SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

Mohtaay

Китоб: Моҳият ва таъиноти матбуоти маҳаллӣ

Муаллиф: Абдулмумин Қутбиддионв

Нашриёт: Аржанг”, соли 2019

Теъдоди саҳифа: 160

Забони китоб: тоҷикӣ

Китоби Моҳият ва таъиноти матбуоти маҳаллӣ пажуҳиши тозае дар шинохти баъзе масъалаҳои назарии матбуоти маҳаллист, ки муҳаққиқи журналистика Абдулмумин Қутбиддинов анҷом додааст. Моҳият ва таъиноти матбуоти маҳаллӣ як таҳқиқи арзишманд буда, дар он аз хусуси таърих ва анъанаҳои матбуоти маҳаллӣ, ҷойгоҳи ин навъи матбуот дар фазои иттилоотӣ, моҳияти идеологии матбуоти маҳаллӣ, қудрат ва имконоти он, омилҳои рушд, сабку услуб ва шеваҳои баён, инчунин мушкилоти имрӯзаи матбуоти маҳаллӣ ва сабабҳои камтар рушд кардани онҳо сухан меравад. Яъне, характери назариявӣ дорад.

Дар хусуси матбуоти маҳаллӣ сухан ронда, муаллиф онро “матбуоти хурд” ном бурдааст, вале бо хурдии худ ин навъи матбуот ба қавле кори калонро анҷом дода метавонад. Зеро пешрафту тараққиёт нуқсону камбудиҳои ҳаёти маҳалро пеш аз ҳама дар саҳифаҳои мтбуоти маҳал дидан мумкин аст. Ҳамин омилро муаллиф яке аз сабабҳои босуръат ва доманадор рушд кардани матбуоти маҳаллӣ дар солҳои сиюми асри гузашта ном бурдааст.

Пӯшида нест, ки дар замони шӯравӣ матбуоти маҳаллӣ аз аҳамияти калон бархӯрдор буд. Он дар баробари як органи хурди нашаротӣ дар маҳалҳо буданаш ва идеологияро тарғиб карданаш инчунин масъалаҳои иҷтимоии ҳаёти маҳалро пайваставу доманадор инъикос мекард. Дар китоб ҳам таъкид болои он аст, ки дар шароити кунунӣ ба матбуоти маҳаллӣ дар кишвар диққат дода, ҷойгоҳи онро устувор намудан лозим аст. Гап дар сари он, ки матбуоти маҳаҳллӣ бояд ба шеваҳои гуногуни баён сабку услуби ҷолиб таваҷҷуҳи хонандаро ҷалб карда тавонад. Аз муваффақияту мушкилоти маҳал ҳарф занад, вале танҳо ба ин иктифо накунад.

Воқеан, нерӯи матбуоти маҳаллӣ дар шароити рақобатҳо ба таври ҳамеша дар мавҷудияти робита бо матбуоти марказӣ ва оҷонсиҳои иттилоотӣ ба амал меояд. Ба андешаи муҳаққиқ А. Қутбиддинов маҳбубияту фаъолияти матбуоти маҳаллӣ маънои онро надорад, ки бояд ба таври қатъӣ ба мавзуъ ва масъалаҳои ноҳияву шаҳр маҳдуд шавад. Зеро “...дар сурати ба амал омадани чунин маҳдудият холигаҳе барои пайдо гаштани матбуоти ба қавле муроқиб ба миён меояд. Нақши таъсирбахшии васоити ахбор коста мешавад, ки ин нуфузи расонаро дар шароити интихоби зиёду васеъ поин мебарад”.

Китоби “Моҳият ва таъиноти матбуоти маҳаллӣ барои муҳаққиқону омӯзгорони журналистика ва донишҷӯёну алоқамандони соҳа пешниҳод шуда, ҳамчун як як дастури илмиву методӣ хидмат расонида метавонад.

 

Маҳмудҷон Усмонов

ассистенти кафедраи

журналистикаи байналхалқӣ

baqulla

Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп баровард ва онро ба сохторҳои илмиву таълимӣ, хоҷагидории донишгоҳ, ки обуна шудаанд, тақсим намуд. Ҳар як шумора бо теъдоди 9500 нусха чоп гардидаанд.

 

(Чанд андеша дар бораи монографияи Хушдил Раҳимҷонов «Этические нормы: теория и практика применения в таджикской журналистике» («Меъёрҳои ахлоқӣ: назария ва амалияи истифодаи онҳо дар журналистикаи тоҷик»). – Душанбе: Ирфон, 2017. – 176 с.)

 

jumhur

       Матбуотро барои он оинаи ҳаёт меноманд, ки он раванди зиндагии иҷтимоиро пайваста ва холисона инъикос менамояд. Ин зиндагии иҷтимоие аст, ки тавассути фаъолияти одамон ва ба ҳам иртибот гирифтани онҳо шакл гирифтааст. Чи қадаре ки ин раванд дар ин оина воқеиву холисона инъикос гардад, ҳамон қадар эътиқоду эътимоди мардум ба он зиёд мешавад.

 

Муроди

Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ». – Душанбе: Аржанг, 2017. – 224 с.

 

Дар шароити кунунӣ пешрафту тараққиёти ҷомеа ва тамоми соҳаҳои ҳаётро бидуни воситаҳои ахбори омма (ВАО) тасаввур кардан ғайриимкон аст. Хоса дар замони истиқлолияти кишвар барои пешрафту таҳаввулоти ВАО, махсусан матбуоти даврӣ шароити мусоид ба вуҷуд омад. Ҳарчанд дар солҳои аввали истиқлолият матбуоти даврӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ гардид, вале дар охири солҳои 90-уми асри гузашта тадриҷан рӯ ба инкишоф овард.

 

Вохури1

Дар оғози моҳи ноябр сурат гирифтани сафари расмии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон боз як ҷабҳаи сиёсати байналхалқии Тоҷикистонро таҳким мебахшад.  Ин сафари роҳбари кишвари Туркманистон ба ҷумҳурии мо боис гашт, ки зиёда аз даҳ санадҳои нави ҳамкориҳои ду давлати бо ҳам дӯст ба имзо расанд. Бори дигар зикр гаштани нақшаҳову тарҳҳои сохтмонҳои роҳи оҳан ва дигар масъалаҳои коммуникатсионӣ дар нишасту мулоқоти роҳбарони ин давлатҳо аз он дарак медиҳад, ки дурнамои неки инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ ин ҷумҳуриҳоро интизор аст. Бародаршаҳр эълон гаштани Душанбеву Ашқобод гувоҳу далели устувор будани робитаҳои ояндаи ин кишварҳо ба ҳисоб рафта метавонад.

 

Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар

23140368 899512586879753 1469349030 n 

Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду андарзи зиндагӣ баҳравар гардад, аввалин омӯзгор ва ё муаллимашро пеши назар меоварад, пайваста ёд мекунад. Охир, он заҳмату меҳнати омӯзгор буд, ки чашми дилат кушода шуд, ба олами нуру зиё пайвастӣ. Омӯзгорон зиёданд, аз онҳо дар ҳар фан баҳраёб шудаӣ, хешро дарёфтӣ. Вале баъзе муаллимон, омӯзгороне ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ натавонӣ аз ёд бурд. Он омӯзгор бо ҳақгӯию ҳақҷӯӣ ва сахтгирию меҳрубонӣ дар ҳаёти мо нақш гузоштааст.

 

фарханг

Истилоҳ ё ифодаеро бо номи «таҳоҷуми фарҳангӣ» падидаи нав донистану қабул кардан ғалат аст. Аксаран дар ҷомеа чунин пиндоште вуҷуд дорад, ки гӯё ин мафҳум замонавӣ ва ҳамқадами ҷараёни ҷаҳонишавист. Аммо ҳазорон сол қабл низ ин таҳоҷум дар мафкураҳо ҷой дошт ва бештар барои фарҳангу дину оину эътиқодҳои нав замина фароҳам меовард.

 

Телевизион

Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва пурмашаққатест, ки на ҳар инсон дар ин ҷода муваффақ гардида метавонад.

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.