SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

mmmmmmmm111Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари суннатҳои номаи публитсистии давраи пеш мебошанд. Ин номаҳо ифодагари хусусусият ва таҳаввулотҳои замон ва мушкилоти он буда, дар роҳи ташаккулу таҳаввули он таъсири нома хеле калон аст. Ба ин маънӣ андешаи зерини Иброҳим Усмонов ҷон дорад: «Андешае ҳам буданаш мумкин аст, ки мактуб ба сабаби набудани матбуот аввал адабиётӣ шудааст,яъне рўзнома ё маҷаллае набуд, ки гўянда фикрашро тавассути он баён кунад, бинобар ин бо нома баён мекард. Сабаби ин мулоҳиза дар он аст, ки мавзўъ ва мундариҷаи мактуб хислати инфиродӣ надошт, балки аҳамияти иҷтимоӣ дошт». Ба таҳаввули ин равиши номанигорӣ фазои хоси демократӣ, озодандешӣ ва бедории миллӣнақши судманд доштааст. Омили дигаре, ки бешак, барои такмили шаклу мундариҷаи мактуб дар даврони истиқлол асос гардид, таъсиси рўзномаҳои мустақил буд. Фазои озоди иттиллотӣ шароитеро фароҳам овард, ки табақаҳои мухталифи ҷомеа шакли шахсии муроҷиатро афзал шуморида, ба таъсири мактуб итминон пайдо карданд.

Таҳлили намунаи мактубҳое, ки дар ин давра дар рўзномаву маҷаллаҳои давлатӣ ва мустақил нашр шуданд гувоҳи он аст, ки миёни типпи шахсият ва афзалияти жанрии номаи публитсистӣ алоқамандии қонунӣ вуҷуд дорад. Аҳамият ва арзиши дигари номаҳои ин давра ба санади муҳими дигар низ вобаста мебошад. Дар вақти дақиқ омўхтани мактубҳо маълум шуд, ки бисёре аз масъалаҳое, ки бори аввал дар номаҳои кушоди давраи истиқлол ба миён гузошта шудаанд, аҳамияти ҷамъиятиву давлатӣ дошта, ба пешрафти соҳаҳои мавриди назари муаллифи мактуб ёрии амалӣ мерасонанд.

Вазифае, ки муаллифи мактуб дар пеши худ гузоштааст, хусусияти мактуб ва моҳияти ҳадафи муаллифро муайян мекунад. Ин гуна мактубҳо то ҷое фикри умумро оид ба масъалае, ки дар мактуб ба миён гузошта шудааст, шакл медиҳанд.

Бештарини ин мактубҳо масъалаҳои иҷтимоиёт, ахлоқ, мактабу маориф, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ғайраро дар бар мегиранд. Махсусан таваҷҷўҳ ба ин масъалаҳо дар номанигории солҳои баъди навад ва баъди он афзоиш ёфта, масъалаҳои муҳими ҳаёти фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии ҷомеа ба воситаи мактуб таҳлил ва арзёбӣ шудаанд. Қисме аз ин гуна мактубҳо масъалаҳои рўзмараи фарҳанг ва мактабу маорифро ба миён гузоштаанд. Дар ин миён ҳастанд мактубҳое, ки хеле ҷиддӣ буда, мушкилоти бунёдии соҳаро матраҳ ва роҳҳои ҳалли онро низ пешниҳод кардаанд.

Шояд суоле пайдо шавад, ки чаро муаллиф барои баёни андешаҳояш жанри дигар, масалан мухбирномаро интихоб накарду мактуби кушод навишт? Албатта ў бо ин амал мавқеияти ин ё он жанрро паст надонистааст. Вале дар ин ҳол вазъият, зарурат интихоби жанри публитсистиро аз ў тақозо кардааст ва дар ин ҳолат интихоби дуруст сари мактуб қарор гирифтааст.

Дар мактуби дигар, ки падару модарон ба номи Вазири маориф навиштаанд, масъалаи дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз нав барқарор кардани шўъбаи омўзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба миён гузошта шудааст. Муаллифон ин талаби худро ба далели камбуди омўзгорон асоснок кардаанд.

Он шароите, ки муаллифони чунин мактубҳо хостаанд ба мақомоти дахлдор ва ҷомеа таъсир гузоранд, шакли мактуби кушодро муносиб дониста, «қаҳрамон»-ро ба саҳна меоварад, ки ба жанр рўҳу равони тоза мебахшад. Аз ин ҷиҳат «фақат дар мактуби кушод мешавад, бевосита ба «қаҳрамон» муроҷиат кард ва таваҷҷўҳро ба оҳангҳои шахсӣ ва равишҳои ахлоқӣҷалб кард.»2

Таҳлили ба муддао ва бо далели вазъият ва иштироки шахс дар он хусусиятҳои ҷолиби мактубҳои публитсистии замони истиқлол мебошад. Нашри чунин мактубҳо дар давраи истиқлол ҳам дар нашрияҳои ҳукуматӣ ва ҳам мустақил имконпазир ва самарабахш гардид ва ба ин васила масъалаҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ ва адабию фарҳангӣ ба миён гузошта шуд.

Ҳамин тариқ вазифаи чунин мактубҳо на фақат иборат аз огоҳ кардани ҷомеа аз вазъиятҳои муайян, камбудиву муваффақиятҳо, на танҳо нисбат ба чунин санадҳо афкори умумро тарҳ додан аст, балки ин номаҳо пойдевори устуворест, ки бинои тасаввуротҳоро дар бораи дурустиву нодурустӣ комил месозад. Ҳадафи ин гуна мактубҳо шиносонидани ҷомеа бо номагир низ ҳаст, ҷомеаро аз шахсият ва мавқеи иҷтимоии номагир огоҳ мекунад, ба амалу кирдори ў баҳо медиҳад. Аксаран ин ҳама даъват ба амал кардан аст.

Ин тарзи муроҷиат бевосита ба он алоқаманд аст, ки муаллиф на фақат вазъияти хос ва мавқеъи муроҷеъро ошкор месозад,балки муаллифи мактуб бо дарки ҳаводиси воқеии зиндагӣ, бо муроиҷиат ба номагир (ба ин васила ба хонандагон) чун шахсият ба майдон мебарояд. Дар мисоли мактуби шахсиятҳои баргузидаи Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шакурӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Раҳим Масов, Валӣ Самад, Урун Кўҳзод, Муҳаммад Ансор, Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоев ва Низом Қосим ба раиси он вақтаи Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон М. Давлатов, ки дар рўзномаи «Ҷунбиш» моҳи августи соли 1999 чоп шуда ва онро ҳафтаномаи «СССР» такроран 9 марти соли 2011 нашр намудааст, метавон хулоса кард, ки ин гуна мактубҳои публитсистӣҳосили эҳтиёҷоти маънавӣ ва моддии аҳли ҷомеа мебошанд. Онҳо на фақат дар атрофи мушкилоте фикри аҳли ҷомеаро ба вуҷуд меоваранд, балки як навъ муаррифии шахсият ва мавқеии иҷтимоии муаллифон низ ҳастанд. Аз ин ҷиҳат дар номаи зикршуда, андешаи соҳибназарони кишвар оид ба вазъияти мавриди назар ҳадафи созандаи публитсистӣ дошта, дар қиёс бо воқеиятҳои таърихӣ имкони сар даровардани пантуркизм ба ҷомеи тоҷикон пешбинӣ шудааст. Ҳафтаномаи «СССР» низ сабаби такроран баъди 12 сол чоп кардани номаро дар он мебинад, ки баҳсҳо «сари будану набудани литсейҳои туркиро хатари овезони сари Тоҷикистон» дониста, дар қиёс бо воқеияти таърихии солҳои 1908-1910, ки гурўҳе аз рўшанфикрони бо таҳсил дар Туркия пантуркист шуда буданд, афзоиши литсейҳои туркӣ ва ба Туркия барои ба таҳсил фиристодани ҷавонони тоҷикро барои ояндаи миллат хатарзо арзёбӣ кардаанд. Аз ҷумла дар ин мактуб омадааст: «Мақсад аз литсеҳои Туркия дар Тоҷикистон заминаи идеологӣ тайёр кардан барои иҷрои ниятҳои ниҳойии пантуркистӣ мебошад. Бинем, ки дар ин литсейҳо аҳвол чӣ гунна аст. Дар «Созишномаи ҳамкории Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати хусусии Узал –шалола(2 сентябри 1992) гуфта шудааст, ки «мудири литсею коллеҷҳо, муаллимон ва муррабиёни дарсҳои махсус аз Туркия фиристода мешаванд. Муаллимони забони тоҷикӣ, расмкашӣ ва мусиқӣ ва тарбияи ҷисмонӣ аз тарафи Тоҷикистон таъин мегарданд. Яъне ҳамаи дарсҳои асосиро, аз ҷумла таърихи ҷаҳон, таърихи Туркия ва таърихи Тоҷикистонро муаллимони аз Туркия фиристодашуда аз рўи барномаву китобҳои дарсии туркӣ мегузаранд ва фақат физкултураву расмкашиву мусиқӣ ба зиммаи муаллимони тоҷик мондааст. Мо ин гуна тақсими вазифаро ноҷоиз ва ниҳояти беинсофӣҳисоб мекунем.

Сардори ҳамаи литсейҳои турк аст. Ҳар сардор чанд муовин дорад, ки фақат яке аз онҳо аз тарафи Тоҷикистон таъин мешавад, ки он ҳам узбек аст.

Дар литсейҳо бо дасти намояндагони туркия муттамарказ шудани ҳама роҳбарии таълиму тарбия ҳаргиз ба фоидаи Тоҷикистон нахоҳад буд.»3

Дар мисоли мактубҳои таҳлилшуда дидем, онҳо боқалами муаллифони алоҳида ва гурўҳи муаллифон тааллуқ дошта, муроҷеашон низ   танҳо нест. Мактуб дар кадом шакле, ки бошад бояд мушкилоти мавриди назари муаллифро ба тариқи равшан ва таъсиргузор ифода кунад. Бинобар ин ҳам ошкор кардани моҳияти мушкилоти моддиву маънавии ҷомеа ҳадафи аслии номаи публитсистӣ боқӣ мемонад. Ба ифодаи М. Муродов«Осори публитсистии равшанфикрон, ки дар давраҳои гуногуни инкишофи матбуоти тоҷик интишор ёфтаанд, ҳам махсусияти умда ва ҳам хоса доштааст. Хусусияти умда он буда, ки дар ҳамаи онҳо таъсири ғояи замон, аҳдофи иҷтимоии публитсистика бартарӣ дорад.»4

Бисёре аз мактубҳое, ки дар ин давра нашр шудаанд, ангезаи шахсӣ, иҷтимоӣ ва ё адабию фарҳангӣҳам доштаанд. Муаллифи мактуб бо дарки воқеият ё ҳаводисе, ки ҷараён дорад, ба навиштани мактуб иқдом менамояд. Аз ин ҷиҳат мактубҳои нашршуда аз назари мавзуву мундариҷа хусусияти хос доранд. Муаллиф ё муаллифон ба санаду воқеиятҳое таваҷҷўҳ кардаанд, ки бевосита ба номагир ва имконияти касбии ў вобастаанд. Муаллифони ин гунна мактубҳо дар асоси санадҳо номагиронро бовар мекунонанд, ки мавзўъ марбути амалу кирдори ўст. Аз ин ҷиҳат мавзўи нома асоси мундариҷаи ғоявии он аст, ки ба номагир ирсол мешавад. Ба андешаи устодон Асадуллои Саъдулло ва Пайванди Гулмурод «муаллифи мактуби кушод бар он мекўшад, ки номагир аз таҳти дил сўҳбат кунад ва ба афкору эҳсосоти ў таъсир расонад. Дар айнӣ замон мактуби кушод ба унвони дуюм-хонандагон низ равона карда мешавад, ки онҳо ҳамчун ҳаками баҳс доир ба масъалаҳо бояд андешаашонро бигўянд.»5

Бисёре аз ҷунин номаҳоро муаллифон ба унвони Президенти кишвар фиристодаанд, ки воқияти ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии даврони истиқлол аст. Ин гунна мактубҳо, ки масъалаҳои шахсӣ ва марбут ба ҳаёти маишию иҷтимоӣ ва фарҳангии сокинони кишварро матраҳ кардаанд, номагир (Президен)-ро охирин додрас шинохтаанд ва умеди ҳалли мушкилоташон кардаанд. Дар замина метавон аз номаи кушодаи 136 нафар сокинони деҳаи Артуч, Мадавра ва Яккахонаи шаҳри Панҷикент ба номи Эмомалӣ Раҳмон ёд кард, ки дар он масъалаи тахаллуфкорӣ дар бунёди истгоҳи барқии обӣ ва ҳалли он ба миён гузошта шудааст. Дар нома сухан аз он меравад, ки «ҳарчанд тавассути расонаҳои хабарӣ дар бораи ба истифода дода шудани НХБО «Артуч» иттиллоъ пахш «гардида бошад ҳам, то замони нашри нома (1 феврали 2007) «ин нерўгоҳ ягон киловатт соат барқ истеҳсол накардааст.»6

Ин гунна мактубҳо, ки ҳалли масоили гуногунро (масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳукуқӣ, адабию фарҳангиро) аз номагир тақозо кардаанд, гувоҳи мавқеияти ин жанри публитсистӣ дар ҷомеаи шаҳрвандии имрўзаи тоҷикон аст.

Таҳлили номаҳои шахсӣ масъалаи назарии баҳам таъсиргузории фаъолияти номанигорӣ ва жанри мактуби публитсистиро ба миён мегузорад, ки хулосаи зерро дар бар мегирад:

    1.Махсусияти давраи ибтидоии санади эҷодӣ дар он аст, ки лаҳзаи созанда мактуби хонанда мешавад;
    2.Дар чунин номаҳо ё ҷавоб ба онҳо публитсисти номанигор сааъй мекунад, ки бо хонанда алоқа барқарор кунад. Воқеият ин аст,ки бо воситаи ин жанр шакли муайяни муносибатҳои инсонӣ ба саҳифаи матбуот бароварда мешавад.

            Табиати жанри номаҳои публитсистӣ усули равонии шинохти воқеиятро низ ба асос мегирад.Барои ҳамин ҳам муроҷиат ба жанри номаи публитсистӣ сифатҳои муайяни равониро тақозо мекунад. Истифодаи дурусти имконияти номаи публитсистӣ имкон фароҳам меоварад, ки монеаҳои мавҷуди тамос бо тарафи муқобил бартараф карда шавад. Ҳадафи коммуникативии жанри номаи публитсистӣ интихоби хосси усули эҷодро дар назар дорад, ки иборат аст, аз муроҷиати якрост ба шунавандаю хонандае ўро фаъол месозад. Дар замони истиқлолият афзудани шавқи рўзноманигорон ба жанри номаи публитсистӣ ба омилҳои гуногун алоқаманд мебошад. Дар ин раванд ба хусус шакли мактуби кушоди матбуотӣҷойгоҳ ва нақши хос дорад. Сабаби фаъолии ин жанр боз дар он аст, ки ба воситаи жанри мактуби публитсистӣҳамаи аносири амалкунандаи низоми рўзноманигорӣ:таблиғот, муаррифӣ ва ташкилотчигӣ амалӣ карда мешавад.Вале ҳадафи аввали он таблиғ аст, ки аз табиати ин жанр берун меояд. Дар ин замина дар матбуоти мо шумори номаҳои хусусияти зидди таблиғи дошта, ки дар шакли ҷавоб ба нома навишта мешаванд, афзудааст. Хусусияти бедоркунии номаи публитсистӣба ташкили бо самари фаъолияти васоити ахбори омма мусоидат мекунад.

Вақте ки номаҳои дар ин равиш нашршударо аз назар мегузаронем масъалаи шинохти хусусияти айнӣ ва зеҳнии жанри номаи публитсистӣ ба миён меояд. Дар ин гуна номаҳо масъалаи мавриди назар, махсусияти айнӣва зеҳнӣ ва вазъияти таъсири мутақобилаи онҳо ба ҳам меояд, ки пеш аз ҳама аҳамияти ахлоқӣ, маърифатӣ ва сиёсӣ дошта, ба вазъи иҷтимоии ҷомеа низ бетаъсир намемонад.

Моҳияти ин ҷараёнро дар таърихи матбуоти мо низ суханони зерини ба ифодаи Е. П. Прхоров «донандаи бузурги журналистика М. И. Калинин» тавзеҳ медиҳад:

«Мактуб ба рўзнома, ҳарчанд ба номи ман бошад ҳам, аллакай мактуби хусусӣ, шикояти шахсӣ нест, балки ҳуҷҷат аст: муаллиф бо мактуби худ саъй мекунад, ки амали сиёсӣ кунад, вай таваҷҷўҳи ҷомеаро ба бадкориҳои ба худаш маълум ҷалб карда, сабабҳои онро ошкор мекунад ва гоҳо василаи аз байн бурдани ин бадкориҳоро низ пешниҳод менамояд.»7

Ҳамин гуна номаҳо дар саифаи «Розу ниёз»-и рўзномаи «Ҷумҳурият» ба чоп расидаанд, ки ба муҳити ҷомеа таъсири амиқи публитсистӣ мерасонад. Таҳти унвони «Розу ниёз» рўзнома номаҳоеро нашр кардааст, ки аз бурду бохти ҷомеаи имрўзаи мо хабар медиҳанд. Рўзномаи «Ҷумҳурият» навиштааст, ки «аз 26 декабри соли 2011 то 1 феврали 2012 ба гўшаи «Розу ниёз» рўзнома 170 номаи шаҳрвандон ворид гардидааст.

Гўшаи номаҳои шаҳрвандон бо мактуби О. Усмонова (аз ноҳияи Панҷ) оғоз мешавад. Муаллифи нома навишта, ки «ҷашни байналмилалии Наврўз фаро мерасад. Ҷойи таассуф аст, ки он дар шаҳру ноҳияҳо, муассисаву корхонаҳо ва хосса мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар сатҳи баланди илмиву фарҳангӣ доир намешавад.Наврўз танҳо иборат аз баргузории базмҳо ва дилхўшиҳо нест. Он бо ороиши дастурхонҳо низ набояд маҳдуд гардад».8

Аксари чунин номаҳо хусусияти таблиғиву тавсиявӣ доранд ва арзиши публитсистиашон низ дар ҳамин аст. Ин тарзи нашри номаҳо идомаи таҷрибаи рўзномаи замони шўравист, ки албатта паҳлўи мусбат дорад. Дар ин номаҳо ҳолати воқеии ҷомеаи мо чун дар оина инъикос шудаанд, ки ин ҳолат ба шаклгирии чунин навъи номаҳо бетаъсир нест.

Ба хусус, бедоршавии рўҳи миллӣ ва худогоҳию худшиносӣ ба шаклгирии моҳияти ватансозонаи ин гуна номаҳо таъсир мегузорад. Таҳлили номаҳои дар ин равиш эҷодшуда моро ба чунин хулоса меорад, ки байни шахсияти номанигор ва ҳадафҳои публитсиситӣ алоқамандии воқеӣ вуҷуд дорад.

Таҳлили қиёсӣ нишон дод, ки ин гуна мактубҳо ҳарчанд ба унвони мушаххаси равона шуда бошанд ҳам, вале аксаран дархостҳои номанигор муаллақ мондаанд. Аз мушоҳида бармеояд, ки шахсони масъул аксаран ба ин гуна номаҳои эътирозӣ ё имдодхоҳона , ки дар матбуот чоп шудаанд, посух нагуфтаанд ё ҷавоби рад додаанд. Вале баҳар ҳол таъсири ин гуна номаҳоро ба афкори умум ва муҳити маънавии ҷомеа наметавон инкор кард.

Аз таҳлил ва арзёбии мактубҳое, ки дар рўзномаву маҷаллаҳои давраи истиқлол чоп шудаанд, метавон чунин натиҷа гирифт, ки ин жанр дар ин фосила бо фарогирии мушкилоти ҷомеа ва тарзи ифшосозиашон он роҳи пешрафт ва такомулро тай карда, ба ин васила ба афкори мардум таъсири муфид гузоштааст.Шаклҳои гуногуни мактуби публитсистӣ агар аз як тараф имкониятҳои онро васеъ намояд, аз тарафи дигар муколама ва мусоҳибаи созандаро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳким мебахшад.

Б. Шукруллоев, н.и.ф., муовини декан оид ба таълими факултети журналистика

1Усмонов И.К. Жанрњои публисистика. -Душанбе, 2008.С.85.

2Прохоров Е.П. Публицистика в жизни общества. Москва, из-во Моск. ун-та, 1968. С.23.

3Имкони сар дарвардани пантуркизм бояд пешгирї шавад//СССР, 2011, 9 март.

4Муродов М. Аз замон то замон. Душанбе, 2010.- С.5.

5Саъдуллоев А. Гулмурод П. Жанрҳои таҳлилии матбуот. -Душанбе, 1994.-С.48-56.

6Номаи саркушода ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон//Тоҷикистон, 2007, 1 феврал.

7Прохоров Е.П. Публицистика в жизни общества. Москва, из-во Моск. ун-та, 1968.- С. 5.

8Наврўз танҳо иборат аз баргузории базмҳо ва дилхўшиҳо нест//Ҷумҳурият, 2012, 4 феврал.

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм