SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

      iloj

       Дар солу замони ҳозир келин кардан душвор будааст. Ягон келини боб нест, акнун келинҳо -“хуб шудааст...”, “хато кардам...”, “бахшиш, модарҷон...” намегӯянд. Тут гӯед, беду “а” гӯед, “б” гуфта, ҷавоб медиҳанд. Охир, мо ҳам бадии онҳоро намехоҳем-ку!

 

 

Лекин... Ин хелам намешавад, ки бачаи ба орзуву ҳавас оиладор кардаамонро хонавайрон кунам. Тоқатам тоқ шудааст, ба фикрам гуфтаи келини калониро гирифта, ба хонаи пиронсолон меравам. Майлаш, як-ду рӯзи мондагиамро дар танҳоӣ гузаронам, дунё вайрон намешавад. Худашон соз гиранд шуд.

Оҳ... Келинҳои бо сӯзан сара карда чидаам занҳои ғурбатӣ шуданд. Ҳар ду як забон доранд-е. Медонед, вай дафъа чӣ гуфтанд? Ин кампири шум, кай мемурда бошаду мо халос хӯрем... то ҳамин дараҷа беқадр шудаам, дугона. Сину солатон, ки рафтан гирад, гӯё дарди сари пайвандонатон мешудаед. Гапҳои хушдонаманам рост будааст, ки мегуфт: “Дигар байни фарзандони одам раҳму шафқат гуфтагӣ чиз намондааст.”

          - Сороҷон, медонед шишта-шишта чӣ фикр мекунам? Хушдомани раҳматиямро, ки бо зулму ситами ман тоб оварда натавониста, дунёро тарк кард. Шояд оҳи кампир маро гирифт, шояд он дуди даруни дил чашмони маро месӯзонаду шабу рӯз мегирям. Эҳ, ин чӣ кори кардаам буд, ки имрӯз боиси таассуфу надомат ва бадбахтӣ дар замони заъфу пириям гашт, - ба дугонаи қиёматиаяш нигоҳ карда гуфт Наргис.

          Соро: “Зиқ нашавед, дугона, ҳамааш мегузарад, - гуён Наргисро тасаллӣдод. Наргис бошад оҳи чуқуре кашида, нақлашро қатъ карданӣ набуд:- Агар дар дунё ду хушдомани аз келин наёсуда бошад, яктааш ман ва дигарӣ хушдоманам.Ӯ аз дасти ман рӯз намедид, ҷаҳонро барояш зулматкада карда будам. Бо вуҷуди ин лом намегуфт. Либосашро худаш мешуст, корҳои хонаро ҳам мекард. Ман бошам “нохунҳои дарозам осеб мебинад” - гуфта, як хасро аз замин намебардоштам. Имрӯз фалак аз ман қасос мегирад. Кардаҳоямро як-як ба худам бармегардонад.

          Соро ҳарчанд Наргисро дилбардорӣ карда, ба ҳоли ӯ дилаш месӯхт. Аммо таъбири “Ҷав кошта, гандум интизор нашав!” – ҳар замон аз дилаш мегузашт. Дар вақташ Соро Наргисро насиҳаткунон гуфта буд, ки дуои кампирро гир, хораш накун, хор мешавӣ! Вале дугонаи “замонавиаш” ӯро қафомонда мехонд.

          Кампир ба хонаи дугонааш – Соро сар зада, дарди дил мекарду ҳамин замон келинҳояш Меҳронаву Меҳрангез, ки аслан ба номашон мувофиқу муносиб набудаанд, “миён баста”, дар хона ба пухтани самбӯсаи гӯштӣ барои хушдоман ва кадугӣ барои худу фарзандон сар карданд. Духтарчаи Меҳрона - Моҳрӯ ва писарчаи Меҳрангез - Диловар чун ин хабарро аз модарашон шуниданд, ҳайрон монда, ба якдигар маънидорона нигаристанд: “Офтоб аз куҷо баромада бошад?”. Ягон маротиба надида буданд, ки хӯроки кадбонуҳо дар вақташ ва бе бори ҳамдигар кардан таёр шавад. Кӯдакони бечора қариб ҳар рӯз шоҳиди ҷангу ҷидоли модару бибияшон мешуданд. “Агар ба падаратон гӯед, ба дарё мепартоям” – бо ангушти таҳдид метарсониданд хурдсолонро. Чанд бор аз пушти хабаркашиашон нағзакак шатта хӯрда буданд, ки ба падарашон гуфтан он тараф истад, ҳатто ин чизро фикр намекарданд.

          Меҳронаву Меҳрангез апаву хоҳари қиёматӣ шуда, самбӯсаи сергӯшту думба мепухтанд. Агар касе бо меҳру муҳаббат кор кардани онҳоро бинад, асло аҳримансифат буданашонро гумон намекунад. Келинҳо ҳангоми печонидани самбӯса, барои бомазза шудан “марги муш”-ро низ илова мекарданд ва илоҷи воқеаро дар ин медиданд.

          Имрӯз бояд аз кампири шум халос шаванд! Самбӯсаҳои таёр, рӯйи дастархон монда шуданд. Келинҳо яке барои ҷеғ зада овардани хушдоман ва дигарӣ барои дам кардани чой андармон шуданд. Наргис аз лутфу меҳрубонии келинҳояш дар шигифт буд.

          Диловару Моҳрӯ самбӯсаи интизори бибиашон бударо шикамсерӣ хурда, по дароз карданд. Гиряву фиғони ду келин дар айни замон тамоми маҳалларо ба по хезонд. Мардум аз дарафтодани келинҳо ба ҳамдигар ҳайрон буданд: Меҳронаву Меҳрангез “айби ту, аз пушти ту шуд” – гуфта, рӯканиву мӯйканӣ мекарданд. Наргис ба ин фоҷиа тоб оварда натавониста, бемор шуд. Ақлу ҳушашро аз даст дод.

Кӯдакон сири ҳалокати худро бо худ ба хок бурданд. Модаронашон ҳам аз об хушк баромаданд, аммо якумр худро намебахшиданд, виҷдон азобашон медод. Ин фалокат ба онҳо ду асар гузошт -таассуф ва пушаймонӣ.

Аз пушти хусумати калонсолон кӯдакон қурбон шуда буданд.

Абдуғаффор Шодиев

донишҷӯйи соли дуюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.