SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

В Таджикистане региональную газету переименовали в честь Рахмона :  uz.utro.news

(Чанд андеша дар бораи монографияи Сафаров Хукмиддин Орзуевич «Стилистические особенности заголовка в газете» [Душанбе:

Пойтахт, 2017. – 180 с. ]

 Забони матбуоти даврӣ ҷузъи ниҳоят муҳими забони адабӣ ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқонро ҷалб намудааст, зеро забон ба монанди организми зинда ҳамеша дар тағйиру таҳаввул буда, баробари ҷамъият пеш меравад ва рушду инкишоф меёбад. Забони матбуот баёнгари ҳолати кунунии забони адабӣ буда, аз бисёр ҷиҳат тамоюлҳои инкишофи минбаъдаи онро низ муайян менамояд.

 

Дар марҳилаи имрўзаи пешрафти журналистика ҳамчун навъи муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши забон ҳамчун унсури асосии ҷараёни иртибот ниҳоят муҳим мебошад. Аз тарафи дигар, ҷараёни рушду такомули забони адабии муосири тоҷикро бидуни таҳқиқи амиқи хусусиятҳои луғавию грамматикии забони матбуоти имрўзаи тоҷик муайян кардан ғайриимкон аст, зеро забони воситаҳои ахбори омма ҳолати умумии забони адабиро дар марҳилаи муайяни рушди он инъикос менамояд.

Сарлавҳа рукни муҳими матбуоти даврӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рў таҳқиқи хусусиятҳои лексикию семантикӣ ва грамматикию услубии сарлавҳа дар рўзнома барои дарки амиқи моҳияту пешрафти назария ва амалияи журналистика аҳамияти калони илмию амалӣ дорад, зеро сарлавҳа унсури муҳими матбуоти даврӣ ба ҳисоб рафта, барои ҷалби таваҷҷуҳи хонанда ва маҳбубият пайдо кардани ин ё он нашрия дар байни аудитория мусоидат менамояд. Журналист ё ҳар як шахси эҷодкор кўшиш менамояд, ба асари офаридааш сарлавҳаи ҷолиб пайдо намояд ва барои ин тамоми донишу маҳорати худро ба кор мебарад.

