SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

УСТОДИ ХАЙРХОҲ

Kamoliddinov

 

Бо устод Камолиддинов Баҳриддин солҳои донишҷӯӣ дар Донишгоҳи Кӯлоб шинос шудам. Аниқтараш, устоди фанни Маданияти суханамон Алиев Аҳмад моро вазифадор карданд, ки китоби «Ҳусни баён»-и Б. Камолиддиновро ёфта хонем ва конспект кунем.

 

Он солҳо китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад»-и М. Шукуров ва китоби «Ҳусни баён» дастурҳои рӯимизии ҳар нафар донишҷӯи филолог буд. Воқеан, аз ин китобҳо мо донишҷӯён бисёр чизҳо омӯхтем. Баъдтар китоби дигари устод «Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён»-и устод Б. Камолиддинов ба дастамон афтод. Баъди муаллим шудан аз ин дастурҳои таълимӣ бисёр истифода менамудем. Мо дар донишгоҳи аз марказ дур устодоне мисли М. Қосимова, Ш. Рустамов, Х. Асозода, Х. Шарифов, Р. Ҷӯраев, Ғ. Ҷӯраев, Ш. Кабировро хеле хуб мешинохтем, яъне тавассути китобҳояшон. Дар ин маврид шоире бас хуб гуфтааст:

Дар фикри ошноии аҳли сухан мабош,

Бояд, ки хешро ба сухан ошно кунӣ.

Ҳамин тавр, дӯстии мову Б. Камолиддинов амиқтару чуқуртар аз он аст, ки мепиндорем ва ин дӯстӣ дур аз ҳама риё реша дар сухан ва илм дорад.  

Баъди ба донишгоҳ омадан ва ба кори илмӣ сар кардан роҳбари илмиам дотсент Р. Ҷӯраев аз дунё чашм пӯшиданд. Устоди гиромиқадри мо Б. Камолиддинов, ки дӯст ва ҳамшаҳрии Р.Ҷӯраев буданд, дар микроавтобусе аз Душанбе то ноҳияи Ашт тобутро ҳамроҳӣ карданд. Роҳ дуру нақби Истиқлол ҳанӯз сохта нашуда буд. Ин тахмин соли 1994 ё 95 буд. Он солҳо мо ҷавони 27-28-сола будем, вале ин лаҳза ҳеҷ аз ёди ман намеравад. Раҳматӣ Р.Ҷӯраев писар надоштанд, вале дӯсти наздики ӯ дар ин лаҳза ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Инчунин устод Камолиддинов дар ин роҳи дуру дароз фурсати видоъ бо дӯсти ҷавониашро меҷуст, ки ин имкониятро барои худ фароҳам сохт. Зиҳӣ чунин дӯсти ҷонӣ!

Баъдтар рӯҳи Р. Ҷӯраев мададгори мо шуд, ки профессор Б. Камолиддинов раиси комиссияи экспертӣ ба кори номзадии ман шуданд. Дар рӯзи таъини ҳимоя мавзӯи кори маро ба муҳокима кашиданд, ки муаллима М. Қосимова – раиси Шӯрои диссертатсионӣ ва профессор Б. Камолиддинов – раиси комиссияи экспертӣ бо қотеъият маро дастгирӣ карданд. Рисолаи ман «Вожаҳои ифодагари кулоҳ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ»ном дошт, ки зери роҳбарии дотсент Ҳошимов С. дар асоси 3,5 ҳазор мисол аз «Шоҳнома» тадқиқ сурат гирифта буд. Дар кафедраи таърихи забон ва типология аз муҳокима гузашта, баъди тағйиру иловаҳо ба ҳимоя пешниҳод шуда буд. Устод Камолиддинов кори маро хонда, баҳои воқеии худро ба кор доданд. Кӣ медонад, агар он рӯз профессор Б. Камолиддинов намебуданд, шояд кори номзадии мо то чанд вақти дигар ба таъхир меафтод. Ба ҳар ҳол ман аз устод Б. Камолиддинов хело миннатдор шудам ва донистам, ки устод хело одами хайрхоҳ ва воқеъбин ҳастанд, ҳеҷ ғаразу кин дар дил надоранд.

Ҳоло ки устод ба синни мубораки 84 қадам мегузоранд, он касро бо самимият табрик гуфта, барояшон давлати пирӣ дар ҳалқаи фарзандону набераву аберагон ва саломатии бардавом хоҳонам!

Саъдӣ Маҳдӣ

декани факултети журналистика

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.