SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

ShQ

«Пеш аз номи ӯ қалами ҳар журналист ба таври худкор устод менависад».

 Ба ҳар бандаи Худо даст намедиҳад, ки дар чанд самт муваффақ бошад. Бояд, ба гуфте, назари Худо бар он афтида бошад, ки дар ҳар ҷо сарбаланд бимонад. Ва ин сарбаландӣ ҳам бар он ҳадде, ки ҳама эътироф кунанд.

 

Қироншоҳ Шарифзода аз зумраи ҳамон ангуштшумор нафаронеянд, ки назари Худо бар эшон афтода. Устод дар 3 бахш – журналистӣ, педагогӣ ва пажӯҳиш натиҷаи самаранок ба даст овардаанд ва дар ду давра (шӯравӣ ва истиқлол)-и журналистика яке аз чеҳраҳои шинохта ё худ барҷастаи он маҳсуб мешаванд.

Ба ин се самти фаъолияти эшон камина жарф намеравам, аммо чанд нуктаро ишора кардан мехоҳам, барои далелнок кардани гуфтаҳои боло.

Шояд кам журналисте пайдо шавад, ки дар ҳар жанри журналистика ибрози ақида карда тавонад. Вале Шарифзода замонро бо ҳар сабку жанре инъикос кардаанду мекунанд. Дар байни осори журналистӣ-публистистии эшон, ки хоксорӣ карда ҳудуди 700 адад зикр мекунанд, (вале бо исми эшон ва дигар имзоҳои мустаъорашон банда чандин матлабҳоеро дарёфтам, ки дар рӯйхати тартибдодаи он кас нест), ҳама гуна жанр дида мешавад. Лек сухан дар ин ҷост, ки имрӯз мо – насли ҷавон аз техникаву технологияи навини замон мегӯему ва бар қавли худ аз он самаранок истифода мебарем, натиҷа то оне нест, ки Шарифзода дар авохири солҳои 1980 нишон додаанд. Бубинед, ки дар байни мақолаву хабару ҳисобот, мусоҳибаву луқмаву лавҳа, фелетону тақриз ва сӯгномаву сафарномаҳои эшон гузориши телефонӣ, хабари телефонӣ ва ҳатто мусоҳибаи муфассали телефонӣ ба чашм мерасад. Маҳз бо ин аст, ки он касро пеш аз ҳама журналист муаррифӣ мекунанд.

Илова бар ин, бар фаъолияти назарраси Устод Шарифзода дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ҷои гуфтан дорад. Чанде пеш дар «Кунҷаки озодӣ» (ин вожа ва ин ҷойро аксари шогирдони устод медонанд) сухан аз журналистикаи давраи ҷанги шаҳрвандӣ рафту дар моваро гуфтанд: «замони ҷанг аҳолии кишвар ба гурӯҳҳо тақсим шуданд ва фаъолияти журналистӣ душвор гардид, як сухан метавонист як майдонро дигарбора ба шӯр хезонад, бо ҳамин Муродулло Шерализода ҳамеша таъкид доштанд, ки ҳар суханро бар тарозу баркашед ва бар ҳар майдон ҳаққи баробар диҳед».

Инро бар он хотир меоварам, ки яке аз инъикоскунандагони фазо ё худ оинаи нилгуни “Садои мардум” Қироншоҳ Шарифзода буданд ва боиси зикр аст, ки ҳамин баробарҳуқуқии эшон (ва дигар аҳли қалами рӯзнома) то ҳадде фазоро нигоҳ дошта. Худ мегӯянд, «агар аз майдони «Озодӣ» як саҳифа менавиштем, ҳатман аз майдони «Шаҳидон» бар ҳамон ҳаҷм мақолаи воқеъбинона ба чоп месупоридем».

Фаъолияти солҳои 90-уми Устод Шарифзода, ки бо “Мизи мудаввар” бо иштироки вакилони вақти мардумӣ Э. Раҳмонов, А. Тӯраҷонзода, А. Турсон, Т. Абдуҷаббор ва дигарон дар “Садои мардум” оғоз меёбад, бо силсиламусоҳибаҳо бо раису муовини Маҷлиси Олӣ, раиси Суди олӣ, раисони ИНТ ва дигар сафирону масъулони идораҳои давлатӣ ҷамъбаст мешавад, ки дар кул фазои ин замонро метавон аз чанд матлаби эшон дарёфт.

Дар қисмати фаъолияти педагогӣ ҳамин ишора кофист, ки имрӯз куҷо як чеҳраи шинохтаи журналистика ҳаст, бидуни муҳобо, “устод Шарифзода” садо медиҳад, ки борҳо дидаму шунидам ва ё ба гуфтаи профессор Иброҳим Усмонов “қалами ҳар журналист ба таври худкор пеш аз номи Қироншоҳ “Устод” менависад, чун ӯ устодест, ки сухани гуфтанӣ дорад, гуфта метавонад ва дар амалия татбиқ мекунад”.

Ва чунончӣ профессор Усмонов меафзоянд, «Қироншоҳ Шарифзода устоди падармонанд аст, дар баробари омӯзонидани назария роҳи татбиқи онро ҳам нишон медиҳад. Гоҳо навозиш мекунад ва гоҳо ҷанг, ки ин пратсесси тарбияи фарзанд аст». Ростӣ, чанд боре бо одати хуб бошад ё бадам, бетоқатам, ки аксар вақт ба мобайни гап медароям, каминаро ҳам ҷанг кардаанд... Аммо борҳо эҳсос кардаам, ки бо ба чоп рафтани як мақола ё мусоҳибаи шогирдонаам, бо он ки ҳарфи хубу баде намегуфтанду намегӯянд, эшонро ҳолати аҷибе фаро мегирифт.

Таҳқиқи Устод Шарифзода аз ҳуқуқу озодиҳои фардии журналист ва нахустрӯзномаи тоҷикӣ - «Бухорои шариф» манша мегирад, ки аксарро мутолиа кардаам. Аммо бо он ки бо талошу кӯшиши маҳз ҳамин Устоди Шариф рӯзи таъсиси рӯзномаи “Бухорои шариф” “Рӯзи матбуоти тоҷик” эълон гардид ва дар ин радиф чандин мақолаҳои илмиву оммавӣ ва китобҳо аз таъриху осори нахустрӯзнома ба чоп расиданд, ки ҳар яки он баҳои як ҳимояи номзадиро дошт ва дар маҷмӯъ ҳамдигарро боз ҳам комилтар мекард, унвони илмӣ ҳимоя накарданд. Бо ин вуҷуд, профессор Иброҳим Усмонов бар ин ақидаанд, ки Шарифзода аз аксарияти олимони унвондори соҳаи ВАО бештару беҳтар дар тадқиқи он хидмат кардаанд ва дар ҳамаи таҳлилҳои комилшудаашонро дар соҳаи ҳуқуқу одоби рӯзноманигорӣ ва таърихи журналистика, ҷамъ оварем, на кам аз 500 саҳифаи илмӣ мешавад.

Лекин, муҳимтар аз ҳама бояд инро гӯям, ки бар кеши Шарифзода вожаҳое ҳаст, чун Шараф ва Ҳуввияти миллӣ, ки бар куллӣ дунё иваз накунанд... Дар се соли ахир, ба ростӣ чандин чеҳраро дидам, аз баъзе асрор огаҳ шудам, аммо чун Шарифзода бо Шарифҳо кам вохӯрдам:

Боре бар эшон пешниҳод мешавад, ки бар ивази як мақолаи танқидӣ - як мансаб.

–То ҳол маро нашинохтаед!, - ба ҳамон оромии хоси худ посух медиҳанд.

Синни пайғамбарӣ муборак, устоди Шариф!

Ҳамеша сарбаланд бимонед!

 

Меҳрофарин Наҷевуллоев

донишҷӯи соли дуюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.