SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

Картинки по запросу "донишҷӯ"

Зи беҳтарсухан пест пояндатар,

В-аз ӯ хуштару дилфизояндатар.

Ҳаме ҳамчу ҷон з-он нагардад куҳан,

Ки фарзанди ҷон аст ширинсухан.

(Асадии Тӯсй)

Инсоният дар ҷараёни инкишофи худ бо мақсадҳои мухталиф қоида ва меъёрҳои гуногунеро таҳия намудааст, ки моҳияти ҷамъиятии онҳо ҳамеша бо зарурати танзими муносибатҳои байни одамон асоснок мешуд.

 

Дар қоидаҳои муоширатӣ дар гузашта ташаккулёфта, мисли меъёрҳои ахлоқу рафтор, қоидаҳои умумиинсоние ҷой доранд, ки имрӯз зарурати онҳоро беш аз пеш эҳсос менамоем. Тарбияи эстетикаи рафтору гуфтори инсон ҳоло ҳам яке аз масъалаҳои мураккаби иҷтимоиву психологист.

Асоси ҳусни рафтору гуфтори инсонро назокату одоб ташкил медиҳад. Шартҳои одоб – ҳисси меъёр, самимияти муносибат, маҳорати ба иззати нафси дигарон нарасидан, қобилияти худидоракунӣ, мулоҳизакорӣ дар муомила бо дигаронанд.

Дар ин радиф яке аз асноҳои ҳассостарини одоби муошират муносибати устоду шогирд мебошад. Ин муносибатҳо ҳам мисли тамоми муносибатҳои дигари ҷамъиятӣ бояд дар заминаи эҳтироми тарафайн ба роҳ монда шаванд. Баъзан мушоҳида мекунем, ки як ҷавон ба ҷавони зоҳиран дар сину сол ба худ баробар «устод» гӯён муроҷиат мекунад. Барои муроҷиат ба омӯзгори ҷавон калимаи зебои «муаллим» мувофиқтар аст. Аслан устод шахсест, ки мисли худ чандин устодҳоро тарбият карда ба камол расонидааст. Аз ин рӯ, ба ҳар кас нисбат додани ин унвони ифтихорӣ чандон дуруст нест. Ин гуна ҳодисаҳо ҳам ба чашм мерасанд, ки ба омӯзгор «устод» гӯён муроҷиат менамоянд, аммо хабари ҷумларо дар шакли танҳо меоранд, ба ибораи дигар «устод»-ро «ту» мегӯянд. Хизмати ҷонишинҳо дар ифодаи маънои эҳтиром хеле калон аст, зеро дар ҷонишинҳо муносибатҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии одамон низ акс мегарданд. Ба қавли психолог ва забоншиноси рус А.А. Леонтев «ҷонишин оинаест, ки дар он муносибатҳои ҷамъиятии одамон инъикос меёбанд.

Дар ҷараёни фаъолияти омӯзгориам дар муносибати иҷтимоии байниҳамдигарии одамон шоҳиди ҳодисаҳои аҷиб гаштаам. Боре ҳангоми дарс вақти дар тахта чизе навиштанам донишҷӯе «малима, усу бест» гуфт. Ман баргаштаму бо табассум аз ӯ пурсидам: «Шумо падару модаратонро ҳам «ту» мегӯед?» Донишҷӯ андаке худро гум карда, «ма кай худта «ту» гуфтум» гуфт. Ҳамаи шарикдарсонаш аз ҷавоби ӯ завқ карда хандиданд. Ин як падидае номатлубест, ки ҳоло ҳам дар миёни донишҷӯён дар муносибат бо устод мушоҳида мешавад.

Дар масъалаи ифодаҳои амсоли «устод, созӣ?», «устод, тенҷӣ?» зикр кардан лозим аст, ки сарчашмаи ин гуна муносибатҳо аввал оила ва баъд мактаб аст. Устод шахси мӯътабар аст ва ба ӯ «ту» гуфта муроҷиат намудан камоли беадабист. Зиёда аз он барои истиқболу пазироии устод, муаллим, омӯзгор аз чунин ифодаҳои дорои обуранги омиёна истифода бурдан дуруст нест. Агар, аз як тараф, фосилаи иҷтимоие, ки ҷамъият муайян намудааст, ин гуна муроҷиатро номуносиб донад, аз ҷониби дигар, дар одоби муоширати шарқиёна, ки ба устод бо эҳтироми хоса муносибат намуданро талқин мекунад, нигоҳ доштани ҳисси меъёр ниҳоят муҳим аст. Ҳусни муошират якум, ба меъёри истифодаи унсурҳои забон, дуюм, ба ҳунари суханварӣ ва сухангустарӣ ва сеюм, ба тарзи муносибати одамон дар ҷамият, ба сиришти инсон, ақлу фаросат, одобу ахлоқ, хулқу атвор ва хислатҳои вай алоқамандӣ дорад.

Сухан, к-он аз сари андеша н-ояд,

Навиштанрову гуфтанро нашояд.

Мушаррафа Ҷӯраева,

мудири кафедраи услубшиносӣ

ва таҳрири адабӣ

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.