SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

ҲУМОИ СУЛҲ

VahdM

Маълумотҳо дар бораи ҷанги дохилии мо як андоза возеҳанд. Қариб 200 ҳазор нафар қурбон гардид ва даҳҳо миллиард доллар зарари моддӣ расид. Зарари маънавияш беҳисоб! Ҳазорон хонаву дар сӯхтаву молу маноли мардум ва давлат ба яғмо бурда шуданд. Миллионҳо нафар ҳамватанон тарки ватан карданд. Заводу фабрикаҳо аз кор монданд, талаву тороҷ гардиданд ва низоми иқтисодиву иҷтимоӣ пурра аз байн рафт. Дар бонк як пули пучак намонд. Ҳамаро аз сифр бояд оғоз кард! Ин буд натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ!

 

 

Сулҳу ваҳдат неъматест, ки арзишу андозаи қимати онро муайян кардан имкон надорад. Имрўз сулҳу ваҳдат аст, ки ҳақиқати он солҳо бароямон афсонагунаанд. Ин неъматҳо бебаҳоянд. Миллате, ки сулҳу ваҳдату ҳамгироӣ надорад, дур аз саодат мебошаду гирифтори фоҷиа аст. Набудани сулҳ ин ноумедӣ ва зинда будан дар гўр аст. Ба чизе бовар надоштан ва тира будани тамоми саҳифаҳои зиндагӣ ин адами сулҳ аст. Онҳое, ки мухолифатҳои солҳои навадумро шоҳиданд, арзиши сулҳ, ваҳдат ва дӯстиро беҳтар медонанд. Набудани сулҳ ин авҷи ҷангу хунрезӣ, хонаву дари сўхта ва шаҳру деҳи валангор аст. Набудани сулҳ ин муҳоҷирату сарсониҳо дар мулкҳои бегона аст, ки барои наҷот гурӯҳеву қавмеву миллате хонаву дари худро партофта, дар мулки бегона миннатшунав мегарданд. Даҳҳо ҳазор ҳамватанони мо дар оғози солҳои навадум ба Афғонистони зулмдидаву ҷангзада кўч бастанд, хориву зорӣ диданд ва қисме ба марги ғарибӣ гирифтор шуданд. Набудани сулҳ ин нодорӣ, қашшоқӣ ва гуруснагиву тангдастӣ аст. Мардуми тоҷик дар солҳои навадум дар навбатпоиҳои нон ҷон медод. Сабусу кунҷорахӯрӣ ва истеъмоли ҷувориву дигар зироатҳои заҳролудро халқи тоҷик аз сар гузаронид. Ин ҳама касофатии ҷанги хонумонсузи дохилӣ буд. Танҳо дар ҳамин қиёсҳо метавон арзиши сулҳу ваҳдатро муайян кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдат дар сабтҳои таърихӣ

Мақоле ҳаст, ки агар дар як хона чанд хоҷа бошад, меҳмон гурусна мемонад. Тоҷикистони оғози солҳои навдум ҳамин аҳволро дошт. Ҳама хоҷа буду худро масъул меҳисобид. Роҳбарони ҷумҳурӣ булҳавасона зуд-зуд иваз мешуданд. Аммо коре карда наметавонистанд ва аз мақом аксаран тарсуёна дур мешуданд. Касе ба оянда бовар надошт ва давлатро аллакай пароканда меҳисобиданд. Эмомалӣ Раҳмон мардонавор масъулиятро ба душ гирифт. Дар муқобили маҷроҳои хатару нобудӣ истодагарӣ кард. Таҳлилҳову муқоисаҳо баъзе натиҷаҳои бебаҳсро ба миён меоранд. Ин марди матину қаҳрамон ҳар ваъдае, ки барои халқи худ кардааст, иҷро намуд. Биёед шоҳидони аҳвол суханони дар соли 1992 гуфтаи ўро ба ёд орем: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Сулҳро аз будаш бештар овард. Дигар ваъдаҳояшоро ҳам иҷро кард: фирориёни ҷанги шаҳрвандиро аз мулкҳои бегона гардонида овард, халқро аз гуруснагӣ наҷот дод, заминро ба халқ дод, шароити зиндагиро мусоид кард, амниятро таъмин намуд ва ғайраву ғайра. Корнамоиву қаҳрамонии Эмомалӣ Раҳмон аллакай дар саҳифаҳои заррини таърих сабт ёфтаанд. Таърихро таҳриф кардан душвор мебошад ва дар бораи корнамоиҳои ин абармард даҳҳо асарҳои таърихӣ иншо шудаанд.

E.Rahmon

 

Дар ин самт ҳукм ва андешаҳои таърихшинос, публитсист, профессор И. Усмонов, ки замоне бо Роҳбари давлат якҷо кор кардаасту дар раванди сулҳофарӣ дар кори КОМ (Комиссияи оштии миллӣ) иштирок намудааст, асоснокии фикрҳои моро аз аксар паҳлуҳо меафзояд. Мавсуф шоҳиди бевоситае мебошад, ки хулосаву таҳлилҳои амиқу асоснок дорад. Дар китоби худ бо номи «Таҳкими сулҳ ва таҳаввулоти Тоҷикистон» (Душанбе, 2016.- 671 с.) мегўяд: «…Замони Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов. Аввалан чаро Сардори давлатро на бо номи имрўзаашон ёд кардам. Танҳо барои он ки мақола перомуни он давраи таърихист, ки ному насабашон чунин буд. Таърих дақиқият мехоҳад. Ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон ва сонитар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Э.Ш.Раҳмонов тавре рўзгори таҳқиқшаванда далолат медиҳад, ҳодисаи муҳим ва муайянкунандаи сарнавишти халқи тоҷик будааст: софдилӣ, мардумгароӣ, сулҳталабӣ, пойдорӣ дар суроғи сулҳ, тоқат ба тахқирҳо, хорию носозгўиҳо, ки дар даҳсолаи охири қарни XX мардум дар ў шинохтаанд, Тоҷикистонро аз шикасту вайронӣ, тоҷиконро аз гурезагию парешонӣ, халқро аз яъсу ноумедӣ наҷот дод. Вақте ў ба қудрат омад, агар гўем, ки қудрат набуд, хато намешавад, вақте ў ба мардум нон доданаш лозим шуд, гўем, ки худаш нони хўрданӣ надошт, хато намешавад, вақте ў сулҳ оварданӣ шуд, гўем ки ҷони худаш дар хатар буд, хато намешавад. Тоҷикистон ва халқи тоҷик аз ҳамаи ин хатарҳо раҳонда шуд» (саҳ.264).

Феълан дар бораи мехнизми сулҳсозии тоҷикон дар дохилу хориҷи кишвар бисёр мепурсанду менависанд. Тавре аз иқтибоси боло хулоса кардан мумкин аст, таркиби ин механизмро аз оғоз то анҷом халқияту софдилӣ, мардумгароиву сулҳталабӣ, пойдориву таҳаммул, некиву хайрхоҳӣ ва кордониву бунёдкории ин абармард ташкил медиҳад. Ин ҳукмро аллакай таърих собит сохтааст.

