MrP

Пешвои халқ будан, орзуи ҳар инсон аст. Аммо на ба ҳар кас тай кардани ин роҳи душвору хатарнок муяссар мегардад. Барои расидан ба ин мақоми олӣ донишу заковат, қавииродагиву ҷасорат ва мардонагӣ мебояд. Танҳо шахсиятҳои бофазлу боирода ва худогоҳ ба ин мартаба мерасанд. Пас чаро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро “Пешво” ном мебаранд?

 

 

 

Ба андешаи банда, ин марди сиёсатмадору ҷасур, поквиҷдону далер аз рӯзи ба сари давлат омадан ҷомаи нангу номус ба бар карда, тамоми нерӯи ҷисмонӣ ва ақлонии хешро дар роҳи истиқрори сулҳ масраф намуда, миллатро ба роҳи наҷот расонидааст.

Ба ёд меорем ҷанги шаҳрвандиро, ки аз моҳи майи соли 1992 дар кишвари мо оғоз гардида, соли 1997 ба итмом расид. Ин ҷанги хонумонсӯз бисёр ҳам зарари хешро ба кишвари мо расонд. Ангуштшумор корхонаҳое, ки аз Иттиҳоди шӯравӣ боқӣ монда буданд дар ин ҷанг валангор гардидаву ба як макони бекорхобидае мубаддал гаштанд. Фазои сулҳу субот комилан аз байн рафт. Хисороти дар ин муддат ба миён омада ба раванди такомули ҷомеа монеъ гашт. Хатари аз байн рафтани миллат ва қисм-қисм шудани он эҳсос мешуд. Хушбахтона, ба василаи нури офтоби маърифати азалӣ охирон умед дар дили азияткашидаи халқи тоҷик зинда монда, оқибат ба шоми сияҳ пирӯз гашт.

Ёдовар бояд шуд, ки офтоби бахти сабзи миллат “ Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Эмомалӣ Раҳмон дар ин “Иҷлосияи тақдирсоз” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд кард, ки гурезагонро баргардонад ва фазои сулҳу суботро дар кишвар пойдор гардонад ва барои ин мақсадҳое, ки дар пеши худ гузоштааст омодааст, ки ҷони хешро фидои ин давлату миллат намояд. Дар айни замон, ки вируси COVID-19 ҷаҳонро тасхир карда, ба кишвари азизи мо Тоҷикистон низ омад, Пешвои миллат ҳама вақт дар фикри аҳолии кишвар буда, дар ин вазъияти ногувор шахсан аз корҳои табобатии беморон ба маризон огоҳ шуда, тавсияҳои муфид медиҳанд. Дар зудтарин фурсат бо дастгириҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба ин вирус ғолиб меоем.

Дар ҳақиқат, хизмати содиқонаи фарзанди барӯманди тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобили қадру ситоиш аст. Ин шахсияти бузург, ки ба бахти мо рӯйи тахт омад, барои наҷоти миллат ва давлати Тоҷикистон саҳми муассир дорад. Хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар эҷоди роҳи сулҳу ваҳдат ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд. Ӯ аз чандин музокираҳои бебарор хаста нашуда, бо гузашти зиёд ва олиҳимматӣ ба имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон, 27-уми июни соли 1997 шарафёб гардид.

       Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 28- соли Истиқлолият ба яке аз кишварҳои пешрафта дар ҷаҳон табдил ёфтааст. Маҳз ин ҳама кӯшишу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба даст овардани “Истиқлолияти энергетикӣ ” дастоварди бузург барои миллати мо ба шумор меравад.

Хулоса, барқарор гардонидани сулҳу ваҳдати миллӣ, ташкили давлати мустақил, бунёди иншоотҳои муҳими кишвар далели корнамоии беназири Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат –Эмомалӣ Раҳмон аст. Тоҷикистонро мо бояд мисли Президент дар радифи ҷисму ҷон дӯст дорем. Бо роҳи созандагӣ қадам задани мардуми сарбаланди кишвар далели корнамоии Пешвои миллат аст.

 

Фаридун Сафарзода

донишҷӯи соли дуюм