SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

Похожее изображение

            

    

          Қаҳрамон кист? Қаҳрамон касест, ки нигаҳбони сарзаминаш аст, нигарони дарди меҳан аст. Касест, ки хароб намекунаду обод мекунад, душман намекунаду дӯст мекунад, дард намешаваду дармон мешавад, заҳр намешаваду марҳам мешавад.

 

starrr

Падар шахсиятест, ки ҳангоми хурдсолият ба ту ҳастияшро бахшид, ба хотири ту ҳама тавоноияшро сарф кард, рӯзҳои сармо кор кард, то поят пӯшида бошад, шабҳо хонаат гарм бошад, либосе бар танат бошад, шикаматро сер карду худ нимгурусна гашт. Падар касест, ки дар хурдӣ пойафзоли калонашро мепӯшидию ҳавасаш меомад, айнакҳои бузургашро дар чашмонат мегузоштию механдид, бо дасти кучакат бар рӯяш мушт мезадию оҳ намегуфт. Ба рӯят шаппотӣ намезад, балки дастонатро мебӯсид, саратро сила мекард.

Аз дар ворид мешуд, туро ба оғӯш мегирифту дӯстдорӣ мекард, шодмонӣ менамуд, дар ҳоле, ки шояд он рӯз ҳазорон балову андӯҳ болои сараш гирдгардон буд. Барои ту механдид, то гиряро набинӣ, дар ҳоле, ки ғаму азобу камбудии ҳаёт гулӯяшро мефишурд.

Барои худаш дар ин замин шояд ояндаеро ҳам намедид, вале ба хотири ояндаи ту зинда буд. Вале ту чӣ? Акнун, ки бузург шудӣ, падаратро хурд мебинӣ. Вақте саволат медиҳад Эҳ ин қадар мепурсӣ? мегӯи, ҳол он ки ӯ ба хотири итминони қалбияш аз ту мепурсад. Акнун дигар пойафзоли бузургашро нишонаи ақибмондагии ӯ мепиндорӣ. Либоси кӯҳнаашро нишонаи соддалавҳияш, айнакҳои бузургашро нишонаи заифиаш. Вале мутаасифона баъзе ҷавонони имрӯза ба қадри ин шахси бузург расида наметавонанд. Дар ҳаёти пурҷӯшу хурӯш, ишқу ҳавас заврақ ронда, ин шахсро фаромӯш месозанд. Баъд аз кору кирдори худ пушаймон шуда, ӯро дигар намеёбанд.

Мегӯянд, хушнудии падар дар хушбахтии фарзандон аст, пас, чаро мо маънии ин суханони бузургро дарк намекунем. Барои фарзандон шуда, падарони бечора роҳи муҳоҷиратро пеша мекунанд. Барои хӯрондан, пӯшондану таҳсили фарзандонашон дар мулки бегона сарсону саргардон мегарданд.

Дунёи рангини ман бароям ғамро тӯҳфа мекунад. Чун медонам, корҳоеро, ки падари бузургворам ба ман анҷом дод наметавонам ҷавобашро диҳам. Мо ҳар қадаре ки кӯшиш кунем наметавонем ҷавоби заҳматҳои ин шахси бузургро баргардонем. Падарҷонам қиблагоҳи ман, сутуни хонадонам бисёр дӯстат медорам. Ҳар қадаре, ки туро васф кунам боз ҳам бароят кам аст.

Аввалин устоди маънӣ, эй бузургворам падар,

Ҳамдами ҳар шодиву ғам, номбардорам падар.

Дар талоши пок ҷустан, панди туст устоди ман,

Дар тамоми зиндагӣ, эй покрафторам падар.

Қиблагоҳи хонадонам, Каъба деворам Падар,

Дур андеш, босухандон нармгуфторам падар.

 

Сабрина Ақназарова

донишҷӯи соли дуюм

Loveor

Идома

Хелен фишер қайд мекунад, ки барои ҷо шудани ишқ дар майнаи сар якчанд қисматҳои майнаи сар ҷавобгаранд ва дар раванди ошиқ шудан якҷоя амал мекунанд. Тадқиқоти дар донишгоҳи Сиракуз гузашта, маълум намуд, ки гормонҳои ишқ ҳамагӣ дар 1,5 сония дар майнаи сар ҷой мегиранд.

 

journalismm

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,

Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

         Фикр мекунам, ки маро ҳам барои пешаи журналистӣ сохтаанд ва донаҳои меҳру муҳаббати онро дар аъмоқи вуҷудам коштаанд. Ин донаи меҳре, ки ниҳодамро фаро гирифтааст, ба монанди рустание аст, ки аз зери замин даҳан во мекунад ва новобаста аз мушкилоте, ки дар муҳит ба ӯ таҳдид мекунад, бузургу қавӣ шудан мехоҳад, меҷаҳад, муқобилият нишон медиҳад, то аз худ донаҳои дигареро ба вуҷуд орад. Банда ҳам монанди он рустаниям, ки талош барои сабзидан дорад.

 

lyubov-pervogo-vzglyada1

Як гурӯҳ аз пушти ишқ тадқиқот мегузаронанду гурӯҳи дигар ишқро мӯъҷиза меноманд ва ҳатто ба дарки ин муаммо сарфаҳм намераванд.

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.