SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

               fazoi ittilootiФазои иттилоотӣ ин доираест, ки дар ин ё он дараҷа маҷмўи фактҳои ҷаҳони воқеиро фаро мегирад. Фазои иттилоотӣ барои ҳар як фард дар коркард кардани андешаҳо ва баровардани ҳукму қарору тасмимҳо мусоидат  иродаи одамон аст. Фазои иттилоотӣ руҳияи иҷтимоиро дар оғуши худ мепарварад. Фазои иттилоотӣ ин маҷмўи натиҷаҳои фаъолияти маънавии инсон аст. Фазои иттилоотӣ интихобро мушаххас менамояд. Ин интихоб метавонад, ки аз интихоби мол то интихоби президенти як нафар бошад.

  Фазои иттилоотӣ дар асоси сарчашмаҳо ва захираҳои иттилоотӣ ва бархурди иттилоотӣ ба вуҷуд омада, дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷомеаҳоро бо суръати бештар ба худ ниёзманд месозад. Фазои иттилоотӣ маркази субъекти худро дорад, ки дар раванду ҷараёни худ доираи махсуси ахборро тавлид месозад, онро аз худ намуда маҷмўъ бунёд менамояд ва оқибат соҳиби пешниҳоди ҳадафманд мешавад. Ба сифати ин субъект инсон, гурўҳҳои иҷтимоӣ, ширкатҳои мухталиф, идораҳои давлатӣ ва умуман ҳар он касе ки дар рафти он имконоти истифода бурдани технологияҳои иттилоотиро дорад, шинохта мешаванд.

Қисматҳои асосиву муҳими фазои иттилоотиро захираҳои иттилоотӣ, воситаҳои таъсири иттилоотӣ ва сохтори иттилоотӣ ташкил медиҳанд. Дар ин самт истифодаи истилоҳи фазои иттилоотии ягона дар ҷомеаи башарӣ серистеъмол аст. Истилоҳи фазои иттилоотии ягона бештар дар робита ба фазои иттилоотии ягон минтақа ва ё давлати алоҳида истифода мешавад. Фазои иттилоотӣ дар назарияи журналистика имконияти таъмини шаҳрвандон ба маҷмўи фактҳо ва андешаву афкор фаҳмида мешавад, ки доиман дар раванди пешниҳодоти сарчашмаҳо сурат мегирад. Аз рўи ақидаи муҳаққиқ Е.Прохоров «…фазои иттилотии ягона ин ба таври нақд дар ҳар як «нуқта»-и кишвар ба таври маҳкаму устувор ҷой доштани майдони иттилоотист, ки бо шарофати он ҳар кас имкон дорад, ки дар заминаи ахбори зарурии дастрасшуда мавқеи худро ва вокуниши худро нисбат ба ҳаёти минтақа, кишвар ва ҷаҳон муайян намояд».

Вобаста ба доираи фарогирии худ фазои иттилотӣ низ яклухтиву якпорчагиро талаб медорад. Дар таҷрибаи амалии васоити ахбори оммавии ватанӣ омилҳои зиёде вуҷуд доранд, ки ба якпорчагии фазои иттилотии кишварҳо таҳдид менамоянд. Мавқеъҷўиҳо ва ҳадафҳои сиёсӣ бештар аз дигар омилҳо гардиши озоди ахборро халалдор месозанд. Васоити ахбор баъзан хостаҳои муассисони худро сарфи назар месозанд ва бештар аз рўи талаботи аудитория амал менамоянд. Манфиатҳои молиявӣ дар ҳолатҳои алоҳида ахбореро дар гардиш қарор медиҳанд, ки манфиати ягон ҷонибро ифода наменамоянд ва бо пуштибонии ҷониби сеюм тафриқа ва тақсимшавии фазои иттилоотиро ба вуҷуд меоранд. Мавқеъгириҳои сиёсии ғайриинтизор ин фазоро тира сохта, ҳолатҳои пурхавфу гуногунеро барои ҷомеаи маълум ба миён меоранд.

Дар фазои иттилоотӣ мавзўоти сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, иҷтимоиёт ва амсоли он ҳар кадом ба таври худ гардишу ҷараён ва таҳаввулу тағир ба миён меоранд. Аксар вақт чунин пиндоште вуҷуд дорад, ки танҳо сиёсат ташакулдиҳандаи фазои иттилоотӣ аст. Ин гумон иштибоҳ нест, аммо дар ин роҳ сиёсат хеле осону номаълум аз дигар мавзўот истифода бурда, барои худ заминаи маълуму ҳадафдореро ба вуҷуд меорад. Таҳримот алайҳи Русия(иқтисодиёт), карикатураҳо нисбат ба дину ойин (фарҳанг), муҳоҷирони сарсони араб дар Аврупо ва масъалаи печидаи қабул кардан ё накардани онҳо(иҷтимоиёт) ҳар кадом таъсири амиқ ба фазои иттилоотии кишварҳо ва минтақаҳо дар ниҳоят дар қолаби сиёсат доранд.

Аз рўи назарияи дигар танҳо идеология ва ҷараёнҳои сиёсӣ шаклбахшанда ва муайянкунандаи самтҳои инкишофёбандаи фазои иттилоотӣ мебошанд. Ин ҳукм бо пуррагӣ саҳеҳ нест. Зеро шаклҳои мухталифи ВАО (давлатӣ, хусусӣ) доиман дар итоати сензураву девораҳо қарор намегиранд. Ба таври ошкор бар зидии идеологияҳои ҳукмрон фаъолият бурдани васоити ахбор боис мешавад, ки онҳо ҳамчун васоити ахбори опозитсионӣ шинохта шаванд. Дар инҷо танҳо маҳорат ва кордонии сардабиру соҳибони ахбор нақш дошта метавонанд, ки дар фазои иттилоотӣ ба таври номаълум ҷойгоҳи хосе пайдо месозанд. Дар ин самт ба истилоҳ матбуоти хиёбонӣ ё зард намунаи мисол гашта метавонанд.

Шаклгирии фазои итттилоотӣ аз чигунагии фазои маънавии ҳар воситаи ахбор оғоз мешавад. Ин фазои маънавии идораи ВАО арзиши ҳар як таҳаввулу мавзўъро дақиқ менамояд. Усули моҳиронаи пешниҳоди як чизи маълуму равшани ҳарруза дар шакли ғайримуқарарӣ ин ҳамон фазои маънавӣ ва услуби идораи як воситаи ахбор аст. Аз ин рў муҳаққиқи амрикоӣ Эверетт Деннис андеша дорад, ки "Сардабирон ва журналистон як қисми элита мебошанд. Соҳибмаълумотанд, озодандешанд ва дар мушаххассозии мавқеи сиёсӣ фаъолтарин ашхосанд. Ногузир маҳз онҳо дар шаклгирии фазоии хабарӣ нақш доранд, ки ин имконро дигар қишрҳои элита хеле кам дар ихтиёр доранд». Омилҳои мусоидаткунанда ва ташаккулдиҳандаи фазои иттилоотӣ зиёданд. Феълан андешае матраҳ аст, ки аудиторияи имрўза вобаста ба мутолиа коҳил аст, аммо пешрафти техника ва технология имрўза баръакс шумораи аудиторияро васеъ гардонидааст. Кам афродест, ки барои дарк ва воқиф гаштан аз интернет истифода набаранд. Эълон, реклама, нарх, тиҷорат, мактуб, хабардор гаштан аз таҳсили фарзанд ва садҳо масоили дигар боисанд, ки омма ба интернет муроҷиат намояд. Ин як шеваи ноайёни дар зери таъсири фазои иттилоотии мухталиф қарор гирифтан мебошад. Як сайри кутоҳ низ ба мафкура даҳҳо таъсир дорад. Як нигоҳи хушк ба вазъи обу ҳаво низ моро водор менамояд, ки ба сарлавҳаи чанд хабар нигарем. Воситаҳои коммуникатсионӣ, ки дар давоми чанд сония маълумотро ба кунҷи дигари сайёра интиқол медиҳанд, ҳеҷ гоҳ дар сохтани фазои иттилоотӣ истисно нестанд. Таҳсили электронӣ, ки дар ҷои кору дар хона сурат мегирад, харидории чизе, ёфтани ҷои кор, ҳукумати электронӣ ва монанди он аз як ҷониб ҳар кадом воситаи зери таъсири фазои иттилоотии хос қарор гирифтани омма бошад, аз ҷониби дигар омилҳои замонавии ба вуҷуд омадани фазои иттилоотии имрўза ба шумор мераванд. Чун ба асли ҳамаи ин назар афканем, маълум аст, ки ахбор ҷаҳонро идора намуда истодааст. Ин ҳукм низ асолати таърихии маълум дорад ва дар вобастагӣ ба давраҳои таърихии мубодилаи ахбор инкишоф ёфта омадааст. Дар такя ба андешаҳои муҳаққиқи рус Коростелева С.В аз рўи табодули ахбор ҷомеаи ҷаҳонӣ то имрўз панҷ инқилоби бузурги технологиро аз сар гузаронидааст. Соли 1456 дастгоҳи чопии Гутенберг, соли 1876 дастгоҳи телефон, ки ихтирои он ба Александр Белл марбут дониста мешавад, соли 1895 ба роҳ мондани фаъолияти дастгоҳи радио аз ҷониби А. Попов ва соли 1945 аз ҷониби олимон ба фаъолият пардохтани МЕҲ (ЭВМ). Яъне охирин ва бузургтарин таҳаввулоти ахборӣ ин интернет аст.

Аксаран имрўз интернетро омили устувору фаъоли шаклгирии фазои иттилоотӣ меноманд. Дар саҳеҳ будани ин андеша ҷои шубҳа вуҷуд надорад. Аммо заминаи аслии онро дар шакли наву замонавӣ ба он марбут донистан мумкин аст, ки дар замони диктатураи фашистӣ телевизиону радио чун шаклҳои нави акнун ба роҳ андохташуда вазифаи фазосозиро иҷро мекарданд. Дастгоҳи таблиғии ин диктатура то хароб гаштани маҷмаи телевизионии Берлин дар соли 1944 яке аз муқтадиртаринҳо дар ҷаҳон буд. То охири солҳои навадум, то замони доман афрохтани интернет телевизион ва дар ҳолатҳои алоҳида радио дар ин сабқат фаъолтаринҳо ба ҳисоб мерафтанд. Яъне идеологияҳо дар нимаи авали асри бист механизмҳои наву натиҷабахши таъсир ба ҷомеаро дарк намуданд. Бо ин роҳ монополия сохтани афкор чун шакли нави мубориза равшан гашт. Дар гузашта низ ин воситаи мубориза вуҷуд дошт. Танҳо барои амалӣ сохтани он воситаву омилҳо мавҷуд набуданд.

Тавре зикр гашт, фазои иттилооти ҷаҳонӣ низ як навъ яклухтиро пайгирӣ менамояд. Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ дар асоси мувофиқаҳо фазои иттилоотии ягонае дар паи бунёд қарор дорад. Давлатҳои абарқудрати пешрафта ба монанди ИМА, Канада, Япония, Олмон, Англия, Италия дар асоси ҳафт принсипи асосноккардашуда ингуна фазоро сохтан мехоҳанд. Яъне ҳарчанд сиёсати маълум ин фазоро бунёд намояд ҳам, вале дар баробари ин фазои иттилоотӣ низ пойбанд ва марбут ба олами сармоя аст. Имрўз дар ҷаҳон се нуқтаи асосиву устувори ба вуҷудоварандаи дастгоҳу воситаҳои истеҳсолу интиқоли ахбор вуҷуд доранд, ки дар шаклгирии ингуна фазо имкони бештарро соҳибанд. Амрикои Шимолӣ, (ИМА, Канада), Аврупои ғарбӣ ва Япония бо кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё, ки бевосита ифодакунандаи иқтидори абарқудратҳову сармоядорон аст. Дар ин самт Русия ва кишварҳои пасошуравӣ аз аксар лиҳоз танҳо истеъмолгаранд. Табиист, ки дар фазои иттилоии ягонаи ҷаҳонӣ қисмати аъзаму бузург дар канор мемонад.

