SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

День Президента Республики Таджикистан-... - Архитектура Душанбе. | Facebook

Ин моҳ дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун моҳи тақдирсоз сабт гаштааст. Ин ҳамон моҳест, ки дар он аввалин қадамҳои устувор ба сӯи сулҳу оромӣ гузошта шуд.

 

 

Оғози солҳои 90-уми асри қабл. Абарқудраттарин мамлакати дунё - Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳоли пошхӯрӣ. Як-як мамлакатҳо истиқлолияти худро эълон мекунанд. Тоҷикистон низ ҳамчунин. Аммо тазоҳурот ва шиорҳои демократхоҳ дар ин миён пайдо мешаванд. Бар дасти силоҳнодидае силоҳ ва намедонад бар пешонии кӣ дорад. Бар забони то дирӯз «коммунист» мегуфта, имрӯз шиори «ислом», ки аз садои гӯшхароши ӯ тифлон ба гиря омадаву мӯйсафедон гӯшҳо доштаанд. Халқи дар таҳлука афтода, бесарусомониҳо ҳукмфармо, ҳукумати фалаҷгашта, дари мактабу маориф пӯшида, мағозаҳои баста, корхонаҳои аз кор бозмонда, ҳосили дар мазраа хобидаву деҳқон кӯч баста...

Моҳи ноябри соли 1992. Агарчи Ҳукумати муросои миллӣ, Раиси Шӯри Олӣ Акбаршо Искандаров ва президент Раҳмон Набиев дар сари ҳокимият қарор доранд, аммо аз дасташон коре бар намеояд. Дар оғози моҳ роҳи оҳани ба сӯи Душанберо аз чанд ҷо тахриб мекунанд ва пойтахтро дар ҳоли муҳосираи иқтисодӣ қарор медиҳанд. Ин боиси хашми дигар ва нооромиҳои бештар мегардад. Қисме мардум боз ба қиём мехезанд ва қисми дигар рӯ ба сӯи ҳиҷрат меоваранд. Садои тиру туфанг аз ҳар гӯша баланд мешавад. Оне, ки силоҳ дорад, қудрат дорад, ӯ ҳукмфармост. Дигар ҳарфи қонунро силоҳ мегӯяд.

Шонздаҳ рӯзи тақдирсоз

Дар ҳамин ҳол Иҷлосияи ғайринавбатии XVI-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд аз 16-уми ноябр оғоз ёфт ва дар он марде наҷиб ва дар ақидаи хеш устувор 19-уми ноябр дар натиҷаи овоздиҳии вакилон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид: –Ман ба хонадони Шумо сулҳ меорам, – аввалин суханронии пурэҳсоси ӯ шуд. –То як гуреза дар хориҷи мамлакат азобу дарди ғарибӣ мекашад, ман ҳамчун Роҳбари давлат ором буда наметавонам.

Кори иҷлосия 16 рӯз идома карда, қонунҳои тағйиру илова бар Конститутсия ва барқарор намудани сохти конститутсиониву баргардонидани гурезагон, бина бар аввалин созишномаи сулҳ байни Ҳукумат ва мухолифин ба имзо расидан, 26-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи сулҳ ва ризояти миллӣ эълон намудан ва тасдиқи Низомномаи парчам ва нишони давлатӣ ҳаллу фасл гардид.

Ва ҳамин аваалин суханрониву аввалин иқдомот умеди дигаре ба халқи ноумедгашта шуд.

Раванди сулҳ ва бозгашти гурезагон

Бо кӯшишу ғайрати ин марди шуҷоъ пас аз 8 даври музокирот, 6 дидор, 3 машварати байниҳамдигарии тарафайн созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, тоҷикон ба сулҳ даст ёфтанд. Баргардонидани гурезагон бо шиори «то охирин тоҷикро ба Ватан бар нагардонам, ором нахоҳам буд!» аз зумраи корномаҳои эшон аст ва он 5 маротиба ҷонро ба кафи даст гирифта, ба мамлакати ҷангзадаи ҳамсия - Афғонистон барои гуфтушунид ва баргардонидани тоҷикони муҳоҷир сафар намудан, худ достони дигарест, ки лаҳзаи ба ҳам расидани ду бародари аз ҳам ҷудошуда ва оғӯшкашии онон тамошобобтарин саҳнаи зиндагист ва ҳамин аст, ки имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҳамон абармардро бо ифтихор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат меномад.

Тулӯъи пурнури сапедадам

Сиёсати ин марди хирад зина ба зина Тоҷикистонро ободу орому хуррам намуда, дар арсаи байналмилалӣ бо пешрафти давлатдорӣ шиносонид.

Ба оянда диди нек доштану бар таъриху тамаддуни миллат ифтихор варзида, ба фарзандони фидокору фарзонае, ки барои пойдории миллат ҷиннисориҳо карданд, Қаҳрамони Тоҷикистон унвон додану шаҳру ноҳияву боғу гулгаштро ба поси хотири онон номгузорӣ кардан, бо ба истифода додани нақбҳои «Истиқлол»-у «Шаҳристон»-у «Чормағзак» ва шоҳроҳҳои Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, Айнӣ – Панҷакент, Кӯлоб – Хоруғ – Қулма – Қароқурум, Ваҳдат – Саритош, Исфара – Конибодом – Ҷаббор Расулов, Душанбе – Қурғонтеппа – Кӯлоб бо маркази мамлакат ва дигар шаҳру ноҳияҳо пайвастани аҳолиӣ, бунёди иншооти бузурги аср – НБО «Роғун», аз давлати аграрӣ ба давлати саноатӣ табдил додани Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳоест, ки бо имзои ҳамин абармард дар таърихи кишвардории тоҷикон бо ҳуруфи заррин сабт гардид.

Азхудгузарӣ ва наҷоти худро дар наҷоти миллат дидан, бо забони хеш дар минбарҳои баланд, аз ҷумла дар минбари Созмони миллали муттаҳид бо забони ноби тоҷикӣ баромад намудан ва бар манфиатҳои миллии худ маҳдуд нагашта, барои ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ пешниҳодҳо намудан, худ гӯёи фаррохии домони назари Пешвои миллат аст.

Дар ин наздик ба се даҳсола зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон то ба он дараҷае бирасид, ки баъд аз паси сар кардани ҷанги шаҳрвандии панҷсола, ду маротиба дар солҳои 2004 ва 2016 пойтахти мамлакат соҳиби ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ» гардид, ба ифтихори 90-солагии шаҳри Душанбе соли 2014 аз ҷониби Форуми байналмиллалии «Мегаполис» бо дипломи «Шаҳре, ки дар он ҷо зистан мефорад» сазовор шуд, соли 2017 аз ҷумлаи 20 шаҳри тамошобоби қитъаи Осиё дар маҷаллаи «The Telegraph»-и Британияи Кабир зикр ёфт ва дар соли равон бошад, бар зумраи даҳгонаи кишварҳои амни ҷаҳон ворид шуд.

Ҳамину ҳамон

Бо ин ҳама оромиву ободӣ, ки дигар нишоние аз ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ намонда, пиру ҷавон мафтун шуда, он рӯзҳоро фаромӯш намуда буданд, пӯшида нест, ки савганди ахири Пешвои миллат ҳамон рӯзҳои нобасомони баҳманмоҳи хунинро ба ёди халқ овард. Дар ин суханронӣ ҳам, Президент бо эҳсоси баланд аз он иҷлосияи таърихии тақдирсоз ёдрас шуда, «ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ҳамоне ки тамоми ҳастии худамро ба мардуми тоҷик бахшидаам», бо ҳаяҷон иброз дошт.

Бояд гуфт, ки ба ҷои ҳамин Эмомалӣ Раҳмон дигаре мебуд, шояд Тоҷикистон ба вартаи нобудӣ мерафт ва қисм-қисм шудаву ё комилан нест мегардид ва ё сарнавишти Афғонистон бар сари мо ҳам омаданӣ буд. Чунончи имрӯз маълум гардид, ашхоси манфиатдор нақшае дигар доштанд ва бо истифода аз ҳалқабаргӯшони шиорсаро «иқдомот»-еро тарҳрезӣ менамуданд.

Ба ҷои се нуқта...

Ва акнун, ин моҳро «моҳест дар он сарнавишти халқи тоҷик навишта шуда» унвон кунем, хато набошад. Зеро халқи тоҷик баъди ҳазор соли Сомониён миллат шуд ва давлати соҳибистиқлол ташкил дод, ки сарнавишташ аз ин моҳ рақам хӯрд.

Меҳрофарин Наҷевуллоев

донишҷӯи соли дуюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.