SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

Картинки по запросу "артиши милли"

Аслан, ин баҳс аз он сар шуд, ки ба дарси тайёрии ҳарбӣ, ки ихтиёрӣ буд, рафтан нахостам. Модарам, албатта, чун ҳамешагӣ тарафдорӣ ман буданд.

 

      Нахоҳӣ, нарав, зарур нест! Аммо падарам бо исрор талаб мекарданд, ки ҳатман ба ин дарс равам.

      Ман се сол дар стансияи Байканури Ҷумҳурии Қазоқистон хизмат карда, намурдам-ку! Ту бошӣ, як писар гуфта на ба хизмат меравӣ, на ақаллан, дар кафедраи ҳарбӣ мехонӣ.

Он кас рост мегуфтанд. Дар гузашта аскаронро ба давлатҳои дигар мефиристоданд. Бобоям ва амакҳоям низ дар кишвари Русия, Украина ва Германия хизмат кардаанд. Ҳини суҳбат сухан аз ин маврид равад, аз замони аскарӣ нақлҳои ҷолиб менамуданд.

Имрӯз, адои хизмати Ватан – Модар пурра дар дохили кишвар сурат мегирад. Танҳо аз ин минтақа ба он минтақа мефиристанд, ки, албатта, сабабҳои худро дорад.

Соле қабл ба дидани ҳамсинфам, ки дар яке аз қисмҳои низомӣ адои хизмат менамуд, рафта будам. Ба як назар, ӯ тамоман тағйир ёфта буд, ҳам дар сурат, ҳам дар сират. Овозаш ғафстар шуда, китфонаш паҳн гашта, қадаш нисбатан баландтар гардида буд. Ботамкин шуда (шӯх буд), оромона ҳарф мезад (гоҳо гуфтаҳояшро намефаҳмидем). Дар ҳоле, ки ҳамагӣ ҳафт-ҳашт моҳ пеш ба ин ҷо омада, хизматро шурӯъ намуда буд...

-Шароити хуб дорад, - зикр карда буд ӯ. -Хӯроки гарм, ҷойгаҳи нарм, ҳамааш нағз.

Дарвоқеъ, дар ошхона аз дастовезам-нону ҳасиб дида, чизҳои болаззаттар доштанд. Хӯрокҳои гӯштдор, ки агар муҳобот нашавад, ман-донишҷӯ дар хоби шабам медидам. Зардолуоби лазизу ширин, ки бори охир (соле қабл) дар хонаи худамон нӯшида будам.

Дар умум, муҳите, ки ҳамсинфам хизмат менамуд, аз чанд ҷиҳат бартарият дошт. Якум, шахсони наздик ё аҳли хонавода метавонистанд сари чанд вақт хабар гиранд. Дар ҳоле, ки падарам мегуфтанд, он касро тӯли се сол як бор бобоям аёдат кардаанд.

Дуюм, ҳамхизматҳо ҳама ҳамдеҳаву ҳамшаҳрӣ буданд, ки дилгир шудан намемонданд. Дар ҳоле, ки падарам мегуфтанд, агар ягон аскари тоҷикро бинанд, масрур мешуданд.

Сеюм, онҳоро зуд-зуд ба қисмҳои низомии дигар мефиристоданд, то омӯхта шаванд. Дар ҳоле, ки падарам мегуфтанд, тӯли се сол дашти беканори қазоқро дидаанду халос..

Баҳси мо ҳам дар ҳамон ҷое хотима ёфт, ки ман ба кафедраи ҳарбӣ ҳуҷҷат супоридам. Акнун ҳафтае як бор бо либоси низомӣ (модарам низомипӯшро дӯст медоранд) ба дарс ҳозир шуда, аз нозукии аслиҳаҳои ҷангӣ ва тактикаҳои ҳуҷум огаҳ мешавем.

Ин имкон медиҳад, ки дар ҳама гуна маврид ба ҳимояи кишвари азизамон-Тоҷикистон омода шуда, сулҳу субот ва оромиву осудагии онро таъмин намоем.

Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҷавонон ва родмардони шуҷои Ватан муборак!

Амонҷон Мамадҷонов

донишҷӯи соли дуюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.