SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

ҒАМЕ, КИ ДУРӢ НАДОРАД…

(ба профессор Баҳриддин Камолиддинов)

 B Kamoletdinov

Нафаре, ки на фақат устод, балки ҳар шогирд падари маънавияш мехонд.

Нафаре, ки на фақат олим, балки барои ҳар корафтода қомуси зиндаеро мемонд.

Нафаре, ки на фақат омӯзгор, балки сарсупурда ва ҷонфидои миллат буд.

           Профессор Баҳриддин Камолиддиновро соли дувуми донишҷӯйӣ ба мо ошно карданд: « - Мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ – профессор Баҳриддин Камолиддинов ба шумо усули навиштани кори курсиро хоҳанд омӯзонд…»

                  Ва омӯзонданд… Ҳам аз илм гуфтанду ҳам аз ҳилм. Балки худ намунаи барҷастае дар ин ду ҷода буда, ки дарсҳояшон барои шогирдон вақту соати мушаххасе надошта. Ҳар вақту дар ҳар маврид ба суроғаш омадан табассуми ба чеҳраи нуронияшон зебанда нақши хотир мегардид.

                Аввалин бор вақте дар соли дувуми таҳсил аз имтиҳонашон баҳои 4 гирифта, ислоҳ кардан хостам, гуфтанд: «Фақат як савол медиҳам, донистӣ, баҳоят ислоҳ мешавад, надонистӣ, 2 мегирӣ…»

Охирин бор дар ҳимояи рисолаи номзадӣ аз пешонаам бусида: «Ана ҳамин тавр… Офарин, духтарам!» - гуфтанд.

                Шеъри шогирдонае навишта сабт кардам ва аз донишҷӯе хоҳиш намудам, ки дар ҷараёни дарс ба ҳамкурсон ва худи профессор Баҳриддин Камолиддинов шунавонад:

Устод

(Ба устоди гиромӣ, профессор Баҳриддин Камолиддинов)

 

Чеҳраи пурнури ту шамъе ба маҳфили адаб,                

Панду андарзи накӯят бемисол.

Зиндагият ибратомӯзи ҳама:

Беназиру мондагору безавол.

 

Аз ҳама талхиву зишти зиндагӣ

Бо табассум, бо тавону бурдборӣ бигзарӣ.

Аз хушиву хуррамии рӯзгор

Бо тааммул хоксорӣ бигзарӣ.

 

Дарси маънии ту моро файзи армон офарид,

Ҳар каломат панди хуби рӯзгор.

Дар сириштат илму ирфону хирадмандист ҷо,

Хулқу атворат диҳад панде ба сад омӯзгор.

 

То ки шогирдони ту гарданд ҳар як боҳунар

Мӯйи сар испед кардӣ, устод.

Мо ба ҷон миннатпазирем то абад,

Мӯйи испедат гули уммед бод.

 

Зинда бош, эй мазҳари илму адаб,

Эй камоли комёбиву мурод!

Гар мисолат ҳаст устоди дигар дар ин ҷаҳон

Офарин бар модари он фард бод!

         Баъди соати дарсӣ донишҷӯ ба наздам омад: “ -Устод фақат 4 мисраашро шуниданд... Гуфтанд, ки бас...

Нафаре, ки шоёни таърифу ситоиш буд, ҳеҷ гоҳе аз худ қаноатманд нагардида, дар талошу такопӯ баҳри созандагӣ ва устуворӣ ҷон ба ҷонофарин супурд. Дили ҷавон рӯҳияи ҷавон ва кору пайкори ҷавонмардонаи профессор Баҳриддин Камолиддинов, ки акнун ба синни мубораки 85 мерасиданд, барои садҳо нафар шогирдон намунаи ибрат буда ва ҳаст.

Гуфтам: “Устодам гузаштаст...”

Гуфтанд: “Ҳамоне, ки дар телевизион шириш-ширин гап мезад?”

“Ҳамоне, ки чеҳраи зебою нуронӣ дошт?”

“Ҳамоне, ки ғалатҳои забониро меёфт?”

“Ҳамон профессор?”

“Ҳамон ҳамадон?”

“ҲАМОНЕ, КИ МИСЛИ ПАДАРАТ БУД?”...

Ва батакрор гуфтам: “Бале, ҳамонеро аз даст додам, ки устодам, ҳамкорам, дӯстам ва падари маънавиям буд...”

Муслима Манонова

мудири студияи таълимии

телевизион ва радиои факултет

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.