SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

azimov1Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин алоқамандӣ то кунун идома меёбад ва минбаъд низ хоҳад монд. Ҳамагон медонем, ки журналистика ба сиёсат тавъам аст. Ба андешаи инҷониб «Журналистика ҷузъи сиёсат аст ва дар ин маврид ҳар касе ба фаъолияти журналистӣ машғул аст, ба сиёсат сару кор мегирад.»  

     Журналистика аз аввал дар алоқамандӣ бо талаботи иҷтимоӣ ва ниёзи ҷомеа ташаккулу инкишоф ёфта, ба ин муносибат системаи муайяни сиёсиро миёни ҷамъият ва рукнҳои давлатдорӣ ба вуҷуд овардааст. Ба андешаи профессор И.К.Усмонов бошад «Пайдоиш ва инкишофи журналистика ба пайдоиш ва инкишофи мафкураи сиёсии инсонӣ вобаста аст.» Бахусус дар журналистика тӯли асрҳо нахуст мафҳуми сиёсии нав – идея (андеша), мақсадҳои иҷтимоӣ ва арзишҳо, маъёрҳо ва образҳои иҷтимоии ахлоҷи индивидуалиро фаҳмидан мехостанд. Дар ҳамин муддат ходимони сиёсӣ ба кори матбуот гаравиданд ва дар як вақт публитсистон ходимони намоёни сиёсӣ шуданд. Таърих ин гуна равандҳоро бисёр дидааст. Яъне, ҳар як ходими сиёсӣ ниёз ба публитсистика дошта, ҳар як публитсист ходими сиёсии давлатӣ шуда метавонад. Олими шветсарӣ Улрих Заксер навишта буд, кӣ: «Имрўз раванди сиёсӣ бояд беш аз пеш хислати коммуникативӣ пайдо мекунад ва журналистҳо дар ин раванд баробари сиёсатмадорҳо иштирок менамоянд, аммо дар назари аҳли ҷомеа онҳо чун баҳамзидҳо падидор мешаванд». Дар ин маврид андешаи комили профессор И.К.Усмонов оид ба муносибати сиёсатмадор ба публитсистика ва баръакс андешаҳои болоро таҷвият мебахшад. «Ҳар матни журналистика публитсистика аст, пас маҳз он робитаро бо сиёсат ба вуҷуд меорад. Нигорандаи ВАОТ публитсист аст, пас робитаи байни ў ва сиёсатмадор ба амал меояд. Маҳз публитсист гоҳе ҳаҷиҷатро мегўяд, гоҳе намегўяд, гоҳе дер мегўяд, гоҳе бо шарҳи худ маънояшро дигархелтар карда мегўяд ва ба ин васила маҷсади сиёсат ё сиёсатмадореро, ки ба ў такя мекунад, ҳамкорӣ дорад, мебарорад. Ҳамкории публитсист бо сиёсатмадор бозгўяндаи равиши ҳаёти иҷтимоӣ аст. Аз ин сабаб публитсист ба сиёсатмадор ва сиёсатмадор ба публитсист табдил ёфта, ҳар ду дар ВАОТ чун журналист таборуз мекунад». Аз таърихи соҳибистиқлоли Тоҷикистон чунин равандҳоро мушоҳида кардан мумкин аст. Хусусияти институализасии журналистика дар доираи муносибатҳои сиёсӣ бевосита махсусияти фавқуллода – фарҳанги сиёсии журналистро ҳатман нишон медиҳад. Албатта, ин муносибатҳои сиёсӣ ба худи фаъолияти эҷодии журналист вобаста аст. Ў дар фаъолияти худ чи гуна ба ин равандҳои сиёсӣ муносибат мекунад ва онро то чӣ андоза дарк менамояд, аз мақсадгузории ў ҳувайдо мешавад.

     Барои муайян намудани он ки чӣ натиҷа ва аҳамият барои фаъолият фарҳанги сиёсии журналист дорад, зарур аст, ки моҳият ва махсусияти фарҳанги сиёсии ҷамъиятро равшан намоем. Барои он ҷамъияте, ки бо роҳи дигаргуниҳои демократӣ қадам мезанад, печдарпечии мураккаби хислати давраи кўҳна ва нав характери пайдоиши фарҳанги сиёсӣ мегирад. Дар он алоқаи байниҳамдигарии се категория кашф карда мешавад, ки тез-тез дар корҳои муҳаққиқони фарҳанги сиёсӣ вомехўранд. Яъне, ин системаи сиёсӣ – тамоюли сиёсӣ –ахлоқӣ сиёсӣ аст. Ин се қисмат аз таркиби сиёсии муҳаққиқон Г.Алмонд ва С.Верб гирифта шудааст, ки се шакли фарҳанги сиёсиро ҷудо намудаанд: патриархалӣ, раиятӣ, фаъол.

   Хусусиятҳои фарҳанги сиёсӣ чунин аст:

а). васе намудани такрористеҳсол – ба таҷрибаи иҷтимоӣ ҳар чӣ бештар ҷалб намудани одамон;

б). муқаррар намудан аз тарафи системаи сиёсӣ;

в). усули изҳори тамоюли сиёсии ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандони алоҳида;

г). дараҷаи омўхташудани фарҳанги сиёсии ҷомеа ва истифодаи натиҷаи омўзиш дар таҷрибаи идоракунии сиёсии ҷараёнҳои иҷтимоӣ;

   Андешаҳои муҳаққиқони сиёсӣ доир ба ин масъала хеле гуногун аст.

    Ба замми ин инкишофёбии сохтори сиёсии ҷомеа аз баъзе субъектҳо вобаста аст. Дар ин маврид фаъол будани худро нишон додан лозим меояд. Ҳамчунин бо рафтори худ ангезиши инстутҳои олии сиёсиро ба вуҷуд овардан мумкин аст. Дуруст аст, ки субъекти фарҳанги сиёсӣ ин барандагони он ҳисоб мешаванд. Васеъкунии шумори субъектҳои баробарҳуқуқи сиёсӣ ҳамчун, мустаҳкамкунии «истиқлолияти халқӣ» ба таъбири сиёсатшиноси америкоӣ Ю.Хабермас, дида баромада мешавад. Истиқлолияти воқеӣ асоси пешрафти фарҳанги сиёсии одамон мешавад, ки ба озодиҳои сиёсӣ одат кардаанд.

   Дар як вақт муайян кардани фарҳанги сиёсӣ, пеш аз ҳама, ҳамчун фаъолияти эҷодии инсон дар фазои сиёсӣ шинохта мешавад. Тадқиқотчиёни фарҳанги сиёсӣ қайд мекунанд, ки фаъолияти гражданӣ, фаъолнокии сиёсӣ, фаъолияти сиёсӣ – бо ҳам хеш (наздик) буда, вале мафҳуми якхела нест. Ин андешаро дигар муҳаққиқон низ дастгирӣ ва пайравӣ мекунанд. Аз ин рў, моҳияти онро кор меандозанд ва онро шарҳ додан барои донишҷў лозим аст.

     Фаъолияти граждании журналист – ин шакли ҳавасманд будан дар корҳои ҷамъиятӣ, эҳтимоли падидор шудани ў дар фазои иттилоотӣ –санъат, иҷтисод, фарҳанг, варзиш, сиёсат аст. Фаъолияти сиёсии журналист аз маҳсули мавҷеи сиёсӣ, ки бояд коркард шуда бошад, бармеояд. Баъзан мавқеи сиёсиро аз самти сиёсӣ журналистон фарқ намекунанд: кадом қувваи ҷамъиятиро ў дастгирӣ мекунад, кадом арзишҳоро эҳтиром намуд, кадомро рад кард ва бо чӣ ҳеҷ гоҳ дар ҳеҷ ваҷҳ бо ягон шарт розӣ шудан мумкин нест. Агар ў (журналист - А.А.) ба саволи худ ҷавоб дода тавонад, ки «Барои чӣ», он гоҳ чунин мавқеъ алакай кор карда шудааст. Дар ин ҳолат на ҳамаи мавқеи сиёсӣ мумкин ҳамчун мавқеи гражданӣ баҳогузорӣ карда шавад. Дар зери мафҳуми мавқеи гражданӣ мавқеи алоҳидаи шахсияти нотакрор фаҳмида мешавад. Ҳамчунин дар ҷомеаи демократӣ, ки ҳуқуқҳо эҳтиром карда мешавад, гуногунандешӣ қобили меъёр аст, дар ҷомеа арзишҳо ва меъёрҳо дар шароити гуногунбаёнӣ эҳтиром мебинад, эҳтиром ба шахс зарур аст, дар амалӣ намудани идеалҳои худ истодагарӣ карда ва фикри худро гуфта метавонанд.

     Фаъолнокии сиёсӣ ва фаъолияти сиёсиро бо ҳам монанд, шабеҳ донистан мумкин нест. Фаъолияти сиёсӣ – ин кори касбии журналист – таҳлилгар, ки бо ин ё он андоза таъмини ташкил, таъсис ва дар ҷомеа гузаронидани иродаи амиқи сиёсӣ, намояндагӣ, роҳи стратегӣ мебошад. Аз ин рў, фаъолнокии сиёсӣ васеътар ва амиқи касбият дар сиёсат аст.

     Фаъолияти сиёсии журналист мумкин дар назар доштани кори ўро ба манфиати ҳизб, ҳарактҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, мақсади охири ў шабоҳат надорад, вале дар як вақт ба афкори он низ зиддият надорад. Агар не, ин ба беифтихории касб мерасонад.

     Фаъолнокии сиёсии журналист дар рафтор зоҳир шуда, дар образи муайян, бо номи ташаккули дохилии мақсадҳои сиёсӣ шакл мегирад. Самимияти сиёсии «Ман» аз таассурот фарқ мекунад, вай дар аудиторияи супоришшудаи публитсистӣ истеҳсол шудааст. Муҳаққиқи рус И.Н.Блохин якчанд ҳолатҳои асосиро ҷудо кардааст, ки журналист метавонад дар ВАО машғул шавад:

а). журналист – ҷузъи ВАО. Функсияи асосии чунин мухбир – инъикоси беғаразонаи воқеияти муҳит;

б). журналист вазифаи коммуникаторро соҳиб шавад – дар ин ҷо ҳар як нишонаи воқеият ба системаи ягона рў ба рў мешавад, ки журналист онро қобили қабул медонад;

в). журналист пешниҳодкунанда. Кўшиш мекунад, ба воқеияти иҷтимоӣ таъсир расонад. Танҳо кўшиш, чунки аудитория ҳамааш бовар мекунад, ки ҳукумат ва дар зери назорати ў ВАО, худ ба худ, вале ҷамъият – худ ба худ аст;

г). журналист, ба вазъият таъсир мерасонад, мақсад ба даст меорад, ҷаҳонро ба шакли муайян медарорад. Пеш аз ҳама, чунин муаллиф «пешвои афкор» аст.

     Ба сифати барандаи заминаи муайян намудани фарҳанги сиёсии граждании журналист ва таркибҳои он дида баромада мешавад. Хирад – иқтидори умумии ақлии журналист, маҷмўи дарк кардани маҳорат: ҳиссиёт, дарк, хотира, пешниҳод, тафаккур. Хирад ба журналист имконият медиҳад, ки фактҳо ва воқеаҳоро муқоиса намояд, таъсис додани тарҳи абстраксионӣ ва пур кардани он бо воҷеияти ҳаётӣ, кор кардани аҷида ва баргаштан ба мавзўи навбатии амиқ дар ҷои кор. Бо вуҷуди ин ба андешаи сиёсатшинос ва муҳаққиқ К.Ясперс савияи дониш танҳо падидаи заминаи хирад ҳисоб меёбад. Биноан ҳамагуна падидаи нодир, бахусус дар фаҳмиши сиёсӣ ё дарки мавзўӣ қобили андеша аст. Аз ин рў, хиради журналист на танҳо барои ҳаллу фасли масъалаҳои муҳими сиёсӣ кор мегирад, балки дар таҳлилу тавзеҳи ҳамагуна воқеаҳо ёрӣ медиҳад.

     Ба таъбири Асадии Тусӣ:

     Хирад мар ҷаҳонро сари гавҳар аст,

     Равонро ба дониш хирад раҳбар аст.

     Ё дар ҷои дигар:

   «Аз Арастуи ҳаким пурсидаанд, ки қуввати хирад аз чист? – Гуфт: «Ҳама касро ҷқувват аз ғизо бошаду ғизои хирад ҳикмат бошад»».

       Дониш нақши муҳиме дар фаъолияти эҷодии журналист, ба хусус журналисти таҳлилгари телевизион дорад. Дониш ба журналист имконият медиҳад, ки дар бораи муҳити зист мавқеи худро муайян кунад, инчунин ў бояд таъминкунандаи фаврии хабари сиёсӣ бошад ва на танҳо хирад имкон диҳад таҳлилгари воқеияти сиёсӣ бошӣ.

       Профессор В.А.Сидоров ба он андеша аст, ки такя ба дониш ё хирад ба сифати нишондиҳандаҳои гуногуни шаклҳои фарҳанги сиёсӣ – анъанавӣ ва гаржданӣ баромад мекунад.

  Ҳақ ба ҷониби ўст. Ин фарҳанг дар худ гуногунии касбӣ – эҷодии тавсифномаи журналистони муосирро намоиш медиҳад. Ба андешаи инҷониб як ва ҳамон журналист имкони барандаи якбора ду шакли фарҳанги сиёсӣ буда метавонад, вале на дар як вақт, балки дар вақти муайяни пайдарпай, ки вазъияти иҷтимоӣ – сиёсиро дар ҷамъият равшан мекунад. Хирад ба мафҳуми васеаш коркарди бошууронаи арзиши тасаввурот ва аҷида, аз он ҷумла дар доираи сиёсат мебошад. Арзишро аз нуқтаи назари философӣ низ муайян кардан мумкин аст. Арзиш дар худ объектҳои муайяни иҷтимоии ҷаҳони иҳотакунандаро тасаввур менамояд, маънои мусбат ё манфии онро барои одамон ба ҷамъият ошкор мекунад.

     Дар тамоми системаҳои каналҳои ВАО имрўз доимо бархўрди арзишҳои маънавӣ ва сиёсии халқиятҳо, шаклҳои ҷамъият, фарҳанги гуногун, идеология, ҷаҳонбиниро мушоҳида кардан мумкин аст. Ҷараён ё протсес дар якҷоягии фазои глобалии ахборӣ, сиёсати медиазиасия пурқувват мешавад. Паси ин бархурдҳо ҳамеша муборизаи ақидаҳои иҷтимоӣ –сиёсӣ, манфиати синфҳо дар натиҷа –мантиқи объективии ҷараёни таърихиро дидан мумкин аст. Даст кашидан аз таҳлили сиёсӣ ба хотири ташкили талаботи бозори ахбор – холисона бекор намудани баҳо ва миқдоран зиёд будани факту рақам, - ба паст кардани фарҳанги сиёсӣ оварда мерасонад.

      Журналист, метавонад ба фарҳанги баланди сиёсӣ расад ва дар ахлоқи сиёсии ў натиҷаҳои назаррас мушоҳида шавад. Ба замми ин, ў рафтор ва гуфтори боандешаро соҳиб бошад. Аз ин ҷо рафтор асосан бо маърифат ва маҷмўи арзишҳо ва ҳамчун системаи баҳамалоқамандии ҳаракат муайян карда шавад. Дар ин ҳолат мо метавонем хирқаи (фономени) рафтори журналистро бинем.

 1.Рафтор дар амали ҳамарўза ба воситаи ҳаракат, кирдор, ҳолати эҳсосӣ ва равонии журналист дар муҳити иҷтимоии ў ба вуҷуд меояд.

  1. 2.Тасаввурот дар бораи рафтори сиёсии журналист бо чунин мафҳум чун ҳаракати образ – тасаввуроти индувиалӣ оид ба рафтори сиёсии журналист алоқаманд аст. Рафтори воқеӣ ва ҳаракати мунтазами образ на ҳама вақт рост меояд. Ҳамин қадар зиддият бузург бошад, аудитория (гирандагони ахбор – А.А.) дар бораи он қазоват мекунанд, ки то чӣ андоза шахсияти журналист ё шореҳ бузург, муҳим аст, ба фишори муҳити атроф чӣ қадар муқобилият карда метавонад.
  2. 3.Дар зери таъсири ҷамъшудани натиҷаи фаъолияти касбӣ дар таркиби шахсият имконияти дигаргуниҳои гузаштаи арзишҳои иҷтимоӣ ба нав ва тағирёбии он ба афкори доираи журналистӣ алоқаманд аст.

 Умуман, фаъолияти журналисти таҳлилгар ҳамеша ба сиёсат тавъам буда, зимни баррасии масъалаҳои марбут ба муносибатҳои минтақавӣ, давлатӣ ва куллан сиёсат ба хирад, дониш ва ҷаҳонбинӣ, маърифат барин мафҳумҳое, ки хоси ўст, такя бояд намояд. Он гоҳ масъалаи марбути таҳлилшаванда то андозае воқеият пайдо мекунад. Дар натиҷа, ҳам аудитория баҳра мегирад, ҳам натиҷаи амали журналисти таҳлилгари телевизион аз тарафи доираҳои сиёсӣ баҳрабардорӣ мегардад. Охиран, чунин таҳлилҳои воқеӣ барои сиёсатмадорон ва роҳбарони низоми ҷаҳонӣ дар амалӣ шудани сиёсати пешгирифтаашон кўмак мекунад.

 

Аъзамҷон Азимов, профессори

кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ

 

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм