SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

terrt

Терроризм, экстремизм, ифротгароӣ вожаҳоеанд, ки мафҳуми манфӣ доранд ва бӯйи ҷангу хунрезӣ мекунанд. Дар замони муосир хосатан терроризму экстремизм решаи амиқ дошта, хатари ваҳшатзои он ба бани башар таҳдид мекунад.

 

Ин хатари ҷаҳониро танҳо ҳеҷ давлате бартараф карда наметавонад. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз соли 1994 бар зидди ин падидаҳои номатлуб садо баланд кардаву яке аз ташаббускорони муттаҳид гардидани қувваҳои солимақли ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он мебошад, зеро хатари терроризм ҳамеша вуҷуд дорад ва таҳдидҳои он сол аз сол бештар мегардад.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки мавқеи ҷойгиршавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати ҳаммарз будани он ба Афғонистон, ки майдони корзори террористон ва тавлидгоҳи он маҳсуб меёбад, ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор медиҳад, ки дар паҳлуи Тоҷикистон бошанд ва бо ҳам муттаҳид гарданд, зеро барои террористон марзу бум, миллату нажод, сохти давлатдорӣ фарқ надорад. Мо ваҳшатафканиҳои террористонро дар гӯшаву канори ҷаҳон ёд дорем ва оқибатҳои маргбори онро ҳам медонем. Махсусан, дар ҷумҳурии ҳамсояи Афғонистон қариб ҳар рӯзу ҳар соат пайи амалҳои террористиро мебинему мешунавем. Хушбахтона, Тоҷикистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва марзи ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сипари боэътимод аст. Боэътимод аз он аст, ки муоҳидаи байни ин давлатҳо барои ҳифзи сарҳадоти муштарак имзо шудааст. Боэътимод аз он аст, ки халқҳои ин давлатҳои ҳамтақдир ва сарварони эшон ҷонибдори сулҳу ҳамзистии осоишта мебошанд.

Тазаккур бояд дод, ки масъалаи терроризму экстремизм ва ифротгароӣ барин падидаҳои номатлуб аз марзи диққати ҷомиаи ҷаҳонӣ берун нест. Гувоҳи ин гуфтаҳо чандин ҷамъомаду нишастҳои сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ аст, ки қариб ҳар сол баргузор мегарданд. Ба қарибӣ Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳи сайёра баргузор гардид, ки дар кори он 11-уми ноябри соли равон Президенти кишвари сулхоҳи мо Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд. Дар кори форум намояндагони беш аз 30 давлати дунё иштирок доштанд. Ин гувоҳи он аст, ки мардуми солимақли сайёра ҷангу хунрезиро намехоҳанд ва ҷонибдори сулҳу осоиштагӣ ва ҳамзистии халқҳоянд.

Мардуми тоҷик аз қадимулайём сулҳхоҳу сулҳдӯст буду чунин хоҳад монд. Ин хислати наҷибу башардӯстони халқи мо дар асарҳои гуногуни намояндагони адабиёту фарҳанг ва таъриху тамаддуни ориёӣ зикр гардидааст. Дар замони муосир ҳам сиёсати давлати мо сулҳхоҳа аст. Мо ҳамеша ба халқи худ, ҳамсояи худ, ба меҳмони худ сулҳ мехоҳем. Мо мехоҳем, ки дар Афғонистон, Ироқу Сурия, дар Шарқу Ғарб, дар Амрико сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ бошад. Ҳамин сулҳхоҳиро ба дигарон низ талқин мекунем. Сулҳу салоҳ, офият, эманӣ, оилаи солим, ҷомеаи солим мақсаду мароми халқи мо ва давлати мост, ки инро Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекарданду парчамбардораш ҳам эшонанд.

Пас, мегӯем: нест бод терроризму террористон, экстремизму экстремистон, ифроту ифротгароӣ, бадкиниву бадхоҳӣ ва бадандешӣ! Поянда бод сулҳу ваҳдати ҷовидонаи сокинони сайёра!

Н. Бозорзода

дотсенти кафедраи матбуот

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.