SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти Тољикистон». – Душанбе: Матбуот, 2016, - 671 сањ.

Сулњ ба њайси бузургтарин сармояи маънавии инсоният шароит ва имкон фароњам меорад, ки ањли башар бо њам дўстона зиндагї кунанд ва барои худ муњити орому осоишта бунёд намоянд.

Эмомалї Рањмон

Бо васфи сулњ

Хушбахт он миллат аст, ки дар фазои сулњу њамгирої умр ба сар мебарад ва сабаќ аз иштибоњи гузаштаи худ гирифта сулњу суботи бебањоро њифз карда метавонад. Ин мазмун аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатамон бармеояд, ки чун кафили ин сулњу оромї дар фазои як сарзамин тавонист, ки сангари бузургеро дар муќобили љангу хунрезињо ба вуљуд орад. Боиси фарањмандиву ќаноатмандист, ки дар партави ин сиёсати Пешвои миллат аксари ањли илму эљоди ватандўсту худшинос асару нигорањоеро ба вуљуд меоранд, ки ќимати беканори ин сулњро бори дигар барои омма собит менамоянд. Нашр гардидани китоби профессор И. Усмонов бо номи «Тањкими сулњ ва тањаввулоти Тољикистон» дар арафаи таљлили бистсолагии вањдати тољикон далели гуфтаи болост. Чун љое ба таври фарогир нисбат ба мазмуну мўњтавои ин китоб андешањои худро баён дошта будем, зарур намедонем, ки ба ин мавзуъ бори дигар бозгашт дошта бошем. Инљо мехоњем, ба таври интихобї чанд нуќтаро дар мавриди сулњу вањдати тољикон ёдрас гардем, ки дар маќолоти мухталифи асар матрањанд. Албатта, мазмуни умумии ин асари калонњаљмро ба ду бахши аъзами дигар - худшиносї ва ифтихори миллї низ метавон таќсим намуд, ки ин боз чанд тањќиќи дигар хоњад буд.

Дар маќолаи «Рисолаи сулњ» садои даъват ва шиор тантанаи хос дорад. Дар такя ба њофизаи таърихии миллат муаллиф мисолњои зиёдеро ишора менамояд. Аз иштибоњу ѓафлатњо ба хонандагон ба таври асосонок чизе гуфтан мехоњад. Дар ин радиф амалњои гўшношунидеро, ки насли тољик дар соли 1992 ба њамдигар раво дида буд, мисол меорад. Хонандаро дар домани ќиёс ба ќазоват меорад ва аз Афѓонистоне мисол меорад, ки дар љанги дањсолаи он 15 њазор нафар ќурбон гашта буд. Аммо дар љанги бародаркушии мо танњо дар давоми 6 моњ зиёда аз 40 њазор нафар ќурбон гаштанро таъни беамон медонад. Фалсафаи амиќе дар ин гуфтаи муаллиф нињон аст, ки аз оѓоз то имрўз андешапарвар аст: «… сулњ барои мурдањо лозим нест. Онњо ором гирифтанд Худо рањматашон кунад. Сулњ барои зиндањо даркор аст.., њоло дар Тољикистон зинда бисёр аст.» (сањ. 11) Ин суханон дар рўзњое баён мегаштанд, ки миллатро порашавї тањдид менамуд ва душманон аз дур нигарони нуќтаи нињоии њадафи худ буданд. Муаллифи китоб яке аз он ширкаткунандагони фаъоли КОМ буд, ки бо дастуру тавсияи Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон талошу кўшиши худро сарф менамуд ва аксар њолатњоро шоњиди бевосита буд. Бо ин асос ў андеша дорад, ки раванди сулњи тољикон раванди душвор, вале муњими сиёсї буд, ки заминаи муттањидї ва якпорчагии онро фароњам сохт. Чун як тан шањрванди кишвар аз он фарањманд аст, ки халќи тољик назди ањли башар сарбаландона аз як имтињони сангини таърихї гузашт. Ў ин сулњро мутафовут мењисобад ва дар як навъ ќиёс сулњи тољиконро намунаи бењтарини њамгирої дар љањон мешуморад. Муаллиф танњо тољиконро андармону олудаи гирудорњо намењисобад ва аз «љанги инќилобмонанди ќирѓизњо, ќазияи норушани Ќарабоѓ то имрўз, љанги шањрвандии Гурљистон, мухолифатњои Молдова, истиќлолхоњии тоторњо дар Русия, љараёни људохињии чеченњо, ќазияи Украина…» ва амсоли он ёдрас мешавад. Механизми сулњсозии тољиконро намунаи ибрат барои насли башар медонад, ки ин нуќтаро дар пояњои баланд сиёсатмадорони бузурги љањонї ва намояндагону масъулони СММ борњо таъкид кардаанд.

Таъкид аз наќши сулњсозии Эмомалї Рањмон

Аќидањои муаллиф дуруст аст, ки раванди оѓози сулњ дар он солњо мушкилу сангин буд. Ба алангаи баланди оташ наздик гаштан њама ваќт хатар дорад. Аммо ба андешаи профессор И.Усмонов, танњо далолати шахси якум - Эмомалї Рањмон боис шуд, ки раванди сулњ аз љониби њукумати ваќт љараён пайдо намояд. Соли 1993 нињоят даврони њассос буд ва он замон танњо аз худ гузаштанњову худфидоињо лозим буданд, то ки ќадамњои устувор дар роњи сулњ гузошта шаванд. Овардани як иќтибос аз забони Эмомалї Рањмон дар он солњо воќеиятбин будани муаллифро гувоњ мебошад. Дар китоб омадааст: «… гумон накун, ки њамаи мо њамдигарро дўст медорем. Онњо њам моро дўст намедоранд, мо њам онњоро дўст намедорем. Лекин мо њамаамон ба њар њол як љои умумии дўстдоштанї дорем, ки он Тољикистон аст. Аз ин зиёдтар бадтар шуданаш мумкин нест. (сањ. 49)»

Аз ин болотар мисолу намунае дар бобати нахустќадамњои сулњсозии Пешвои миллат вуљуд дошта наметавонад ва дар ин роњ гўё зарурат ба њазорон мисолу таъкиду дигар њам боќї намемонад. Ин таъбир барои хонанда як хулосаро мебахшад, ки Эмомалї Рањмон чун як шахсияти бузурги миллат аз аввалин рўзњои сари ќудрат омадан то ба имрўз як андеша дорад, ки он сулњсозиву нигоњ доштан, тањкими истиќлолияти кишваре дар харитаи сиёсии љањон бо номи Тољикистон аст. Нигористони андешањои муаллиф дар њаќиќат гувоњї аз он медињанд, ки Эмомалї Рањмон асосгузор ва тасмимгирандаи аввалини ин сулњу вањдати тољикон будааст. Муаллиф ин фикрро бо ќолаби обшустаи такрору тамаллуќе иброз намедорад, балки онро услуби хоси публитсистиии муаллиф ба миён меорад. Яъне баёни воќеиятест, ки онро муаллиф худ шоњид буд.

Њифзи сулњ

Дар давоми ин андешањои худ муаллиф доимо ба он аќидааст, ки «њам љанг ва њам сулњ нишон дод, ки барои халќ дар љанг фоидаи моддї ва фоидаи маънавї нест»(сањ. 59). Чунин ба назар мерасад, ки Иброњим Усмоновро њифозати ин сулњ чун муњимтарин њадафу таблиѓ боќї мемонад. Муаллиф тањдидњои мављудаеро дар бобати сулњи тољикон дарк намуда, ќонунро асоси пойдории сулњ мењисобад: «…њам дар дохили кишвар ва њам беруни кишвар ќуввањо, нерўњое њастанд, ки мехоњанд њамон љињати пештараро барќарор кунанд. Онњо обро лой карда худашон моњї гирифтан мехоњанд. Аз вазъият истифода бурда худашон омадан мехоњанд. Як роњи халосї њаст. Ќонунро риоя кардан даркор аст.»(сањ. 61). Ишораи мазкур нахуст аз ќонунписандии муњаќќиќ дарак медињад. Андешаи сањењи ў он аст, ки набудани ќонуни устувор нахустин тањдиду хатар барои сулњи фароњамомада ба њисоб меравад. Ин аст, ки мавсуф ба њокимону масъулони низоми давлатдории кунунї доиман аз њикмати «…тарањњум ба паланги тезтандон …» ёдовар гаштан мехоњад. Сиёсати маќсадноку низоми устувори ќонунмандиро мањаки аслии пойдориву њифзи сулњи кунунї медонад.

Дин, сиёсат ва сулњ

         Андешањо дар бобати аз ислом сохтани идеология ќобили таваљљўњ мебошанд. Муаллиф ошкор мегўяд, ки «ќуввањо такя бар дин карданд» ва ин омил боиси харобии мулкњо гашт. Чун як коршиноси сиёсї сабабњо, омилњо ва љузъиёти носањењи аз дин сохтани сиёсатро амиќан дарк менамояд: «Мамлакатњои араб, ки дар назари исломиёни мо мусулмонобод менамоянд,  аммо дар биёре аз онњо ихтилофи диннї ва мазњабї вањдати миллиро аз байн бурдааст»(сањ. 71). Ишораи мазкур ба њолати кунунии аксар кишварњои ба истилоњ мусалмонї мебошад, ки бар хилофи фармудаву талаботи дини Ислом мулкњои худро оташ задан доранд. Мисолњои алоњида дар мавриди тарѓиби нодурусти дини ислом ќобили зикранд. Профессор Иброњим Усмонов олиму муњаќиќиќест, ки чун як мусалмони даќиќбин аз таълимоти Ќуръон воќиф аст. Агар чунин намебуд, дар аксар сањифањои китоб тарљумаи ояњои алоњидаро перомуни сулњу вањдату њамгирої дучор намегаштем. Ба таври мисол пеш овардани тарљумаи ояти зерин барои тамоми ањли башар намунаи бењтарини даъват ба сулњу вањдату бародарист: «Ва њамагон даст дар ресмони Худо занед ва пароканда машавед ва аз неъмате ки Худо барои шумо арзонї доштааст, ёд кунед: он њангом, ки душмани якдигар будед ва ў дилњоятонро ба њам мењрубон сохт ва ба лутфи ў бародар шудед» (с.Оли Имрон, 103)(сањ. 196). Аммо муаллиф бо вуљуди аз мавќеи як љонибдори дини Ислом сухан гуфтан, эњтироми дигар дину оинњоро ќоил аст ва роњи њалли муќобилгузории тамаддунњоро дар шароити љањонишавї, ки муљиби бадбахтињои ањли башар гашта истодааст, бо мантиќи хеле возењу сода баён медорад: «…сарењ бингарем, дар зоти худ њамаи динњо барои њамкорињо имкони фаровонро ќоиланд, зеро офаридгор якест, зеро дар он њолат муќобилгузории Шарќу Ѓарб.., ба таври дилхоњ аз миён бардошта мешавад, он гоњ њамдигарбиниву њамдигарфањмии инсонњо осонтар мешавад» (сањ. 196). Ин муќобилгузории феълиро муњаќќиќ дарк менамояд ва дар чунин шароит сохти дунявияти давлатро эътироф менамояд ва љонибдори он аст, ки дар системаи давлатдорї ба ин ё он дин бартарї дода нашавад. Ин аќида давоми андешањои ўст, ки феълан сиёсатсозињои динї вањдатњои миллиро забун сохта истодаанд. Аз љониби дигар муњаќќиќ Иброњим Усмонов дар баёни њадафњои сиёсї муљрим сохтани исломро мухолиф мебошад. Намехоњад, ки экстремизму терроризмро ба дин марбут созанд ва мегўяд, ки «…бадиро ба номи худаш гуфтан бењтар аст». Исломро муаллиф дини бузурги инсондўстиву инсонпарвар медонад. Ба ин мазмун дар љои дигар  Муњаммад(с)-ро як тан аз баргузидањое медонад, ки каломи неки он Зоти покро ба мо расонидааст, ки амал карданро ба гуфтањои ў саодати ањли башар мењисобад: «Ў сухангўи Зоти пок буд, лињозо ба љузъ иродаи Худои таоллоњ – сулњ, дўстї ва бародарї таълими дигареро пеш намекашид.» (сањ. 403). Гумон мекунем, ки ин андешањо дар њошияи афкори Пешвои миллатамон матрањ мебошанд, ки борњо аз минбарњои баланд бољуръатона њамчун нафари ягона аз миёни роњбарони давлатњои мусалмонї аз он таъкид менамояд, терроризмро ба дини Ислом марбут насозед. Ин гуна равиши андешањо њокї аз онанд, ки эътиќод дар кишварамон љараёни озод аст ва мушт бар дањони онњоест, ки аз кадом як бўѓишавии дину эътиќод љор задан мехоњанд.

Ташхисгарї аз гузашта ва оянда

Хосияти муњими асари публитсистї ташхисгарї мебошад ва осори сиёсии публитсист Иброњим Усмонов саршори ин таъинот аст. Чун як публитсист аз гузашта воќиф аст, имрўзаро мебинад ва яндаро то њадде бозгў карда метавонад. Масалан чун як мутахассису ташхисгар соли 1991 нисбат ба нашрияи «Чароѓи рўз» мегўяд: «…маќсади асосї ба шўр овардани одамону тезутунд гардонидани вазъияти љамъият ва бањраи сиёсї бардоштан аз ин дарњаму барњамињост.» (сањ. 100). Андешаи мазкур дар соли 1991 гуфта шуда буд ва љомеа шоњид гашт, ки то кадом андоза ин гуфта њаќиќатро дар худ љой дода будааст.

Муаллиф он фардест, ки ба воќеа аз чанд дидгоњ назар андохта метавонад. Дар ин самт донишманди илми таърих буданаш бештар имкон медињад, ки ба воќеа њам аз нигоњи илмї ва њам аз нигоњи публитсистї бањогузорї намояд. Ин бархурдорї боис аст, ки дар гуфтораш сабке падид ояд, ки  дар навбатии аввал хосияти оммавї дорад. Вобаста ба фазои сиёсиву иљтимоии Осиёи Марказї аз замони шурўи бозсозї муаллиф даќиќ гардонидааст, ки заминаи ноадолатињои таърихї барои мардумони ин сарзамин муњити носозгореро ба вуљуд овард. Мустаќилияти сиёсї, ќавмї ва этникї омилњои иљтимоие ба шумор мерафтанд, ки халќњои Осиёи Миёнаро ба гирдоби мухталиф рў ба рў месохтанд. Махсусан наќш ва љойгоњи тарроњони ѓаразманд, аз назари муњаќќиќ дур намемонад: «…ќарнњо кишварњои бегона ба ин минтаќа бо чашми тамаъ менигаристанд. Иддае аз ин мамлакатњо тавонистанд дар шароити нави иљтимої-сиёсї ѓарази худро дар ин сарзамин дар амал пиёда кунанд.» (сањ. 133). Маълум, ки андешаи боло як ишора ба љанги тањмилии шањрвандї дар Тољикистон мебошад. Дар њамин маврид боиси накўњиш аст, ки олимону коршиносону муњаќќиќони алоњидаи мо ба воќеањои сиёсии солњои навадуми асри гузашта њаќбинона бањо дода метавонанд. Дар ин самт борњо дар суханронињои Пешвои миллат ибораи «љанги тањмилї» корбаст мешавад. Мантиќи аслї аз ин гуфтаи Сардори Давлат нишон додани бегуноњиву зудбоварии тољикон аст. Яъне, низои тољикон аз худи онњо набуд ва бояд чун як таън дар сањифањои таърих боќї намонад. Вазифаи њар як ќаламкашу муњаќќиќ аст, ки бояд дар сањифањо сабт намояд ва наслњои оянда донанд, ки тољик њељ гоњ дар тули таърих бо мавќеи гуманистии худ бар зидди ягон халќеву ќавме нашўридааст. Чї монад, љои он ки ў бо худ шўраду љангад? Бояд њар яки мо донем, ки тољик њељ гоњ парокандагиро дар мулки худ намехост ва ин танњо як орзуи амалиногаштаи душманони аљнабие буд ва њаст, ки дар амалї сохтани наќшањояшон номуваффаќ буданд ва хоњанд монд. Дуруст аст, ки дар сангарњо бародарони мо ќарор доштанд. Аммо онњо фирефташудањое буданд, ки бехабар хонаву мулки худро месўхтанд. Ин иштибоњро халќи тољик дарк намуд ва сариваќт худро аз ин бало рањонид. Муњаќќиќ Иброњим Усмонов наќшаи аз ин хавфноктару бузургтари ин тарроњонро дар солњо 2000 чунин даќиќ сохтааст: «…он чї дар солњои охир дар Осиёи Миёна ба амал омад, хислати мањаллї, динї, миллї дошта, хушбахтона, ин низоъњо дар дохили њар кадом бо алоњидагї беробита бо дигарњо сурат гирифт. Дар акси њол, мубориза зери як парчам - хоњ сиёсї, хоњ этникї, хоњ динї, сабаби ба вуљуд омадани низои азиме мегардид.» (сањ. 133).

Хулоса, чанд андешае, ки дар боло матрањ гардид, муште аз хирвор дар бобати оњанги сулњ аз хирмани андешањои ин публитсисти њамабин аст. Дар арафаи бистсолагии вањдату сулњу гаронмояи тољикон ба нашр расидани асари мазкур ин як њамоњангї ба сиёсати сулњљуёнаву вањдатсозии Пешвои миллат аст, ки дар маљмўъ тамоми халќи тољик њамсадои ин сулњу вањдат мебошад. Нашри ин китоб дастовезе дар љашни бистсолагии Рўзи вањдати миллї мебошад. Бошад, ки ин сулњу вањдат барои њар тољику тољикистонї пойдор бошад ва њар касеву манќурте мухолифи ин сулњу вањдат аст, косаи шарбати зањрангехтааш насиби худаш бод ва бигзор худаш дар оташи афрўхтааш ќурбон шавад.

Сангин Гулов,

Бахтиёр Ќутбиддинов,

устодони ДМТ

 

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм