SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

istikloliyat

Ҳамчун як сокини хушбахти ин мамлакат хеле хушҳол аз онам, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол – Ватани биҳиштосои мо зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба авҷи тараққиёти худ расида истодааст.

 

 

Имрӯзҳо, ки дар остонаи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем, роҳи тайкардаи миллатро дар ин муддат, ки назди таърих хеле кӯтоҳ аст, пеши назар оварда, ҳазорон шукр мегӯям, ки ба бахти миллат фарзанди фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарии давлат омада, миллатро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшиданд. Ҳақиқати таърих аст, ки кишвари мо дар ҳолати нобудӣ қарор дошт. Маҳз қаҳрамонӣ ва азхудгузаштанҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз кишвари соҳибистиқлоли мо бо ташаббусҳои ҷаҳониаш таваҷҷуҳи аҳли оламро ба худ ҷалб кардааст.

Муҳимтарин омили рушди ҳама соҳаҳои ҳаёт дар ҷомеа фазои осуда ва босуботи ҳар як кишвар аст. Ин саодати бузурги сокинони кишвари мост, ки тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суботи саросарии кишвар таъмин ва ваҳдату ягонагии мардум устувору таҳкимёфта аст. Бидуни ин омил доир ба рушд сухан гуфтан имконнопазир мебошад.

Ҳамчун як нафар намояндаи соҳаи маорифи мамлакат, чун як омӯзгор аз сиёсати оқилонаи Ҳукумати мамлакат дар самти маориф ва ҷавонон, аз таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят хушам меояд ва дар ҷодаи фаъолият рӯҳу илҳоми тоза мегирам.

Пешвои миллат дар ҳар як дидору мулоқот ва вохӯриву суханрониҳояшон ба ҷавонон ҳамчун нерӯи ояндасози миллат муносибат карда, тарбияи дурусту солими онҳоро дар мадди аввал мегузоранд ва ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоранд, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунанд, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоянд ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузоранд. Инчунин, онҳо дар замони соҳибистиқлолӣ дар бунёди коргоҳу корхонаҳои хурду бузург, нақбу роҳҳои муосир ва иншооти мухталифи иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, на танҳо пешсафи истеҳсолот, балки бо заҳмати созанда, ташаббусҳои ободгарона ва кӯшишу талошҳои пайвастаатон мақоми хешро баланд бардошта, дар радифи беҳтарин бунёдкорони Ватани азизамон қарор доранд.

Ҳамзамон, таъкид мекунанд, ки ҳукумати кишвар ба нерӯи тавонои ҷавонон эътимод дорад, пешниҳоду ибтикороти онҳоро дастгирӣ менамояд ва ҷиҳати ҳавасманд гардонидан ва муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ ва таҳсил барои онҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад. Нишони возеҳи ин боварию эътимод эълони “Соли ҷавонон” буд, ки дар ҳаёти ҷавонони мамлакат нақши ниҳоят бузург гузошт. Инчунин, дар фарҷоми соли ҷавонон – соли 2017 Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд, ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти он хоҳад буд.

Дар идомаи сухан иброз доштанд, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Дар баробари ин зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.

Гумон мекунам, ин ҳама эътимод ва дастгириҳо боиси рӯҳбаландӣ ва ҳавасмандии ҷавонони мамлакат гардида, ҳамзамон, масъулияти онҳоро меафзояд.

Дар баробари ин, шоистаи таъкид медонам, ки ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори мо, омӯзгорон низ ҳаст, то дар фаъолияти хеш масъулиятшиностар бошем ва ояндасозони миллатро дар рӯҳияи баланди худшиносию ватанпарварӣ тарбия намоем.

Як нуктаи дигарро шоистаи таъкид медонам. Ин таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба нақши созандаи занон дар пешбурди соҳаҳои ҳаёти мамлакат мебошад. Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд, ки занон-модарони тоҷик дар баробари он ки дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода нақши бисёр муҳим доранд, инчунин, бо ҷалб гардидан ба таҳсилу пас аз хатми он ба фаъолияти расмӣ бо ташаббусҳои созандаи худ дар пешрафти ҷомеа нақши муассир мегузоранд. Ин ҳама мо, занонро руҳбаланд месозад, ки дар сатҳи олӣ пуштибон дорем ва баробарҳуқуқии мо дар ҷомеа таъмин аст.

Ба ин хотир, зарур мешуморам, ки бояд ҳамеша барои иҷрои вазифаҳои мушаххаси ба ӯҳдадоштаамон омода бошем, зеро ободу зебо нигоҳ доштани кишвар ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштани мулки мутамаддину пешрафта масъулияти бузург дошта, ҳар фарди бедордил, бахусус ҷавонони баору номусро водор менамояд, ки ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши худшиносиву худогоҳӣ ҳамеша кӯшишу талош намоянд.

Боз ҳам таъкидан изҳор медорам, ки амалинамоии ташаббусњои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии фаъолияти пурсамари Њукумати Љумњурии Тољикистон вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Зеро ин ҳама кӯшишу талошҳо барои шукуфоии Ватан ва рӯзгори осудаи мо, шаҳрвандони хушбахти он равона гардидааст.

Дилафрӯз РУСТАМОВА

ассистенти кафедраи

телевизион ва радиошунавонӣ

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.