SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

qutbiddinov       Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ақидаи муаллиф дар бораи худи ў мебошад. Ибораи «худнақднамоӣ»-ро чун як шакли тарҷумаву фаҳмиши истилоҳи автокритика ба он ваҷҳ қабул доштем, ки худи истилоҳи нақд дар танҳоӣ дар дараҷаи маълум тавсифро низ ифода менамояд. Муҳаққиқон А.Саъдуллоев ва П.Гудмуродзода дар ифодаи истилоҳи мунаққид калимаи «танқидчӣ»-ро (3,39) ҳамчун муродиф истифода бурдаанд. Яъне нақд бештар нуқтаи назари танқидии хос нисбат ба як асар мебошад. Аммо автокритика ба ҳеҷ ваҷҳ танқиди хоси муаллиф дар бораи худи ў нест. Зеро танқид масъулият аст ва танқиди холисона дар бораи ин ё он асар вокунишҳову натиҷаҳои мухталиф дорад.

  Пас автокритика бо вуҷуди монандиҳо пайроҳаи хоси худро соҳиб аст. Муаллиф дар доираи муайян ба асараш баҳо медиҳад ва ҳамчун муаллиф дар бораи худаш ҳукми нақдмонанд мегўяд. Ин навъи нақд дар мактубҳо, тарҷумаи ҳолҳо, муқаддимаҳо хулосаҳо ва ҳатто дар шакли асарҳои алоҳида вуҷуд дорад. Ба ин ваҷҳ автокритика ҳамчун истилоҳ ба дарку фаҳми мо қаринтар ва суфтатару гушнавозтар аст. Автокритика тақриз ва нақди хос нест. Он танҳо дар доираи маҳдуд кумак мерасонад, ки мақому мавқеи муаллиф ва самти андешаҳои ў зудтар кашф шаванд. Автокритика дар эҷоди Тургенев, Толстой, Горкий ва дигар адибони рус зиёд ба назар мерасиданд. Соядастҳо, анотатсияҳо, дебочаҳо, пешгуфторҳо, номаҳо, муқаддимаҳо ва амсоли он аз ҷумлаи навъҳои автокритика мебошанд.

 Мафҳум ё истилоҳи автокритика аз ҷумлаи он истилоҳоти забони хориҷист, ки ба забони русӣ ворид шудааст. Дар шарҳи ин истилоҳу мафҳум қариб як қолаби ягона вуҷуд дорад. Масалан дар китоби «Луғати калимаҳои хориҷии ба забони русӣ воридшуда»-и А.Н.Чудинов чунин омадааст: «Автокритика аз калимаи юнонии autos – худ ва kritike – нақд (критика) таркиб ёфтааст. Муҳокима, таҳлил ва ҳукм барои амалҳо ва навиштаҳои шахсии як нафар дар бораи худаш мебошад». Дар китоби «Шарҳи 25000 калимаи хориҷии ба забони русӣ воридшудаи ҷорӣ дар истеъмол, бо маъно ва реша» чунин таъкид шудааст: «Калимаи юнонӣ буда, маънои худнақднамоиро дорад. Муҳокимаи эҷоди фардӣ мебошад». Бояд гуфт, ки ин луғатҳо солҳои 1865, 1910 ва соли 1907 таълиф гаштаанд. Ин шарҳҳо аз ҷониби олимон А.Н.Чудина, А.Д.Михелсон ва Ф. Павленков пешниҳод шудаанд. Дар китоби «Луғати калимаҳои хориҷии дар забони русӣ суфташуда» низ ҳамин шарҳ такрор ёфтааст, ки далели як истилоҳи таърихӣ будани он аст.

 Автокритика баъзан ба нақди устувор низ табдил меёбад. Дар ин замина муаллиф нисбат ба асари чун як мунаққиди ҷиддӣ низ муносибат менамояд. Паҳлўҳои заиф ё устувори асар зикр гашта, барои мунаққидони дигар як навъ роҳ мекушояд. Таърихи эҷодӣ кашф мегардад. Нуқсону камбудиҳо аз равзанаи хос таъкид мешаванд. Махсусан аксар муаллифон руҳияи асари худро ошкору равшан дар як саҳифаву ду саҳифа возеҳ месозанд. Аз мушкилоту монеаҳо зикр менамоянд. Миннатдориву гилаи худро аз ин ё он паҳлў зикр менамоянд. Масалан С.Айнӣ дар муқаддимаи «Ҷаллодони Бухоро» дар бораи сифати асари худ ва мушкилоти забониву хат андешаҳои сифати нақддоштаро ба кор бурдааст. Устод Айнӣ нахуст дар бораи «гумкунӣ»-и асарҳо худ ишора менамояд, ки чи тавр як ҳикояи худ бо номи «Фоҷиаи алимаи як ҷавони бухороӣ»-ро аз даст медиҳад. Дар муқаддима муаллиф таъкид менамояд, ки соли 1920 ин асар нахуст дар шаш шумораи маҷаллаи «Инқилоб» ба табъ расидааст. Дар нашри дуюмбора тағироти воридшударо таъкид менамояд. Дар мавриди шарҳи ҷадидизм ва ҷадидҳо мавқеи 16 сол қаблдоштаи худро зикр менамояд, ки ин бозгўи мавқеи иҷтимоии адиб дар фазои муайян ва ҳамзамон талаботи олами нақд мебошад. Дар бораи «баъе навиҳо»(1,8) махсус таъкид менамояд. Дар бораи «Марги судхўр» низ муаллиф зери унвони «Як ду сухан дар бораи «Марги судхўр»(1,147)» проблемаҳои эҷодиро хеле хуб ишора менамояд. «…соли 1952 маро фурсате даст дод, ки ин асарро дубора кор карда баромадам ва дар вақти кори дубора…камбудии асосии ин китобро ислоҳ кардам»(1,149). Устод Айнӣ худ зикр менамояд, ки «асарро дар соли 1936 тамом карда, дар хониши умумӣ ба муҳокимаи Иттифоқи нависандагони Советии Тоҷикистон гузошта будам(1,147). Дар мавриди воқеяти асар бошад, мегўяд, ки Қорӣ-ишкамба «…як шахси реалии таърихӣ» аст. Яъне моҳияти иҷтимоии асари худро мушаххасу маълум менамояд ва дар баробари ин оҳанги иҷтимоии замонро дуюмбора дар шакли ахбор таъкид намудааст. Инъикоси зиндагӣ ва тороҷи деҳқонони камбағалро дуввумбора дар варианти пурра фарогиртар зикр кардааст. Ба таври мисол дар шарҳи муқаддимавӣ як навъ қарзро бо номи вексел бештар тафсил медиҳад.

 Аксар вақт автокритика чун як луқма дар миёни муаллиф ва мунаққидон вуҷуд дошта метавонад. Яъне барои мунаққидони расмӣ чунин як имконе ба миён меояд, ки паҳлўи заиф ва норасоии асарро бидуни мутолиа низ чун як маълумоти умумӣ дарёбанд. Автокритика чун як шаҳодатномаи асар ва мактаби муаллиф арзи ҳастӣ карда метавонад. Автокритика ба нақди умумӣ монандӣ дошта бошад ҳам, вале хусусиятҳои мутафовути худро соҳиб аст. Яъне масъалаҳои маҳорати эҷод, образофаринӣ, саҳнаофаринӣ тавозуни воқеияту бадеият, мавқеи иҷтимоии муаллиф ва амсоли он дар автокритика ночиз ва қариб, ки дида намешаванд. Таҳлил дар ин ҳолат пояи хеле заиф дорад ва ин сарҳади аслӣ дар автокритика мебошад.

 Ҳолатҳое мешавад, ки адиб ба асари муваффақи худ баҳои ночизтар ва баръакс ба асарҳои нисбатан камарзиши худ баҳои баландтарро муносиб мебинад. Ин як навъ фирор аз ҳолати воқеӣ буда, ҳақиқати аслӣ зери парда қарор мегирад. Баҳои муаллифӣ имкон ба миён меорад, ки дар бораи адиб ва асарҳои ў маводи шавқоваре дар қолаби нақд аз ҷониби дигарон ба вуҷуд ояд. Масалан дар аксар маврид пешгуфтор ва муқаддимаи асарҳо аввалин қадам дар шинохти фардияти муаллифи асар ба ҳисоб рафта метавонад. Чунончи Садриддин Айнӣ дар бораи монеаҳои эҷодӣ, фишору маҳдудиятҳо ва устувориву садоқатмандии худ нисбат ба эҷод дар пешгуфтори чанде аз асарҳояш ишораҳои ҷолибро раво мебинад. Намунаи беҳтарин ва охирини автокритика дар осори Ҷалол Икромӣ ин пешгуфтор дар асари публитсистии ў «Он чӣ аз сар гузашт» мебошад. Муаллиф дар ин нақди муаллифӣ асари охирин ва мутафовути худро хеле возеҳ ҳукм бахшидааст. Таъкид аз баёни воқеияти асил менамояд. Ҳамзамон дар бораи эҷоди гузаштаи худ баҳои маълумеро раво мебинад, ки он бештар оҳанги гила аз фазои эҷодро дорад.

 Муаллифони повесту роман ва дигар асрхои публитсистӣ низ дар муқаддимаи асарҳояшон ошкору ниҳон дар мавриди ин ё он проблема таъкидҳо менамоянд. Автокритика танҳо хоси асарҳои насрӣ нест. Дар асарҳои назми классикии мо дар абёти алоҳида як навъ автокритикаи маълумро мебинем. Инро мо дар «Шоҳнома» низ дарёфт менамоем. (Аҷам зинда кардам бад-ин порси). Ё ибораи «донад, ки матои мо куҷоист» беҳтарин навъи автокритика дар гузаштаи адабиёти мо дониста мешавад.

 Намунаи дигари автокритика дар мактубҳо дар миёни адибон дида мешавад. Ин анъана таърихи қадимӣ дошта бошад ҳам, вале дар адабиёти муосири мо чун анъана аз адабиёт ва публисистикаи рус ворид шудааст. Худи мактуб чун як жанри публитсистӣ ба нақди дар мактубҳо вуҷуддошта низ оҳанги ипублитсистӣ бахшидааст. Дар мактубҳое, ки адибон ба Горкий менавиштанд, ноқисиҳо ва комёбиҳои асарҳояшонро зикр мекарданд. Аз ҷониби дигар дар ҷавоб он вокунишеро медиданд, ки боз ҳам оҳанги нақдро доштанд. Ҳамзамон дар мактубҳои М.Горкий ба адибон низ навъи хоси автокритика ба назар мерасид. Чунон чи дар яке аз мактубҳои худ ба К.А.Тмирязев менависад: «…ман эҳсоси худро хеле ноқис баён менамоям ва уммед дорам шумо онро мефаҳмед»(2,146). Ё дар ҷои дигар мегўяд: «Нашр карданро дар соли 1892 оғоз намудам ва дар соли 1895 бовар надоштам, ки адабиёт кори ман аст. Ҳикояҳои хурд дар газета дар назари ман кори ҷиддӣ наменамуд, ки ин иштибоҳи ман буд. Зеро нақлҳои хурд муаллифро водор менамоянд, ки ў калимаҳоро сарфа намояд ва муъҷазтар нависад»(2,302). Ин баҳогузории адиб дар асоси таҷриба арзишгузорӣ ба эҷодаш мебошад, ки барои адибони ҷавон ибратомўз аст.

 Автокритика бо танқид кардани як паҳлўи эҷоди худ як навъи гурез аз интиқоди дигар ҷабҳа низ мебошад, ки он муҳимтару ҷиддитар аст. Манзур як навъ аз дигар нокомиҳои асар дур андохтани диққати хонандагон мебошад. Агар гўем, ки «хок пошидан ба чашми мунаққидон мебошад», шояд оҳанги дағал бештар ғалаба намояд. Ин ҳолат монанд ба он аст, ки як рўзномаи ихтисосиву соҳавии муайян рисолати асосиро гум сохта, дар саҳифаҳои худ кросворду чайнвордро истифода мебарад.

 Аз ҷониби дигар худнақднамоӣ як навъ василаи таърифи пўшидаи ҳамон муаллиф низ дониста мешавад. Албатта эҷод заҳмати сангин аст. Вақте бо эҷоди як асар эҳтирому қимати шуморо намедонанд, ин ҳолат бисёр зарбаи ҷиддӣ ба ҳолати равонии он муаллиф мебошад. Аз ин лиҳоз муаллиф пуштибону ҷонибдори худро дарёфт наменамояд ва ноилоҷ ба нақди асари худ мепардозад. Мавриди зикр аст, ки истифодаи автокритика дар шакли пешгуфтори ҳар як асар муҳиму манфиатбахш аст. Қабл аз мутолиаи ҳар як асар хонанда аввалин муаррифии асар ва муаллифи онро дучор меояд. Он ҳолат истисно нест, ки дар саҳифаҳои маҷаллаҳову рўзномаҳо ба таври алоҳида муаллиф фикрашро дар бораи ҳамон асар иброз медорад. Аммо муқбилтар он аст, ки ин фикр дар дохили ҳамон китоб, ё асар вуҷуд дошта бошад.

 Аз рўи махсусияти жанри тақриз нақди муаллифиро ба хонадони жанри тақриз ҳам марбут метавон донист. Зеро ҳадафи нақди муаллифӣ низ «…мавриди таваҷҷўҳ қарор додан»(3,39) ва дар як дараҷаи муайян «…арзиш (баҳо) додан аст»(3,39). Тафовут танҳо он аст, ки муаллиф дар баҳогузори як навъ муносибати сарироҳӣ дорад. Муаллиф имкон надорад, ки дар баҳогузорӣ ба таври амиқ фуру равад. Хусусияти дигари ба тақриз наздик будани «автокритика» ин ақидаи муҳаққиқ Иброҳим Усмонов аст, ки «тақризи муаллифӣ…»(4,69)-ро як навъи тақриз мешуморад. Аммо ба андешаи инҷониб автокритика наметавонад, рисолати жанри тақризро ба дўш гирад. Махсусан аз тақризи илмӣ хело ҳам дар фосила қарор дорад. Автокритика бештар хоси тақризҳои публитсистӣ мебошад. Аз ин лиҳоз автокритика роҳи худ, қолаби худ ва марзи худро дорад. Вобаста ба чанд назари таҳқиқ дар бораи шинохти автокритика метавон чунин ҳукмҳоро раво донист:

 1.Автокритика аввалин дидгоҳ дар шинохти дунёи як асар ва то ҳадде дунёи ботинии муаллифи он асар мебошад.

2.Дар ҳамоҳангӣ ба рисолати тақриз вазифаи ҷалб доштани таваҷҷўҳро дар худ мепарварад ва дар автокритика «ман»- и муаллиф пинҳон аст.

3.Дар автокритика имкони додани баҳои мукаммал вуҷуд надорад ва автокритика як воситаи дигари ҳамоҳанг сохтани хонанда ба ғояи асар мебошад.

4.Автокритика баёни қудрат ва мушкилу нотавонии муаллиф дар ҷодаҳои алоҳида мебошад.

5.Автокритика на таҳлил, балки ахбори махсусе дар доираи маҳдуд мебошад, ки муаллиф маҷмуан фикри худро баён медорад.

6.Дар шароити имрўза, ки рақобат шадид ва интихоб васеъ аст, мавҷудияти ҳатмии автокритика (нақди муаллифӣ, худнақднамоӣ) дар ҳар як асар ногузиру манфиатбахш ҳам барои муаллиф ва ҳам барои хонанда аст.

                                            Пайнавишт:                        

 1.Айнӣ С. Акнун навбати қалам аст. Ҷилди дуввум-Душанбе, 1978.

 2.Горкий М. О печати. Москва, 1962.

 3.Саъдулло А, Гулмурод П. Жанрҳои таҳлилии матбуот.-Душанбе, 1994.

 4.Усмонов И.К. Назарияи публитсистика.-Душанбе, 2009.

 

А. Қутбиддинов,

 Д. Узбекова

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм