SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."


Фаъолият дар ҷодаи илм кори осон нест. Дар ин арса касе муваффақият ба даст меорад, ки босабру таҳаммул бошад ва аз душвориҳо наҳаросад ва пайваста заҳмат кашад. Вале барои дар арсаи илм ба ҷое расидану ба комёбӣ ноил шудан нақши устоди роҳнамо ё ба истилоҳ роҳбари илмӣ ниҳоят калон аст. Муваффақиятҳои устоди арҷманд, доктори илмҳои филология, профессор Баҳриддин Камолиддинов низ дар арсаи илм натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, натиҷаи сабру таҳаммул ва натиҷаи пайваста омӯхтани эшон мебошад. Дар ин ҷода ҳамчунин саҳми роҳбари илмиашон, доктори илмҳои филология, профессор Додоҷон Тоҷиев низ назаррас аст...

 

Соли 1953 дар факултети таъриху филологияи УДТ ба номи В. И. Ленин кафедраи забони тоҷикӣ ташкил гардида, сарварии он ба зиммаи яке аз забоншиносони боистеъдод, номзади илмҳои филология, дотсент Додоҷон Тоҷиев (баъдан доктори илмҳои филология, профессор) гузошта шуд. Дар омади гап ҳаминро таъкид кардан лозим аст, ки Додоҷон Тоҷиев на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар доираҳои илмии забоншиносии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нуфузу эътибори хос доштанд. Махсусан, робитаи эшон бо марказҳои забоншиносии шаҳрҳои Маскаву Ленинград (феълан Санкт-Петербург), Бокуву Тибилисӣ ва дигар шаҳрҳо калон буд. Эшонро дар ин марказҳо ҳамчун олими нуктасанҷи забоншинос мешинохтанду эътироф мекарданд. Ба наздикӣ адабиётшинос, доктори илмҳои филология, профессор Бадриддин Мақсудов нақле карданд, ки баёнгари обрӯю эътибори баланди профессор Додоҷон Тоҷиев дар байни забоншиносони Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Ба гуфти профессор Б. Мақсудов, эшон солҳои 1981-1985 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон (феълан Давлати Исломии Афғонистон) ба сифати тарҷумон хизмат мекарданд. Охирҳои соли 1981 ба гурӯҳи онҳо аз Маскав Лия Александровна Перейка ном тарҷумон ва забоншинос омад. Зимни шиносоӣ ин зан аз Бадриддин Мақсудов мепурсад, ки аз кадом ҷумҳурӣ мебошанд ва дар куҷо кор мекунанд. Пас аз он ки Мақсудов мегӯянд, ки аз Душанбе мебошанду дар УДТ ба номи В. И. Ленин кор мекунанд, он зан бо фараҳу қаноатмандӣ мепурсад:

– Магар шумо ҳамкори забоншинос Додоҷон Тоҷиевич мебошед?

– Бале, – мегӯянд дар ҷавоб Мақсудов.

– Чӣ хел шумо хушбахтед, ки бо чунин шахси донишманд ҳамкор мебошед. Ҳар гоҳ ки Додоҷон Тоҷиевич ба Маскав меояд, олимону муҳаққиқони мо дар Институти забони русӣ ӯро ором намегузоранд. Яке аз ӯ хоҳиш менамояд, ки мақолаи илмиашро хонда ислоҳ намоянд, дигаре барои маслиҳат гирифтан ба наздаш меояд, сеюмӣ хоҳиш менамоянд, ки Додоҷон Тоҷиевич дар кори илмиаш муқарризи расмӣ бошад... Хуллас, Додоҷон Тоҷиевич донишманди воқеӣ ва забоншиноси асил аст. ӯ ҳатто низукиҳои грамматикаи забони русиро аз олимони рус беҳтар мефаҳмад, – мегӯяд Лия Александровна...

Дар идомаи сухани худ профессор Бадриддин Мақсудов илова намуданд: «Лия Александровна чунин суханонро бо муҳаббат ва самимияти махсус баён кард ва бо шунидани чунин суханон ман воқеан ҳам ифтихор кардам, ки Додоҷон Тоҷиевич устод ва ҳамкорам мебошад. Гӯё сарам дар кишвари бегона ба осмон расид. Ифтихорам аз он буд, ки устодам дар байни забоншиносони рус чӣ қадар обрӯю эътибор доранд...».

Устод Камолиддинов низ дар бораи робитаи профессор Додоҷон Тоҷиев бо марказҳои забоншиносӣ ва олимони машҳури забоншиносу эроншиноси Иттиҳоди Шӯравӣ борҳо изҳори андеша карда буданд. Ба гуфти эшон, Додоҷон Тоҷиев ҳар сол забоншиносони маъруфро аз шаҳрҳои Маскаву Ленинград ва Бокуву Тибилисӣ барои хондани курсу семинарҳои махсус ба кафедра даъват мекарданд ва бо ин роҳ баъзе аспирантону унвонҷӯёни кафедраи забони тоҷикиро ба онҳо вобаста мекарданд. Чунин ҳамкорӣ самараҳои хуб медод. Натиҷаи чунин ҳамкориҳои судманд буд, ки чандин нафар аспирантону унвонҷӯёни кафедраи забони тоҷикӣ дар шаҳрҳои Маскаву Ленинград ва Тбилисиву Боку рисолаҳои илмӣ ҳимоя намуданд... Чунин шахси кордону олими машҳур буданд профессор Додоҷон Тоҷиев – роҳбару роҳнамои устод Камолидднов дар ҷодаи илм.

Дар солҳои аввали таъсис кафедраи забони тоҷикии факултети таъриху филологияи ДМТ ба мутахассисни боистеъдод эҳтиёҷи калон дошт ва Додоҷон Тоҷиев кӯшиш менамуданд, ки ин норасоиро аз ҳисоби хатмкунандагони боистеъдоду болаёқат ва аълохон бартараф намоянд. Як қисми чунин шахсон ҳамчун ассистент дар каферда ба кор қабул карда мешуданду дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ бо мавзӯи илмӣ таъмин мегардиданд, яъне фаъолияти илмиву омӯзгории эшон тавъам ҷараён мегирифт. Қисми дигар барои таҳсил дар аспирантураи мақсаднок сафарбар мегардиданд ва пас аз ҳимояи рисолаҳои илмӣ ба кафедра бармегаштанд. Бо ин роҳ кафедраи навтаъсис бо кадрҳои илмию омӯзгорӣ таъмин гардид. Фаъолияти устод Камолиддинов низ дар кафедра дар ду самт ҷараён мегирифт, яъне эшон ҳам ба шогирдон дарс мегуфтанду ҳам ба тадқиқи илмӣ машғул мешуданд...

Ҳанӯз аз овони донишҷӯйи устод ба тадқиқи забон ва услуби ҳикояҳои нависанда Ҳаким Карим рағбат пайдо намуда буданд ва дар соли охири таҳсил зери роҳбарии Додоҷон Тоҷиев дар мавзӯи «Хусусиятҳои наҳвии ҳикояҳои Ҳаким Карим» рисолаи дипломӣ навиштанд, ки ба он олими шинохта, директори онвақтаи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон Носирҷон Маъсумӣ ҳамчун муқарриз баҳои баланд дода буданд. Ҳарчанд Додоҷон Тоҷиев мехостанд, ки шогирдашон дар мавзӯи «Забон ва услуби романи «Шодӣ»-и Ҷалол Икромӣ» рисолаи илмӣ нависанд, аммо устод Камолиддинов давом додани тадқиқоти аввалаи худро авло дониста, «Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим»-ро ҳамчун мавзӯи рисолаи номзадӣ пешниҳод менамоянд. Додоҷон Тоҷиев низ ба ин розӣ мешаванду устод ба таҳқиқот шурӯъ мекунанд. Соли 1966 тадқиқи илмии худро ҷамъбаст намуда, дар мавзӯи «Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим» рисолаи номзадӣ ҳимоя менамоянд. Таъкид кардан лозим мебошад, ки рисолаи номзадии устод яке аз аввалин тадқиқотҳои илмӣ доир ба забон ва услуби адибони ҷудогона мебошад. Аз натиҷаи ин тадқиқот ҳашт мақолаи илмӣ ва баъдтар ду асари ҷудогона бо номҳои «Ҳаким Карим: мухтасаре оид ба ҳаёт, эҷодиёт ва услуби адабӣ» ва «Забон ва услуби Ҳаким Карим» ба табъ расидааст...

