SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

ganjina

Дар шароити феълӣ барои дастрас кардан ва соҳиби иттилооту маълумот гардидан монеае вуҷуд надорад. Махсусан, барои донишҷӯён имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст, ки китобу маҷаллаҳоро ҳам дар шакли электронӣ ва ҳам чопӣ дастрас ва мутолиа намоянд. Китобхонаи Ганҷинаи профессор Воҳид Асрорӣ, ки ба факултети журналистикаи ДМТ тааллуқ дорад, аз зумраи китобхонаҳое ба шумор меравад, ки номгӯйи зиёди китобҳои тахассусиро барои донишҷӯёни факултети журналистика ҷамъ овардааст.

 

        Дар китобхона номгӯйи китобҳои илмиву бадеӣ ва соҳавии зиёде мавҷуданд. Аз ҷумла "Эҷод чист ва эҷодгар кист"- и Шераки Ориён, "Жанрҳои журналистика"- и Иброҳим Усмонов, "Фурӯғи абадият"- и Ҷаъфари Субҳонӣ, "Журналистикаи байналхалқӣ" (маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ), ва монанди ин. Чунон ки китобдори китобхонаи мазкур Рустам Саъдуллоев ба мо изҳор дошт, «дар "Ганҷина"- и профессор Воҳид Асрорӣ зиёда аз 2000 китоб мавҷуд буда, бо забони тоҷикӣ таълиф гардидаанд, баъзан китобҳои форсӣ ё чопи Эрон ва китобҳои русӣ низ мавҷуданд, ки ҳам донишҷӯён ва ҳам устодон ба таври васеъ истифода бурда метавонанд.

Бояд гуфт, ки аз ин китобхона на танҳо донишҷӯёни факултети журналистика, балки донишҷӯёни факултетҳои дигар низ истифода менамоянд: «аз факултетҳо ва шуъбаҳои рӯзноманигории донишгоҳу донишкадаҳои дигар, монанди Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ барои дастрас кардани китобҳо ба мо муроҷиат мекунанд» - зикр менамояд китобдор Рустам Саъдуллоев.

Дар баробари фаъолияти чашмрас дар китобхонаи мазкур баъзе норасоиҳо низ мушоҳида мегардад. Тавре донишҷӯёни факултети журналистика иброз медоранд, дар китобхона баъзе номгӯйи китобҳо намерасанд, устодон вазифа медиҳанд, вале онҳо чун ба инҷо омада китобҳои зарурии худро мепурсанд, дарёфт карда наметавонанд. Дар робита ба ин паҳлӯи масъала Фариддун Сафаров, донишҷӯйи курси сеюми факултети журналистика чунин гуфт: «Масалан, мо имрӯз омадем, китоби Ҷовид Муқим "ВВС: дирӯз ва имрӯз" ва "Хабар: аз машриқ то ба мағриб"- и Суҳроби Мирзоалиро пайдо карда натавонистем, чунки ин китобҳо якнусхагӣ ва дар дасти дигар хонандагон буданд. Агар имконият мешуд, ин гуна китобҳоро нусхаҳояшро зиёд мекарданд».

Аз ҷониби дигар, ба гуфтаи донишҷӯйи дигари факултет Музаффар Айдаров «баъзе устодони факултет мегӯянд, ки китобро чоп карда ба Ганҷинаи профессор Воҳид Асрорӣ гузоштем, дар онҷо ҳаст, аммо, вақте ки меоем, китобҳоро пайдо карда наметавонем.

Ё ин ки варақҳои баъзе китобҳо дар ҷояшон нест, шояд маълумоти зарурӣ маҳз дар ҳамон саҳифаҳо бошад, ки канда гирифтаанд».

Дар маҷмӯъ, донишҷӯён ва корафтодагон аз сатҳи хизматрасонӣ дар китобхонаи мазкур изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Чунон ки Музаффар Айдаров дар идома изҳор дошт: «Вақте ки барои китоб гирифтан ба китобхона муроҷиат менамоем, роҳбари китобхона тамоми номгӯйи китобҳоро медонанд ва дарҳол хоҳиши моро баҷо меоранд. Ҳатто ҷойи мушаххаси мондани китобҳоро низ медонанд, ки аз ҷояшон гирифта ба мо медиҳанд ва мо ба мӯҳлати муайян китобро хонда, боз бармегардонем».

Дар оянда нақшаҳои китобхона васеъ буда, дар назар аст бо нашриёт ва китобхонаҳои дигари сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монад. Дар ин замина китобдори китобхона Рустам Саъдуллоев пешниҳод карданд, ки «айни замон ба китобҳои ихтисосие, ки бо забони русӣ чоп шудаанд, талабот зиёд гаштааст, аммо шумораи онҳо дар китобхонаи мо бисёр каманд. Хуб мешуд, устодону муҳаққиқон асарҳои бо забони русӣ навиштаи худро ба ганҷинаи мо тақдим мекарданд».

Ҳоҷимоҳ Гадозода

донишҷӯйи соли сеюм

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.