SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

15527zodruz

Марде, ки мадори Тоҷикистон бошад,

Фархундапай Эмомалӣ Раҳмон бошад!

Ҳақ бар ҷониби он гӯяндае, ки ин сатрҳои пурмуҳтаворо рӯйи авроқи сафед овардаву бори дигар аз Пешвои мардумӣ будани вориси Оли Сомон, боғбони сулҳу ваҳдати тоҷикон, шакарпайванди имон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудааст.

 

 

Кунун кулли мардуми дунё медонанд, ки дар як гӯшаи Машриқзамин биҳишти барине бо қуллаҳои сарбаафлок, рӯду чашмаҳои зулол, меваҳои шаҳдбор, табиати нотакрор ва мардуми меҳмоннавозу ғамхор бо ном Тоҷикистон арзи ҳастӣ дорад.

Аҷаб фарзанди фарзона ва фариштасиришт аст Эмомалӣ Раҳмон. Раиятпарвару ятимпарвар ва мардумиву заминӣ. Халқи азиятдида бо роҳбарии ӯ марҳила ба марҳила мушкилоти ба сараш омада (ҷанги шаҳрвандии солҳи 90-ум)-ро бартараф намуда, аз кӯчаи сарбастаи ҷаҳолат ба роҳи сафеди бахту саодат қадам ниҳод. Ӯ ба ҳайси Президент расидан ба се ҳадафӣ стратегӣ: соҳиб шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавориро вазифаи аввалиндараҷаи худ қарор дод. Имрӯз бо боварии том гуфта метавонем, ки мо ба ин ҳадафҳои худ беш аз пеш наздик шуда истодаем. Зеро ҳеҷ як мушкилии олам ҳалнашаванда нест ва баҳри ҳалли он танҳо завқ ва ҷидду ҷаҳд лозим аст.

Ҳамчунин бо иштироки бевоситаи сарвари давлат дар як гӯшаи Ватан яке аз бузургтарин ва пуриқтидортарин иншооти аср-агрегати якум ва дуюми Нерӯгоҳи Барқии Обии “Роғун” ба истифода дода мешавад, ки аз ташаббусҳои наҷибонаи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Бо бунёду ба истифода додани ин нерӯгоҳ дар хонадони ҳар тоҷику тоҷикистонӣ чароғи бахту саодат фурӯзон мешавад ва истиқлолияти энергетикӣ ба пуррагӣ таъмин мегардад.

Бо ибораи дигар гӯем, Роҳбари хирадманди давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи дурусту ҳидоятҳои некаш мардуми тоҷикро ба кӯи муроду мақсад расонид ва мерасонад, ки ҳеҷ ҷои баҳс нест.

Маҳз корнома, ташаббус, дастовард, падида ва бунёдкориҳои ин марди шариф буд, ки ӯро дар радифи “Қаҳрамонони Тоҷикистон” ҷой доданд ва ба унвони “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” сазовор донистанд. Маркази исломии тадқиқоти стратегии Шоҳигарии Уммон ӯро се маротиба ба Феҳрасти 500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон шомил кард. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баҳри таъмини сулҳу амният ва барқарор сохтани муносибатҳои дӯстӣ байни кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени давлатии “Эл Юрт Ҳурматӣ” сарфароз гардонид. Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Пешвои миллати овозадори тоҷик Ордени “Парасат” тақдим гардид.

Владимир Путин, Президенти Федератсияи Руссия ордени “Александр Невский”-ро дар вазъияти тантанавӣ ба Сарвари давлат барои саҳми бузург, талошҳои созанда ва иқдомҳои пайваста дар сатҳи рушд ва равобити гуногунҷанбаи ин ду кишвари ҳамҷавор ҳадя намуд. Ҳамчунин медали “Ташкилоти умумиҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ” аз ҷониби намояндаи ин ниҳод Игор Поканевич ба Президенти кишвар супорида шуд, ки аз меҳнати пурсамари ӯ дарак медиҳад. Ӯ намунаи олии матонат, ҷасорат ва фидокорӣ аст.

Месазад, ки чанд сухан дар бораи сифатҳои инсонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ гӯем, зеро асоси ҳамаи ин дастовардҳо, ки дар тӯли бисту ҳафт соли соҳибистиқлолӣ ба даст омадааст, муҳаббатест, ки дар қалби ӯ нуҳуфтааст.

Якум, ӯ манфиати давлату миллатро аз ҳама чиз боломегузорад;                                                        

Дуюм, ӯ аз ҳеҷ гуна душворӣ намеҳаросад ва ба кор ғайрати беандоза дорад;    

Сеюм, ҳамеша дар қавлу амали худ устувор аст;                                                                                                     Чорум, ӯ сабру таҳаммулро меписандад, шукргузор ва қаноатпеша аст;                                                

Панҷум, ӯ дар ҳама ҷой ва дар ҳама кор низому тартиботро дӯст медорад;                          

Шашум, ӯ сари мушкилоти тамоми олам андеша мекунад ва дар ин бора дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок карда, суханронӣ менамояд;                              

Ҳафтум, ба бепадарону ятимону маъюбон ва камбизоатону бепарасторон дасти мадад дароз мекунад ва ба онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд;                                        

Ҳаштум, ӯ ба ояндаи неку дурахшони Ватан ва халқи худ боварӣ дорад;                        

Нӯҳум, ӯ дар пайи иҷрои ҳар як нақшаву амал, пеш аз ҳама ба халқи худ такя мекунад ва бо онҳо маслиҳату машварат менамояд”                                                                    

Даҳум, ӯ мардест, ки бо хоксорию фурӯтании хеш роҳ сӯи водии дилҳо гирифтааст ва фатҳкунандаи қалбҳост.

Ҷаҳон симои мо, садои мо, андешаи мо ва худи моро маҳз аз чеҳраи ӯ мебинад. Баҳраш гуфтаниям: “Сад сол бизӣ, зиндаву ҷовид мон, саломат бош!

Амонҷон Мамадҷонов

донишҷӯи соли дуюм

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.