SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

jizn

Зиндагӣ бо баргҳои сабзи дарахтон, бо гулҳои шукуфону бо хандаи тифлони кучак, бо дӯстони меҳрубону қавӣ бо орзуву ҳавасҳои ширин барои инсонҳо ҳаловат ва дилгармӣ мебахшад.

 

 

Зиндагӣ инсонро бо ранҷҳо, машаққатҳо, мушкилиҳо, навмедиҳо меозмояд, пухта ва комил мегардонад. Шахси қавиирода аз ҳамаи имтиҳоноти зиндагӣ гузар сохта, худро дар ҷодаҳои ҳаёт обутобёфта дармеёбад.

Дар зиндагӣ ҳар он зинаеро, ки бало мешавем, аввалан дар он зина бояд мустаҳкам ва устувор шавем, то ҳангоми ба зинаи баъди қадам ниҳодан дар намонем ва ё ба зер наафтем.

Зиндагӣ лаҳзае намегузорад, ки аз андеша кардан боз истиву худро дар канор чун парандаи озод тасаввур намоӣ, чунки зинда будан - ин туғён аст, такопӯст.

Зиндагӣ шоҳасарест, ки мо худ онро эҷод менамоем: ҳар неку бади кардаамон бозпас меоянд. Тифл ҳангоме ба дунё меояд, наздикону пайвандонаш чи қадар шод мегарданд, аммо намедонанд, ки тақдири минбаъдаи ин тифл чи гуна аст. Зиндагӣ асрорҳое дорад, ки дар кушодани он мо бандагон оҷизем.

Зиндагӣ бо мижа задан, бо навбатпоии фаслҳои зебои табиат, бо хазон гаштани гулҳо, бо мавсим сафар кардани парандаҳо мегузарад. Бале, зиндагӣ ҳамраҳи умри мо мегузарад...

Барои таҳаммули мушкилоту машаққатҳо баъзан эҳсос мекунем, ки қувватамон намерасад. Ба ҳамрозу ғамхоре ниёз пайдо мекунем ва басо хушоянд аст, лаҳни ширини саршор аз тасаллият мағзи хастаамонро навозиш кунад.

Биёед, ҳамдигарро дӯст дорем, навозиш кунем, эҳтиёт намоем дар ин дунёи зудгузар. Биёед, ай зиндадилон, то ҳаёт боқист, якдигаро танҳо нагузорему дастёру ғамхори ҳамдигар бошем, чунки умр мисли оби равон дар гузар аст.

Сомон Аминзода

донишҷӯи соли сеюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.