SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."


Пас аз хатми шуъбаи филологияи тоҷики факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин фаъолияти минбаъдаи устод Камолиддинов низ бо донишгоҳ тавъам сурат гирифтааст. Эшон соли 1959 дар кафедраи забони тоҷикӣ ба вазифаи ассистент ба кор шурӯъ менамоянд.

 

То лаҳзаҳои охири ҳаёт ин даргоҳ барои устод хонаи дуюм ба ҳисоб мерафт. Устод ба қадри донишгоҳ мерасиданд, аз пешрафту муваффақиятҳояш меболиданд, барои пешрафти он нерӯю заҳмати худро дареғ намедоштанд. То соли 1989 дар кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон, дотсент ва профессор фаъолият намудаанд. Дар давоми фаъолият борҳо дар вазифаҳои пурмасъулият таъйину интихоб гардида, дар чунин вазифаҳо аз сидқи дил кор кардаанд. Аз ҷумла, аз соли 1967 то соли 1974 дар факултети филологияи тоҷик вазифаи муовини декан оид ба таълимро ба зимма доштанд ва барои танзими ҷараёни таълим – пурра аз худ гардидани нақшаву барномаҳои таълимӣ, мақсаднок сурат гирифтани раванди таълим ва саривақт баргузор гардидани машғулиятҳо дар ин факултет кӯшиш ба харҷ медоданд. Соли 1991 устод ба вазифаи мудири кафедраи умумидонишгоҳии забон ва адабиёти тоҷик интихоб шуданд. Устодони кафедраи мазкур ба ғайр аз факултети филологияи тоҷик дар дигар факултетҳои донишгоҳ аз фанҳои забону адабиёти тоҷик ва алифбои ниёгон дарс мегуфтанд. Душвории кори кафедра дар он буд, ки биноҳои таълимии факултетҳои донишгоҳ дар мавзеъҳои мухталифи пойтахт дар масофаи дур аз ҳамдигар воқеъ мебошанду ҳамоҳангу назорати дарсҳо нисбатан мушкилӣ пеш меовард, вале механизми назорати дарсҳои кафедраи мазкур дуруст кор карда баромада шуду ин мушкилӣ аз байн рафт. Аз соли 1991 то соли 1994 ба устод вазифаи проректори таълими донишгоҳ бовар карда шуд. Дар ин вазифа эшон бо масъулияти баланд кор карданд. Аз ҷумла, дар системаи коргузории донишгоҳ тағйироти ҷиддӣ ворид карда шуд. Маҳз дар ҳамин давра бо забони давлатӣ таҳияву омода намудани ҳуҷҷатҳои тамоми сохтору зерсохторҳои донишгоҳ ба ҳукми анъана даромад.

Соли 1994 устод аз вазифаи проректори таълим ба вазифаи мудири кафедраи навътаъсиси асосҳои назарияи тарҷума ва услубшиносӣ (феълан кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ)-и факултети журналистика ба кор омаданд. Азбаски кафедра навтаъсис буд, дар ин ҷо корро аз сифр оғоз намудан лозим меомад. Аз ин рӯ аз рӯзҳои аввали фаъолият устод якчанд нафар омӯзгорони собиқадорро ба кафедра ба кор даъват намуданд, ки мо инро дар поёнтар зикр хоҳем кард. Ҳамчунин сол то сол сафи муаллимони кафедра аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд, ки донишгоҳро хатм менамуданд, пурра мегардид. Устоди азиз дар вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ то соли 2011 фаъолият намуданд. Умуман, дар муддати беш аз 20 соли фаъолияти устод дар кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ аксари устодони кафедра соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ гардиданд, ки дар ин ҷода хидмати эшон бузург аст.

Меҳроб ҶУМЪАЕВ, дотсенти кафедраи услубшносӣ ва таҳрири адабӣ

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.