӯро аз дафтарашон дида, ӯро назди тахта хонда, ҷумлаеро барои мисол дода, «таҳлил кун" - мегуфтанд. Агар натавонистем, оҳистакак ба гӯшамон «схемаи ҷумла ин хел мешавад, хатро ин хел каш» - гуфта мемонданд. Ба ҳама як хел баҳо мегузоштанд, ки ин ба ҳар донишҷӯ писанд буд, хусусан ба танбалхӯҷаҳо. Асло, хавотиравзо намешудем ва байнамон атрофи балҳо ҳам баҳс сурат намегирифт, чунки медонистем, баҳои устодро. Рӯҳатон шод бод, бобои ҷавонжурналистон!

Зеби маҳофил будед, устод!

Дар факултети мо ҳафтае нест, ки маҳфиле баргузор нагардад. Он маҳфиле қӯр мегирифт, ки агар дар он устод меҳмон бошанд. Дигарон баромад мекарданд, лекин баробари нутқи сухангӯ пичир-пичири нишастагон ҳам шунида мешуд. Лекин устод пеши минбар омадан замоно ҳама сокит мешуданд. Нақлҳояшонро ончунон ривоят мекарданд, ки гӯё навореро тамошо дорем. «Перомуни рӯзгори аҳли адаб, мактаби шабона, солҳои аввали ба таҳсил ҷалб кунонидани духтарони деҳот, воқеаҳои ғалатӣ атрофи шеваҳои гуногуни забон» - аз ҷумлаи мавзӯҳое буданд, ки устод сари онҳо бештарини вақт ист мекарданд. Агар донишҷӯён озодона ба варақ нигоҳ накарда маърӯза кунанд, курта-курта гӯшт мегирифтанд. Якбор як маърӯзачӣ «дар чанд ҷо бо ин хатогӣ вохӯрдем» - гуфта монд. Устод ӯро дар ҷояш ислоҳ карда «хатогӣ хатост» - гуфтанд. Дигар мо нодонхӯҷаҳои факултетро кӣ ислоҳ мекунад? Рӯҳатон шод бод, бобои ҷавонжурналистон!

Мо саҳлангорӣ кардем, устод!

Шогирднабераи Шумо аз дарсҳоятон илҳом гирифта, меҳрномае бо унвони «Ҷавонӣ намеравд!» навишт, ки он дар сомонаи факултет ва дар саҳифаи донишҷӯёни газетаи «Самак» чоп шуд. Шумораи газетаро гирифта, тозон ба утоқи кории Шумо омадам. Шумо набудед. Муаллима Мушаррафа Ҷӯраева дар мизи кориашон буданд. Номаро ба он кас додам. Эшон хурсанд шуда «ба устод мерасонем, ба Шумо ҳам гӯям, ин маводатонро боз мукаммалтар кунед, моҳи октябр бахшида ба 85-умин солгардашон маҷмӯае мураттаб карданием ва инро ҳам ҷо мекунем, мӯҳлат то охири моҳи май» - ҳушдор доданд муаллима. Муслима Манонова, мудири студияи таълимии факултет дар дарси амалӣ «саволҳои мантиқан дуруст тартиб деҳ, оғози ҳафтаи нав бо камера меҳмони хонаи устод мешавему мусоҳиба мегирем, - гуфта супориш доданд. «Устод ончунон меҳмоннавоз аст, ки… ҳоло равем, худат мефаҳмӣ», - дар омади гап гуфта буданд муаллима. Ҳайҳот, саҳлангорӣ кардем ва ҳам қадами шуми вабои коронавирус имконоти моро маҳдуд кард. Ба ин мусолиҳакориамон пӯзиш металабем, устод! Рӯҳатон шод бод, бобои ҷавонжурналистон!

Роҳи ту чун фазост беохир,

Пас нагӯям – куҷо сафар дорӣ…

                                       Шералӣ Мастон

Ҳар бор Шуморо дар кафедраатон дар иҳотаи донишҷӯёну магистрантон медидам. Бо муҳаббат дари дилро боз карда, ба қавле хуни ҷигар шуда, қубҳу зишти кори онҳоро медидед. Яке бо ҳавас мегуфт: «Чолокии шоҳинворонаашонро намегӯйӣ, бе ҳеҷ асо суръати раҳгардиашонро бин!». «Чашмат нарасад, димоғашон мудом чоқ, ҳам бо варзиш машғуланд», - гап мепарронд дигаре. Устод Шумо ҳамвора изҳорӣ нигаронӣ мекардед, ки бархе ходими матбуоту телевизион ва радио бесавод ҳастанд, забони модариашонро дурурст намедонанд. Бар ҳурмати рӯҳи поки Шумо, мо ҷавонжурналистон бо эҳсоси ватандӯстӣ бо забони модариамон нағзакак мусаллаҳ шуда, онро аз олудашавӣ ва ғалатҳои услубиву имлоӣ тоза нигоҳ хоҳем дошт. Рӯҳатон шод бод, бобои ҷавонжурналистон!

 

Файзуллохон Обидов

донишҷӯи соли дуюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.