SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

ObF

Дафтари хотираи овони мактабхониро варақ мезанам… Дар шуъбаи маорифи ноҳияамон (н. Бобоҷон Ғафуров) як гурӯҳ талабаҳои шеърдӯстро аз макотиби ноҳия (90 муассисаи таълимӣ дорад) гулчин карда буданд. Дар рӯйхати онҳо муаллифи ин сатрҳо ҳам буд.

 

 

Мудири кабинети методии шуъбаи маориф, муаллима Матлуба Қобилова дар ҳар чорабинӣ шеъру гуфторҳои мувофиқро чидаю баргузида, дар утоқаш ба мо тақсим мекард. Хониши якрангамонро шунида, ба қавле «сӯхтаву пухта» мо наврасони гапнодарову беиборо пардозу такмил медод. Кормандони шуъбаи фарҳанг ва дигар мутасаддиёни чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ ҳам моро «шеърхонакҳои Қобилова» ном дода буданд. Инак, Рӯзи ваҳдати миллӣ наздик омада буду моро боз ба маркази ноҳия хонданд.

Муалима моро дидан замоно гуфт, ки дар «Қасри Арбоб» баромад мекунед. Шеърхонакҳо дар як дам шеъру гуфторҳоро аз они худ карда гирифтанд. Ба ман нарасида монд. Гуфтам, ки «худам медонистагиамро» мехонам. Муаллима он чаҳорпораро шунида розӣ шуд. Он аз Устод Мӯъмин Қаноат буд:

Раҳи Ваҳдат зи санги хора бигзашт,

Баланду пастро ҳамвора бигзашт.

Ҳазар кун аз раҳи дилҳои сангин,

Ки ҳар кӣ з-он гузашт, овора бигзашт.

Сарҳади танги назари мо дар ҳамин чорабиниҳо, ки дар он устодони санъат, шахсиятҳои барӯманд, ходимини фаъол ширкат меварзиданд, густурдатар мешуд. Каминаи беқарор аз он хурсанд будам, ки дар ин кохи овозадор баромад мекунам. Пештар дар ин саҳни васеи қаср суханрониҳои Пешвои миллатро аз оинаи нилгун тамошо карда, дарси ватандорӣ меомӯхтам. Дар дили кӯчак орзу мекардам, ки кош чеҳраи мубораки ваҳдатофарини тоҷиконро аз наздик бубинам.

Ҳамон рӯз мо - шеърхонакҳо бехато шеърҳоямонро аз ҳамин саҳнаи муқаддас хондем. Он дубайтии устод Муъмин Қаноат ҷамъбастӣ баромадамон шуд. Соле гузашт. Ин бор ҳам бо мо – шеърхонакҳо лаҳзаи фаромӯшношудание иттифоқ афтод Рӯзи Ваҳдати миллӣ даррасида буд. Таърихи 26 июни соли 2018 дар Хуҷанди бостонӣ бояд рӯзи асалу зардолу, харбузаву нон ҷашн гирифта мешуд. Мо – шеърхонакҳо ин дафъа мебоист дар ҳузури Пешвои миллат шеър хонем. Тасаввур кардан маҳол буд, ки бе каму кост ин ӯҳдадориро ба сомон мерасонем. Хайрият, шеърҳоро бо як ҳаяҷони наҷибе хондему бо чашмони меҳрпош сӯйи Пешвои ваҳдатофарин дида дӯхтем. Он кас пурсиданд, ки «синфи чандем, минбаъд куҷо хонданӣ ҳастем». Ҳама як-як гуфт синфи 11, аз ҷумла, ман гуфтам, ки «Факултети журналистикаи ДМТ». Пешвои миллат бо нигоҳи хос гуфтанд: «Ҳаракат намоед, ки ихтисосҳои дӯстдоштаатон ва бештар табиӣ-техникиро интихоб кунед». Ман дар осмони ҳафтум будам. Вақт нишон дод, ки унвони донишҷӯйи факултети журналистика шудан ҳаққи ман ҳам будааст. Гумон мекунам, ки ин бахт аз баракати дидори Пешвои ваҳдатофарин бароям насиб шудааст.

 ObFa

 

Дафтари хотираи овони донишҷӯйиро (Донишгоҳи милии Тоҷкистонро) варақ мезанамЧӣ хел нағз, ки дар гурӯҳи мо ҳам аз Суғду Хатлон, ҳам аз Душанбеву Бадахшон ҳамсолонам таҳсил мекунанд. Дар аввал лаҳҷаву шеваи ҳамдигарро намефаҳмидем, сонӣ забонамон як шуд. Устоди шодравон Баҳриддин Камолиддинов бо оҳанги дилнишин мегуфтанд: «Шумо журналистед, аз шеваатон кор набаред-дия, ҳоло мурда – мурда ёд мегиред». Он солҳои мактабӣ ба маънои томи «ваҳдат» сарфаҳм намерафтам. Акнун ба Душанбе омадаму моҳияти ин неъматро дарк кардам. Дар рузҳои истироҳатӣ ба хонаҳои ҳамдигар меҳмон мешудем. Гурӯҳ ҷамъ шуда ба хонаи ҳамкурсон Таманно Одинаева ва Фирӯз Шарифов (ш. Ҳисор), Муниса Мансурзода ва Рустамҷон Акрамзода (ш. Ваҳдат) меҳмонӣ рафтем. Модарони онҳо мо - донишҷӯёнро гарм пешвоз гирифта, то дил сер шудан иҷозаи хестан надоданд. Равоншинос Марям Давлатова низ гуфтааст, ки «ибораи «меҳмон омад» барои оилаи тоҷик бонги «омода бош» аст». Модари Таманно - холаи Мунира ҳини рафтани мо дуои гарм доданд. Ҳамон дам нохост аз назди дарвоза як доирадасту як сурнайнавоз пайдо шуду ҳай наво андохт. Рақси ҳамкурсон расо тасфид. Ноҳияҳои тобеи марказро давр задем, акнун имсол навбати Суғду Хатлону Бадахшон, - мегуфтанд ҳамсабақон. Ман ин байтро дар чанд нишасти худамон аз шеъри «Ҳамосаи Ватан» - устод Фарзона мехондам, ки он алҳол ба шиори умумигурӯҳи мубаддал шудааст:

Бигзор, Душанбе бод, саҷҷодаи ишқи мо,

Бо ҳам биравем, инак, бо ҷодаи нуронӣ.

 

Файзуллохон Обидов

донишҷӯи соли дуюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.