SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

На изображении может находиться: Хафиз Рахмон 

Аз мушоҳидаҳо аён мегардид, ки тайи солҳои охир аксарияти мардум аз китобхонӣ боз монда буданд, зеро шароити иқтисодӣ барои муроҷиат ба китоб имкон намедод, мардум дар пайи ислоҳи норасоиҳои вазъи иқтисодии хеш андармон, дар фикри кор ва боло бурдани сатҳи зиндагонии худ банд буданд.

 

 

Аммо, хушбахтона, баробари эълон гардидани озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." таваҷҷуҳи мардум ба китоб афзуд. Акнун китобҳои зеби ҷевон хобида, вазифаи азалии хешро иҷро мекардагӣ шуданд.               

Вобаста ба натиҷаҳои озмуни мазкур бо яке аз доварони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, адабиёшинос Ҳафиз Раҳмон суҳбате доштем, ки фишурдаи он пешниҳоди шумост:

      - Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» то чӣ андоза тавонист диққати мардумро ба мутолиаи китоб ҷалб намояд?

         - Ин озмун як такони бузурге шуд ҷиҳати ба китобхонӣ рӯ овардани намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа. Намояндагони наслҳои калон ҳам бо як шавқу завқи зиёд азм карданд ба мутолиаи китоб. Мардум дарк карданд, ки китобу китобхонӣ василаи хеле муҳимми гузаронидани вақт ва як навъ ба саодати маънавӣ расидани инсонҳост. Ҳар инсон хоҳу нохоҳ вақти холӣ дорад ва онро ҳар навъ мегузаронад - яке бо хоб, дигаре дар истироҳат. Мардум интихоб карданд, ки беҳтарин ҳолати гузаронидани вақт рӯ овардан ба китоб аст. Аввал, ин ки инсон ба дунёи хеле пурвусъати образҳои бадеӣ, манзараҳои бадеии зиндагӣ ворид мешавад ва чизе аз он ҷо бардошт мекунад. Дуввум, ин ки ба сарнавишти минбаъдаи ӯ таъсир мерасонад. Онҳое, ки мутолиаи зиёд доранд, тафаккурашон дигар аст, мавқеашон дар зиндагӣ устувортар ва ҳисси оптимистиашон ба ояндаи ҷомеаву кишвар тағйирхӯрда аст.

- Китоб то чӣ андоза метавонад ба шуури инсон таъсир расонад?

         - Китоб барои дуруст мушаххас кардани роҳи зиндагӣ, барои тай кардани шебу фарози роҳи дарки ҳақиқат ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти рӯзмарраи инсон кӯмаки зиёде расонида метавонад. Ҷомеае, ки дар он китоб намехонанд ва ба фарҳангу ҳунар кам диққат медиҳанд, қафомонда ва пойбанди таассубу хурофот мешаванд. Ягона чизе, ки аз таассубу хурофот ва боварҳои ғайриилмӣ инсонҳоро наҷот бахшида, ба дуруст зиндагӣ кардан ҳидоят менамояд, албатта, китобу китобхонист. Баъзеҳо дар он назаранд, ки агар бештар ба китобҳои бадеӣ, асарҳои адабии мутафаккирони сухан ошно шавем, аз технология қафо мемонем, ки ин ақида мутлақо хатост.

- Тайёрии донишҷӯён ба озмуни имсола чӣ гуна аст?

- Ҳоло ҳамин хел тасаввури мушаххас ва илман корхӯрдае ҳаст, ки донишҷӯён ба шинохти анвои гуногуни адабиёти бадеӣ ва ҳунарӣ чандон омода нестанд, лекин шаклгирӣ идома дорад. Ман ба ин назарам, ки мо наметавонем яку якбора ба зеҳну шуури донишҷӯён ҳама масъалаҳои вобаста ба адабиёти бадеиро талқин карда бошем. Барои ин як муддати мадиде лозим аст. Лекин эҳсос мекунем, ки нисбат ба соли гузашта шӯру шавқи довталабон хеле зиёд аст. Аз онҳое, ки дар зинаи якум иштирок карданд, ҳис карда мешавад, ки миқдори осори мутолиашуда хеле зиёд аст. Довталабон аллакай барои худ як номгӯ пешниҳод намуда ва вобаста ба жанрҳои гуногуни адабӣ китобҳоро ҷудо кардаанд, ки ин чиз дар соли гузашта дида намешуд. Инчунин бо мутахассисону донишмандон маслиҳату машварат кардаанд. Ҳамин чиз метавонад дар оянда озмунро ба танзим дароварад.

- Таваҷҷӯҳи довталабон ба адабиёти хориҷӣ чӣ гуна аст?

- Бисёре аз хонандагоне, ки ба озмун иштирок доранд, ба адабиёти ҷаҳон рӯ меоранд, асарҳои бисёр ҷиддӣ интихоб мекунанд. Нафақат аз хориҷи наздик, балки аз хориҷаи дур низ. Масалан, аз ҳавзаи адабии Амрикову Амрикои Лотинӣ, аз Австралия, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Чин, Япония ва дигар давлатҳо. Довталабон асарҳои бадеиии мансуб ба равияҳои гуногуни эҷоди бадеӣ - рамзнигорӣ, реализми сеҳромез, символизм, сюрреализмро интихоб мекунанд, ки ин ба маърифати ҳиссии онҳо вобастагӣ дорад. Агар онҳо асарҳои фаҳму даркашон мушкилро интихоб кунанд, пас сатҳи завқашон ба он дараҷа расидааст. Агар бештар осори адабии реалистиро интихоб кунанд, ин ҳам хуб аст. Умуман фарқ надорад, муҳим хондан шурӯъ шавад, масъалаҳои фаҳму дарк ҳам ҳал мешавад.

- Тағйироти имсола ба озмун чӣ натиҷа бахшиданд?

- Фикр мекунам, озмун бо он тайғироте, ки имсол шуд, бо пайдо шудани номинаи шоирӣ, зиёд шудани андозаи ҷоизаҳо дар ҷомеа ҳавасмандии зиёд ба вуҷуд овард. Инчунин вобаста ба натиҷаҳои имсола шояд боз дигаргуниҳо шавад. Шояд соли оянда номинаҳои нав ба вуҷуд ояд, масалан, нависандагӣ, драматургия ё бахши нақди сухан. Яъне ин озмун ҳамеша такомул меёбад.

- Шумо ба он нафароне, ки дар солҳои минбаъда иштирок кардан мехоҳанд, чӣ тавсия медиҳед?

- Онҳо, пеш аз ҳама, бояд рӯҳан омода бошанд, аз ҷиҳати маънавӣ, аз ҷиҳати илмию бадеӣ аз яку ду маслиҳат гиранд, бо донишмандон машварат кунанд, як-ду сол омодагӣ дида баъд иштирок кунанд. Дар ҳамин ҳолат метавонанд ба саволҳои аъзои ҳакамон посухи дуруст дода бошанд.

Ҳар кӣ оро медиҳад дил бо китоб,

Бурди ӯ бошад ҳамеша беҳисоб.

Ҳар кӣ онро зеби ҷевон мекунад,

Зери пояш бурдаи нон мекунад.

Ташаккур барои сӯҳбат.

        

Мусоҳиб Абдуғаффор Шодиев

донишҷӯйи соли сеюм

 

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.