Дар хотир дорам, ҳар бор ки сухан аз бобати ҳимояи рисолаи номзадиашон мерафт, устод Баҳриддин Камолиддинов аз пайдо накардани муқарризи расмӣ сухан мекарданд ва аз марди фозилу донишманд, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода миннатдор буданд, ки бо вуҷуди ҳодисаи ногувори дар оилаашон рӯйдода (дар ҳамон шабу рӯз ҳамсари устод Ҳусейнзода вафот карда буданд) барои муқарризи расмии якум шудан розӣ мешаванд. «Баъди чунин мушкилӣ ман аҳд намудам, ки минбаъд агар чунин корафтодагон ба наздам оянд, бе ягон ғараз ба онҳо кумак намоям. Охир, аз дасти ман ҳамин қадар некӣ меояд. Агар чунин некиро аз корафтодагон дареғ дорам, аз рӯйи одамгарӣ нахоҳад буд», – мегуфтанд устод. Дар ҳақиқат, то охир умр устод Баҳриддин Камолиддинов ба корафтодагон хайрхоҳона муносибат мекарданд ва бе ягон ғаразу тамаъ маслиҳатҳояшонро аз эшон дареғ намедоштанд.

Пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ эшон тадқиқоти илмии худро дар масъалаҳои мухталифи синтаксис ва услубиёти забони тоҷикӣ идома доданд. Таваҷҷуҳи эшонро, пеш аз ҳама, масъалаи муродифоти синтаксисӣ ҷалб менамуд. Ҳамин буд, ки мавзӯи «Муродифоти синтаксисӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик»-ро ҳамчун рисолаи докторӣ интихоб намуданд, ки ин мавзӯъ дар илми забоншиносии тоҷик комилан нав буд. Барои таҳқиқи ин мавзӯи илмӣ устод бо ҷидду ҷаҳд машғул гардиданд ва соли 1988 рисолаи докториашонро дар Шӯрои дифои рисолаҳои доктории Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҳимоя пешниҳод намуданд. Ба ин рисола аз тарафи муқарризони расмӣ – шарқшиноси машҳури Гурҷистон, доктори илмҳои филология, профессор Ҷамшед Гиунашвили, донишманди шинохтаи Озарбойҷон, доктори илмҳои филология, профессор Г. Маҳмудов ва узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, професор Раззоқ Ғаффоров, ҳамчунин аз ҷониби аъзои Шӯрои диссертатсионӣ баҳои баланд дода шуд. Аз ҷумла, профессор Ҷамшед Гиунашвили рисолаи доктории устодро «самараи муҳити илми забоншиносии тоҷик» номида буданд. Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Раззоқ Ғаффоров рисолаи доктории устод Камолиддиновро тадқиқоти мукаммали илмӣ ҳисобида, изҳор дошта буданд, ки «мавзӯъ мувофиқи талаби имрӯзаи забоншиносӣ, дар савияи баланди илмӣ ҳал шудааст. Рафиқ Камолиддинов бо ин таълифоти худ илми забоншиносии тоҷикро як зина боло бардошт ва дар пешрафти назарияи умумии забоншиносӣ дар боби муродифот ҳиссаи муҳим ҳамроҳ намуд...» Раззоқ Ғаффоров дар тақризи худ аз ҷумла муваффақиятҳои рисолаи доктории устод Камолиддиновро ба «пайгирона такмил додани дониши назарӣ, машғулӣ ба тадқиқи забон ва услуби адибон, солҳои зиёд дарс гуфтан аз услубшиносӣ ва маданияти сухан дар университет, иштироки фаъолона дар таълиф ва таҳрири бобҳои алоҳидаи Грамматикаи академӣ» вобаста донистаанд. Ё донишманди шинохта Алберт Леонидович Хромов ҳамчун муқарризи ғайрирасмӣ чунин изҳор дошта буданд: «Мо биссёр диссертантҳоро шунидаем. Аз ҷумла баъзеи онҳо, ман маҳз докторантҳоро дар назар дорам, бисёр беҷуръатона мулоҳиза меронанд. Аммо имрӯз шахсе дар назди мо рисолаи докторӣ ҳимоя карда истодааст, ки аз ҷиҳати назарӣ пурра омода мебошад ва ба баррасии мо рисолаеро пешниҳод намудааст, ки ба талаботи рисолаҳои докторӣ пурра ҷавобгӯ мебошад. Аз ин рӯ ман чунин меҳисобам, ки... рафиқ Камолиддинов барои ба даст овардани дараҷаи илмии доктори илмҳои филология пурра сазовор аст».

Дар заминаи рисолаи доктории устод Камолиддинов чандин мақолаи илмӣ ва монографияи «Синтаксическая синонимия в современном таджикском языке» (синонимия субстантивных словосочетаний и простых предложений) ва дастури таълимии «Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён» ба табъ расида, дастраси алоқамандони илми забоншиносӣ гардидаанд.

Устод дар баробари услубиёт доир ба наҳви забони тоҷикӣ низ тадқиқотҳои арзишманд анҷом дода, ҳамчун муҳаққиқи нуктасанҷ доир ба бисёр масъалаҳои баҳсноки синтаксис андешаҳои худро баён доштаанд. Натиҷаи чунин фаъолияти пурсамар буд, ки эшонро Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамчун забоншиноси шинохта барои таълифи «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» (ба истилоҳ «Грамматикаи академӣ») ба ҳамкорӣ даъват намуда, фаслҳои «Ҷумлаҳои яктаркиба», «Ҷумлаҳои нопурра», «Ҷумлаҳои унвонӣ» ва «Нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда»-и ин асари ҷамъбастии академиро ба зиммаи он кас гузошт. Устод якҷоя бо профессор Шарофиддин Рустамов ҳамчун муҳаррири масъул дар таҳрири ҷилди сеюми ин асари сеҷилдаи академӣ низ саҳм гузоштаанд. Шоҳасари бунёдии «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик», ки дар се ҷилд омода гардид, воқеан ҳам, дастоварди бузурги илми забоншиносии тоҷик ба ҳисоб меравад. Баъдан ин асар сазовори ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардид, ки ин ҳам боиси ифтихори муаллифон ва ҳам боиси ифтихори тамоми забоншиносони тоҷик мебошад.

Синтаксис аз қисмҳои муҳим ва ниҳоят мураккаби забон ба ҳисоб меравад ва дар забони тоҷикӣ масъалаҳои баҳсноки ин қисмати забон то ҳанӯз зиёданд. Чунин масъалаҳо ҳамеша дар мадди назари устод Баҳриддин Камолиддинов қарор доштанд ва он кас мудом дар бораи масоили баҳсноки синтаксис дар матбуот манавиштанд, дар баҳсҳои илмӣ иштирок намуда, андешаи худро баён мекарданд. Баъдтар силсилаи мақолаҳои доир ба масоили баҳсноки синтаксис навиштаи устод бо таҷдиди назар дар маҷмӯаи «Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ» (Душанбе: Деваштич, 2013. – 134 с.) ҷамъ оварда шуданд. Ҳаминро таъкид кардан лозим аст, ки дар маҷмӯаи зикршуда дар баробари мақолаҳои ҷудогонаи қаблан дар матбуот чопгардида якчанд мақола доир ба ҷумлаҳои пайрав бори аввал ба табъ расидаанд. Дар ин маҷмӯа дар бораи ибора ва ҷумлаи пайрав, ҷумлаҳои содаю мураккаб, муродифоти наҳвии ибораҳои номӣ ва ҷумлаҳои сода андешаҳои ҷолиб баён гардидааст. Аз ҷумла, устод бори аввал дар ҷумлаҳои назири «Ҳанӯз вакили мухтор ба минбар набаромада, садои чапак ва қарсак ба осмон печид» (С. А.) ҷузъи «ҳанӯз вакили мухтор ба минбар набаромада»-ро ҷумлаи пайрави ҳоли замон меҳисобанд, ки хабари чунин ҷумлаҳои пайрав бо сифати феълӣ ифода ёфтааст. Дар ҳақиқат, ҷузъи «ҳанӯз вакили мухтор ба минбар набаромада» бар эзоҳи сарҷумлаи «...садои чапак ва қарсак ба осмон печид» кор фармуда шудааст ва ба саволи сарҷумла ҷавоб мешавад. «Садои чапак ва қарсак ба осмон печид». Кай? «Ҳанӯз вакили мухтор ба минбар набаромада...». Дар ин ҳолат ибораи феълиҳолии «ҳанӯз ...ба минбар набаромада» бо шакли замони гузаштаи дури феъл – «ҳанӯз... набаромада буд ки» баробарвазну ивазшаванда мебошад. Тарзи дигари ифодаи ҷумлаи «Ҳанӯз вакили мухтор ба минбар набаромада, садои чапак ва қарсак ба осмон печид» чунин мебошад: «Ҳанӯз вакили мухтор ба минбар набаромада буд ки, садои чапак ва қарсак ба осмон печид».

