SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

yatim

Ҳашт ë даҳсола будам, ки падару модарам пайи ҳам аз дори фонӣ ба абадият сафар карданд. Ман дар нимароҳи зиндагӣ танҳо мондам, зеро ягона фарзанд дар оила будам. Баъди марги эшон борони ғам ба сарам боридан гирифту рӯзи равшан бароям чун шаби ялдо торик шуд.

 

 

 

Аз кулбаи вайронаи меросӣ ҳам, ки як вақтҳо мо аз рӯйи ноилоҷӣ зиндагӣ мекардем, маҳрум гаштам, чунки амакҳоям онро "мусодира" карданд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд, мардум шиками худро базӯр сер мекарданд. Баъзан барои соҳиб шудан ба як пора нон рӯйканиву мӯйканиҳо мешуд. Бо вуҷуди шароит надоштан тағоям Азимбой ба болои ду фарзандаш маро ба тарбияи худ гирифт. Янгаам Гулрухсор, ки ҳеҷ исмаш ба ҷисмаш мувофиқ набуд, аз ҳамон лаҳза тамғаи "ғуломи"-ро ба пешониам гузошта буд. Онҳо ҷойи хобамро айвон, ки як қолини аз давраи “дақëнус” монда дошт, муайян карданд. Дар зимистон бошад, ҷойи гармтар аз "кошонаи" чорво манзили беҳтар ëфт намешуд.

         Янгаам доимо чизеро баҳона карда, сари ман дод мезад ва ғут -ғутҳои худро нӯшдору номида буд. Ман ҳам онро ба таври худ нешдорӯ тафсир мекардам ва ë қарзро ба қиëмат намонда, "каждум " меномидамаш. Ӯ ҳар саҳар барвақт маро барои рӯфтани таги пойи чорво ва ба пода бурдан бедор мекард. Тағобаччаҳоям бошанд то соати нӯҳ маза карда хоб мерафтанд.

        Бо сард шудани ҳаво, ки пода баста мешуд, чаронидани чорво ба зиммаи ману писарони тағоям Далеру Парвиз мемонд. Мо пуштаву теппаҳои зиëдеро тай карда, гусолаҳоро хуб сер мекунондем. Дар вақти чаронидани чорпоён рӯз то бегоҳ давиданам аз паси ҳайвонҳо кам буд, ки тағобачаҳоям маро ҳар замон дӯғу пуписа карда мезаданд.

Шояд бо ин амалашон вақташон чоқ мешуд, надонам... Агар гиря карда ба тағоям хабар кашиданамро гӯям, аз хонаашон рондан ва ë дар дашти бекас гузошта рафтанашонро гуфта, таҳдид мекарданд. Ба тағоям хабар кашидан аздусар ба ман нафъ намебахшид. Баръакс ду шаппотии обдор зада "хабар накаш лаънатӣ" мегуфту халос.

        Як рӯз ҳини омадан Далеру Парвиз аз чӯбзаниҳояшон қонеъ нашуда, маро болои гӯсола савор карданд. Ҳарчанд бо тамоми қувват банди онро маҳкам медоштам вай ҳаракати афтонидани маро мекард. Дод занам ҳам, касе ба имдодам намерасид. Билохира гӯсола ба санге заду гумбурос ба замин афтид. Ман ҳам аз болои он ҷаҳида, баробари ба замин задан дасту поям сахт зарб диданд. Замин як парча пойи гӯсоларо канда гирифт. Тағобаччаҳоям бошанд шикамамашонро дошта механдиданд. Фиғонам ба фалак мерасид, аз тарсу ҳарос дарақ - дарақ меларзидам.

Тағобачаҳоям баъди хандаи хунуки дуру дароз фикри чи гуна гуфтани "фоҷиаи дар роҳ рух додаро " мекарданд.

Ниҳоят бо пойи ланг ба хона расидем. Янгаам аз воқеа воқиф гашт ва инро аз тағоям пинҳон кард. Лекин - аз пушти ту нонхӯри дарди сар шудааст - гӯëн қасди Исоро аз Мӯсо гирифт.

Баъди гузаштани се ҳафта Далеру Парвиз зери чархи мошин монда ҷонро ба ҷонофарин таслим карданд. Янгаам Гулрухсор бошад аз ғаму ғуссаи зиëд ва ашки беинтиҳо ба бемории фалаҷи пой гирифтор шуд.

Акнун асояш, такягоҳаш дар зиндагӣ ман шудам. Ҳамаи озорҳои ӯро аз лавҳи хотир дур кардам. Тағоям баъди ин фоҷиа бе ному нишон ғайб зад. Янгаам аз корҳои кардаи худ пушаймон шуда, ашк мерехт. Дар урфият мегӯянд "зиндагӣ оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад". Бале, имрӯз янгаи оинанамоям мӯҳтоҷи мани хокистар гардидааст.

Парасторони азиз ятимонро некӯ нигаҳ доред ва дуруст тарбия кунед. Онҳо василае ҳастанд, ки метавон ҷаннати ҷовидонро соҳиб гашт.

Ҳикоя асоси воқеӣ надорад.

Абдуғаффор Шодиев

донишҷӯйи соли сеюм

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.