Дар навбати аввал сарлавҳа дар рўзнома маводи ниҳоят маҳдуд ба назар мерасад ва гумон меравад, ки дар заминаи он дар бораи хусусиятҳои лексикию грамматикӣ ва услубии забони матбуоти даврӣ ҳукм баровардан ғайриимкон аст, вале ин маводи маҳдуд ибораи «муште аз хирвор»-ро ба хотир меорад. Дар воқеъ, ҳарчанд сарлавҳаи рўзнома як калима, ибора ё ҷумларо дар бар мегирад, он баёнгари махсусиятҳои забонии услуби нутқи публитсистӣ дар забони адабии муосири тоҷик ба ҳисоб меравад. Аз ин рў, фикр карда пайдо намудан ё эҷод кардани чунин калима, ибора ё ҷумлае, ки моҳияти маводи рўзномаро ба таври возеҳ ифода намояд, ба ҳар як журналист ба осонӣ муяссар намешавад. Дар баробари ин сарлавҳаи рўзнома аз бисёр ҷиҳат сиёсати редаксионии идораи нашрияро муайян менамояд. Дар иртибот ба ин гуфта метавон, ки кори илмии анҷомдодаи муҳаққиқ Сафаров Ҳукмиддин Орзуевич, ки ба пажўҳиши ҷанбаъҳои лексикию семантикӣ, грамматикию услубии сарлавҳа дар матбуоти даврии солҳои 2000-2013 бахшида шудаасту бо номи «Стилистические особенности заголовка в газете» («Хусусиятҳои услубии сарлавҳа дар рўзнома» [Душанбе: Пойтахт, 2017. – 180 с. ]) дар шакли монография ба табъ расидааст, ниҳоят муҳим мебошад. Муҳимияти таҳқиқоти мазкур боз дар ин зоҳир мегардад, ки мавзўи мазкур то ба ҳол мавриди таҳқиқи алоҳидаи илмӣ қарор нагирифта буд. Ба ибораи дигар, таҳқиқоти Ҳ. Сафаров нахустин кори илмиест, ки ба омўзишу баррасии нисбатан мукаммали сатҳи лексикию семантикӣ ва услубию грамматикии сарлавҳаҳои матбуоти даврӣ бахшида шудааст. Муаллифи рисола кўшиш ба харҷ додааст, то унсурҳои забонию грамматикиеро, ки дар сарлавҳаҳои матбуоти замони истиқлол кор фармуда шудаанд, маънидод намояд. Ҳангоми таҳлилу баррасии мавод меъёри забони адабӣ дар кор фармудани калимаву истилоҳот, таркибу иборот ба инобат гирифта шуда, аз ҷиҳати услубӣ то кадом андоза дурусту бамавқеъ ва нишонрас истифода гардидани воҳидҳои забон дар сарлавҳа мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Зимни таҳлили таркиби луғавии сарлавҳаҳои рўзномаҳо муҳққиқ натиҷаҳои асосии таҳқиқоти илмии Т. Бердиева, ҳамчунин Н. Маъсумӣ, М. Шакурӣ, Б. Камолиддинов ва дигар забоншиносонро ба инобат гирифта, дар баробари ин ба асарҳои муҳаққиқони соҳаи журналистика А. Нуралиев, А. Саъдуллоев, Н. Солеҳов, И. Усмонов, М. Муродов такя намудааст ва сарлавҳаҳои рўзномаҳоро бо назардошти жанрҳои матбуот мавриди баррасӣ қарор додааст. Ба ин маънӣ метавон гуфт, ки ҳарчанд омўзиши хусусиятҳои забонӣ ва жанрию мавзўии маводи матбуот ба пайдоиши аввалин нашрияи даврии оммавӣ дар Осиёи Миёна, яъне «Бухорои Шариф» алоқаманд аст, омўзиши бонизоми сарлавҳаи рўзнома дар таърихи илми филологияи тоҷик падидаи нав ба ҳисоб меравад.

Аҳамияти амалии таҳқиқоти Ҳ. Сафаров дар он ифода меёбад, ки хулосаҳои илмии рисолаи ўро барои омода намудани журналистон дар муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ, ҳангоми тартиб додани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ бо забони тоҷикӣ истифода бурдан мумкин аст. Аз натиҷаҳои кори илмӣ ҳамчунин дар факултету шуъбаҳои журналистика курсу семинарҳои махсус хондан имконпазир мебошад. Ҳаминро ҳам таъкид кардан лозим аст, ки омўзишу баррасии хусусиятҳои забон ва услуби воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуоти даврӣ дар амалӣ гардидани муқаррароти асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ниҳоят муҳим мебошад.

Арзиши назарии таҳқиқ дар он ифода меёбад, ки дар ҷараёни омўзишу масъалаҳои дар рисола баррасишаванда, муҳққиқ ба мавқеи олимони машҳури забоншинос ва назариячиёни соҳаи журналистика истинод намуда, кўшиш ба харҷ додааст, ки хусусиятҳои луғавию семантикӣ ва грамматикию услубии сарлавҳаҳои матбуоти давриро мавриди таҳқиқ қарор диҳад. Дар ҷараёни таҳлили маводи амалӣ ў «Фарҳанги ибораҳои рехта»-и М. Фозилов, «Фарҳнги забони тоҷикӣ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ва «Лексико-фразеологический словарь русского языка»-и А. В. Жуковро истифода бурдааст.

Муҳаққиқ кўшиш ба харҷ додааст, ки дар заминаи мисолҳои зиёд аз матбуоти даврии муосири ватанӣ барҷастатарин хусусиятҳои луғвию маъноӣ ва грамматикию услубии сарлавҳаҳоро дар нашрияҳои даврии солҳои охир муайяну тавсиф намояд.

