SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
28/04   ЭЪТИМОД БА СУХАНИ СОЗАНДА - " ЭЪТИМОД БА СУХАНИ СОЗАНДА (ё чанд назари иҷмолӣ ба китоби академик М. С. Имомзода ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."

TJUZ

       Ин шабу рӯз мардуми тоҷик бо оғӯши кушода ва руҳияи идона интизори меҳмонони қадрдонем. Ҳузури Шавкат Мирзиёев Президенти ҳамсоякишварамон - Ӯзбекистон ва аҳли зиёи ин кишварро Пешвои миллати мо ва сокинони кишвар хосса мунтазир мешавем. Гарчанде Тоҷикистон бо сиёсати дарҳои бози худ бо тамоми давлатҳо муносибату робита ва рафтуомади хуб ба роҳ мемонад, вале робитаи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон дар тафовут аст. Албатта, дар таҳкими ин муносибат ду намояндаи абармарди ин миллатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев нақши бориз доранд.

 

 

Мардуми тоҷику ӯзбекро таъриху фарҳанг бо ҳам мепайвандад. Робитаҳои фарҳангии тоҷикону ӯзбеконро муносибати устодонаву шогирдонаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ собит мекунанд.

Ҳамчунин, инкор карда наметавонем, ки аввалин саҳифаҳои газетаҳо дар сарзамини тоҷику ӯзбек бо ду забон-тоҷикиву ӯзбекӣ рӯйи чоп меомаданду мардумро ба бедорӣ даъват мекарданд. Атрофи матои атласу адрас, хӯрокҳои лазиз аз ҷумла оши палов, гулкориву кандакориҳои чирадастон, қолинбофӣ, оҳангу таронаҳои марғуби ин ду миллат умумиятҳо зиёданд. Ин аст, ки дар омехтагӣ ду миллат якдигарро бегона намешуморанд. Бар ивази ғаразҳои шахсӣ чанд муддат миёни тоҷикону ӯзбекон монеаҳо эҷод мегардид, робитаҳо канда шудаву рафтуоро мамнуъ карданд. Гарчанде Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кӯшиши ба роҳ мондани робитаҳоро менамуд, аммо чунончи мегӯянд, қарсак аз як ҷониб садо надорад. Бар ивази ҳама монеаву маҳдудияти робитаҳо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон танҳо хостори сулҳ буду ҳаст. Мардонагии Сарвари давлати тоҷикон дар рӯзи марги собиқ президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, бардоштани тобути нафаре, ки дарвозаи худ барои ҳамсояи бародар баста буд, муҳаббати миллати ӯзбекро нисбати тоҷикон бештар гардонид. Меҳри саршори дар сина нуҳуфта фаввора зад.

       Президенти имрӯзаи кишвар Шавкат Миромонович дар барқарории робитаи ин ду миллат нақши хосса гузоштаву мақсадҳои некаш ҳамсон бо нақшаҳои неки Пешвои муаззами мост. Сарони ин ду давлат на танҳо дар барқарории робитаи зич миёни давлатҳои худ, балки баҳри таҳкими сулҳ дар минтақаи Осиёи Миёна талош доранд.

Муносибати нодурусти ҳамсоякишвари дигар нисбати давлати мо сарвари давлати Ӯзбекистон Муҳтарам Шавкат Мирзиёевро дар канор гузошта натавонисту гуфтушуниди алоҳида миёни сарони давлати ҳамсоя анҷом дод, он бенатиҷа набуд. Кӯмаку дастгириҳои ин бародари миллатро дар рӯзҳои мушкил набояд сарфи назар кард.

       Имрӯз бо омадани меҳмонони гиромии бародар Тоҷикистон сур дорад. “Шоми дӯстӣ, ки миёни намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мегардад, намунаи олии меҳмоннавозӣ ва робитаҳои ду миллати дӯсту бародар хоҳад буд. Ҳадафи асосӣ нишон додани самараи дарахти дӯстӣ аст ва месазад, ки ин муносибат барои давлатҳои дигар, махсусан, ҳамсоягони мо намунаи ибрат бошаду гузоранд, ки мардуми одии кишварҳо дар фазои сулҳу оромӣ ва дӯстиву бародарӣ умр ба сар баранд.

Сафарзода Моҳира,

муаллими калони кафедраи

телевизион ва радиошунавонӣ

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет ба почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93-500 - 35 - 37

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.