SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

 


Устод Баҳриддин Камолиддинов 8-уми октябри соли 1935 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омадаанд. Дар омади гап бояд гуфт, ки Понғоз на танҳо дар ноҳияи Ашт, балки дар миқёси ҷумҳурӣ низ яке аз калонтарин деҳаҳо ба ҳисоб меравад. Мардуми Понғоз аз қадимулайём бо калонтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна, ба хусус бо шаҳрҳои водии Фарғона робитаи қавӣ доштанд.

 

Аз ин деҳа шахсони зиёди номдор ба камол расидаанд, ки имрӯз на танҳо мардуми ноҳияи Ашт, балки тамоми мардуми ҷумҳурӣ бо номи онҳо ифтихор менамояд. Нахустин Прокурори гененарлии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев, забоншиносон Рустам Ҷӯраев ва Аҳмадҷон Неъматов, муҳаққиқ, журналист ва таърихшиноси донишманд Иброҳим Усмонов, муаррихи нотакрор Маъруф Исоматов, ҳунарманди шинохта Муҳаммадҷон Шодиев аз ин ҷумла мебошанд. Байни чунин шахсони номдори деҳа устод Камолиддинов низ мақоми махсус доранд.

Падари устод Баҳриддин Камолиддиинов – Камолиддин Юсуфӣ ва модарашон Турсунбибӣ ном доштанд. Камолиддин Юсуфӣ аз аввалин таҳсилкардагони мактабҳои навтаъсиси шӯравӣ ба ҳисоб рафта, бо хатҳои арабию лотинӣ саводи хуб доштанд ва солҳои зиёд дар вазифаҳои пурмасъулият фаъолият кардаанд. Волидон ба тарбияи фарзандон ва соҳиби илму дониш гардидани эшон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуданд. Давраи тифлию наврасии устод дар деҳаи Понғоз сипарӣ гардидааст.

Айёми тифлии устод ба замоне рост омад, ки дар мамлакат сохти нави ҷамъиятӣ қомат меафрохту дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии он дигаргуниҳои азим ба вуҷуд меомаданд. Мактабҳои типи нав бунёд мегардиданд, мақому мартабаи муаллим дар ҷомеа меафзуд. Орзуи ягонаи ҷавонони он замон хондан ва идеали эшон муаллим буд. Ҷавонони худогоҳ дар курсҳои муаллимтайёркунӣ ва омӯзишгоҳҳои навтаъсиси педагогӣ таҳсил намуда, соҳибмаълумот мегардиданд ва барои саводнок кардани мардум ба деҳаҳо фиристода мешуданд… Зиндагии мардум тадриҷан ба маҷрои нав ворид мегардид. Вале ҳамаи ин дер давом накард…

Ҷанги Бузурги Ватанӣ шурӯъ гардид ва айёми наврасии устоду ҳамсолонашон ба ин солҳои мудҳиш рост омад. Падари эшон Камолиддин Юсуфӣ ба фронт сафарбар гардиданд. Таъминоти оила ва тарбияи фарзандон ба зиммаи модар монд. Дар ёд дорам, боре устод дар бораи мушкилоти он солҳо ҳикоят карда, таъкид намуда буданд, ки мардум ба хотири раҳоӣ аз гуруснагӣ ҳар гуна гиёҳу алафҳоро ҷӯшонда мехӯрданд. «Хайрият, дар оилаи мо як сар гови дӯшоӣ буд, ки шири он ба ҷонамон малҳам мешуд», – илова намуда буданд муаллим. Бори дигар устод ҳаёти вазнини он солҳоро ба ёд оварда ҳикоят карда буданд, ки падарашон дар ҷанг буданду вазъи зиндагӣ душвор. Як саҳар хезанд, ки модар ашк рехта истодаанд. Сабаби ашки модарро пурсиданд. Ҷавоб доданд, ки таги чашмони додаронашон (аниқ дар ёд надорам, ба фикрам, Ҳусниддин гуфта буданд) варам кардааст, ки ин аломати гуруснагӣ буд. Зимнан устод беиштиҳову ҷисман лоғару заиф будани додарашонро таъкид доштанд. Ҳар бор ки сухан дар бораи солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ мерафт, устод мегуфтанд: «Хайрият ки, соли 1943 падарам баъди маҷрӯҳ шудан аз сафи фронт ба деҳа баргаштанд. Бо баргаштани падар бори заҳмати модар андак бошад ҳам, сабук ва таъминоти оила каме беҳтар гардид».