Як силсила пажӯҳишҳои дигари устод ба мушкилоти гузоштани аломати вергул бахшида шудаанд. Ин пажӯҳишҳо дар маҷмӯаи «Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул» (Душанбе: Маориф, 2015. – 60 с.) ҷамъ оварда шудаанд. Дар ин маҷмӯа бори аввал дар бораи се мавқеи аломати вергул бо пайвандаки тобеъкунандаи «ки» (пеш аз пайвандак гузоштани вергул, пас аз пайвандак гузоштани вергул ва умуман нагузоштани вергул) сухан ронда шудааст. Ҳамчунин устод дар ин асар дар бораи ба вазифаи ғайрипайвандакӣ омадани «ки», бе зарурат гузоштани аломати вергул, мушкилоти гузоштан ё нагузоштани вергул пас аз сифати феълӣ, ҳолатҳои дар мобайни ду пайвандак гузоштани аломати вергул, аломати китобати аъзоҳои истисноии ҷумла, аломати савол дар ҷумлаҳои мураккаб ва мавқеи аломати тире дар ҷумла изҳори андеша намудаанд.

Дар баробари ин устод Камолиддинов дар ҳамкорӣ бо доктори илмҳои филология, профессор Меҳриниссо Нағзибекова силсилаи мақолаҳои ба тарҷумаю тарҷумашиносӣ бахшидаи олимону муҳаққиқон ва мутарҷимони варзидаро, ки қаблан дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ расида буданд, ҷамъ оварда, зери унвони «Тарҷума ва балоғати сухан» (Душанбе: Нодир, 2004. – Ҷ. 1. – 144 с.; Душанбе: Деваштич, 2005. – Ҷ. 2. – 192 с.) дар ду ҷилд ба табъ расонданд. Аксари мақолаҳое, ки дар ду ҷилди маҷмӯаи зикршуда ҷамъ оварда шудаанд, ба назарияву амалияи тарҷумаи бадеӣ ва нуқсонҳои дар асарҳои тарҷумавӣ содиргардида бахшида шудаанд.

Ҳаминро ҳам таъкид кардан лозим аст, ки устод Баҳриддин Камолиддинов дар маҷмӯъ муаллифи зиёда аз 190 асару мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ мебошанд. Асару мақолаҳои илмии эшон дорои заминаи қавӣ ва арзиши баланди назариявӣ буда, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимиии таълифнамудаашон қимати баланди амалӣ доранд.

Дар баробари ин устод солҳои зиёд узви якчанд Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ буданд ва ҳамчун муқарризи расмию ғайрирасмӣ ба бисёр рисолаҳои номзадию докторӣ баҳо додаанд.

Меҳроб ҶУМЪАЕВ, дотсенти кафедраи услубшносӣ ва таҳрири адабӣ

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.