vahdd

Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз идҳои расмӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҷашни мазкур бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (аз 22 майи соли 1998)  ва моддаи 83-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 27-уми июн бо шукӯҳу шаҳомати бениҳоят баланд таҷлил мегардад.

 

 

Баъд аз музокироти дуҷонибаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид ва дар кори он ба «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» имзо гузошта шуд, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, ин рӯз ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид.

Қабули ин ҳуҷҷати муҳим яке аз дастовардҳои бузурги мардуми кишвар, пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ғалабаи сулҳ ва ваҳдати халқҳои Тоҷикистон ба инкишоф ва таҳкими иқтисоди кишвар мусоидат намуд.

Дарҳақиқат, мустаҳкам намудани истиқлолияти кишвар, ташаккули давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ ва амният, татбиқи нақшаҳои стратегӣ, инчунин рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии кишвар аз сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста аст ва «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» омили асосии муттаҳидкунии ҷомеа ба шумор меравад.

Зиндагии даҳшатборитоҷик

9 сентябри соли 1991Тоҷикистон истиқлолияти худро ба даст овард ва ҳамчун давлати соҳибистиқлол эълон гардид.Вале солҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон бо душвориҳои зиёд ва мушкилот оғоз ёфт. Иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳиногувор қарор дошт.Пастшавии ММД 70 фоизро ташкил медод. Болои ҳамаи ин, муборизаи шадид миёни қувваҳои сиёсӣ дар самтҳои гуногун оғоз гардид.

Бо истифода аз вазъе, ки он замон дар Тоҷикистон ҳукмрон буд, кишварҳои алоҳида зуд ба нақшаҳои сияҳи худ сар карданд. Бо дасти қувваҳои радикалии сиёсӣ онҳо батаъсиси давлати исломии Тоҷикистон шурӯъ карданд. Онҳоусулҳоидаҳшатбори ифротгароӣ –аз ҷумлазӯроварӣ, куштор, дастгир кардан, таҳдид ва ғайраҳоро васеъ истифода карданд, то ба мақсади нопоки худ ноил гарданд.Сияҳколрони алоҳида ҳатто муваффақ шуданд, то дар баъзе ҳолатҳо як қисми ҳокимиятро идора намоянд.Муносибатҳои мусаллаҳонае, ки байни исломхоҳон ва тарафдорони системаи дунявӣ буд, ба зудӣ ба ҳаракатҳои пурраи ҷангӣ табдил ёфт.

Сарфи назар аз он, ки тарафдорони барқароркунии конститутсионӣ дар ин мубориза бартарии зиёдеро ба даст оварданд,вале қувваҳои радикалии динӣ ба мағлубияти хешиқрор нашуданд. Онҳо ба Афғонистони ҳамсоя фирор карданд ва бо кӯмаки бевоситаи молиявию низомии ҳаммаслакони хориҷиашон бар зидди ҳокимияти давлатӣ муқовимат оғоз карданд. Ба ибораи дигар омили таъсири беруна дар афзоиши мухолифати дохилӣ дар Тоҷикистон нақши ҳалкунандабозид.

Халқе, ки таърихи ҳазорсола ва анъанаҳои қадимаи фарҳангӣ дошт,ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.Фарзандони як модар бар муқобили ҳамдигар силоҳ бардоштанд. Низоъҳоимусаллаҳонаба фоҷиаи бузургтарин табдил ёфт. Сипас, халқи тоҷикбаҳодисаҳои фоҷиабори ҳаммонанде, ки имрӯзҳо дар Сурия, Ироқ, Яман ва Афғонистон рух дода истодаанд, рӯ ба рӯ шуд. Задухӯрдҳои харобиовар дар иқтисодиёт бӯҳрониозуқавориро ба вуҷуд овард. Дар ноҳияҳо гуруснагӣ фаро расид ва эпидемияҳо ба вуҷудомаданд.

Барои аз фоҷиаҳои ҷанг раҳо ёфтан, беш аз як миллион аҳолии осоишта хонаву ватани азизи хешро тарк карданд ва гуреза шуданд.  Ҷанги хунини панҷсола ҷони қариб яксаду панҷоҳ ҳазор шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла ҳазорон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро аз байн бурд.Даҳҳо нафар аъзои ҳукумат ва парлумон кушта шуд ва беш аз панҷоҳ ҳазор кӯдакон ятим монданд. Анқариб, сӣ ҳазор хона, даҳҳо завод ва фабрикаҳо сӯхта, ба харобазорҳо табдил ёфтанд. Зарари умумии ҷангзиёда аз 10 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод.

Ҳокимияти мутамаркази вайронгашта,фалаҷшавии тамомимеханизмҳои давлатӣ, таъсисёбии гурӯҳҳои сершумори ғайриқонуниимусаллаҳ кишварро дар остонаигумном гаштан аз харитаи сиёсии ҷаҳон оварда расонид. Тавассути ингуна амалҳобаъзе доираҳои хориҷӣ нақша доштанд, ки Тоҷикистонро ба қисматҳо ҷудо намоянд.

 Эмомалӣ Раҳмон ва Ваҳдати миллӣ

Дар ин шароити бениҳоят пурпечутобиҷлосияиXVI-умиШӯрои Олии ҶумҳурииТоҷикистон барпо гардидва дар он масъалаҳои интихоб кардани роҳбарияти нави кишвар, таъсиси иттифоқҳои миллӣ ва бунёди роҳ барои ҳаёти осоишта матраҳ гардид. Дар рафти ҷаласа роҳбарияти нави давлат варамзҳоинави миллӣ таъин ва тасдиқ карда шуд.Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз нишастҳои ҷаласа 16-уми ноябри соли 1992Раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва таъин карда шуд.

Дар суханронии аввалинашон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфта буданд: "То он даме, ки мо силоҳҳои худро намегузорему дар кишвари худ сулҳу осоиштагиро бунёд намекунем..То он даме, ки охирин гуреза ба Ватан барнамегардад, ман худро қаноатманд ҳис намекунам. Ба Ватани худ содиқона ва ҷонфидоёна хизмат мекунам, то дар ҳар хонаву ҳар оилаи кишварамон сулҳ ва оромӣ ҳукмрон бошад".

 Аз рӯзҳои аввали корӣ, ҳарчӣ зудтар хомӯш кардани оташи ҷанг, баргардонидани ҳамаи гурезагон ба Ватан ва оғози гуфтушунидҳодар фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари давлатаз вазифаҳои муҳим ба шумор мерафтанд. Дар ин замина, ҳамаи кӯшишҳои минбаъдаи сарвари навинтихоби давлат ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироӣ, барқарорсозию бозсозӣ ва таъмини рушди минбаъдаи давлат равона карда шуд.

Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Дар ибтидои солҳои навадум (1994) аввалинмаротиба муколамаи сиёсӣ бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифинбарпо карда шуд.

Гуфтушуниди ниҳоӣ, дар Хосдеҳаи Афғонистон моҳи декабри соли 1996 баргузор гардид, ки дар он роҳҳои калидии расидан ба сулҳ дар кишвармуайян карда шуд. Дар ин гуфтушунидмаҷмӯан 9 гуфтушуниди мукаммали пурарзиш ва се машварати кӯтоҳмуддатбаргузор карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои пуртаззод бехатарии шахсӣ ва хавфҳои ба ҳаёти хеш таҳдидкунандаро нодида гирифта,шахсан 6 маротиба бо роҳбариятиИттиҳоди мухолифин мулоқот намуданд, ки ду маротибаи онҳо дар Афғонистон баргузор шуда буд. Дар Афғонистоне, ки солҳои сол дар қаламраваш ҷанг дар авҷ буд.Тақдири кишвар ва нигоҳ доштани ягонагии халқ зери хатар буд. Ҷаласаи ниҳоӣ 27-уми июни соли 1997 дар Москва сурат гирифт, ки байни Ҳукумати Тоҷикистон ва иттиҳоди мухолифин «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» имзо шуд.Маҳз ҳамин созишнома ба ҷангҳои хунине, ки дар Тоҷикистон давом дошт, нуқта гузошт ва халқи бофарҳангу ватандӯсти онро ба Ваҳдати миллӣ расонид.

Ба имзо расидан ва амалигардонии ин санад ба мо имконият дод, ки ҳадафҳои асосӣ –хотима додан ба ҷанги бардавон, нигоҳ доштани беэътибории кишвар, таъмин намудани Ваҳдати миллӣ ва оғозкардан ба барқарорсозии баъди ҷанг ноил гардем.Дар ин ҷо бояд таъкид кард, ки қувваи асосии бозгашт ва таъмини сулҳ мардуми шарафманди Тоҷикистон буд, ки кӯшишҳои ҳукуматро дар ин самт ба таври ҷиддӣ дастгириву пуштибонӣкарданд.

Ваҳдати миллӣ – ғурур ва номуси миллат

Барои мардуми озордидаи точик, ифодаҳое ба мисли «ваҳдати миллй", "озодӣ", "мустақилият" ва "Ватан" арзиши бузурге доранд, зеро момедонем, ки ин неъматҳои бебаҳо бо кадом роҳҳои душвор моро муяссар гардидаанд.

Халқи тоҷик аз замонҳои қадим халқи сулҳдӯст ба ҳисоб меравад. Дар амал ва фаъолият тоҷикон ҳамеша барои озодӣ ва ваҳдат мубориза мебурданд. Бинобар ин, таҳти роҳбарии сиёсатмадори хирадманд,Пешвои миллатПрезиденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мо ба ваҳдати миллӣ ноил шудем ва ба тамоми ҷаҳон исбот кардем, ки ягонагии халқ ва муҳаббати он ба ватани худ метавонад, ҳар гуна монеаро нобуд созад.

Дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои гуногуни террористӣ мавҷуданд, ки мехоҳанд, сулҳу оромии ҷумҳуриро  бо ҳар роҳу восита халалдор кунанд. Дар чунин замони пурпечутоб вазифаи аввалиндараҷаи мо ин аст, ки батаъсири манфии бадхоҳони миллату давлат дода нашавем.

Аз лаҳзаи ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»бисту ду сол гузашт. Имрӯз меваҳои ваҳдати миллӣ равшан маълуманд - Тоҷикистон гул-гул мешукуфад, рӯз то рӯз рушд кардаву зебо шуда истодааст, халқи тоҷик  ҳаёти осоишта дорадва ваҳдати миллиро қадр мекунему онро ғурур ва номуси хеш медонем.Ҳамарӯза, дар гӯшаҳои гуногуни кишварамон сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимию тиббӣ, шоҳроҳҳову нақбҳо, НБО-ҳову корхонаҳои хурду бузург ва ғайраҳо исботи раднашавандаи гуфтаҳои болост.Мо ҳама медонем, ки сулҳу осоиштагӣ ба мардум бо арзиши ҷони садҳо ҳамватанон, ки ҷабрдидагони ҷанги шаҳрвандианд, ба даст омадааст.Имрӯз ҳар яки мо бояд ваҳдати миллӣ ва мустақилияти кишварро азизу муқаддас донем ва ба қадру қиммати он бирасем. Зеро, ояндаи дурахшони ватани азизамон аз пойдории сулҳу субот дар ҳудуди он вобаста аст.

 

Сафарализода Бахтиёр

донишҷӯи соли дуюм