SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
28/04   ЭЪТИМОД БА СУХАНИ СОЗАНДА - " ЭЪТИМОД БА СУХАНИ СОЗАНДА (ё чанд назари иҷмолӣ ба китоби академик М. С. Имомзода ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."

ЭЪТИМОД БА СУХАНИ СОЗАНДА

(ё чанд назари иҷмолӣ ба китоби академик М. С. Имомзода «Тараннуми садоқат ва муҳаббат» (Душанбе: ЭР-граф. 2021. – 244 с.)

Ба нашр расидани китоби академик Муҳаммадюсуф Имомзода таҳти унвони «Тараннуми садоқат ва муҳаббат» ро метавон як муждаи нави фарҳангиву адабӣ номид. Ин асар самти нави эҷоди муаллиф аст. Аз мазмуну муҳтавои он бармеояд, ки муаллиф ҳанӯз аз оғози солҳои ҳаштодуми асри гузашта, дар баробари таълифи мақолаву асарҳои илмӣ ба эҷоди публитсистӣ низ машғул будааст. Ин китоб гулчини мақолаҳои публитсистии муаллиф буда, фарогири ҳашт фасл аст. Ин фаслҳо бо номҳои «Пешвои миллати тоҷик», «Истиқлолияти ватан», «Пайи илм чун шамъ бояд гудохт», «Миллати созандаву бунёдкор», «Волоияти қонун», «Меҳрнома», «Мусоҳиба» ва «Замима» ҳар кадом аз мақолаҳои мувофиқ таркиб ёфтаанд.

MIK

 

          Чор мақолаи фасли аввал ба ҳамдигар пайванди мантиқӣ доранд. Дар мақолаҳои «Рӯзи Президент – рамзи эҳтиром ва садоқат», «Ҳамнавои дили халқ», «Асли пирӯзии Пешвои миллат» ва «Давлатдорие, ки принсипҳои асосияш илм, хирадсолорӣ ва такя ба таҷриба аст» муаллиф талош намудааст, ки заҳматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар асоси таҳқиқи таърихӣ бозгӯ намояд. Дар ин мақолаҳо пеш аз ҳама таҷаллии ҷаҳонбиниҳо дар партави ифодаи фикри мустақил ва ташхису таҳлили амиқ дар асоси дарки ҳақиқии воқеият ҷараён пайдо кардаанд. Муаллиф ҳамчун олими публитсист таҷзияи андешаҳоро дар ин бахш бо мақсади шакл гирифтани идеал самт бахшидааст. Хонанда эътимод пайдо менамояд, ки заҳматҳои Пешвои сулҳовару ваҳдатдӯст муҷиби оромиву субот дар давлати тоҷикон гардидааст. Дар ҳар як мақолаи ин бахш хитобаву шиорпартоиҳои умумӣ ноайёну номаълум сурат гирифта, қазовати андешаҳо хонандаро андармон менамоянд, ки як шакли хоси услуби публитсистӣ ба шумор меравад. «Истиқлолияти ватан» бахши дигари ин асар аст, ки бештар ҷанбаҳои худшиносиву ҳуввияти миллиро фаро гирифта, аз бисёр ҷиҳат фасли аввалро пурра месозад. Мақолаҳои «Истиқлолияти ватан», «Ҳикмат ва мантиқи ваҳдат», «Дар маърифати ваҳдатофарӣ», «Ном ва ҳуввияти миллӣ» бо уфуқҳои васеъ миллати ватандӯсту ваҳдатпараст будани тоҷиконро нишон додаанд. Муаллиф аз усули таҳлили комплексӣ истифода бурда, хосияти фалсафию адабии гуфтор ҳақиқати замонро пешниҳоди хонанда гардонидаанд.

Бахши «Пайи илм чун шамъ бояд гудохт» аз мақолаҳои «Ҷавҳари илму дониш», «Гаҳвораи кадрҳои миллӣ», «Манфиат ва арзишҳои миллӣ» иборат гардида, дар баробари андешаҳои дар асоси асноду рақам таркибёфта, хусусияти тарғибиву ташвиқотӣ доранд. Дар ин бахш арзиши маънавии китоб ҳамчун махзану ганҷинаи дониш бо тақвияти андешаҳои илмиву оммавӣ баррасӣ гардида, афкору хулосаҳои муаллиф миллати китобхону китобдӯст будани тоҷиконро нишон додаанд. Тарбияи кадрҳои лаёқатманд ҳамчун омӯзгору роҳбар дар маркази таваҷҷуҳи муаллиф қарор ёфтаанд ва дар раванди ҷаҳонишавии босуръат ҳаммилатони худро огаҳу дорои ҷаҳонбини замонавӣ дидан мехоҳад.

Дар фасли «Миллати созандаву бунёдкор» бо мақолаҳои «НОБ-и Роғун олами нангу номус аст», «Нақши Президенти Тоҷикистон дар таҳкими дипломатияи об», «Душанбе – маркази дипломатияи об» як навъ қаноатмандии муаллифро аз миллати бунёдкору созандаву ташаббускор будани миллати тоҷик дидан мумкин аст. Дар ин бахш бештар аз ҳама образи халқи бунёдкори тоҷикро дидан мумкин аст, ки дар сангари мубризаҳо бо роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворона ба пеш қадам мегузорад. Муаллиф дирӯзу имрӯзро қиёсу таҳлил намуда, фардои кишварро дурахшон мебинад. Ин ҷиҳатро дар бунёди НОБ-и Роғун ҳамаҷониба баррасӣ намуда, андеша дорад, ки «…бо бунёди ин нерӯгоҳ Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрати беназир пайдо мекунад ва зиндагии мо бо ҷилои нури он тағйири куллӣ хоҳад ёфт» (саҳ.108). Дар мақолаҳои дигари ин бахш кишвари ташаббускор будани халқи тоҷик дар асоси факту далелҳои возеҳ баррасӣ гардидаанд.

Фасли «Волоияти қонун» се мақоларо дарбар гирифта, аз он мужда медиҳад, ки дар кишвари тоҷикон салтанати қонун муҷиби хушбахтиву саодати халқ мебошад. Муаллиф дар ин мақолаҳо ҳамчун як публитсист чунин оҳанги андешаҳоро самт бахшидааст, ки танҳо дар ҷомеаи таҳти қонун қарордошта, суботи иҷтимоӣ таъмин мегардад. Махсусияти низоми қонунгузории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муаллиф дар дар такомули ташакули тадриҷии ҷанбаҳои фарҳангии қонунҳо ва ҳамовозии ҷомеа ба онҳо мебинад.

Дар қисмати «Меҳрнома» навиштаҳои эссемонанди «Мусаввири армонҳо», «Парастуҳои сулҳ», «Омӯзгор ва олими дарёдил», «Баландахтар», «Зи доное даме арзад ҷаҳоне», «Қатра дарёст…», «Рейтинги даҳ нависандаи маъруф», «Парвози баланд» чандин ҳадафи муаллифро ба ҳам овардаанд. Агар аз якҷониб дар баъзе навиштаҳо муаррифии образи асарҳо мушоҳида гардад, аз ҷониби дигар дар ҳошияи андешаҳои таҳқиқӣ мавқеи фардии фарзонафарзандон дар ҷомеа ба назар мерасад. Оммавияти навиштор дар он ба назар мерасад, ки муаллиф бо пешниҳоди содаи матлабу ҳадаф бо хонанда хеле осон дар гуфтугӯ қарор мегирад. Дар ин қисмати китоб хусусиятҳои жанрии очерку эссе бештар ба назар мерасад ва дар заминаи образҳои алоҳидаи матраҳгардида (адибону муҳаққиқон) ҳадаф ошкор мешавад. Хулосаву андешаҳои илмӣ низ хеле равшану мушаххас ба назар расида, омезиш ёфтани афкори таҳқиқиву оммавӣ ҷолибияти баёнро дар нишон додани мавқеи иҷтимоии эҷодкорони асил афзудаанд. Чунончӣ муаллиф дар мисоли нависандаи муваффақ Абдулҳамид Самад андеша дорад, ки «…солҳои 70 ва ибтидои 80 ба арсаи адабиёт як гурӯҳ нависандагони ҷавон қадам гузоштанд, ки ҷараёнҳои ҷадиди наср ба номи онҳо тавъаманд» (саҳ.163) Чунин андеша дар мисоли симои Рассоми халқии Тоҷикистон Кароматулло Ғаюров низ бо пеш овардани намунаи дастовардҳо ба назар расида, гуфта мешавад, ки «…ҳунари наққошӣ ба мисли санъати «Шашмақом» аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, дар марҳилаи имрӯза тавассути К.Ғаюров ва чанд тан наққошони мумтози дигар рушуд нуму дорад» (саҳ.176) Ин фасл хусусияти бадеии гуфторро соҳиб буда, тасвирҳои образноки фалсафӣ дар нишон додани образҳои намуна низ (Абдураҳмон Бухоризода, Мукаррама Қосимова, Урватулло Тоиров, Ҳуснигул Талбакова, Зариф Ғулом) таваҷҷуҳи хонандаро бедор менамоянд.

Қисмати дигари китоб таҳти унвони «Мусоҳиба» аз ду мусоҳибаи ихтисосӣ иборат гардидаанд, ки хеле хонданӣ мебошанд. Дар мусоҳибаи «Ҳадаф ташкили давлати миллӣ буд» масъалаҳои худшиносии миллӣ матраҳ гардидааст ва мусоҳиб назару мавқеи мушаххаси М.Имомзодаро дар шинохти шахсиятҳои шинохтаи оғози асри бист (Айнӣ ва Фитрат) хеле нозукона муайян гардонидааст. Дар мусоҳибаи «Мактаб аз гаҳвора оғоз меёбад» масъалаҳои таҳқиқ ва таълим омезиш ёфтаанд ва андешаи хоси муаллиф аст, ки «…ҳар касе касбашро дӯст дорад, обрӯю манзалат пайдо мекунад» (саҳ.229). Дар ин мусоҳиба бештар таҷассуми афкори олим, омӯзгор ва адибро мебинем. Қисмати ниҳоӣ, ки «Замима» номгузорӣ гардидааст, номгӯи мақолаҳои публитсистии муаллифро дарбар гирифтааст. Дар ин феҳрист тартиби хронологӣ риоя гардида, бозгӯи он аст, ки муаллиф ҳамчун публисист ҳамқадами замон аст.

Аз мутолиаи асар хулосае бармеояд, ки академик Муҳаммадюсуф Имомзода чун як муҳаққиқ ва публитсист нисбат ба масоили муҳими иҷтимоӣ назари худро дорад ва дар тамоми давраҳо ба дарки муаммоҳои рӯз расидагирӣ карда тавонистааст. Асари «Тараннуми садоқат ва муҳаббат» пеш аз ҳама бозгӯи фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии муаллиф аст, ки чор даҳсола идома дорад. Ин китоб дар тарбияи маърифативу маънавии ҷомеа нақши муҳим дошта, эътимод ба сухани созандаро таҳким мебахшад.

Сангин Гулзод,

Бахтиёр Қутбиддин,

устодони ДМТ

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет ба почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93-500 - 35 - 37

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.