SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

“БОРИ ДИГАР РӮЗГОРИ ЧУН ШАКАР ОЯД!”

Устои сартарошамро, ки давоми 2 сол шогирдаш будам, ончунон дӯст медоштам. Агар дар вақти пероста кардани мӯи сари касе забони   шонаву қайчиро нафаҳмида монам, ҷангам намекард. Асбоби дар дастам бударо мегирифту забони корро мефаҳмонд.

fayzulloz

 

 

 

Ҳамсабақи дигарам, ки пеши устои мошин шогирд меистод, айни суҳбат лаб ба шиква кушода мегуфт: “Устои ман бахил аст, сири корашро намекушояд...” Дарун-дарун хурсанд мешудам, ки шогирди чунин усто нестам. Орзу мекардам, ки дар Донишгоҳ низ бо чунин устод рӯ ба рӯ шавам... 

Рӯзҳои нахустини донишҷӯиямон буд. Нав бо алифбои журналистикаи касбӣ шинос мешудем. Барои қобилияти навиштанамонро санҷидан, сабти овозамонро шунидан, дар экран симоямонро тамошо кардан  аз дили  ману ҳамсабақонам шарора мехест. Рӯзе нисфи гурӯҳ бо камоли завқ ба студияи таълимии факултет  фаромадем.  Муаллима Муслима Манонова моро хуш қабул кард ва дар аввалин дидор супоришҳои эҷодӣ дод. Дар соли аввали донишҷӯйи дигар ягон устод супориши эҷодӣ надода буд. Бо ҳамин дари студияи таълимӣ ба рӯямон боз буд. Аввалин хабарҳои навиштаи маро, ки шояд ба лавҳа монанд буданд,  муаллима қалам мезад.  – Ман дидам, хеле хуб навиштӣ, ҷо-ҷояшро ислоҳ кардам, дигар ҳамааш хуб, баъди дарсат биё сабт мекунем, - мегуфт муаллима.  Хушгапии ӯ  буд, ки дили мо рӯз аз рӯз ба хомафарсоӣ гарм мешуд. Ба сомонаи факултет (www.journalism.tnu.tj) ҳам кам-кам менавиштам. Аввал онро ба почтаи муаллима мефиристодам. Ӯ навиштаҳои бесарунӯги маро хонда, як қадар ба низому тартиб дароварда дар сомона мегузошт. Чандин бор айни суҳбати алоҳида барои қуввати дилам шуда мегуфт: “Файзуллохон,  нағз навиштӣ, лекин дар он навиштаҳоят таъсири лаҳҷа ҳаст, ҳаракат кун, ки аз ин чиз халос шавӣ. Дар матни журналистӣ набояд унсурҳои лаҳҷа ҷо дошта бошад. Ту метавонӣ, навиштанро идома деҳ, хуб!”    

Конфренсияи моҳи апрелӣ буд. Ману ҳамкурсам Маҳина барои маърӯзаи илмӣ мавзӯъ гирифтем. Муаллима Маноноваро роҳбар интихоб кардем. Ман барномаи “Ормон” – и телевизиони маҳаллии “СМ-1”- ро гирифтаму Маҳина барномаи “Вақт”- и телевизиони “Душанбе”-ро. Ҳарду, ки аз кӯчаи маърӯзанависӣ нагузашта будем,  чанд варақро сиёҳ карда, пеши роҳбарамон бурдем.  – Оҳ, барои чӣ  ин қадар дер кардед, вақти маърӯзахониатон қариб аст, хайр мебинам,  баъд биёеду гиред – хуб!  - бо мулоимат мегуфт муаллима. Баъди чанде рафта корамонро дидем, ки аз он навиштаҳои мо чизе намондааст. - Дар маърузаи илмӣ  фақат шарҳу  тафсир намекунанд, ку факту далелҳоятон, барои исботи фикр аз забони муҳаққиқон иқтибос наовардед, - хатоҳоямонро мефаҳмонд муаллима. Ахир, кори муаллимаро мо аз номи худамон дар конфренсия хондем. Ростӣ, то ҳол шарм медорам, ки чунин шуд. Шояд муаллима мехост, ки ин барои мо дарс шавад. Ё ӯ мехост, ки “бо даҳони дигарҳо ба нон хӯрдан” одат накунем. Роҳбари кори курсии ману 4 ҳамсабақи дигарам низ муалима аст. Кори нотамоми моро вай ҳар рӯз мехонд. Арафаи ҳимоякунии кори шогирдонаамон наздик буд... Аммо дареғо, ки  бо  муаллима мусибате рух дод. Садамаи ногаҳонӣ... Беҳаду андоза  шукри Худованд мегӯем, ки  зинданигаҳдори муаллима шуд. Ҳамзамон, дуо мегӯем, ки ҳарчӣ зудтар муаллима дуруст шуда, студияи моро, ки дар ин дам мактабхонаи бефурӯғро мемонад, бо ҳузури худ фурӯғистон кунад.

Ҳамкурсам Рустам бо муаллима мусоҳибае  дошт. Муаллима дар он ҷо аз нақшаву лоиҳаҳои ҷадиде, ки  бо шогирдони факултети журналистика азми амалӣ кардан дошт, ёдовар шуда буд. Ё ҳамкурсамон Шаҳноза дар бораи фаъолияти чашмраси муаллима очерки телевизионӣ таҳия карда буд. Дар он намоиш мо меҳру муҳаббати беандозаи муаллимаро нисбат ба донишҷӯён ҳис карда будем. Ё Зебонисои ҳамкурсамон мустақиман аз радиои факултет  ба муаллима меҳрнома мехонду аз шунавандагон талаб мекард, ки барои шифоёбиааш  дасти дуо бардоранд... Ростӣ, баъди гуфтори ҳузнангези ӯ гиря гулўгирамон шуд ва даст ба дуо бардоштем: "Ба муаллимаи мо Худо шифо диҳад...."

“Басо мурод, ки дар замини номуродиҳост” – гуфтаанд гузаштагон.

Устод Лоиқ ҳам баҷо гуфта, ки “ҳама ғамро бувад хурсандӣ дар пай”.

Дар асари ёддоштии  “Он чӣ аз сар гузашт” шоири машҳур Пайрав Сулаймонӣ аз вазнинву сахтии ҳаёташ лаб кушода, ба муаллифи асар – Ҷалолхон Икромӣ, ки ҳарду аз Душанбе ба Бухоро  рахти сафар доштанд, мегӯяд:

Бигзарад ин рӯзгори талхтар аз заҳр,

Бори дигар рӯзгори чун шакар ояд!

Бале, умед мебандем, ки дар рӯзҳои наздиктарин бо муаллима дар студияи таълимӣ  андармони корҳои эҷодӣ мешавем. Худо мададгор!

Дар ин субҳи босафои зимистонӣ муаллимаи азизи мо зодрӯз доранд, бошад, ки рӯзгори эшон чун барфрезаҳои имрӯза сафеду беолоиш бод!

Саломативу накӯбахтӣ насибатон бод, муаллимаи ҷавон ва яктову беҳамтои факултети журналистикаи ДМТ!

Чаҳорпораи устод Фарзона тақдими Шумо:

Бимон, эй муждаи фархундафолӣ,

Бизӣ, эй рӯшан аз нури ҷалолӣ.

Ба болои ту бодо соягустар

Пару боли ҳумои лоязолӣ.

 

Файзуллохон Обидов

донишҷӯи соли сеюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.