SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

       chupon

       “Ин ҳама ташвишҳои рӯзгорро дида, баъзан ба чӯпонҳо ҳасад мебарам. Зеро онҳо аз ин ҳама ташвишҳову нобаробариҳо озод ҳастанд, ба қавле парвои дунё надоранд”.

Бахтиёр ҚУТБИДДИНОВ, устоди ДМТ

 

 

Ҷаноби Тоҳирӣ, устод Б. Қутбиддинов ба ман ва ду ҳамкурси дигарам ин ҷумларо дар яке аз дарсҳои охири ҳамин соли хониш гуфта буданд. Рости гап, баъди шунидани ин сухан дар фикри як рӯзамро бо чӯпоне ё чӯпонҳое гузаронидан шудам ва шукр, ки ҳафтаи гузашта ин корро кардам.

Ҷаноби Тоҳирӣ, бояд ба ту бигӯям, ки ман дар ноҳияе зиндагӣ мекунам, ки чӯпонҳо хеле зиёданд. Яъне ин ҷо шахсони мансабдор ва молдор чунон бисёранд, ки қариб дар ҳама дашту даман фермаҳои калон сохтаанд ва 300-400 гӯсфанду буз, 20-30 асп, 30-40 гов ва ғайраҳо гирифта, чанд нафарро ҳамчун чӯпон ба кор қабул кардаанд.

Чанд рӯз пеш ҳамроҳи чанде аз дӯстон бо баҳонаи тарбузхӯрӣ аз сари замини дӯсти дигарамон ба ҳамон дашту дамани молдору чӯпондор рафтем. Чӣ тавр рафтем, чӣ қадар тарбуз хӯрдем, чӣ суҳбатҳо кардем, деҳқонон чӣ гуна кор мекунанд ва аз тарбуздуздиҳову қиматии тарбуз намегӯям, зеро ин тамоман мавзӯи дигар аст. Балки мо пас аз шикамсерӣ хӯрдани тарбуз ба фермае рафтем ва чанд соат бо чӯпоне суҳбат кардем. Чӯпон моро бо нону чой ва гӯшт меҳмондорӣ кард. Пас аз суҳбати чандсоата ман ба чӯпонҳо ва чӯпонӣ ҳасад бурдам. Барои чӣ мегӯйӣ? Ҳоло осону сода ба ту мефаҳмонам.

Онҳо то маош гирифтанашон аз 3 мағоза қарздор намешаванд ва фикри зуд ё дер гузаштани маошро намекунанд. Ва то маошашон гузаштан 10 маротиба дар 10 банкомат корташонро намесанҷанд.

Онҳо пас аз 20-уми ҳар моҳ дар фикри иҷорапулиро додан намешаванд. Ва ҳам аз соҳибхонаашон гурезон намешаванд.

Онҳоро аз сари маошашон фикри супоридани пули барқу обу партов азоб намедиҳад. Фикри қимат шудани барқ ҳам барояшон бегона аст.

Онҳо фикри пардохти муштарипулиро аз ширкатҳои мобилиамон намекунанд. Ва қариб, ки дар симкорташон пулгузарониро одат накардаанд.

Онҳо барои пайваст шудан бо операторони ширкатҳои мобилӣ соатҳо интизор намешаванд ва боз барои бартараф кардани “чаро”-ҳои зиёд: чаро тарофаи маро иваз кардед?, мегабайтҳои ман канӣ?, пули телефони ман куҷо шуд?, интернети ман чаро кор намекунад? дақиқаҳои зиёдашонро сарф накарда, худ ва чанд нафари дигарро асабӣ намекунанд.

Онҳо дар ҳавои гарми 40 дараҷа дар “Спринтер”-и 16-нафара 30 нафар намешинанд ва ҳеҷ гоҳ ҷумлаи “болотар гузаред”-и кондукторону ронандагони муҳтарамро намешунаванд.

Онҳо фикри бачаи донишҷӯ, фикри шартномаи донишгоҳи духтарашон, рейтингҳои писарашон, китобҳои харидаи духтарашон, хобгоҳпулӣ ва иҷоракобиҳои писарашон, дипломгириву дипломдорӣ ва бекориву маоши 800-сомонаи фарзанди маълумоти олидорашонро намекунанд. На мехононанд, на ташвиш мекашанд ва на ба соҳиби вазифа шудан умед мебанданд.

Онҳо монанди ману ту сода нестанд, ки дар мавриди пандемия ба ҳама афсонаҳо бовар кунанд ва чанд дақиқа пас ба интернет ворид шаванду аз он ҷо “шок” шуда, “сотовые данные”-ашонро хомӯш кунанд.

Онҳо монанди ману ту сода нестанд, ки баробари тамошои филмҳои туркӣ гиря кунанд, баробари дидани комедияҳои фаронсавӣ то саҳар биханданд, баробари тамошои “боевикҳо”-и амрикоӣ худашонро қаҳрамонҳои намиранда ҳис кунанд.

Онҳо қариб ки дурӯғ намегӯянд, зеро аз онҳо кам касон савол мепурсанд. Агар гӯянд “фалон гӯсфандро гург бурд”, мегӯянд, тамом. Ҷаноби Тоҳирӣ, баъди ин ҳама чӣ тавр метавон ҳасад набурд? Чӣ тавр метавон чунин зиндагиро орзу накард? Чӣ тавр метавон дар фикри чӯпон шудан андеша накард?

Агарчи ҳасад барем, орзу кунем ва фикри ивази касбу зиндагиро шабурӯз кунем ҳам, намешавад, зеро ҳар чанд дақиқа пас мо мегӯем: “Дар Инстаграм як “сторис” кунам, дар Фейсбук ягон кас дар поёни постам “коммент” навишта бошад?, дар Вконтакт чанд “лайк” гирифта бошам?, дар Вичат ҳамсинфонам чӣ навишта бошанд?, дар Вотсапам ягон хабар омада бошад? Дар Телеграм ҳамкорон ягон “смайлик”-и нав равон карда бошанд?… Онҳо бошанд, тамоман ин гуна фикру зикр намекунанд, балки худашону молҳояшону хӯрокашон ҳасту дашту дамани калону зебо.

Дар охири суҳбату меҳмондорӣ он чӯпон ба ман, ки аз ҳама зиёд саволаш додам, рӯ оварда, гуфт:

— Ман ба ҳаёти шумо ҳеҷ гоҳ одат карда наметавонам ва ба фикрам, ба ин расиданам ҳам имконнопазир аст.

Ман хомӯш мондам. Чизе нагуфтам. Аммо раҳоҳраҳ дарунакӣ фақат ин ҷумларо такрор мекардам:

— Чӯпони азиз, мо ба ту ва тарзи гузаронидани зиндагии ту ҳасад мебарем, аммо ту инро ҳеҷ гоҳ пайхас карда наметавонӣ, зеро то ҳол ягон нафар инро ошкоро нагуфтааст.

Ман ба чӯпонҳо ҳасад мебарам!

 

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

магистри соли дуюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.