SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

Modfayz

“Илтимос, модарҷон, вақти хайрухуш кардан то дами дарвоза набароед” – вақте ба ҷойи дур рафтанӣ шавам, ин гапро аз дил мегузаронам. Ҳар боре, ки аз Хуҷанд ба Душанбе барои идомаи таҳсил раҳсипор мешавам, маҷбурам, ки ин ҳолати азобдиҳандаро таҳаммул кунам. То аз назар ғоиб шудани мошин чашмони модрам  ба роҳ чор аст.

 

Пеш аз ба мошин нишастан модарамро се-чор бор гарм оғӯш мекунам. Аз рухсораҳоям бӯсакунон “илоҳо, нағз расида равӣ, бачам” – мегӯянду тири нигоҳашонро ба дигар тараф мебаранд. Шояд бо ин роҳ мехоҳанд,  ки  аз зиқ буданашон ҷигарбандашон пай набарад.  Лекин ман ҷуръат карда,  ба чашмони модарам нигоҳ мекунам ва худро гуноҳкору оҷиз меҳисобам, ки ба  модар фараҳу шодӣ оварда натавониста истодаам. Аз дигар тараф, итминон дорам, ки ҳарфи дили  модарам  ҳамвора: “Рав, писарам, коре кун, ки ҳамеша сари ман баланд бошад. Орзуи ту-орзуи ман. Паноҳат ба Худо” аст. Чун мудом ин суханҳоро такрор мекунанд, модарам.

Ҳар лаҳза бо “бахшандаи муҳаббати беподош” будан хуш аст. Дафтари овони кӯдакиро варақгардон мекунаму сатрҳои зебоеро мехонам. Азизтарин лаҳазоти умр, ки дар лавҳи хотираҳо абадан мемонад, албатта, дар домони модар будан будааст. 

Лаҳзаи аввал

Падарам дар Русия буданд. Он вақтҳо воситаҳои алоқа чун имрӯза набуд. Хароҷоти ҳаррӯзаи мо – ду фарзанд аз кисаи модарам, ки бо  муаллимӣ касби маош мекарданд, ба ҳисоб мерафт. Рӯзе муаллимаамон ба ману як ҷӯраи ҳампартаам гуфт, ки “пагоҳ бе  пули таъмир ба дарс наоед”. Рӯзи дигар ман фиқ – фиқкунон “буваҷон, мактабба намерам, пули ремонта биёретон гуфтан муаллимамон” – гуфта модрамро оғӯш кардам. “Не, меравӣ, гиря накун, ҳозир ҳисобашро меёбем, то аз кор омаданам дарсота тайёр кун...” – гуфта модарам ба ҷойи корашон - мактаб парваришгоҳи шаҳри Хуҷанд рафтанд. Сонӣ, аз кор  як тубаки гул бардошта оварданд. Онро ман ба дарс бурдам. Аз афташ, муаллима гулдони гулдорро дида, пули таъмирро фаромӯш кард.

Лаҳзаи дюум

Ҳарду хоҳарбузургам келин шуда рафтанд. Акнун, дар хона ман ва  модару падарам монда будем. Пас аз чанд рӯзи тӯйи хоҳарбузурги дуюмӣ, ки ману модрам дар сари хон менишастем,  нохост аз чашмони  модарам қатраҳои ашк ҷорӣ шуд. Фаҳмидам, ки ба хотири духтаронашон, ки бо обрӯву иззат ба хонаҳои аслиашон рафтанд, мегирянд. Онҳоро сахт  ёд кардаанд. “Эҳ, буваҷон, гиря накунед, ман ҷойи ҳардушона мегирам” – бо даҳони пур гуфтам ман. Рӯзи дигар ба танӯр оташ мондам. Сабади нонҳоро низ бурда болои мизи танӯрхона гузоштам.  Дастони модарам ба қатори сеюми танӯр кӯтоҳӣ мекард. Пештар дар ин кор хоҳарбузургам ёрӣ медод. “Ҳозир боз апаҳоямро ба ёд оварда, гиря мекунанд” -  инро аз дил гузарондаму дарҳол фикре ба сарам зад. То он даме, ки модарам сурфаро ғундоштанд,  аз ҷевон рӯймолчаи сафед гирифта, мисли нонво - Шарифҷон-акои ҳамсояамон ба сар бастам. Куртаи остиндарози бахмалиеро  ёфта ба бар кардам. “Буваҷон, биёед, нона ман мечаспонам” – гуфтам. Ба нею нестони модар нигоҳ накарда, баъди  бо обгардон ба танӯр об пошиданашон остинчаро пӯшидаму яке аз нонҳоро часпонидам. Нон дар танӯр ҷояшро ёфт. Дигар нонҳоро низ часпонидам. Модарам  баъди чанд лаҳзае бо кафгир нонҳои суп-сурхро аз танӯр канда гирифтанд. Аз ҳамон рӯз сар карда, то донишгоҳ омадан, ман нончаспонаки буваҷонам будам...

Лаҳзаи сеюм

Дар ҷавоб ба навозишҳои рӯҳнавози модар байти аввали   суруди машҳури “Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт....” – ро бо шеваи хос  замзама мекардам. Боре баъди шунидани овози хирии ман “кӣ гуфт, ки болу пар надоштиям, болу парам – бачаҳом – дия! ” - гуфтанд модарам. Ман фахр мекунам, ки қаноти фариштаам.   

Лаҳзаи чорум...

Дар  Душанбе будам.  Дилам ба хони  модарам гум мезад.  Боре айни суҳбати телефонӣ нохост аз забонам баромада мондааст “буваҷон, атолаи ширинатонро ёд кардам”.  Пас аз фардо телефонам занг зад: “Писарам, ман бо почоат, орди зирбондагию қанд фиристондам, атола карда хӯритон”.

Беандеша будаам, ки модарҷонамро зери кӯҳи ташвиш мононда, нафсро аввал гузаштаам. Писари нокардахидматро бубахшед, модарҷон!

Зодрӯзи шодии дилу ҳодии дил – модарҷони азиз муборак!   

Файзуллохон Обидов

донишҷӯи соли сеюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.