SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

ham

Машғулиятҳои амалӣ ҷузъи муҳимми фаъолияти омӯзишии таълимгирандагонро ташкил дода, барои мустаҳкам гардонидани дониш ва маҳорати корӣ пешбинӣ гардидааст.

 

       Дар ин замина студияи таълимии телевизион ва радиои факултети журналистика лабораторияи эҷодии донишҷӯёни факултет ба ҳисоб меравад, ки ҷиҳати ошно гардонидани муҳассилин бо техника ва технологияи иттилоотӣ, махсусан телевизион ва радио фаъолият дорад. Вобаста ба имкониятҳои васее, ки дастгоҳҳои сабт ва барномаҳои барои танзим истифодашаванда (масалан, Adobe Premiere ва ё Sony Vegas) доранд, усулҳои нав ва хотирмон гузаронидани машғулиятҳои таълимиро фароҳам овардан мумкин аст.

Масалан, донишҷӯёне, ки бо забонҳои хориҷӣ бештар фаро гирифта мешаванд, ду ва ё зиёда диалог, монолог, мусоҳиба ва монанди инро ба тариқи видеӣ сабт ва танзим намуда, истифода мебаранд (барои такрор намудани дарс, бо омӯзиш фаро гирифтани дигар донишҷӯён). Чунин усули тадрис имконият медиҳад, ки масалан ҷузъиёти забон дар хотири донишҷӯён аз як тараф амиқ мемонад, аз тарафи дигар онро дар дарсҳои дигар ҳамчун намунаистифода бурдан мумкин аст.

Ва ё ин ки дар дарсҳои ихтисосӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногун (сода ва ё мураккаб) дониши таълимгирандагон тавъам бо истифодаи эҷодкоронаи дастгоҳҳои соҳа мустаҳкам мегардад. Дар мисоли кафедраи матбуот усули сабти муҳтавои мақолаҳои хурдҳаҷм, лавҳа, суҳбат, мусоҳиба ва монанди ин дар студияи таълимӣ имконпазир аст. Зеро дар шароити феълӣ аксари ВАО усули мултимедии пахши иттилоъро ногузир медонанд.

 ham1

Масалан, донишҷӯ супориш мегирад: “Дар хусуси тағйирёбии иқлими сайёра мақола нависед...”. Донишҷӯ бо матни тайёр ба кормандони студияи таълимии телевизион ва радио муроҷиат мекунад. Муҳаррирон ва кормандони техникӣ сенарияи маводро омода мекунанд. Намуна:

Омода кардани сюжет:

Паси кадр: Маълумот дар бораи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Стендап: Пешниҳоди ягон факти ҷолиб вобаста ба мавзӯъ;

Синхрон: Мусоҳиба бо мутахассисони соҳа ва монанди ин...

 ham2

Усулҳои мухталифи истифодаи дастгоҳҳои сабт ва танзими видеоиву аудиоӣ барои ба шакли аёнӣ гузаштани аксари фанҳои таълимӣ имконияти васеъ дода метавонад.Ба ибораи дигар, имрӯз талаботе ба миён омадааст, ки бо махлутшавии қолабҳои жанрӣ ва васеъ гардидани доираи қабулкунандагону паҳнкунандагони иттилоъ як мақсад (маводи телевизион, радио, матбуот, интернетӣ ва ғ.) бо усулҳои мухталиф – ҳам матн, навор, овоз ва ҳам воситаҳои графикӣ, аниматсия ва ғ. пешниҳод карда шавад.

Ба тариқи мушаххас чунин низомро дар ҳоли ҳозир ҷорӣ кардан мумкин аст:

Донишҷӯёнро вобаста ба завқ ва қобилияташон(масалан аз ҳар гурӯҳ 2–3 нафарӣ) ҷудо намуда, пайваста ба супоришҳое банд намоянд, ки дар мавзӯи аниқ андешаҳояшонро дар такя ба фактҳои мубрам (дар қолаби ин ва ё он жанр) нависанд. Айни замон донишҷӯён вазифадор бошанд, ки дар ҳамкорӣ бо кормандони студия онро сабт ва танзим намоянд.

ham3

Агар дар сатҳи факултет аз ҳар як гурӯҳ як ё ду нафар бо роҳбарии омӯзгорон ва ҳамкории кормандони студия ҳафтае як маротиба маводи видеоӣ ё овозӣ таҳия карда шавад,барои бақияи гурӯҳ воситаи қиёснашавандаи ҳавасмандгардонӣ ва таҳрикдиҳӣ хоҳад шуд.Дар навбати дигар дарсҳо тобиш ва ҷолибияти дигар пайдо мекунанд.

Намунаи дигар аз фанни забони адабии ҳозираи тоҷикӣ:

Донишҷӯ аз устод супориш мегирад, ки вобаста ба феъли ҳол ҷумлаҳо тартиб диҳад. Вобаста ба ин мавзӯъ донишҷӯ матн (мухтасар ва ёмуфассал) омода карда, дар фон (рир)-и мувофиқбаён медорад (сабт мешавад) ва вобаста ба талаботи супориши омӯзгор матнро шарҳу тавзеҳ медиҳад. Ин ҷараён чанд натиҷа медиҳад:

-        Маҳорати суханварии донишҷӯ такмил меёбад;

-        Бо сабаби аз ҷараёни сабт ва танзим иборат будани кор донишҷӯ онроякчанд бор такроран дида(шунида), дар хотир мегирад;

-        Дарсҳо шакли электронӣ пайдо мекунанд, ки натиҷаи таълимро беҳтар мекунад ва ғ.

-        Ҳамин тариқ, вобаста ба таълими журналистикаи байналмилалӣ донишҷӯён имкон доранд мавзӯъҳои муҳимми глобалиро интихоб карда, дар фон (пасманзар)-и мувофиқ то ҳадди дарк ва донишу ҷаҳонбинии худ онро шарҳу тавзеҳ диҳанд. Эҳтимол дорад, ки сабт ва танзими донишҷӯён дар аввал касбӣ набошад. Аммо он чи ки дар дохили факултет мегузарад, барои пешрафту рушди малакаи донишҷӯён нигаронида шудааст ва марҳила ба марҳила натиҷаҳои мусбатхоҳад дод.

-        Дар ин самт телефони мобилӣ ба омӯзгорон ва донишҷӯён кӯмак мерасонад. Яъне, функсияҳои мухталифе, ки телефонҳои мобилӣ доранд, монанди камера, диктофон ва барномаҳои гуногуни барои танзим истифодашаванда машғулиятҳои амалии гуногун ва ҷолиберо гузаронидан мумкин аст. Ба воситаи телефони ҳамроҳ донишҷӯён имконият доранд, ки ҳам муаллифи навор, идея ва танзимгари маводи худ бошанд. 

-        Фақат муддати чанд рӯз аз кормандони студия махсусиятҳои сабт, танзим ва асосҳои сенарияро меомӯзанду мустақилона фаъолияти эҷодӣ ва техникӣ мебаранд. Ба ин монанд дигар усулҳои кор бо техника ва технологияи студияи таълимии телевизион ва радио вуҷуд дорад, ки ба усули таълимии омӯзгор вобаста буда, роҳандозӣ кардани намунаҳои мазкур шароит фароҳам меорад, то донишҷӯён маълумоти назариро тавъам бо амалия омӯхта, дар ҷараёни кор мустақилона, сареан аудиторияро бо маълумоту иттилооти зарурӣ таъмин намоянд.

Муслима Манонова,

мудири студияи таълимии

телевизион ва радио

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.