(Чанд андеша дар бораи монографияи Сафаров Хукмиддин Орзуевич «Стилистические особенности заголовка в газете» [Душанбе:
Пойтахт, 2017. – 180 с. ]
Забони матбуоти даврӣ ҷузъи ниҳоят муҳими забони адабӣ ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқонро ҷалб намудааст, зеро забон ба монанди организми зинда ҳамеша дар тағйиру таҳаввул буда, баробари ҷамъият пеш меравад ва рушду инкишоф меёбад. Забони матбуот баёнгари ҳолати кунунии забони адабӣ буда, аз бисёр ҷиҳат тамоюлҳои инкишофи минбаъдаи онро низ муайян менамояд.