БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

jvani1 

Ошуфтаҳолӣ, ҳассосӣ, зӯрозмоӣ, саросемакорӣ, хаёлпарварӣ, ҷӯяндагиву пӯяндагӣ дар вуҷуди ҳар ҷавон, алалхусус, дар каминаи камтарин ҳам туғён дорад. Ёд дорам, айни наврасӣ модарам ҳамсояҳои баодобамонро мисол оварда: - Ба ин ҷавонҳои меҳнатӣ, ки аллакай, мустақилона ба пойи худ роҳ мегарданд, ҳавасам меояд, - гуфта мемонд.

 

 

Таъкиди ӯ беасар намонд. Ана, мо як зумра ҷавононе, ки аз ҳар манотиқи Тоҷикистони ҷоноҷон дар хобгоҳи №6 – и донишҷӯёни ДМТ будубош дорем, ҳаққонӣ, дар мактаби мустақилшавӣ сайқал ёфта истодаем. Шояд, ҳамакнун, модарам ҳам аз мо ҳавас барад. Инак, дуюм сол аст, ки мо 10 нафар донишҷӯйи факултети журналистикаи ДМТ дар хобгоҳ истиқомат мекунем. Таъриф нашавад, бо навҷавонони хушдил хобгоҳ то дили шаб пурҳаёҳуст. Шабонарӯзи хобгоҳиёнро бе тифоқона сари сурфа нишастанҳо, бе оростани суҳбатҳо, бе як-як шӯхикунон гӯштингириҳо, бе лексияхониву тестазёдкуниҳо наметавон тасаввур кард… Медонед, дар ин муддати начандон тӯлонӣ танбалӣ, тайёрхӯрӣ ва эркагиро аз ёд баровардем. Бовар намекунед? Пас, тоқат карда ин сатрҳоро хонед.

«Луқма хӯрдан нест осон дар таҳи ин чархи саргардон»

Бошандагони ду ҳуҷраи рӯ ба рӯ маслиҳат карда, барои ҳамаамон – 10 нафар курсҳои дуюми як факултет як дег гузоштанӣ шудем. Хостем, ки қолину тобаи барқиро аз нуқтаи кӯҳнафурӯшони бозори "Саховат" бихарем. Дар бозор як ҳодисаи ғалатиро аз сар гузаронидем. Аз байнамон Ҷасур (номашро шартан мондем) бо як фурӯшанда савдо кард ва кори онро санҷида дид, лекин «ба 50 сомон мефурӯшам» - гуфтани кӯҳнафурӯш розӣ нашуда, ба дигар дӯкон гузашт. Аз дигар дӯкон «ба 15 сомонӣ кисаамон мебардорад» - гуфта, тобаи барқии майдаяки “мечта” – ро харид. Фурӯшандаи қаблӣ чашмашро аз Ҷасури мо наканда будааст, ки вақти аз пеши дӯконаш гузаштанамон аз гиребони Ҷасуру Маҳкам сахтакак дошта, ба дӯконаш дароварду оташинона: «Куҷо мерен, мана бекор банд карден, плитая кор фармуда диден, пулша кӣ мета, а?» - гуфта дӯғ зад. Қариб буд, ки як торсаки гарм ба таги гӯши Ҷасур фурорад. Ҳамкурсамон худашро гум карда буд, ки хомӯш истода ба фурӯшанда нигоҳ мекард. Маҳкам низ ларзида-ларзида ба фурӯшанда луқма партофт. - Эҳууу амак, наход, ҳам ба ин пул гирӣ, дод назан, ана гир!, - Тангаи як сомониро ба иллат тарафи ӯ дароз кард ва Ҷасурро аз дасташ дошта аз дӯкони фурӯшанда берун шуд. Мо 3 нафари дигар, ки ин саҳнаро тамошо карда истода будем, аввал ба нафрат тарафи фурхӯшанда назар кардем ва пас аз пуштамон гаштан аз бозор то пеши хобгоҳ ба ҳоли Ҷасуру Маҳкам хандида-хандида омадем. Хандаи моро дида, ҳарду ҳам хандиданд. Мегӯянд, ки донишҷӯён мудом гуруснаанд. Не, мо мункири ин фарзия. Донишҷӯйи имрӯза дигар «роллтонхӯрак» нест. Агар гурусна монд, ҳазоруяк воситаро корбаст карда, роҳи дигареро меёбад. Баъди дарс ба корҳое, ки пайса медиҳанд, машғул мешаваду лозимиашро бароварда мекунад. Тавре мегӯянд, ризқу рӯзии одам ба пойу қадами худаш меояд. Холаи Сабоҳат аз Истаравшан ба ҳамкурсамон Абдуғаффор қатори дигар чизҳояш як-як самбӯсаҳои варақин ва қатламаҳои равғанин мефиристоданд. Аз омадани «барги сабз» хабар ёфта, дар ҷояш «тарака» намуда, шикамсерӣ мехӯрдем. Ё аз Айнӣ холаи Бибииззат ба Маҳками ҳамкурсамон чормағзу тутмавиз мефиристоданд, ки ҳама ҳамкурсон даҳон ширин мекардем. Ба Мавлуддин моҳе 2 бор холаи Лутфия 1 халтача картошка ва чаккаву тунукчаи хушхӯр мефиристоданд, ки ба Душанбе расидан замоно ҳамакаса Мавлуддинро ҳамроҳӣ карда, таксиро суроғ мекардем. Як-як чапотиҳои тунуки калон, ки чорқат болои ҳам монда мешуду намешикаст, аз Фархор модари Саддом - холаи Лутфия ба дасти акааш дода мефиристоданд. Эҳа, маззаи онро намегӯед, асло, дасти холаи нонпазамон – Лутфия дардро набинад!

jvani2 

Барои Аминҷон аз Кӯлоб чанд намуд мураббо ва банкаҳои консерва роҳӣ мекарданд, ки аҳлона сари хон чорзону нишаста, нуши ҷон мекардем. Аз Хуҷанд падарам – амаки Ҷӯрахон навъи биринҷи «Кенҷаи Ёва» ва нонҳои фатири ҷаззагини хуҷандиро мефиристоданд, ки аз байнамон нафари «ба дасту по» ош мепухту ҳузур карда ошро ба қавле «мелӯпондем». Боз гумон набаред, ки мо «қориишкамбаҳо» фақат ба нафс дода шудаем. Ин «раҳовардҳоро» аз ҳар манотиқи Тоҷикистони азиз волидонамон «раҳмамонро хӯрда» ирсол медоштанд, бе талабу хоҳиш ва пофишорӣ, хоҳ бовар кунед, хоҳ не.

Оҳиста-оҳиста, ба қавле «сӯхта – пухта» хӯрокпазиро ёд гирифтему аз ӯҳдаи таъмини нафсамон мебромадагӣ шудем.

«Рӯй дил аз ҳама олам ба китоб аст маро»

Гӯр сари интернети бемаҳдуд шавад. Ҳамаамон побанди «интернети вақтхӯр» шуда будем. Бо ким-кадом сабаби техникӣ ҳамкурсамон Самандар ин моҳ интернети бемаҳдуд нагирифт. Гӯиё одами «бедаступо» шуда мондем. Агар интернет надошта бошед, як бало будааст, вале дошта бошед ҳам, балои дигареро мемондааст. Рафту бе мақсади муайян сари интернет шинед, тамом, сари чанд соатро хӯрда мемонеду худатон пай намебурдаед. Аминҷони худамон якумин шуда дар ҳаёти хобгоҳиён «табаддулот» ворид кард. Ӯ дили китобдори китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар, муаллимаи Хиромонро ёфта, аъзои ҳақиқии китобхона шуда, ба хобгоҳ китоб овард. Аввалин китоби овардаи ӯ «Ривояти суғдӣ» - и Сотим Улуғзода буд. Худаш хонда шуду ҳамаамон ба навбат гирифта хондем. Шодмон ба навбат наистода, варианти электронии китобро ёфту аз мо пештар хонда тамом кард. Ана, бо ҳамин роҳ машғулияти нав дар хобгоҳ, алалхусус, дар байни донишҷӯёни факултети журналистика ба расмият даромад. Абдуғаффор, Шодмон, Сиёвуш ҳам аъзои китобхонаи бачагона шуданд. Акнун, китобхонаи хобгоҳ чун пештара сокит набуд. Вақти хондан ҷо-ҷо ист карда, пораҳои шавқовари китобро ба якдигар нақл мекардему механдидем. Абдуғаффорро масхара мекардем, ки барвақт мехобад ва моро ҳамраҳӣ намекунад. «Ба роҳи худ дили бедор дорам» - гуфтагӣ гап барин ӯ аз ҳамаамон пухтатар баромад. Шаб барвақт хоб рафта, саҳар аз ҳама пеш хеста, сонӣ китоб варақ мезадааст. «Нағзтар мефаҳмаму ҳам тезтар мехонам» - гуфта сабаби бо мо нахонданашро фаҳмонида дод Абдуғаффор. Устодон Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Юсуф Акобиров, Баҳром Фирӯз, Саттор Турсун, Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, Абдулҳамиди Самад, Войничу Ҷонатан Свифт аз ҷумлаи муаллифоне буданд, ки мо асарҳои эшонро бо шавқу завқ хондем. Охир ҳисоб карда бинем, рӯйхати асарҳои хондашудаи Абдуғаффор аз ҳама зиёд баромад. Ӯ дар як дафтари калон мӯҳтавои хондаҳояшро сабт карда, номи ҳар персонажҳоро алоҳида навишта мемондааст. «Як бор ин навиштаҳоямро бинам, хондаҳоям ҳамааш ба хотирам меояд» - гуфт ӯ. «Кораш дуруст будааст» - гуфта ба вай ҳасад бурдем мо. «Бо ин соли ҷавони худ ҳоло чӣ дидаем?» Устодон мегуфтанд, ки «Шумо, ҷавонҳо, дар давраи беҳтарин хонда истодаед, замоне, ки мо дидем, шумо асло набинед!» - гуфта давраи ҷавониашонро бо имрӯз муқоиса мекарданд. Вақте, бадбахтона, қадами шуми коронавирус ба Тоҷикистони сабзмарзи мо ҳам омад, донишҷӯён низ ба таътил гусел шуданду як-як аз хобгоҳ рафтанд. Вақти хайрухӯш Абдуғаффор ғамгинона: - Устодон, давраи донишҷӯйии моро беҳтрин мегуфтанд, акнун чашми онҳо расид, - гӯён хандаи дардноке карда монд.

jvani

Ҳозир фақат бо мессенҷерҳо бо ҳамкурсон ҳамсуҳбат мешаваму халос. Онҳо мегӯянд, қарантин ҳам ба дилашон задааст. Қариб ҳар рӯз хабари шум мешунавем. Таърихи 13-уми май хабари даргузашти устод Баҳриддин Камолиддиновро шунида ҳуш аз сарамон парид. Наход, устоди мо – бобои ҷавонжурналистон, ки ҳоло бардаму чолок буданд, гузашта бошанд!? Ин вируси зормонда бераҳмона дарвозаи кошонаҳои азизони моро кӯфта истодааст… Устодро соли 2018 бори аввал дар мактаби байналмиллалии президентии шаҳри Душанбе аз наздик дида будам. Дар тан шиму костюми сап-сафед ва кулоҳи ба он мувофиқ доштанд. Гумон мекардед, ки фариштаеро бо дидагони худ дидед. Бори охирон эшонро дар долони факултет дидам. Дар тан ҳамон либоси фариштаворона доштанд. Чобукона бо қадамҳои устуворона гузашта рафтанд. Кӣ медонист, ки ин охирон дидор буд!? Рӯҳашон шод бод, бобои ҷавонжурналистон! Дар як нимсола, ки устод ба мо дарс доданд, яқинан, аз дарсашон муборизу ҷасур ва ватандӯст буданро омӯхтем. Навҷавон мо будем, вале назири зиндадиливу ҷавонмардиро дар устод медидем… Ҳайҳот, имсол рӯзи ҷавононро дар якҷоягӣ бо ҳамкурсону ҳамсолон наметавонем ҷашн гирем. «Эҳ, коронавирус, гӯш кун, дигар рабудани азизони моро бас кун, ҳарчи зудтар, то оғози соли нави таҳсил аз Тоҷикистони мо баромада рав, дигар мо қурбони ту шудан намехоҳем» - ҳар рӯз ба унвони коронавирус ин таъкидҳоро ирсол медорем мо - ҳамкурсон. Мо шогирднабераҳо ва пайравони устод Камолиддинов ҷавонии худро барабас нагузаронда, бояд мутахассиси чашми кордон шуда, ҷодаи худро дарёбем. Рӯзи ҷавонон муборак, ҳамсолон, аз ёд набароред, ки:

То ҷавонӣ ҳаст, дар рӯйи Замин

Пеши ҳар оташ гирифтан метавон?

                                         Мастон Шералӣ

 

                                                                               Файзуллохон Обидов

донишҷӯи соли дуюм