SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
07/10   ҲАР КИРО УСТОД НАБВАД КОР БАР ... - " ҲАР КИРО УСТОД НАБВАД КОР БАР БУНЁД НЕСТ… Касби омӯзгорӣ ин пешаест пурифтихор ва ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
28/04   ЭЪТИМОД БА СУХАНИ СОЗАНДА - " ЭЪТИМОД БА СУХАНИ СОЗАНДА (ё чанд назари иҷмолӣ ба китоби академик М. С. Имомзода ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."

ҲАР КИРО УСТОД НАБВАД КОР БАР БУНЁД НЕСТ…

Касби омӯзгорӣ ин пешаест пурифтихор ва омӯзгор нафарест, ки дар ҷомеаи мавқеъи муҳим дошта, тарбиятгари насли имрӯзу фардои мо ба ҳисоб меравад. Оре, омӯзгор шахсеро мегӯянд, ки ба мо хондану навиштан, одобу рафтор, илму дониш ва хислатҳои хуби ҳамидаи инсониро омӯзонида роҳи дурусти зиндагиро нишон медиҳад.

 

Албата баробари ба забон гирифтани номи омӯзгор пеши назар симое тасвир мегардад, ки барои мо ошно ва наздиктар дар қалбҳои мост. Симои омӯзгорро тавре бояд тасвир кард, ки ҳамеша поянда ва абадзинда бошад. Чи тавре ки мо медонем нақши омӯзгор, таълиму тарбия ва кору фаъолияти ӯ шоистаи таҳсинҳост.

Дар ин миён, агар чи мо сухан гуфтанро дар айёми кӯдакӣ омӯзем, лекин аввалин нафаре, ки тарзи дурусти хондану навиштанро ба мо меомӯзонад маҳз омӯзгор аст. Эшон ҳамавақт кӯшиш мекунад, ки хонандаро соҳиби илм ва дорои касбе гардонад ва ӯ шахсиятест, ки баъд аз волидон дар таълиму тарбияи мо заҳмати зиёд кашида, моро ба қуллаҳои баланди дониш бурда расонад. Бояд мо ҳамеша кӯшиш кунем, ки ба қадри ин ҳама заҳматҳои омӯзгор расида тавонему шаъну шараф ва обрую эътиборашонро баланд бардошта он ҳама хизматҳое, ки дар ҳаққи мо насли хушабахти ояндасози миллат анҷом додаанд фаромӯш насозем.

 

То ин ки тифл хонаду соҳибҳунар шавад,

Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад.

Лаънат ба он касе, ки баъд аз хатми мактабаш,

Аз меҳнати муаллими худ бехабар шавад.

Оре, ин мисраъҳои зерин дар худ маъниҳои зиёде дорад ва дар ҳар сатри он ҳикмате ҷой гирифтааст, лекин дар миён бояд як нуқтаи дигареро қайд кард, имрӯз баъзе нафароне ҳастанд, ки ба хондан ва аз бар кардани илму дониш шавқу рағбати зиёд надошта, бар замми ин бо омӯзгорон дағалона рафтор мекунанд, ки ин боиси гум кардани қадру қимати хеш дар назди дигарон аст. Чӣ боис шуда метавонад, ки муомилаи баъзе ҷавонон бо муаллимон чунин аст? Шояд сабаб дар он бошад, ки сари вақт иҷро накардани супориши хонагӣ, ба дарс дер мондан, либоси дуруст напӯшидан ва он қоидаҳое, ки мо онро бояд риоя кунем вайрон мекунанд! Лекин ин мушкили бояд ҳалли роҳе дошта бошад. Роҳи бартараф кардани ин мушкили дар он аст: якум сари вақт супоришҳое, ки аз тарафи омӯзгорон дода мешавад иҷро намоянд; дуюм кӯшиш кунанд, ки ҳеҷ вақт ба дарс дер наоянд; сеюм либоси дурусти тавсияшударо ба бар намоянд, ва ин метавонад дигарбора мавқеъи онҳоро дар байни дигарон боз ҳам боло бардорад. Аз ин лиҳоз ман фикр мекунам, ки ҳеҷ мушкиле барои хондани илму дониш дида намешавад. Имрӯз тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, бештари вақтаро ба хондани китобҳои бадеӣ сарф кунем, чунки танҳо илму донишро ба мо китоб медиҳад.

Хуллас, касе, ки пешаи омӯзгориро меписандад, хушбахтарин нафарест, ки маҳз ин ҷодаро интихоб кардааст. Омӯзгори хуб шудан ба ҳар кас муяссар намегардад ва дар дили хонандаи худ мавқеъ пайдо кардан заҳмати зиёдро металабад. Муваффақият хоҳонам ба он касоне, ки дар оянда омӯзгор мешаванду ин номи пуршарафро боло мебардоранд.

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Ҳеҷ Мавлоно нашуд муллои Рум,

То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

 beknazm

Бекназарзода Меҳриддин,

донишҷӯи соли дуюм

 

.

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет ба почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93-500 - 35 - 37

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.