Солҳои барқароркунии баъдиҷангӣ низ душвор буд. Шиками мардум ҳанӯз нони сериро намедид, вале ин душвориҳо барои насли он замон худ як мактаб буданд: мактаби ҳаёт, мактаби садоқат ва мардонагӣ. Ин душвориҳо дар тарбияи маънавӣ ва рушду камоли шахсияти устод Камолиддинов ва ҳамсолони эшон таъсири худро гузошт. Ҳарчанд шахсони таҳсилдида ангуштшумор буданд, ҷавонони огоҳ кӯшиш мекарданд, ки илму дониш андӯзанд. Устод низ аз зумраи чунин ҷавонони огоҳи замон ба ҳисоб мерафтанд. Он солҳо дар деҳаи Понғоз мактаби ҳафтсола амал мекард ва устод аз хонандагони пешқадами ин муассисаи таълимӣ ба ҳисоб мерафтанд. Пас аз хатми мактаби ҳфтсола эшон бо нияти таҳсил ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом ба ин шаҳри бостонӣ меоянд. Ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом, ки соли 1931 ҳамчун Техникуми педагогӣ ташкил шуда буду феълан Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом ба номи М. Турсунзода унвон дорад, на танҳо барои пешрафти соҳаи маорифи ин шаҳри бостонӣ мусоидат намудааст, балки дар омода намудани мутахассисони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои атроф (аз ҷумла Ашту Исфара) ва умуман Ҷумҳурии Тоҷикистону якчанд вилояти Ҷумҳурии ӯзбекстони ҳамсоя нақши муҳим бозидааст. Дар солҳои баъдиҷангӣ, ки зиндагии мардум нисбатан вазнин буд, таҳсил дар чунин муассиса барои ҷавонон аз он ҷиҳат мувофиқ буд, ки донишомӯзонро дар як рӯз се маротиба бо хӯроки гарм ва ҷойи истиқомат таъмин мекард. Дар он замон Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом барои ҷавонон мактаби воқеии илму дониш ба ҳисоб мерафт, зеро дар он устодони пурқувват ба донишомӯзон таълим медоданд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин омӯзишгоҳ дар тарбияи насли нави рӯшанфикрони тоҷик саҳми назаррас гузоштааст ва аз солҳои 30-юм то солҳои 70-уму 80-уми асри ХХ аксари зиёиёни шаҳру ноҳияҳои Конибодому Исфара ва Ашт маҳз дар ҳамин даргоҳи илму маърифат таҳсил намудаанд.

Барои устод Камолиддинов низ Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом даргоҳи муқаддас буд. Эшон то лаҳзаи вопасини ҳаёт аз таҳсил дар ин даргоҳи илму маърифат ва устодони он ба некӣ ёд мекарданд. Дар давоми таҳсил дар омӯзишгоҳ устод донишҷӯйи пешқадам буданд. Ҳамчун ҷавони ташнаи илму дониш ба дарсҳо ҳамеша бо тайёрии пухта меомаданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки соли 1953 омӯзишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуданд. Пас аз хатми омӯзишгоҳ муддати як сол дар мактаби ҳафтсолаи деҳаи Саройи ноҳияи Ашт ба сифати муаллим фаъолият карданд, аммо ҳамчун ҷавони огоҳу серталош аз худ қаноатманд набуданд. Мехостанд, дар донишкада ё донишгоҳ таҳсил намуда, дониши худро такмид диҳанд. Бо ҳамин ният соли 1954 озими пойтахт гардида, ҳуҷҷатҳои худро ба шуъбаи тарҷумонии факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (феълан ДМТ) месупоранд. Азбаски эшон Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодомро бо дипломи аъло хатм карда буданд, мувофиқи имтиёз бидуни супоридани имтиҳони дохилшавӣ ба донишгоҳ қабул шуда, сазовори номи донишҷӯ мегарданд.

Таҳсил дар донишгоҳи рақами яки ҷумҳурӣ – Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин барои устод олами дигар маънавиёт буд ва ба рӯйи эшон дарҳои дунёи навро боз намуд. Он замон дар УДТ донишмандони машҳур, аз ҷумла академикҳо Абдулғанӣ Мирзоев, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Аловиддин Баҳоваддинов, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров, профессорон Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Воҳид Асрорӣ, Ҳилол Каримов кору фаъолият доштанд ва ба донишҷӯён дарс медоданд. Илова бар ин барои хондани курсу семинарҳои махсус донишмандони маъруф аз шаҳрҳои Маскаву Ленинград даъват мешуданд ва табиист, ки дониш андӯхтан аз эшон барои рушду камолоти шахсияти инсон мусоидат менамуд. Устод Баҳриддин Камолиддинов низ дар донишгоҳ аз чунин мардони фозилу донишманд таълим гирифта буданд, ки барои он кас ва тамоми ҳамсабақҳои донишгоҳиашон ифтихори бузург буд ва эшон ҳар замон устодони худро бо некӣ ёд мекарданду сифатҳои хуби ҳар кадоми онҳоро ба забон меоварданд.

Таҳсил дар донишгоҳ барои устод он қадар душвор набуд, зеро дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом аз бисёр фанҳо дониши амиқ ҳосил намуда буданд. Ҳаёти донишҷӯйӣ низ хушу гуворо буду лаҳзаҳои хотирмони он зиёд. Ҳамин тавр, панҷ соли донишҷӯйӣ дар Университети давлатии Тоҷикистон сипарӣ гардид. Устод соли 1959 шуъбаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро бо баҳои аъло хатм намуданд.

 

Меҳроб ҶУМЪАЕВ, дотсенти кафедраи услубшносӣ ва таҳрири адабӣ

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.