Муҳтавои асосии пажўҳиши илмӣ муқаддима, се боб ва хулосаву рўйхати адабиётро дар бар мегирад. Дар навбати худ ҳар як боб дорои фаслу зерфаслҳо мубошад. Бобу фаслҳо ва зерфаслҳои рисола аз ҷиҳати мантиқӣ тақсимбандӣ карда шудаанд. Аз ин рў метавон гуфт, ки сохтори рисолаи илмӣ ба самтҳои таҳқиқ пурра мувофиқат менамояд.

Дар муқаддима муҳим будани интихоби мавзўъ ва дараҷаи омўзиши он муайян гардида, ҳадафу вазифаҳои таҳқиқ муқаррар,навгониҳои илмӣ, арзиши назариву амалии рисола асоснок карда шудааст.

Боби якуми монография – «Стилистические особенности лексических и фразеологических единиц в заголовке» («Хусусиятҳои услубии воҳидҳои лексикию фразеологӣ дар сарлавҳа»)аз 4 фасл ва якчанд зерфасл иборат аст. Дар фасли якуми ин боб – «Заголовок – важный элемент в публицистических материалов (обзорная информация)»[«Сарлавҳа – унсури муҳими маводи публитсистӣ (маълумоти обзорӣ)]» дар бораи сарлавҳа ҳамчун унсури асосии маводи публитсистӣ маълумоти назарӣ пешниҳод гардида, нуқтаи назари муҳққиқони соҳаи забон ва журналистика дар бораи ин унсури муҳими матни рўзнома мавриди таҳлилу муқоиса қарор дода шудааст.

Фасли дуюм – «Лексический состав заголовка» («Таркиби луғавии сарлавҳа»)аз панҷ зерфасл иборат мебошад, ки дар онҳо дар заминаи таҳдили мисолҳои зиёд масъалаҳои мавқеи лексикаи аслию иқтибосӣ дар сарлавҳа, вожаҳои умумиистеъмол, калимаҳои адабию китобӣ, мавқеи унсурҳои луғавии гуфтугўйӣ дар сарлавҳа, истилоҳоти илму техника ва профессионализмҳо таҳқиқ гардидаанд.

Фасли сеюми боби аввал, ки «Позиция семантичесикх котегирий в заголовке» («Мавқеи категорияҳои семантикӣ дар сарлавҳа») унвон дорад, ба таҳлилу баррасии воҳидҳои луғавии серманъно, омонимҳо, синонимҳо, антонимҳо ва муҳимтарин хусусиятҳои услубии онҳо дар сарлавҳа бахшида шудааст. Дар ин фасл ҳамчунин ба имконоти услубии воҳидҳои фразеологӣ дар сарлавҳа таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Муқаррар карда шудааст, ки асоси таркиби луғавии сарлавҳаҳои матбуотро калимаҳои умумиистеъмол, калимаҳои адабию китобии аслии тоҷикӣ ва қисман калимаҳои иқтибосии арабию туркӣ ва русиву аврупоӣ ташкил медиҳад. Ҳангоми баррасии иқибосоти арабӣ муҳаққиқ муҳим будани риояи меъёрҳои услуби публитсистиро таъкид менамояд, яъне вожаҳое, ки дар сарлавҳаи рўзномаҳо ба кор бурда мешаванд, бояд оммафаҳму умумиистеъмол бошанд. Дар натиҷаи таҳлилу баррасии имконоти услубии категорияҳои семантикиисерманъноии луғавӣ, омонимҳо, синонимҳо ва антонимҳо муҳаққиқ ба хулоса меояд, ки барои таъсирбахшу ҷолиби диққат гардидани сарлавҳаи газетаҳо нақши чунин унсурҳои семантикӣ калон мебошад. Мавқеивоҳидҳои фразеологӣ ҳамчун воситаи муассири баён дар сарлавҳаҳои матбуоти даврӣ назаррас арзёбӣ мегардад. Ба андешаи муҳаққиқ дар барбари ибораҳои рехтаи аслӣ, баъзан дар саҳифаҳои рўзномаҳо ибораҳои форазеологие, ки аз забони русӣ бо роҳи калка тарҷума шудаанд, ба назар мерасанд. Ба монанди «моҳи асал», ки калкаи «медовый месяц»-и русӣ аст, вале азбаски чунин анъана дар байни мардуми мо вуҷуд надорад, маънои тарҷумаи таҳтуллафзии ибораи рехтаи русии «медовый месяц» на ба ҳар хонандаи тоҷик фаҳмо аст. Мутаассифона, чунин иштибоҳот на танҳо дар матни маводи рўзномаҳо, балки дар сарлавҳаҳои матбуоти даврӣ низ ба назар мерасад.

Боби дуюми рисола – «Стилистико-грамматические особенности заголовок в периодической печати» («Хусусиятҳои услубию грамматикии сарлавҳаҳои дар матбуоти даврӣ») ду фаслро дар бар мегирад. Дар фасли якум имконоти услубии унсурҳои морфологӣ дар сарлавҳа ва дар фасли дуюм хусусиятҳои услубии воҳидҳои синтаксис дар сарлавҳатаҳқиқ гардидаанд. Дар ин боб бештар ба хусусиятҳои услубии унсурҳои шаклсозу калимасоз, мавқеи ибораю таркибҳо дар сарлавҳа ва ба имконоти услубии ҷумлабандӣ дар сарлавҳа таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст. Ба андешаи муаллифи пажўҳиш истифодаишумораи ҷамъи исмҳо дар сарлавҳа пурра ба меъёри забони адабӣ мувофиқат мекунад. Бо вуҷуди ин таъкид карда мешавад, ки пасванди ҷамъбандии -ҳо«бо номи миллатҳо пайваст гардида, кишвару давлат ва ҳатто ҳукуматро ифода менамояд. Масалан, «Немисҳо», «Русҳо» ҳам дар нутқи гуфтугўйӣ ва ҳам дар услуби публитсистӣ маҳз ба ҳамин маъно кор фармуда мешаванд, аммо дар феҳристҳои академию расмӣ калимаҳои «немисҳо» ва «русҳо» на давлат ё ҳукумат, балки халқиятро ифода менамоянд».

Қайд кардан лозим аст, ки дар кори илмӣ бори аввал сохти синтаксисии сарлавҳаҳо мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода шудааст. Таҳлили маводи таҳқиқшавандаи матбуоти даврӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки қолабҳои асосии синтаксисии сарлавҳаи рўзномаҳоро ибораҳои номии изофӣ ва пешояндӣ, ҳамчунин ҷумлаи сода ташкил медиҳад. Дар ҷараёни таҳлилу баррасӣ муҳаққиқ дуруст хулоса мебарорад, ки вазифаи асосии сарлавҳа дар матбуоти даврӣ ифодаи маънои васеъ дар шаклу қолабҳои кўтоҳу мўъҷаз мебошад ва ин аз журналист на танҳо хуб донистани забон ва дуруст истифода бурдани воҳидҳои забон, балки хуб донистани имконоти калимасозиву ҷумлабандиро тақозо менамояд.

Боби сеюми пажўҳиш –«Выразительные средства языка и речи в заголовках газет» («Воситаҳои муассири забон ва баён дар сарлавҳаҳои рўзнома») аз се фасл иборат аст. Дар фасли аввали он, ки «Художественные выразительные средства в заголовке» («Воситаҳои муассири бадеӣ дар сарлавҳа») унвон дорад, воситаҳои таъсирбахши бадеӣ ва санъатҳои калом, ҳамчун муҳимтарин унсурҳои ҳусни баён дар сарлавҳа таҳлилу баррасӣ гардидаанд. Дар ин фаслроҷеъ ба салосати сухан, тавсифу аллитератсия,воситаҳои такрору таъкиди суханва санъати тазод дар сарлавҳасухан меравад. Муаллиф дуруст қайд менамояд, ки дар услуби публитсистӣ низ ташбеҳу тавсиф мавқеи муҳим доранд. Агар ба сарлавҳаҳои маводи рўзномаҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад, ба хубӣ аён мегардад, ки чунин воситаҳои баён бо мақсади таъсирбахш гардидани сухан ба кор бурда шудаанд.

Фасли дуюми боби сеюм «Метафорические выражения в заголовках» («Ифодаҳои маҷозӣ дар сарлавҳа») ном дорад. Дар он маҷоз яке аз роҳҳои вусъат ёфтани маънои калима дар забони тоҷикӣ арзёбӣ гардида,доир ба истеъмоли маънои маҷозии калимаҳо дар сарлавҳаҳои матбуоти даврӣ мисолҳои ҷолиб оварда шудааст.

Дар фасли сеюми боби мазкур –«Позиция пословиц и поговорок в заголовках» («Мавқеи зарбулмасалу мақолҳо дар сарлавҳа»)роҷеъ ба истеъмол гардидани муҳимтарин воситаҳои устувори забони зиндаи мардум – зарбулмасалу мақолҳо дар офаридани сарлавҳа сухан меравад. Муаллиф нақши зарбулмасалу мақолҳои халқиро дар ғанӣ гардондани забон ва таъсирбахш ифода ёфтани сухан ёдрас намуда, таъкид менамояд, ки дар чунин воситаҳои таъсирбахш, ки офаридаи халқ мебошанд, сухани кўтоҳ як олам маъниро таҷассум менамояд. Аз ин рў, бо зарбулмасалу мақол ифода ёфтани сарлавҳа дар матбуот таъсирнокии суханро дучанд намуда, ҷалби таваҷҷуҳи хонандаро ба мавод бештар мегардонад.

Хулосаҳои муаллиф дар монография илман асоснок мебошанд. Феҳристи адабиёт мувофиқи талабот тартиб дода шудааст.

Дар маҷумўъ метавон гуфт, ки пажўҳиши Ҳукмиддин Сафаров – «Стилистические особенности заголовка в газете» («Хусусиятҳои услубии сарлавҳа дар рўзнома») дар сатҳи хуби илмӣ анҷом дода шуда, кори илмии мукаммал ба ҳисоб меравад ва аз ҷиҳати муҳимият, навгонии илмӣ ва аҳамияти назарию амалӣ мувофиқи талабот анҷом дода шудааст. Муҳаққиқ барои таҳқиқи илмӣ мавзўи муҳимро интихоб намуда, доир ба хусусиятҳои луғавию семантикӣ ва грамматикию услубии сарлавҳа дар мутбуоти даврӣ кори ҷолиб анҷом додааст. Аз баррасии мўҳтавои кори илмӣ ба хубӣ аён аст, ки пажўҳишгар аз уҳдаи вазифаҳои дар наздаш гузошташуда баромадааст. Пажўҳиши анҷомёфта дорои аҳамияти калони илмию амалӣ буда, хулосаҳои илмӣ ва маводи назарию амалии онро зимни анҷом додани таҳқиқотҳои илмӣ доир ба забон ва услуби ВАО ба таври васеъ истифода бурдан мумкин аст. Мавод ва хулосаҳои таҳқиқти илмӣ ҳамчунин ҳангоми навиштани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ доир ба фаъолияти эҷодиву этикии журналистӣ, дар курсу семинарҳои махсус, дар корҳои амалӣ ва лабораторӣ доир ба маҳорати журналистӣ, услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ, ҳангоми навиштани корҳои курсиву дипломӣ доир ба хусусиятҳои жанриву мавзўӣ ва услубии маводи матбуоти даврӣ, доир ба услуб ва таҳлили забони асарҳои бадеӣ, ҳамчунин ба ҳайси маводи методӣ барои мактабҳои эҷодиирўзноманигорони ҷавон ва ғайра истифода шуда метавонад.

Меҳроб Ҷумъаев – дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.