Ваҳдат беҳтарин идеология аст

Ваҳдат ва истиқлолият барои халқи тоҷик вожаҳои ҳамсонанд. Мункир наметавон гашт, ки истиқлолият на танҳо барои тоҷикон, балки барои ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС низ худрўву туҳфаи тақдир буд. Барои халқи тоҷик истиқлолият осон ба даст омад, вале нотавонбинону ҳасудон нестии онро мехостанду бақои онро хатарнок карданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рўзҳои сари қудрат омаданаш, ваҳдатро ҷавҳари фаъолияти давлатдорӣ қарор дод. Мавсуф кори Айниву Ғафуров барин шахсиятҳоро давом дод, ки ба маротиб масъулияти даҳчанд дошт. Айнӣ барои худшиносии тоҷикон заҳматҳо мекашид, то ки мавҷудияти тоҷик инкор нагардад. Б. Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро ҳуҷҷати тоҷикон гардонид. Эмомалӣ Раҳмон бошад давлатро аз шикаст ва ин халқи ҷафодидаро аз оташи ҷанг раҳониду истиқлолияти миллатро нигоҳ дошта тавонист. Ваҳдат ба сифати идеология табдил ёфт, ки ин тақозои рўз аст. Ваҳдат барои давлатҳои хурду бузург ҳамеша омили тақдирсозу таҳкимбахши пойдориҳост. М.Гандӣ (Ҳиндустон), Шарл де Гол (Фаронса), Франклин (ИМА), М. Дун (Чин), М.Камол (Туркия), М.Ҷиноҳ (Покистон) ва ғайраҳо дар заминаи ваҳдат давлатсозӣ кардаанд. Имрўз мебинем, ки бузургтарин абарқудрати ҷаҳонӣ ҳам, қатъи назар аз дороиву сарватҳои беҳудуд аз набудани ваҳдати милливу дохилӣ ба ларза меоянд (ҳаводиси охири ИМА). Равандҳои ҷаҳонишавии имрўза хеле мураккаб аст ва манфиатхоҳон бо роҳҳои гуногун дар фано сохтани халқияту миллатҳо нақш мегузоранд. Ин раванди хеле ноаёну мармуз аз рўи шиори маъмулии «тафриқа андозу ҳукмронӣ намо» сиёсати ҳарисонаи ҷаҳонхоҳонро амалӣ мегардонад. Пас, ҳам дар гузаштаи наздик, ҳам дар шароити имрўза ва ҳам барои оянда, ваҳдат беҳтарин иделогияи давлатдории мо хоҳад буд.

Сулҳу ваҳдат ҳимоят мехоҳад

Ҳифзу бақои сулҳ дар навбати аввал донистани даҳшату ногувориҳои ба сари миллати тоҷик омада мебошад. Ин андеша борҳо гуфта шудааст ва боз бо таъкид ҷонибдори онем дар низоми таълими макотиби миёнаву олӣ дар махсуси «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол» ба роҳ гузошта шавад. Албатта, сокинони кишвар, ки синну соли бузургтар доранд, қадру манзалат ва арзиши сулҳу ваҳдати тоҷиконро медонанд. Аммо насли ҷавону наврас бояд аз омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва роҳҳои ба даст овардани сулҳ огаҳ бошанд. Ин омил яке аз ҷузъҳои муҳими худшиносии миллии замони истиқлол аст. Дар ин роҳ то андозае аз хидматҳои телевизиони Тоҷикистон таъкид метавон кард, ки дар ин шабу рўзҳои ҳассос филмҳои махсуси мустанадро доир ба таърихи ҷангу раванди сулҳсозӣ пешниҳод менамояд. Аммо ин маҳдуду ночиз аст. Имрўз макотиб ба компютерҳо муҷаҳҳазанд. Бигзор тариқи видеопроекторҳо дар доираи барномаҳои таълимӣ наворҳову сабтҳои муҳими таърихӣ иҷборан пешниҳоди наврасону ҷавонон гардонида шаванд. Ба он ваҷҳ иҷборан мегўем, ки имрўз интихоб васеъ гардидааст ва барои хонандаи ҷавонро аз техникаи замонавӣ, интернету шабакаҳои иҷтимоии афзун ба тамошои телевизиону китоб хондан дар китобхонаҳо баргардонидан саъйи беандоза зарур аст. Яъне, хонандаи ҷавон бояд саҳифаҳои тору печидаи таърихи давлатдории солҳои навадум ва ба сулҳу ваҳдат расиданро бо чашми сар бубинад ва дарк кунад. Танҳо телевизион ба ин қодир аст.

Файзи ваҳдат

Ҳар чизе ки халқи тоҷик давоми се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ ба даст овардааст, аз файзи ваҳдату дўстӣ мебошад. Халқи тоҷик бо хираду кордонии Пешвои худ бо татбиқи барномаҳои бузург ба пеш қадамҳои устувор мегузорад. Сахттарин мушкилот рафъ гардид ва ҷои пўшида нест, ки мушкилиҳо имрўз ҳам ҳастанд. Аммо ҳама ноҳамвориҳои роҳҳои рушд суфта гашта истодаанд. Се ҳадафи стратегии бузург амалӣ гардид. Имрўз халқи тоҷик дар роҳи инкишофи худ ҳадафи стратегии чорум - саноатикунонии кишварро амалӣ кардан мехоҳад. Ҳанўз аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта намехостанд, ки НОБ-и Роғун бунёд гардад. Алорағми монеаҳо ду агрегати ин неругоҳ ба кор даромад ва халқи тоҷик дар назди дўстону душманон сарбаландии худро нишон дода тавонист. Масъалагузорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дар мавриди мушкилоти об дар ҷаҳон кишвари моро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Дар ин муддати хеле кӯтоҳ муваффақу комёб будани халқи тоҷикро ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид гардид, иқрор гашт ва аҳсан гуфт. Зеро кишвару давлатҳое ҳастанд, ки даҳсолаҳо боз муноқишаҳои дохиливу мухолифатҳои худро ҳал карда натавонистаанд. Аз таҷрибаи сулҳи мо сабақ гирифтан мехоҳанд. Аз тамоми ҷаҳон бо файзи ин сулҳу ваҳдат ба кишвари мо меҳмонон меоянд. Ба тасмимҳои бузурги халқи тоҷик дар арсаҳои байналхалқӣ бовару эътимод доранд. Душанбеи тоҷикон бо муҳиту фазои созгор мизбони бузургтарин ҳамоишҳои ҷаҳонӣ гардидааст.

Parich 

Ҳумои сулҳ

          Дар бораи хосиятҳои сиёсати минтақавӣ (геополитика) сиёсатшиносону муҳаққиқон хеле зиёд таълифоти илмӣ анҷом додаанд. Танҳо як нуқта мавриди таъкид аст, ки дар асри нав сиёсатҳои геополитикӣ дар шаклу сифати наву ноаён ҷаҳонро таҳти таъсири амиқ қарор додааанд. Осиёи Марказӣ чанд садсола боз барои абарқудратону хоҷагони алоҳидаи хориҷӣ нуқтаи муҳими геополитикӣ ба ҳисоб меравад. Бо сиёсатҳои таҳмилӣ мехоҳанд, ки дар ин минтақа оташи мухолифату низоъро афрўхта нигоҳ доранд. Дар ин роҳ онҳо аз демократия чун ниқоб истифода мекунанд. Фарҳангро, динро, эътиқоду оинро сиёсӣ месозанд. Ба ин ҳадафу нишони худ солҳои навадум Тоҷикистонро ба нуқтаи даргир табдил додан мехостанд. Шукрона, ки бо «раҳми Парвардигор», идроки халқ ва заковати хиради ҳамватанон ин оташ хомўш гардид. Вале дар ҳар лаҳза ба болои ин мардум Президенти мамлакат чун Ҳумои сулҳ сояпардоз мегашт. Дигар мардум муътақид аст, ки ӯ Президенти сулҳ дорад. Хоҳ дар сарҳад хоҳ дар як кунҷи кишвар хавфи низоъ ба миён ояд, қадами мубораки Президент ин низоъро ба ҳам мерезад, ки доим шоҳидаш будем. Бо ин ҳама, ибораи «ҳушёрии сиёсӣ», ки доимо аз забони Пешвои миллат садо медиҳад, моро водор месозад, ки аз гузашта сабақ гирифта, имрўзро таҳлилу ташхис карда, ояндаро дида тавониста бошем. Хавф ҳанўз боқист. Сиёсатҳои мақсадноки берунӣ чун уқоби тезчанголи ҳарис сайди хуфтаву нотавону ғофилро ҷустуҷў дорад. Хуб аст, ки халқи тоҷик акнун огаҳ аст ва намегузорад, ки дуюмбора бехонумону дарбадар гардад, хуни ҳаммилат рехта шавад, ҳастиии миллатро зери хатар боқӣ гузорад.

Бо ин ҳама халқи тоҷик некбину некхоҳ аст ва дўстонаву аҳлона ҳаёт ба сар бурдан мехоҳад. Ҷангро паси сар кард ва бо Иди Ваҳдат зиндагӣ дорад! Зинда бод Ваҳдати тоҷикон!

 

Қобилҷон Хушвахтзода ректори ДМТ,

Саъдӣ Маҳдӣ декани факултети журналистика,

Бахтиёри Қутбиддин мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ

 

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.