SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

11Buhoro5

Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба дигаргунињои сифативу миќдорї дучор шуд. Аз љумла, Стандарти давлатии таълимии тањсилоти олии касбї коркард гардид, наќшањои таълимї тањия шуданд, муносибат ба фанњои умумииљтимоиву касбї таѓйир ёфт. Агар дар замони шўравї љараёни омодагии касбии журналистон аслан дар равияи филологї сурат мегирифт, имрўз дар ин раванд тамоюли иљтимоию фарњангї афзалият пайдо кардааст. Дар тањсилоти олии соњаи журналистикаи ватанї системаи ягонаи касбї шакл гирифт. Аммо раванди таълим ва омодагии касбии журналистон дар макотиби олї мушкилоти зиёдеро рў овард, ки дарёфти роњњои њалли онњо барои рушди журналистикаи тољик бетаъсир нахоњад буд.

Зимнан, мушкилоти таълими рўзноманигорї то андозае таваљљуњи муњаќќиќони журналистикаро љалб карда, ки маќолањои  А. Саъдуллоев «Тањќиќ дар дарс», Н., Солењов «Проблемы подготовки журналистских кадров в ВУЗ-ах Таджикистана», В. Петрушкова «Инновационные подходы проведения практических занятий на факултетах и отделеният журналистики», С. Њайдаров «Тарзи таълими журнализми радио», М. Муродов «Баъзе роњњои шавќовар намудани машѓулиятњои ихтисосї (рўзноманигорї)», «Боз доир ба проблемањои таълим дар ихтисосњои журналистї»  намунае аз онњост. Бо ин вуљуд то њол дар ин раванд камбудињо ба назар мерасад. Тавре ки Н. Солењов ќайд мекунад: «Мушкилоти омодагии кадрњои соњибихтисоси журналистика дар љумњурии Тољикистон нињоят тезу тунд аст. Низоми омодагии мутахассисон дар мактабњои олї дар љараёни тањаввул ќарор дорад, донишгоњњо омўзгориро такмил медињанд, кўшиш менамоянд, ки барномањои таълимї ва усулњои умумии омодагии касбии журналистонро ба талаботи таљрибаи муосири ВАО наздик гардонанд».

Њарчанд аз ин гуфта њашт сол сипарї шудааст, аммо то њануз дар раванди таълими рўзноманигорї мушкилоти мувофиќ гардонидани љанбањои назарияву амалияи журналистика боќї мондааст, ки онро метавон ба тарзи ќабули довталабон, вазъи мактаби олї, усули таълим ва робита бо ВАО нисбат дод.

Таљрибаи тўлонии омўзгорї имкон медињад то тањлил ва муќоиса намоем, ки сол ба сол сафи донишљўёни тасодуфї дар факултету шуъбањои журналистикаи кишвар зиёд мешавад. Дар байни донишандўзон њатто нафароне вомехўранд, ки куљо ва ба чи маќсад омаданашонро худ намедонанд. Чунин њолат боиси халалдор гардидани љараёни таълим мегардад. Агар омўзгор дар сатњи баланд машѓулият гузаронад, ин тоифа донишљўён аз он бањрае гирифта наметавонанд, балки намефањманд, дар њолати дар сатњи паст ташкил намудани дарс завќи донишљўёни хубу аълохон коста мешавад. Борњо озмўдаем, ки дар курсњои поёнї донишљў завќи хуби илмомўзї дорад, талоши худомўзї мекунад, аммо дар курсњои болої гўё њавсалааш «пир» мешавад. Албатта, дар рух додани чунин њолат муносибати ноадолатонаи бархе аз омўзгорон низ сабаб мегардад, аммо ба гумони мо усули сатњи миёнаро интихоб намудани устодон таъсири бештар мегузорад. Агар донишљў ба пешаи интихобнамудааш хоњиш, майл, завќ надошта бошад, ўро дар ин самт тарбия намудан душвор аст. Зеро мањз майлу раѓбат донишљўро ба олами касбї мекашад ва кўшишњои ўву рањнамоии устодон боиси зуњури мењри касб дар ќалбаш мегардад.

Имрўз аѓлаби донишљўёни факултету шуъбањои журналистикаи кишвар орзуи корманди телевизион шуданро доранд. Аксари онњо бо таъсири телевизион њаваси журналист шуданро дар худ пайдо кардаанд. Ба назари онњо, хусусан нафароне, ки аз минтаќањо меоянд, телевизион шахсро маъруф мегардонад. Бинобар ин аксар бо ин њавас ба ин воситаи ахбор менигаранд. Аммо онњо камтар фикр мекунанд, ки барои журналисти телевизион шудан низ ќобилият, мањорат, дониш ва љањонбинї ба кор меравад. Бо чунин њолати интихоб донишљўро ба омўзиши маќсадноки асосњои фундаменталии журналистика рањнамун сохтан басо душвор аст.

 Барои њалли ин мушкилот, пеш аз њама, муносибат ба ќабули довталабони факултету шуъбањои журналистикаро мебояд таѓйир дод. Устодони насли калонсол хуб медонанд, ки дар замони шўравї довталаби журналистшаванда бо љузъдонњои пур аз маводи публитсистї ба ин боргоњ меомад. Ин амал аз мањорати касбии довталаб дарак медод. Дар баробари ин барои фањмидани маърифати иљтимої, њолати равонї, дараљаи фикрронї ва ќобилияти нигорандагии довталаб комиссияи махсус ташкил мешуд, ки ин пањлуи талаботи касбиро месанљид. Дар натиља бењтаринњо ба сафи донишљўї шомил мешуданд. Дар солњои аввали Истиќлол низ ин талабот ба назар гирифта мешуд, аммо бо сабаби мушкилоти чопи матбуоти даврї аслан аз усули суњбат кор мегирифтанд.

 Маркази тестї чунин талаботро аз байн бурд. Натиља ин шуд, ки соли ќабули 2014 довталабони ба ихтисоси робита бо љомеаи факултети журналистикаи ДМТ њуљчат супорида танњо баъд аз ќабул фањмиданд, ки иштибоњ кардаанд. Онњо ихтисоси иттилооти риёзиро мехостаанд. Барои он ки хишти аввал каљ гузошта нашавад, зарур аст, ки дар ќабули довталабони ихтисосњои журналистикаи факултет ва шуъбањо журналистика озмуни эљодї муќаррар, балки барќарор гардад. Шаклњои озмунро метавонад пешнињоди матни чопї, маводи электронї, навиштани эссе, суњбати шифоњї ташкил дињад.

 Мушкилоти дигар дар ин самт вазъи факултету шуъбањои журналистка аст. Табиати ихтисоси рўзноманигорї кор бо техникаи касбї ва технологияи замонавиро таќозо менамояд. Таъминоти техникї дар раванди омодагии касбии журналистони оянда наќши муњим дорад. Ба хусус дар шароити инкишофи муносибатњои бозоргонї ин омил ањамияти бештар пайдо кардааст. Шароити бозор, технологияи нав аз хатмкунандагони макотиби олии журналистї донишу малакаи нави касбиро таќозо менамояд. Ин масъала дар муассисањои олии кишвар то њол пурра њалли худро пайдо накардааст.

Имрўз дар Тољикистон илова ба факултети журналистикаи Донишгоњи миллии Тољикистон дар 7 донишгоњи дигар: Донишгоњи славянии Россияву Тољикистон, Донишкадаи санъат ва фарњанги ба номи М. Турсунзода, Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров, Донишгоњи давлатии Ќўрѓонтеппа ба номи Носири Хусрав, Донишгоњи давлатии Хоруѓ ба номи Назаршоев, Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоњи Рўдакї ва Донишкадаи тарбияи љисмонї кадрњои журналистї тайёр мекунанд. Агар баъзе аз ин мактабњои олї наздик ба 50 сол барои ВАО кадр тайёр кунанд, ќисми аксар дар марњилаи мустањкам кардани пойгоњи моддиву техникї ва њайати илмиву омўзгорї ќарор доранд.

Аз мушоњидањои бевоситаи худ ва иттилооти њамкасбон маълум мегардад, ки на њама муассисањои омодакунадаи кадрњои журналистї бо таљњизот ва технологияи касбї таъминанд. Албатта, дар факултети журналистикаи ДМТ, Донишгоњи славянии Россияву Тољикистон, Донишгоњи давлатии Хуљанд студияи радио ва телевизион мављуд аст, ки аз он истифода мебаранд. Аммо дастандаркорони ин марказњо аз имконоти мављуда усулан кор бурда наметавонанд. Ќариб дар њамаи факултету шуъбањои журналистика техникаи замонавии аккосї, аудио ва видиоии ба талаботи журналистикаи амалї љавобгў вуљуд надорад. Њол он ки донишљўи журналистшавандаро бидуни дастгоњи аккосї, сабти овоз ва њамчунин навор наметавон тасаввур кард. Набудани таљњизоти касбї, на танњо раванди машѓулиятњои амалиро бебор мекунад, балки боиси маънаван ќафо мондани донишљўён дар давраи тањсил мегардад. Албатта, онњое, ки имкон доранд чунин таљњизотро аз њисоби худ харидорї намуда, берун аз машѓулиятњо бо расонањои хабарї њамкорї мекунанд, аммо бо ин усул наметавон мушкилоти мављударо њал намуд. 

Њамин тавр, дар шароити имрўз бо ташаккули журналистикаи чандрасонаї, технологияи мултимедийї, раванди љањонишавї зарурати дар чанд шакл: хаттї, садої, овозї ва тасвирї тањия намудани матни журналистї ба миён омадааст. Барои дар ин шароит фаъолият намудан на танњо маърифату дониши назариву иљтимої, балки мањорати аз имкониятњои техникаи гуногун самаранок истифода карда тавонистан, ба кор меояд.

Дар омодагии касбии журналистон раванди тањсили мактаби олї ва усули таълим таъсири бештар мегузорад. Табиист, ки  омодагии касбии журналистон ба фаъолияти амалї сахт алоќаманд аст, аммо ин равандро бидуни тарбияи хосса, яъне мактаби илмиву амалї наметавон тасаввур кард. Аммо оё  усули таълими имрўзаи мо барои татбиќи ин орзуву ниятњо мусоидат мекунанд? Оё дар љараёни омодагии касбии журналистон аз усулњои замонавї истифода мекунанд?

Дар раванди тањсили њар гуна касб андешаи чиро омўзонид ва чи тавр омўзонид наќши дастурї дорад. Љавоб ба саволи чиро омўзонид ба мундариљаи наќшањои таълим, мазмуни фанњои таълимї ва мавзўи лексияњои аудиторї иртибот мегирад. Њамаи инњо ба маќсади омўзиши журналистї, ки аз талабот ва дархости љомеаи муосир манша мегирад, бояд мувофиќ бошад. Аммо дархости имрўзаи љомеа бо талаботи воќеии он чандон мувофиќ нест ва гумон аст, ки мувофиќати комил њосил шавад. Имрўз дар фазои иттилоотии кишвар воситањои ахбори гуногун таъсир мегузоранд, онњо аз рўи таъйинот, мавќеъ ва шакли пахш гуногунанд. Аз ин рў, агар мо дар љараёни таълим дархости нашрияњои хусусиву тиљоратї ва ё рекламавиро ба инобат гирем, талаботи навъи дигари расонањо мадди назар мешавад. Ин љо воќеияти мављуда ба маќсади таълим дар шакли тазод баромад мекунад. Бинобар ин дар раванди таълими фанњои ихтисосї бояд ба сатњи инкишофи љомеа ва тафаккури мардум эътибор дода шавад. Аз тарафи дигар, ба вуљуд омадани ширкатњои расонаї, ВАО-и  хусусї боиси раќобати касбиву эљодї дар фазои иттилоотї гардидааст. Баъзе аз ин расонањо мактабњои худро таъсис додаанд, зеро ба назарашон усули тадриси макотиби олї онњоро ќаноат намекунад. Ин њолат водор менамояд, ки дар раванди таълим дархости чунин ВАО-ро низ ба инобат гирем.  

Яке аз роњњои ба талаботи љомеа ва дархости журналистикаи амалї мувофиќ кардани љараёни таълим интихоби дурусти фанњои интихобї ва курсу семинарњои махсус аст. Дар наќшањои таълимии феълї барои чунин фанњо 40 % људо шудааст. Кафедрањои тахассусї њуќуќ ва имкон доранд, ки мувофиќи талаби љомеа ин ё он мавзўъро барои дарси интихобї ќарор дињанд. Аммо, мутаассифона, њолатњое мушоњида мешавад, ки ин талабот ба назар гирифта намешавад ва тадриси мавзўъњои кўњнашуда солњои сол давом мекунад. Чунин муносибат дар ќалби донишљў сардие ба вуљуд меорад, зеро ў “харидори мавзўъро”дар бозори иттилоотии кишвар пайдо карда наметавонад. Мисли он ки моли дар бозор харидор пайдо накарда ба анбор меравад, мавзўъњои кўњна танњо дар дафтари донишљў боќї мемонанд.

Дар баробари ин тамоми фанњои ихтисосї новобаста ба дараљаи илмиву назарї бояд ба амалияи журналистї ва дархости он мувофиќ кунонида шаванд. Ин усул имкон медињад, ки донишљў аз раванди журналистикаи амалї пайваста воќиф шавад, набзи онро њис кунад, ба дархур шудани донишњои назариаш дар фаъолияти эљодї бовар њосил намояд. Аз ин рў, кафедрањои тахассуси журналистиро зарур аст, ки ба ин љињати масъалаи таълими рўзноманигорї эътибори љиддї дињанд.

Пањлуи дигари раванди таълим чи тавр омўзонидан аст. Ин пањлуи масъала бояд ба њавасмандии донишљў мусоидат кунад. Воќеан дар раванди омодагии касбии журналистон омилњои њавасмандгардонии донишљў таъсири муњим мегузорад. Шаклњои гуногуни њавасмандгардонї вуљуд дорад, ки усули интерактивии таълим, муносибати некхоњона бо донишљў, бањогузории холисона мисоли онњост. Табиист, ки дар макотиби олї методикаи таълим рукни асосї буда, анъанаи дерина дорад. Аммо инкишофи љомеа, дигар шудани муносибатњои иљтимої, таѓйир ёфтани њолати ќабули муњассилин ва дар баробари ин ба вуљуд омадани имкониятњои техникї ва тарзи истифодаи онњо водор месозад, ки методикаи таълим шеваи замонавї пайдо кунад. Имрўз аксари макотиби олї ба тањсили сезинаї гузаштаанд, ки факултаву шуъбањои журналистика истисно нестанд. Ин шакли тањсил худ усули махсуси тадрисро талаб мекунад. Аз љумла, дар зинаи бакалавр усули лексия ва ё “диктаи матн” (усули дўстдоштаи омўзгорони камњавсала) чандон ба кор намеравад. Албатта, лексия њамчун шакли анъанавии асосии таълим дар макотиби олї наќши муњим дорад. Он, аз як тараф, маърифати њаётї ва предметии омўзгорро мефањмонад, аз сўи дигар, дар бедории завќи донишљў ва ташаккули ќобилияти фикрронии ў таъсир мегузорад. Аммо чунончи Петрушкова менависад: «лексия барои донишљў ид аст, семинар бошад мубориза. Дар лексия ман хуљаини худам: омодагї мебинам ва мехонам, аммо дар машѓулиятњои амалї њељ кас намедонад, ки чї мешавад: ё донишљўён супоришро нафањмидаанд ва ё омадагї надидаанд». Хусусияти таълими зинаи бакалавр таќозо менамояд, ки дар раванди таълим аносири лексияву семинар ба њам омезиш ёбанд. Дар ин кор усули интерактивї метавонад мусоидат кунад ва бештар таъсир расонад. Аммо истифодаи ин усул тайёрии љиддиро мехоњад. Пеш аз њама омўзгор бояд силлабус тањия ва донишљўёнро бо он таъмин намояд, онњоро водор кунонад, ки аз рўи силлабус кор карданро ёд гиранд. Њамаи кўшишу талошњо бояд ба фаъолмандии донишљў таъсир гузорад.

Мутаассифона, дар ин бахш то њол мушкилї вуљуд дорад. Баъзе омўзгорон њануз  аз усули кўњна кор мегиранд, бархе то њол ба моњияти силаббус ва талаботи тартиби он пурра сарфањм нарафтааанд, ки чи расад ба омўзонидани шогирдон.

  Роњи дигари мусоидаткунанда ба самаранок гардидани сифати таълим, таъмини донишљўён бо дастуроти методї, васоити таълимї ва китобњои дарсї аст. Њарчанд дар ин самт пешравињо ба назар мерасад, аммо њоло њам ќонеъкунанда нест. Њамчунин кори омўзгор бо таъмини васотоити таълимї тамом намешавад, балки ўро мебояд дар заминаи ин мавод слайд тартиб дињад. Зимнан дар шароити имрўз истифодаи слайд яке аз роњњои љолибсозии дарс аст. Хуб аст, ки ба ин усули тадрис аксар муаллимони љавон мароќ зоњир менамоянд. Аммо санљишњо нишон медињад, ки бештари слайдњо хусусияти ѓайрињирфаї доранд, дар тањияи онњо муносибати эљодї камтар зоњир мешавад. Њар амали омўзгор хислати эљодї дорад. Агар омўзгор худ эљодкор набошад, донишљўро ба эљодкорї талќин карда наметавонад. Омўзгор бояд донад, ки рисолати асосии ў фањмонида тавонистани мавзўъ аст. Чи ќадаре ки омўзгор эљодкор бошад, њамон ќадар аз усулњои фаъоли таълим самаранок истифода мебарад. Чи ќадаре ки дарс љолиб гузарад, њамон ќадар таваљљуњи донишљў ба мавзўъњо зиёд мегардад ва фаъолмандиаш  меафзояд.

Муносибати неки омўзгор низ метавонад омили њавасмандгардонии донишљў шавад. Натиљањои мониторинги сифати таълим, ки пайваста дар факултети журналистикаи ДМТ гузаронида мешавад, нишон медињад, ки дар ин самт нигаронии донишљўён вуљуд дорад. Бо донишљў даѓалона муносибат намудан, њарфњои ќабењ гуфтан, аз мавзўи асосии дарс дур рафтан, ба таърифу тавсифи айёми донишљўии худ саргарм шудан аз ин омилњост, ки метавонад ба коста гардидани майлу раѓбати донишљў таъсир гузорад.

Омили дигари њавасмандгардонии донишљў бањогузорї ба дониши ў аст. Имрўз дар аксари макотиби олї, аз љумла дар факултети журналистикаи ДМТ «журнали электронї» ташкил шудааст. Ин журнал дар барномаи компютерї љой гирифта, таќозо менамояд, ки њар як омўзгор тўли њафта ба донишљўён бањо гузорад. Дар ДМТ меъёри бањогузорї муайян шудааст, ки барои як дарс маљмуан 12,5 хол аст, ки иштирок ба дарс, одобу ањлоќ, доштани дафтару ќалам ва иљрои супоришњо  љузъиёти он мебошанд. Дар асл ин усул бад нест, шояд барои аз байн бурдани омилњое амсоли тамаъљўйї мусоидат кунад. Аммо таљриба нишон дод, ки дар ин самт низ камбудињо вуљуд дорад. Аввалан, фосилаи бањогузорї нињоят танг аст. Дар як њафта донишљў имкони аз худ кардани супоришњоро надорад ва њамчунин онњое, ки бо сабаб ба дарсњо иштирок накардаанд, фурсати сабаќгардонї пайдо намекунанд. Баъдан, бархе аз омўзгорон дар муносибат ба ин усул бепарвої зоњир менамоянд, бањогузориро ба ихтиёри дигарон мегузоранд, аз натиљаи бањоњо донишљуёнро огоњ намесозанд. Дар натиља донишљў намедонад, ки амалаш ба чи подош сазовор шуд. Гумон мекунем, агар муносибати омўзгорон ба ин шакли бањогузорї љиддї шавад, садорату раёсатњо бо паст будани холњо устодонро айбдор накунанд, донишљуён дар анљоми њар дарс аз натиљаи фаъолияти худ огоњ шаванд, дар фосилаи наздик тањаввулоте дар донишљўён ба вуљуд меояд. Чун онњо фањманд, ки ягона роњ хондан аст, аз пайи омўзиш мешаванд.     

  Пањлуи дигар дар самти омодагии касбии журналистон робита бо васоити ахбори омма аст. Албатта, дар ин бахш корњои зиёде ба анљом расонида шудааст. Аз љумла, аксари факултету шуъбањои журналистика бо ВАО шартномањои њамкорї доранд, ки дар заминаи он донишљуён ба таљрибаомўзї мераванд, њамкории эљодї мекунанд. Њамчунин дар ДМТ нашрияи «Ба ќуллањои дониш» дар ДСРТ нашрияи «Студенские вести» амал мекунад, ки барои донишљуёни журналистшаванда њамчун лабораторияи эљодї истифода мешаванд. Бо вуљуди ин дар ин бахш баъзе мушкилот вуљуд дорад, ки аслан ба расонањои электронї рабт дорад. Бояд гуфт, ки дар омодагии касбии журналистон на танњо макотиби олї, балки идорањои расонањои хабарї низ сањмгузоранд. Аз ин рў, роњбарияти ВАО новобаста ба шакли таъйинот ва пахшашон мебояд дар ин самт њамкориашонро ќавї гардонанд, на танњо дар баргузории таљрибаомўзињо мусоидат кунанд, балки донишљуёни фаъолро ба шефї гиранд, дастгирии моддї намоянд.

Дар ин бахш ба њамкории омўзгорони факултету шуъбањои журналистика бо ВАО низ бояд эътибор дод. Чунончи дар боло ишора шуд, табиати таълими рўзноманигорї пайвастагии илму амалро мехоњад. Агар омўзгор худ эљодкор набошад, бо расонањо пайваста њамкорї надошта бошад, гумон аст, ки ќобилияти эљодкории донишљўро ташаккул дињад. Ин њолатро ба инобат гирифта пешнињод менамоем, ки њар як омўзгори љавони ба кор ќабулшаванда бояд аќќалан ду сол собиќаи корї дар ВАО дошта бошад.

Умуман, самти омодагии касбии журналистон дар Тољикистон  низоми муайяни худро пайдо намуда бошад њам, раванди таълим аз мушкилот холї нест. Тањаввули муносибатњои иљтимої, инкишофи босуръати илму техника, љараёни љањонишавї ва таъсири он ба фазои иттилоотии кишвар моро њушдор медињад, ки дар ин самт муносибати љиддї дошта бошем ва талаботи љомеаи ватаниву љањониро ба инобат гирем.

Мурод Муродов,

профессор

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм