Mankurt       

       Дар асрҳои пеш байни ҳалқҳои кӯчманчии заминҳои қазоқнишин бисёр ҷанг мерафт. Ғолибгаштагон мағлубонро ба худ асир мекарданд. Аз ҳама бештар жуанжуанҳо бераҳмтар буданд. Боре як қисми калони замини қазоқро ба даст оварда, асиргаштагонро ба манқурт табдил доданд, ба инсонҳои беҳофиза.

 

 

      Барои ин ба сари асирон пӯсти гарми шутурро мепӯшонданд ва беобу бенон дар саҳро мемонданд. Нури сӯзони офтоб пӯсти тарро хушк мекард ва пӯст кам-кам сахт мешуд. Асирон аз дард ҳофизаашонро аз даст медоданд. Одатан,як ё ду инсон зинда мемонд. Ҳамон инсонҳоро манқурт мегуфтанд ва нархи онҳо бисёр қимат буд. Барои он ки онҳо ҳофиза надоштанд, на падарро мешинохтанду на модарро. Чунин асирон ҳама корҳои хоҷагиро мекарданд ва бар ивазаш чизе талаб намекарданд. Касе онҳоро озод карданӣ намешуд, чун онҳо чизеро ба ёд оварда наметавонистанд.

          Вале танҳо модаре бо номи Наймон-ана ба тақдир тан дода натавонит. Писари вай ҳангоми ҷанг бо жуанжуанҳо асир афтод. Найман-ана мехост, писарашро пайдо кунад. Вай фақат як орзу дошт: фақат зинда бошад, бигзор манқурт бошад, беҳофиза бошад, фақат зинда бошад, зинда! Рӯймоли сафедашро ба сар партофт ва ба саҳрро баромад. Бисёр гашт ва дар охиряк ҷавони хушқаду қоматеро дид ва дар он писарашро шинохт. “Писарам, ҷони модар, ман туро мекофтам! - дод зад модар - Ман модари туям!” Ба чеҳраи хомӯши писараш нигарист ва гиря кард. Аммо вай ҳатто напурсид, ӯ кист, чаро гиря мекунад. Чашмонаш бемеҳру дилаш сахт. “Ту маро нашинохтӣ?”-пурсид модар. – “Не” – ҷавоб дод манқурт. – “Номи ту чист?”- “ Манқурт”. - “ Ҳозир туро чунин фарёд мекунанд, номи аввалат чист?, Номи худро ба ёд ор!”- манқурт гап намезад.- “ Номи падарат чӣ буд? ту худ кистӣ? Дар куҷо таваллуд шудаӣ, медонӣ?”- Не, вай чизеро намедонист. -“Онҳо бо ту чӣ кор карданд”- бо овози паст пурсид модар. “Маро мешунавӣ? Номи ту – Ҷоламон. Номи падарат Донинбой. Падаратро дар ё дорӣ? Ӯ ба ту аз камон тир паронданро омӯхта буд. Ман бошам, модарат, мешунавӣ?” Аммо ҳар чизе, ки нагӯяд, ба ӯ фарқ надошт. – “Биё, биё ман бинам, онҳо ба сари ту чӣ кор карда бошанд” – гуфт Наймон-ана. “Не” – гуфт манқурт ва дигар ба модараш гап задан нахост. Наймон-ана хост писарашро ба хонааш барад, бигзор дар хонаи худ зиндагӣ кунад, на дар саҳро асири жуанжуанҳо. Бисёр зорӣ мекард Наймон-ана, аммо ӯ намефаҳмид, чӣ гуна бояд рафт, агар хӯҷаин ҷавоб надода бошад. Найман-ана такрор ба такрор мегуфт: ” Падари ту Данинбой. Номи ту Манқурт не, Ҷоламон. Рӯзе, ки таваллуд шудӣ, дар хонаи мо ҷашни калон шуда буд!” Ногаҳон чашми Наймон-ана ба саворае афтод. –“Ӯ кист? – пурсид аз вай. –“Хӯҷаин”. Наймон-ана рафтанӣ шуд. – “Ба вай чизе нагӯй, ман боз меоям”- гуфт Наймон-ана. Писар посухе надод. Чун ба вай фарқе надошт.

          Аммо жуанжуанҳо занро диданд. “ Ӯ кӣ буд?”- пурсид вай аз манқурт. “ Вай мегӯяд, ки модари ман аст”. – “Вай модари ту нест! Ту модар надорӣ. Медонӣ, ӯ чӣ мехоҳад? Мехоҳад саратро гирад”- дод зад жуанжуан. Манқурт тарсид ва рӯяш ғарқи арақ шуд. – “Натарс!-гуфт хӯҷаин. – Ту тир паронда метавонӣ? Биё, гир” ва ба дасти манқурт тиру камон дод.

          Вақте ки жуанжуан рафт, Наймон-ана боз пеши писараш омад. Ӯ намедонист, ки писараш, манқурт ба ӯ тир заданист. Нури хуршед ба чашми манқурт халал мерасонд. “ Ҷоламон, писарам!”- фарёд зад Найман-ана писарашро. Аммо дер шуда буд, тир рост ба қалби модар зад. Наймон-ана оҳиста-оҳиста меафтид, аммо аввал рӯймоли сафедаш аз сараш афтид ва ба парандае табдил гашт. “Ба ёд ор, кистӣ? Номат чист? Падари ту Данинбой! Данинбой!”- бо ҳамин овоз парвоз мекард паранда.

          Мегӯянд, ки ҳангоми рафтан ба саҳроҳои қазоқ садои ин парандаро шунидан мумкин аст: “ Ба ёд ор, кистӣ? Номат чист? Падари ту Донинбой!

Таҳияи Муҳаммадисо Зархоров

донишҷӯи соли дуюм