SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."


Деҳа ҷои муқаддас аст. Ҷоест, ки дар он падару бобоён тавлид ёфта ба воя расидаанд. Пас метавон гуфт, ки манбаи пайдоиши ҳар яки мо аз деҳот сарчашма мегирад. Дар деҳот инсонҳо тавассути меҳнати ҳалол ҳаёти зебо ва осоишта ба сар мебаранд.

 

 

Аз қадим деҳот дар ҷомеа дорои афзалиятҳои хоса аст. Дар аксари асарҳои бадеии адибони тоҷик симои деҳот бисёр зиёд тасвир ёфтааст. Махсусан, адабиёти бадеии даврони Шӯравӣ. Бо хондани ин асарҳо дар вуҷуди инсон шавқи беандозаи ба деҳот сафар кардан пайдо мешавад. Тасаввури инсон беихтиёр ба сӯйи боғу чаманҳо ва даштҳои беканор равона мегардад. Бе сабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 - 2021-ро "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунархои мардумӣ" эълон намуданд. Аз ин бармеояд, ки деҳот як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Диққати махсуси сарвари давлат ба деҳоти кишвар бесабаб нест. Чунки ҳамаи расму оинхои қадимӣ, анъана либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз деҳот манша гирифтаанд.

Мардуми сарбаланди деҳот бошанд ин ҳамаро пос дошта то замони мо оварда расониданд. Аслан омиле, ки фарҳанги ҷомеаи Тоҷикистонро таҳдид мекунад ин парастиши фарҳанги бегона дар либоспӯшии занон аст, ки дар деҳот ниҳоят кам ба чашм мерасад. Пас метавон гуфт, ки бо рушди босуботи деҳот ба рушди фарҳанги миллию ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ даст ёфтан кори душвор нест. Инчунин табиати деҳоти Тоҷикистон бисёр нотакрор буда, барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ метавонад мавқеъи асосӣ дошта бошад.

Мутаасифона солҳои қабл дар беъзе манотиқи деҳоти ҷумхурӣ мушкилиҳое ба назар мерасиданд, ки боиси нороҳатии инсонҳо ва душвории ҳаёти онҳо мегардид. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки аксари ҷавонон зиндагӣ дар шаҳрро нисбат ба деҳот афзал мешуморанд. Аммо чуноне ки мегӯянд:" мушкиле нест, ки осон нашавад".То солҳои охир дар ҷумхурии мо деҳаҳои дурдасте мавҷуд буданд, ки аз ҷихати нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд. Хушбахтона таи чанд соли охир бо ташаббуси бевоситаи президенти мамлакат ва ҳокимиятхои махаллии нохияҳо чунин деҳаҳои дурдаст бо оби ошомидани таъмин гардиданд. Заминҳое ки солхои зиёд бекорхобида гаштанд аз нав обёрӣ гардида, ба боғу киштзор табдил ёфтанд.

Мо ҷавонон дар пайравии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бояд кӯшиш намоем ки, дар бартараф намудани камбудиҳои ҳаёти деҳот саҳмгузор бошем. Дар ташкили ҳафтаҳои ободонӣ, шинонидани нихолҳо, кандани хандакхо ва обёрии заминҳои корам бетарафӣ зоҳир накарда, тамоми нерӯю тавоноии хешро дар ин самт равона созем.Ба ифлосии кӯчаю хиёбонҳо роҳ надихем.

Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамояд, ҳар яки мо бояд ободиро аз хонаву кошонаҳои худ оғоз намоем.

Мавриди зикр аст, ки деҳоти Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавории кишварро ба ӯҳда дошта, сол то сол онро дар сатҳи баландтар ба иҷро мерасонад. Боиси хурсандист, ки аз бисёр деҳаҳои Тоҷикистон меваю сабзавотхо ба кишварҳои хориҷа содирот мегарданд ва деҳқонон ба рушди иқтисодиёти кишвар саҳми назаррас доранд.

Пас, мо чавонон низ бояд барои равнақ бахшидани рушди босуботи кишвар коре ба анчом расонида бошем. Чунки дӯст доштани Ватан аз дӯст доштани хонаву зодгоҳи хеш сарчашма мегирад. Имрӯзҳо дар деҳоти кишвар ҳафтаҳои ободонӣ баргузор мегарданд, ки фурсатест барои ҷавонон баҳри саҳмгузорӣ дар ободии диёри хеш. Бо ташаббуси соҳибкорони ҷавон имрӯзҳо дар ҳама маҳалхо бунёди бунгоҳҳои тиббӣ, сартарошхона, кошонаҳои ҳусн ва иншоотҳои маишӣ босуръат идома доранд.

Умедворем, ки дар оянда чунин иқдомҳои нек бештар гардида, барои рушди деҳот заминаҳои мусоид фароҳам мегарданд. Зеро деҳот низ гӯшае аз диёри биҳиштосои мо Тоҷикистон аст.

 

                                                                   Ҷовидон Раҳмоналиев

донишҷӯи соли сеюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.