Чун абарқудратҳо дар фазои иттилотии ягона манфиати худро доранд, нисбат ба аксар хатару таҳдидҳо бетафовутанд. Аммо ҷомеаҳои дигар масалан ҷамоҳири ИДМ ногузир дар паи сохтани фазои иттилоотии худ қарор мегиранд. Онро бунёд ва ҳифз кардан мехоҳанд. Ҳамзамон чунин ба назар мерасад, ки имрўз фазои иттилоотӣ дар ҷаҳон дар ду сангари бузург қарор гирифтан мехоҳад. Мо дар назар дорем, Русия ва бархе аз кишварҳои ИДМ-ро, ки имрўз дар фазои иттилоотии русӣ шакл мегиранд. Дар ин ҷабҳа низ Русия чун волӣ иттифоқчиёни навро ҷўё мешавад. Иттифоқчиёне чун Ҳинду Ҷин, ки як навъ ҳамгироии пўшида бо Русия доранд. Аммо ин ҷараён хеле мураккабу давомдор буда метавонад. Зеро то имрўз манфиатҳои миллии ҳар кадом масъалаи муҳими матраҳшуда аст. Аз ҷониби дигар кишваре чун Русия бо таъмини аминияти иттилоотии ҷомеаву давлат, ташаккули афкори умум, беҳтар гардонидани хизматрасонии иттилоотӣ ва чанд унсури дигари вобаста, ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ворид шудан мехоҳад.

Дар давоми асри 20 пешгўиҳое вуҷуд дошт, ки таҳаввулоти техникиву технологӣ ба як гунаи таркибӣ сурати сиёсии ҷаҳонро тағир медиҳанд ва нақшу таъсири давлатро дигар месозанд. Ин бозгўи он аст, ки дар фазои иттилоотӣ ҳатман силоҳи иттилоотӣ вуҷуд дорад. Гуногуншаклии ин силоҳ эътироф шудааст, ки дар сархати он ахбор қарор дорад. Ба ақидаи олимону коршиносони соҳа силоҳи иттилоотӣ ин ба вуҷуд овардани бесарусомонӣ дар мафкураҳост, ки аз бесарусомонӣ дар иқтисод дида бадтару пурхавфтар аст. Ин силоҳро баробар ба силоҳи қатли ом донистаанд. Корбасти муваффақонаи ин силоҳ талафи манфиатҳову арзишҳои миллӣ ва шикасту пора гаштани ҷомеаҳост. Мусаллам аст, ки силоҳи иттилоотӣ муҳайёсозанда ва пайдокунандаи сангарҳову ҷангҳои иттилоотӣ ба шумор меравад. Ҷанги иттилоотӣ бошад раванди мухолифатҳову умумиятҳои инсонист, ки барои ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва дигар ҳадафҳои сатҳи стратегӣ бо роҳи таъсир расонидан ба шаҳрвандон, ҳокимият ва ҳарбиён шакл мегирад. Нерўҳои муқобили ҳам қароргирифта бо роҳи паҳн кардани ахбори махсус омодашуда раванди воқеотро тағир додан ва ба он таъсир расонидан мехоҳанд. Фаъолияти мақсаднок, ки барои пештозии иттилоотӣ ба нақша гирифта мешаванд, бо роҳи зарба ба раванди иттилоотии ин ё он кишвар ба вуҷуд меояд. Ҳатто ба ахбор зарба расонида мешавад ва ахбор дар як ҷомеа иқтидори худро гум менамояд. Системаҳои ахбории ҷомеаҳо хароб гардонида мешаванд. Ин раванд ғайриошкор аст ва танҳо ҷомеаҳои аз нигоҳи идеологӣ нерўманд онро дарк менамоянд. Он ҷомеае гирифтор ва мағлуб аст, ки агар дар фазои иттилоотӣ сипари иттилоотии заиф дошта бошад. Ин аст, ки ҷомеаҳои фаъол ахбори худро ҳимоя менамоянд ва онро нерў бахшидан мехоҳанд. Ҷангҳои иттилоотӣ вобаста ба манфиатҳои умумибашарӣ сурат мегиранд. Байни системаҳои ҳокимиятҳо, системаи арзишҳо ва идеологияҳо ин бархурдҳо имрўз зиёданд. Манфиатҳо ва умумиятҳои имрўза - ба расмият шинохтан ва нашинохтани давлатҳо, иттиҳоди давлатҳо, ҷонибҳои ҷангҳои шаҳрвандӣ, ташкилоту созмонҳои экстремистиву терористӣ, ки бо роҳи зўроварӣ ғасби ҳокимиятро мехоҳанд ва амсоли он дониста мешаванд. Намунаи нисбатан возеҳи ҷанги иттилоотӣ ҷанги сарди солҳои 1946-1991 ба ҳисоб меравад, ки ба муқобили ИҶШС ҷараён дошт ва аз соли 2008 вобаста ба қазияҳои гурҷӣ ба муқобили Русия ҷанги нави иттилоотӣ оғоз гардид. Қазияи Украина шиддатёбии ин набарди иттилоотӣ буд ва ҳаст. Мафҳуми «ҷанги иттилотӣ», ба андешаи Ярослав Деркаченко ин ҷанги насли чорум мебошад, ки аз охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта нуфуз пайдо менамояд. Алакай дар солҳои навадуми асри гузашта ҳамчун як назарияи таҳқиқӣ ба фазои илмии Русия ворид шудааст. Ҷомеаи амрикоӣ ҳамчун кашшофи фаъоли ин усули нави мубориза барои як навъ аз назар пинҳон монондани он корбасти мафҳуми ҷанги иттилоотиро ба «амалиёти иттилоотӣ» иваз карда истодаанд.

Соли 1998 аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Русия ба котиби генералии СММ мактубе ирсол гардид, ки дар он дар бораи амнияти иттилоотии байналхалқӣ сухан мерафт. Дар мактуб зикр мегардид, башарият бояд дар бораи падид омадани силоҳи нав - силоҳи иттилоотӣ андешад ва дар бораи паҳн нагаштан ва истифода нашудани ин аслиҳаи нави қатли ом чора андешад. Баъди фосилаи баҳсҳо ин тасмим ҷонибдорӣ гашт ва қарори махсуси СММ (рақами 53/70) аз 4-декабри соли 1998 бо мазмуни дастовардҳо дар фазои иттилотӣ ва телекоммуникатсия дар доираи амнияти иттилоотӣ қабул гардид. Вале ҷомеаи ҷаҳонӣ ба истиснои чанде аз кишварҳои абарқудрат то ҳанўз натавонистааст, ки ҳақиқату воқеияти фазои иттилоотӣ ва таҳдиду хатарҳои фазои иттилоотиро дарк намояд.

Аз ин рў моҳияти фазои иттилоотӣ ва унсурҳои фарогири он танҳо як дарки хушку холӣ нест. Фазои иттилоотӣ барои кишварҳо зина ба зина ба як рукни устувориву бақои иҷтимоӣ табдил ёфта истодааст. Халалдорсозандаи фазои иттилоотӣ ва таҳдид ба яклухтии он дар фазои ҷумҳуриҳои пасошўравӣ ин камтаъсирии ВАО-и марказӣ ба музофоту минтақаҳо, инҳисороти ВАО-и маҳалливу мутамарказ гаштани он, бунбасти иттилоотӣ, нодида гирифтани манфиати аудиторияҳо ва чанд омили дигари марбут ба сармоя мебошад. Сарфи назар аз маҳдудиятҳо ва баъзе канормонданҳо бояд ҳар як кишвари инкишофёбанда дар паи бунёди фазои иттилоотии хос ва ё сипари иттилоотии устувор бошад. Зеро ба фазои иттилоотии ягонаи ҷаҳонӣ ворид гаштан, дар баробари монеаҳои зиёд доштан, фосилаҳои муайяни вақтро хоҳон аст. Маълум, ки ба таври умумӣ ин ҳадафро сиёсати иттилоотӣ ки маҷмўи тадбирҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии давлату ҳукуматҳо, ки барои пойдории салтанатҳоро равона мешаванд, ифода менамояд. Нодида гирифтани равзанаҳои ахбориву шаклгирии фазои иттилоотӣ аз ҷониби ниҳодҳои марбута, алалхусус аз ҷониби қишри зиёиву равшанфикри ҷомеа оқибати судманд нахоҳад дошт.

Бахтиёри Қутбиддин,

мудири кафедраи журналистикаи

байналхалқии ДМТ

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм