SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

сипехрНизоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои сиёсӣ  ва сохти давлатдорӣ шакл гирифта, баъдан таҳаввул ёфтааст. Дар нахустин марҳилаи шаклгирии низоми ВАО ҳукуматҳо ва низомҳои мавҷуди сиёсӣ талош кардаанд, ки онро таҳти сайтараи тасаллути худ дароваранд ва озодии онро зери суол бубаранд. Ин ҳаракати низомҳои сиёсӣ, яъне ҳукуматҳо дар марҳилаи аввали рушди низоми ВАО коромад воқеъ шуда, озодии ВАО-ро маҳдуд кард.

          Аммо ин талош ва ҳаракатҳои низомҳо, ки ҳадафашон таҳти контрол нигоҳ доштани ВАО буд, ноком шуд, зеро ВАО, ба вижа муассисон ва рӯзноманигорон дар Ғарб ва баъдан дар дишар гушаву канори олам бо як муборизаи худҷуш раванди озодии низоми ВАО аз ҳукуматҳоро фароҳам оварданд. Инчунин, баъди рӯйи кор омадани низомҳои демократии давлатдорӣ ва ба раванди ҳамагони табдил ёфтани либеролизми ғарбӣ низоми ВАО низ вориди марҳилаи тағйирот ва таҳаввулоти бунёдӣ шуда, ба марҳилаи ҷадид, яъне марҳилаи низоми ВАО-и озодгаро ворид шуд.

           Мунтақидони соҳаи иртиботот ба ин назаранд, ки низоми ВАО дар ҷаҳон бар асоси низоми сиёии кишварҳо ва вазъияти сиёсиву иқтисодӣ шакл гирифта ташаккул ёфтааст ва бояд бар асоси ин ду далел таърифи низоми ВАО ироа шавад. Барои ин ки ба таърифи дақиқи низоми ВАО бипардозем, ногузир бояд ба таърихи шаклгирии низоми сиёсии кишварҳо руҷуъ кунем ва бар мабнои вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто мавқеи ҷуғрофиёии кишварҳо ин масъаларо баррасӣ кунем.

            Муҳаққиқони ғарбӣ бар инанд, ки низоми ВАО сохтаи дасти башар аст ва ҳангоми таҳқиқ бояд ба ин нукта таваҷҷӯҳ бишавад, ки кадом низоми ВАО барои  коромадии фаъолияти расонаҳо муассир ва мувофиқ аст. Ҳоло дар бештарин кишварҳои ҷаҳон ВАО бар асоси низоми озодии ВАО фаъолият мекунад ва муҳаққиқон ҳам ин навъ шакли низоми ВАО-ро барои коромадии он мувофиқ донистаанд. Бо ин далел, низоми ВАО дар ҷаҳон бар асоси чанд назария ё формула шакл гирифта,  ҳамаи низомҳои ВАО дар таърихи на чандон тулонӣ таҷриба шудаанд. Ба хусус кишварҳои ғарбӣ, ки қуллаи рушд ва таҳаввули ВАО ба ҳисоб мераванд, дар он кишварҳо, ҳама низомҳои расонаӣ дар амалия таҷриба шудааанд ва он таҳти таъсири таҳаввули низомҳои сиёсӣ, яъне давлатдорӣ шакл гирифтааст. Дар кишварҳои шарқӣ бошад, ки муҳаққиқони ғарбӣ ба унвони кишварҳои ҷаҳон дуюм ном бурдаанд, шаклгирии низоми ВАО таҳти таъсири низоми сиёсии давлатдорӣ(ки аксаран давлатҳо идеоложик буданду ҳоло ҳамҳастанд) сурат гирифтааст.

            Муҳаққиқи Ғарбӣ Олен Велз(Alen Wells) оид ба шаклгирии низоми ВАО ин андешаро матраҳ мекунад, ки низоми расонаӣ навобаста аз ҷараёни шаклгирӣ ва сохти давлатдорӣ дар ҳоли тағйир аст ва ҳадафи асосии низоми ВАО овардани тағйироти иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошад: “Низоми ВАО сохтаю пардохтаи дасти башар  ва тағйирпазир аст. Вазифаи аслӣ дар мутолиаи ин низомҳои ВАО рушан кардани ин масъала аст, ки чӣ гуна навъи низоми пазируфташуда бар тарзи истифодаи расонаҳо таъсир мегузорад ва чӣ гуна ин таъсир дар навбати худ, тағйроти иҷтимоиро ба вуҷуд меоварад”(велз 19 74,4)...

Кишварҳои ғарбӣ, ки гаҳвораи пайдоиш ва ташаккули ВАО ном бурда мешаванд, барои шакл додани низоми ВАО ҳамеша бо низомҳои сиёсӣ  дар набард будаанд. Дар аввалин рӯзҳои пайдоиши санъати чоп ва рӯзномаҳо, ки бо ҳимояти калисоҳо ва подшоҳ ба амал омадааст, нахустин талошҳоро ҷиҳати озодии расонаҳо аз зери таъсири ҳокимон оғоз кардаанд. Соҳибрасонаҳо ва рузноманигорон бо талошҳои иштинопазир тавонистанд, ки озодии матбуот, умуман расонаҳо аз низомии сиёсии ҷомеаро ҳамчун ҳадафи тавсеаёфтании ҷомеа ба мардум расонанд ва ҳуккомро мутақоид кунанд, ки назарияи озодии расонаҳо ба рушпешрафти ҷомеа кӯмак мекунад. Ин нукта қобили таъкид аст, ки дар он давра аз оғози асри 17 сар карда то баъд расонаҳо таҳти низоми сиёсии истибдодӣ фаъолият мекарданд. Агар пайдоиши аввалин рӯзномаҳо дар ғарб ба нимаҳои севуми асри 17 рост ояд, баъди тақрибан як даҳа вакилони маҷлиси шоҳии Ангилия шоҳ Чарзи аввалро маҷбур карданд, ки муққарароти сахтгиронаи сонсургарон- Маҷмаи ситорадор (Champer Pight)-ро, ки ҳадафаш контроли рӯзномаҳо буд, лағв кунад. Ин нахустин талоши рӯзномаҳо дар муқобили истибдод барои ба даст овардани озодии худ буд. Аз ин рӯ, агарчи дар ғарб матбуот дар шароити истибдодӣ ба вуҷуд омад, вале ҳамеше дар талоши озодихоҳӣ ва аз зери сайтараи низоми сиёсии истибдодӣ берун рафтан буд.

            Дар марҳилаи пасоистибдодӣ ё марҳилаи оғози инқилобҳои озодихоҳӣ матбуот озодии нисбии худро ба даст оварда, низоми ВАО аз шакли низоми омирона ё истибодии мудирият ба низоми озодигароӣ гузашт. Имкон фароҳам омад, ки низоми нави ВАО ҳамроҳ бо низоми сиёсии навин-низоми демократии давлатдорӣ шакл ва таҳаввул ёбад: “Бо тамоми ин аҳвол аз аввалҳои қарни ҳаҷдаҳум, бар асари тазъифи салтанат ва қудрати истибдодӣ ва ҳамчунин пешрафти андешаҳои рушанфикронаи фалсафаи сиёсӣ ва рақобати дастаҳои ҳаводори давлат, низомҳои ҳукуматии истибдодӣ  тавони идомаи рақобатро аз даст доданд ва гуруҳҳову табақоти дигаре дар идораи ҷомеа нақш пайдо карданд ва инқилоби демократиро ба вуҷуд оварданд”()”Муътаминажод, 1356,9).

            Ҳамин тариқ, дар охирҳои асри ҳабдаҳ ва оғози асри ҳашдаҳ бо пирӯзии ҷараёнҳои навгаро ва таҷаддудхоҳ дар ғарб  таназули ҳукуматҳои истибдодӣ фаро расида, бо ғалабаи инқилобҳои демократӣ давраи нав барои фаъолияти ВАО фаро расид. Бо фурупошии низоми истибдодӣ фаъолияти давраи аввали матбуот, яъне давраи истибдодӣ низ ба охир расид ва бо оғози фаъолияти ҳукуматҳои демократӣ марҳилаи дувуми фаъолияти матбуот-марҳилаи матбуоти ақидавӣ-сиёсӣ фаро расид. Муҳаққиқ Муътаминажод дар хусуси фаъолияти ин давраи ВАО дар ғарб чунин менигорад: “Дар ин давра, рӯзномаҳои ҷадид тавассути тарафдорони озодӣ по ба арсаи вуҷуд гузоштанд, аммо ба дунболи таъорузҳо ва рақобатҳои озодигароён ва мардумгароён, саранҷом гуруҳҳои озодигаро, контрол ва идораи умури сиёсиро дар даст гирифт ва ба ин тартиб бо пирӯзии сиёсии озодигароён давраи дувуми фаъолиятҳои расонаӣ, ки “асри ормонӣ”(Ide al Age) он ба шумор меравад, рӯ ба таназзул овард ва давраи севуми он ки “асри хабарӣ ва тиҷоратӣ”(Commercial and News Age) мебошад, шуруъ шуд”.(Мӯътаминажод, 1356, с.45). Дар давраи “асри ормонӣ” ва “асри хабарӣ ва тиҷоратӣ” расонаҳои ғарб пешгом бо низомҳои сиёсӣ қадам монда, дар таҳаввулот ва нақшоваринӣ ва навгароиву тараққихоҳӣ нақши бориз доштаанд. Маҳз дар ҳамин давраҳо матбуот бо пойбандӣ ба усул ва қавонини рузноманигорӣ ва ахлоқи касбӣ ҳифият ва озодии худро ҳифз кард. Баъд аз ин давра, яъне аз оғози асри нуздаҳ то ба баъд  расонаҳо дар ғарб бо ду шохис “озодии интишор” ва “озодии таъсис ва идораи муассисоти расонаӣ” фаъолият намуда, густариш ёфтанд.

            Ин нукта боиси таъкид аст, ки руъёи “озодии матбуот” аз асри ҳабдаҳ то замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ  мавриди назари таҷаддудхоҳон буд ва баъди поёни ҷанг ва ихтироъ шудани воситаҳои нави ВАО, аз ҷумла, радио, телевизион ва синамо таҳаққуқ пайдо кард. Соли 1945 кишварҳо зимни қабули Эъломияи ҳуқуқи башари  Созмони миллали муттаҳид махсусан озодии баён, доштани ақидаи озод ва дастраси ба васоити озоди иттилоърасониро ҳамчун ҷузъи асосии ин санади муҳими байналмилалӣ қабул карданд.

            Пас аз пирузии Шӯравӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дувум ва ҳаминтариқ ҷамъ шудани кишварҳо зери сақфи як созмони байналмилалӣ-СММ Амрико бо нигаронӣ аз тамоюли кишварҳои тозабаистиқлолрасида ба тарвиҷи назарияи “ҷараёни озоди иттилоот” падохт. Амрико бо ин барнома хост гароиши кишварҳоро аз низоми расонаии шӯравӣ боз дорад ва ҷараёни озодии ВАО ва озодии дастраси ба иттилоотро таблиғ кунад. Ба дунболи ин, се устоди донишгоҳи Амрико Фред С. Сибрет, Теодор Питерсон, Вилбур Шрамм китобе ба унвони “Чаҳор назарияи матбуот” таълиф намуда, низомҳои ВАО ва масъалаи кадом низом барои идораи ВАО мувофиқтарро матраҳ намуданд. Муҳаққиқон номбурда дар китоби мазкур ба таъриф ва ташреҳи чаҳор низоми расонаӣ пардохта, ҳар як низоми расонаиро шарҳ ва тавзеҳ додаанд. Ба таҳқиқиқи муҳаққиқон назарияи низоми шуравӣ-коммунистии матбуот як низоми баддтар аз низоми иқтидогарои расонаӣ буда, он барои  фаъолияти озоди ВАО истибдодӣ аст. Баъд аз нашри ин  китоб ва шарҳу тавзеҳи назарияи низомҳои расонаӣ муҳаққиқон то ба ҳол ба таҳқиқ пардохта, ҳар кадоме дар пайи собит кардани низоми беҳтарини расонаӣ аст. Бояд гуфт, ки аз соли 1960 то ба имрӯз дидгоҳ ва назарияҳои зиёде оид ба низомҳои расонаӣ халқ шудааст ва яке аз аввалин муҳаққиқоне, ки раде бар китоби “Чаҳор назарияи матбуот” навишт, ин файласуф ва муҳаққиқи ингилис Рэмонд Вилямз мебошад. Ӯ дар китоби худ, ки унвони “Иртибот”-ро дорад, дидгоҳи муҳаққиқони китоби “Чаҳор назарияи матбуот”-ро ба чолиш кашида, иддаои бадтар будани низоми шӯравии комунистии матбуот аз низоми иқтидоргарои матбуотро рад мекунад. Рэмонд Вилямз(Raymond Williams) дар китоби худ чаҳор навъи низоми расонаӣ ё назарияи матбуотро матраҳ мекунад:

                        1.Низоми расонаҳои омирона

                        2.Низоми расонаҳои падарсолор(Paternal)

                        3.Низоми расонаҳои демократӣ

                        4. Низоми расонаҳои тиҷорӣ

            Нақд ва таҳқиқи Рэмонд Вилямз дар хусуси низомҳои расонаӣ аз он ҷиҳат боаҳмият аст, ки ӯ бо дидгоҳҳои нав ва шохисбандиҳои ҷадид низоми расонаҳоро таъриф мекунад. Инчунин ӯ, аз ҷумлfи аввалин касоне аст, ки ба интиқоди китоби “Чаҳор назарияи матбуот” пардохта, дидгоҳи муаллифон китоб оид ба натиҷагирӣ дар мавриди “бадтар будани низоми расонаҳои шуравии коммунистӣ дар муқоиса бо низоми расонаҳои иқтидогароро”-ро рад мекунад. Рэмонд Вилямз дар хусуси низоми расонаҳои омирона изҳори назар карда, менависад: “Низоми падарсолор, ҳамон низоми омирона аст, аммо навъи низоми омирона бо виҷдон; дар ҳоле ки мутавалиёни низоми омирона иддаои ҳаққи ҳукумат доранд. Гардонандагони низоми падарсолор вазифаи роҳнамоӣ ва ҳимоят барои худ қоиланд. Дар низоми падарсолор низ контрол вуҷуд дорад, вале контроле, ки дар ҷиҳати пешрафти аксарияти мардум аст. Агар дар низоми падарсолор аз инҳисори абзорҳои иртиботӣ, аз ҷумла расонаҳо сухан гуфта шавад, ин кор барои ҷилавгирӣ аз суйистифода аз ин абзорҳо аст. Сонсур дар ҳар ду низом(манзур низоми омирона ва падарсолор-шарҳи мо) вуҷуд дорад, вале дар низоми омирона ҳадафи сонсур алоқаҳои шахсӣ аст, дар ҳоле ки дар низоми расонаҳои падарсолор сонсур ба хотири алоқаҳои умумӣ ва дар ҷиҳати ҳимоят аз мардум эъмол мешавад(Williams, 1976,P131).

            Тавре дар боло таъкид кардем, пас аз интишори  китоби “Чаҳор назарияи матбуот” то ба баъд муҳаққиқони зиёде пайдо шуданд, ки бар ин китоб нақд навишта, ҳамчунин назария ва низомҳои нави расонаҳоро пешниҳод карданд. Аз ин дидгоҳ, мо мухтасар чанде аз ин муҳаққиқонро бо дидгоҳ ва назарияҳои пешниҳодиашон ин ҷо зикр мекунем.Фернандо  Трэ, устоди ҳуқуқ ва иртиботот ва раиси собиқи студияи матбуоти донигоҳи Париж дар соли 1962 табақабандии ҷадиде оид ба низоми расонаҳои ҷаҳонӣ матраҳ кард. Ӯ низ чаҳор навъ низомро дар назар мегирад. 1.Низоми омирона, 2.Низоми таъадудгарои ғарбӣ(Western Pluralist System) 3.Низоми коммунистӣ-шуравӣ, 4.Низоми расонаҳои кишварҳои дар ҳоли тавсеа.

Ролф Ловенштейн(Raloh Lowenstein)  муҳақиқи амрикоӣ дар китоби “Расонаҳо, паёмҳо ва мардум” табақанбандии китоби “Чаҳор назарияи матбуот”-ро мавриди бозбинӣ қарор дода, ин навъи низоми расонаҳоро пешниҳод мекунад: а)Низоми омирона, б) Низоми озодгаро, в) низоми тамаркузгарои иҷтимоӣ(Sodal  Centralism System) г)низоми озодигароӣ иҷтимоӣ.

Вилям Ҳоктен(William Hachten), муҳақиқи амрикоӣ дар соли 1981 табақабандии зеринро матраҳ мекунад: Низоми омирона, низоми озодгарои ғарбӣ, низоми коммунистӣ-шӯравӣ, низоми инқилобӣ, низоми тавсеаёфта.

            Ин чанд дидгоҳи муҳаққиқони ғарбӣ ва табақабандии низоми расонаҳои ҷаҳон гувоҳ бар ин аст, ки сайри таҳаввул ва рушди низоми расонаӣ дар ҷаҳон сода набуда, марҳилаҳои гуногунро дар бар мегирад. Ин ҷо муҳақиқи амрикоӣ Вилям Ҳоктен ду низоми нав, низоми инқилобӣ ва низоми тавсеаёфтаро зикр мекунад, ки то ҷое ба низоми расонаҳои шарқ, ба вижа собиқ кишварҳои Шӯравӣ мувофиқ аст.

            Бо сайри кутоҳ ба пешинаи шаклгирии низоми расонаҳо дар ҷаҳон мо ба ин натиҷа расидем, ки низоми расонаҳо дар ҷаҳон бо таҳаввул ва дигаргуниҳои сиёсӣ шакл гирифта, дар марҳилаи охири рушди худ расидааст. Дар ғарб маъмулан низоми демократии расонаҳо маъмул буд ва ҳоло низоми иҷтимоии расонаҳо дар ҳоли шаклгирӣ аст. Аз рӯи дидгоҳи муҳаққиқон дар як даҳҳаи ахир дар ғарб низоми иҷтимоии расонаҳо бар низоми демократии расонаҳо пирӯз шудааст.

            Зикри ин мисолҳо ба ин маънӣ аст, ки агар мо хоҳем низоми ВАО дар Тоҷикистонро муайян кунем бояд ба назария ва навъи низоми ВАО таваҷҷӯҳ кунем, ки дар ин минтақа шакл гирифт. Аз аввалин марҳилаи пайдоиши рӯзномаи тоҷикӣ дар Осиёи Миёна-“Бухрои Шариф” то оғози интиқилоби октябр метавон тахмин кард, ки матбуот дар мо таҳти султаи Аморати Бухоро ва подшоҳии Русия шакл гирифт. Яъне, матбуот дар ин давра таҳти низоми омирона ба вуҷуд омад.

           Баъди фурупошии Аморти Бухоро ва пирӯзии болшевикон дар Осиёи Миёна матбуоти инқилобӣ интишор шуд, ки мақсадаш расондани ҳадаф ва ормонҳои болшевикон буд. Дар ин давра матбуот бештар гирифтори шиорҳои инқилобӣ шуда, як навъ функсияи пропагандаро иҷро мекард. Агар бар асоси табақабандии муҳаққиқон ин давраро табақабандӣ кунем, бешак ба низоми инқилобии расонаҳо рост меояд. Меъёр ё шохисҳое, ки аз суйи муҳаққиқи амрикоӣ Вилям Ҳоктен дар мавриди низоми инқилобӣ матраҳ шудааст, ба ҳамин давраи матбуоти тоҷик монанд аст. Ин муҳаққиқи амрикоӣ дар шарҳи низоми расонаҳои инқилобӣ менависад: “Ленинро метавон поягузори мафҳуми инқилобии идораи расонаҳо донист. Ба баёни соддатар, ин мафҳум баёнгари навъе иртиботи ғайриқонунӣ ва мухарриб аст, ки аз ВАО ба манзури барандозии як давлат ва халъи қудрати ҳокимони бидуни машруъият истифода мекунад”.( Hachten, 1981, с.32) Бар асоси ин назария таҳқиқ кунем, матбуоти инқилобии тоҷик дар аввалин рӯзҳои пайдоиши худ таҳти таъсири ҳамин низоми расонаӣ таъсис шуд. Дар рӯзҳои аввал агар мақсад ва ҳадафашон таблиғоти ҳукумати шӯроҳо бошад, баъдан  таблиғоти сиёсии худро бар зидди ҳаракати босмачиҳо равона карданд. Баъд аз шикасти босмачиҳо ва истиқрори ҳукумати болшевикҳо ва оғози ҷанги ҷаҳонии дувум матбуоти тоҷик моҳияти фаъолияташ дигар шуд. Дар ин давра матбуот бештар хусусияти идеологӣ-сиёсӣ касб карда, ба низоми нав, яъне низоми расонаҳои Шӯравӣ-коммунистӣ ворид шуд. Бо ин далел гуфтан мумкин аст, ки ВАО дар Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистони шӯравии пешин бар асоси ҳамин ду низоми расонаҳо-инқилобӣ ва шуравии коммунистӣ шакл гирифтааст. 

                                                                                              Сипеҳри Кароматулло

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм