taqdir

Ҳаёт аҷиб аст. Бо ҳама хубиву бадиаш мо онро таҳаммул мекунем, таслим мешавем, паст намеоем, носипосӣ мекунем ва боз шукр мегӯем. Мо сарсахтем!

Кӣ интизор дошт, ки бар сари мардуми сайёраи мо чунин фалокати даҳшатбор меояд? Кӣ интизор буд, ки олам гирифтори вабои сол "Коронавирус" мегардад. Ҳеҷ кас...ва чӣ гуна анҷом мепазирад, касе намедонад. Мову шумо дар ҳадс задан ҳақ надорем. Оқибаташро Худованд ба хайр гардонад, мо бандагон дар назди каромати ӯ оҷизем. Парвардигори бузург оламро офарид ва ҳастиро ҷавҳари асосии он қарор дод, наҷотдиҳанда фақат ӯст. Аз даргоҳаш таманно, илтиҷо ва зориву тавалло менамоям, ки ҳамаи балову батар бигзор чун хоби пурдаҳшат зуд гузарад. Хобе, ки моро ба ваҳшату ҳарос меорад, ҳатто аз пардаи тираи хоб мекушем, ки зудтар худро бедор созем. Баъзе рӯъёҳои мо танҳо дар хоб амалӣ мегарданд ва мо кӯшиши бедор шудан намекунем. Вале вақте ин ҳамаро дар бедорӣ бини чӣ? Мехоҳӣ ба хоби амиқ равӣ ва асло бедор нашавӣ. Ҳазорҳо одамони бегуноҳ бо сад орзуву ормон дар дил ба коми марг рафтанд. Бо чандин нақшаву ниятҳо хоки сардро бистар сохтанд. Ин амри тақдир, хости Худо ва ё чизи дигар аст мо нафаҳмидем, қазоватгар нестем. Хурду бузург, шоҳу гадо имрӯз танҳо як орзу доранд, зиндагии орому осуда, тинҷию амонӣ ва тани сиҳат. Бигзор фалокати ба сари халқи олам омада, зуд гузарад, фаромӯш шавад. Оромие, ки қаблан дар кулли хонаводаҳо ҳукмрон буд, ба онҳо бозгардад. Навиди беҳтарине, ки имрӯз ҷаҳон интизор ҳаст, танҳо "ҳамааш гузашт, тамом шуд, мо тавонистем, мо паст наомадем".

Итминон дорам, ки ин ҳам як санҷиши тақдир аст ва инсоният аз ин имтиҳон, ки пур аз муаммои сарбаста ва ба қимати ҷон баробар буда, ба зуди берун меояд. Зеро инсоният худ созанда ҳасту ҳам сӯзанда.

Худоё азизону пайвандони маро дар паноҳи худ нигоҳ дор! Ба мардуми шарифи Тоҷикистони азизам сиҳатӣ, хушбахтӣ ва оромӣ деҳ. Бигзор балову хатар аз онхо дур бошад. Аҳли кӯҳистон, халқи мазлум ва оҷизи маро худ ҳофиз бош!!!              

 Оламбегим Некқадамова

донишҷӯи соли сеюм