SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

1013722782

15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» таҳти муҳарририи шахсияти бузурги фарҳангии миллат Аббос Алиев ба чоп расид. Аз он рӯзи фараҳбахш 90 сол гузашт.

Руҷӯъ
Инсоният ҳамеша ба муоширати иттилоотии шахсӣ, гурӯҳӣ ва иҷтимоӣ ниёз дорад, зеро миёни тамоми махлуқоти худовандӣ танҳо ба инсон ақл ва забони гӯё насиб гаштааст. Ин аст, ки дар ҳар давру замон инсон ба муошират ва мубодилаи фикр мубталост. Маҳз муоширату мубодилат боиси ташаккули маърифати иҷтимоии инсон ва пешрафти ҳаёти ӯ мегардад. Инкишофи ҳаёти иҷтимоӣ шаклу василаҳои интиқоли иттилоот ва ташаккули афкори оммаро ба вуҷуд овард, ки матбуоти даврӣ яке аз он аст. 
 Матбуоти даврӣ ҳамчун воситаи собиқадори ахбори омма дар муқоиса бо расонаҳои дигар умри тӯлонӣ ва таҷрибаи ғанӣ дорад, ки бо вуҷуди пайдоиш ва рушди васоити ахбори электронӣ мавқеи худро коҳиш надода, балки ба тақозои замон мувофиқ шуда инкишоф меёбад. Аммо ба қавли Зайналобиддини Мароғаӣ «Дар рӯи замин нахустин асбоби тараққӣ ва тамаддуни миллатҳо, саодат ва некбахтии онҳо ба воситаи матбуот аст». Гумон мекунем, имрӯз ҳам матбуот дар тарбияи маърифати иҷтимоии мардум, рушди ҷомеаи муосир, таҳкими ҳувияти миллӣ, зиндагии осуда ва некуаҳволии халқ нақши созгор дорад. Ба таъбири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳо ва падидаҳои зараровар раҳо карда метавонад». Рисолати матбуот дар ҳар давру замон ба василаи таъмини иттилоот ва минбари озоди гуфтор ба роҳи дурусти зиндагӣ равона намудани ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Таърих
Матбуот дар ҷаҳон умри беш аз 500-сола дошта бошад ҳам, умри матбуоти тоҷик акнун аз сад гузаштааст. Ташаккул ва рушди минбаъдаи он вобаста ба дигаргуншавии сохти иҷтимоӣ, асосан, се давраи нисбатан мукаммалро фаро мегирад. Давраи аввал то инқилоби ибтидои аввали садаи ХХ рус ва инқилоби Бухоро (1912-1921), давраи дуюм айёми салтанати ҳукумати шӯравӣ (1925-1991) ва давраи сеюм замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.
 Поягузори давраи аввали матбуоти тоҷик «Бухорои шариф» мебошад, ки 11 марти соли 1912 рӯи чоп омада, то 3 январи соли 1913 ҳамагӣ 153 шумора интишор гардид. Ин давраи матбуоти даврии тоҷик бо ҳафтаномаи «Шуълаи инқилоб» ба поён мерасад. Макони интишори матбуоти ин давра шаҳрҳои бостонии Бухорову Самарқанд буданд. 
 Давраи дуюми матбуоти даврии тоҷик дар Душанбе ибтидо гирифта, баъдан дар саросари Тоҷикистон доман густурд. Ба тариқи расмӣ поягузори матбуоти ин давра нашрияи «Ҷумҳурият» мебошад, ки шумораи аввалинаш ба муносибати таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо номи «Иди тоҷик» бо теъдоди 1000 нусха нашр гардид. Шумораи дуюми нашрия бо номи «Бедории тоҷик» 5 -уми апрели соли 1925 зери таҳрири нозири маорифи Тоҷикистон Аббос Алиев интишор гашт ва минбаъд чопи мунтазам ва муназзами он идома ёфт. Нашрия минбаъд бо таъсири омилҳои сиёсӣ ва касбӣ тағйири ном кард. 8 - уми октябри соли 1928 номи «Тоҷикистони сурх», 1-уми январи соли 1991 номи «Тоҷикистони шӯравӣ» - ро гирифт. Аз 9 сентябри соли 1991 то имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» чоп мешавад. Аз соли 2000 нашрияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳоло нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. То соли 2014 ҳафтае се маротиба бо теъдоди 24 - 25 ҳазор нусха чоп мешуд. Аз соли 2014 ҳафтае 5 маротиба интишор мешавад ва теъдоди нашраш наздик ба 34 ҳазор нусха расидааст.
 «Ҷумҳурият» бештар масъалаҳои муҳими рӯзро инъикос мекунад ва дар ин амал аз жанрҳои анъанавии матбуоти тоҷик васеъ истифода мебарад. Қонунҳои Тоҷикистон танҳо пас аз нашр шуданашон дар ин рӯзнома ба ҳукми амал медароянд. 
 Дар ташаккул ва инкишофи он роҳбарияти сиёсии давр, аз ҷумла Қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, адибону публитсистон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Алӣ Хуш, Самад Ғанӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдулҳамид Самад, сармуҳаррирони он Аббос Алиев, Саидбурҳон Қосимов, Маҳди Таҳмосов, Қосим Дайламӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукуҳӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзуллоев, Нурмаҳмад Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Субҳон Кошонов, Камол Абдураҳимов нақши муҳим гузоштаанд.

Ҳар яке аз ин зумра дар доираи имконоту шароитҳои иҷтимоиву касбӣ кӯшиш намудаанд, ки дар ташкили фазои хуби кории кормандон, алалхусус аҳли эҷоди нашрия саҳм гузоранд ва ба ин васила шаклу мундариҷаи рӯзномаро ҷолибу замонавӣ гардонанд. Аммо дар давраҳои инкишофи нашрия кулли зиёиёни эҷодкор ва мутахассисони касбу кори гуногун аз минбари озоди он истифода намуда, дар баробари рӯзноманигорон дар ташаккули афкори солим, ҳалли мушкилоти ҷомеа ва болобурди маърифати мардум саҳм гузоштаанд. Имрӯз ин анъана таҳти роҳбарии сармуҳаррири он Муҳаммад Ғоиб идома ёфта, рушд меёбад.
 Қуллаи нисбатан баланди рӯзнома солҳои 80-уми асри XX будааст, ки теъдоди нашри он то ба 200 000 нусха расида. Аммо ин ишора ҳеҷ гоҳ маънои мақоми паст доштани марҳилаҳои дигари инкишофи нашрияро надорад. Он дар ҳар давра ҳамчун нашрияи рақами як дар низоми матбуоти тоҷик мавқеи аввалиндараҷа ва роҳбарикунандаро соҳиб будааст. Имрӯз низ нашрия зери шиори: «Нест ҷуз қомуси миллат дар рафи ҳастии мо, Парчами номус бошад дар кафи ҳастии мо» фаъолияти худро идома дода, мақом ва манзалати худро дар ҷомеа нигоҳ медорад.

Аз барору нобарориҳои замони истиқлол
«Ҷумҳурият» дар тӯли 90 соли фаъолияти худ ба инъикоси рӯзмарраи ҳаводиси рӯз, таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами давру замон, тасвири чеҳраҳои кору пайкор, инсонҳои ҷӯяндаву созанда ва амсоли ин сару кор гирифта, ба ин васила дар таъмини иттилоотии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии мардум, бедории ҳисси миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ, масъулияти шаҳрвандиву вазифаваии афроди худогоҳи кишвар нақши муҳим гузоштаву хоҳад гузошт. Тавассути муҳтавои ин нашрия мардум сари вақт аз амру фармонҳои Сарвари ҷумҳурӣ, қарорҳои Ҳукумат ва моҳияти қонунҳои қабулкардаи порлумони кишвар огаҳӣ пайдо кардаанду мекунанд. Ҳамчунин ин нашрия минбари муҳими ироаи марому мақсади Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ва дуруст сарфаҳм рафтан ба моҳияти асосии он маҳсуб меёбад. 
 Дар солҳои аввали замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо таъсири омилҳои гуногуни маълум матбуоти тоҷик мисли соҳаҳои дигар ба буҳрони сиёсиву молӣ мубтало гардид. Ин омил таъсири худро ба нашрияҳои гуногун, аз он ҷумла «Ҷумҳурият» низ расонид. Тадриҷан чопи рӯзмарраи он халалдор гардид, рӯзномае, ки ҳар рӯз (ба истиснои рӯзи якшанбе) интишор мегардид, ба ҳафтанома мубаддал шуд. Гоҳҳо ҳафтае 2 маротиба, солҳое дар як ҳафта се маротиба интишор мегардид. Теъдоди нашри рӯзнома ва шеваи паҳн кардани он низ чандон қонеъкунада набуд. Рӯзнома сари вақт ба муштариёни худ намерасид, баъзе мақомоти маҳаллӣ ба нашрия муносибати бетарафӣ доштанд, на танҳо дар тарғиби он миёни ҳамкорон мекӯшиданд, балки ба будан ва набудани он эътибор намедоданд. Чунин муносибат ба дараҷае расид, ки шумораҳои нашрия дар идораи мақомотҳои маҳаллӣ моҳҳо хобида ба дасти хонандагонаш намерасиданд. Чунин вазъият як навъ фаҳмиши ғалатеро дар ҷомеа ба вуҷуд овард. Гӯиё «Ҷумҳурият» маводи хонданӣ надорад, танҳо қонуну қарорҳо чоп мекунад, муносибаташ ба воқеаҳои иҷтимоӣ холисона нест, бештар ба васфу таъриф майл дорад, камбудиҳоро намебинад… Мутаассифона, ин ғалатфаҳмиҳо аз онҳое сар мезад, ки бевосита ба нашрия иртибот надоштанд, онро мутолиа намекарданд. 
 Аммо, агар бо диди пажӯҳишӣ ба ин масъала наздик шавем, то ҷое ба дуруст будани чунин фаҳмишҳо бовар ҳосил намуда, бо муддаиёни онҳо баҳс карданамон мумкин аст. Воқеан, дар даҳсолаи аввали истиқлолият, ки нашрия имкони чопи мунтазамро надошт, албатта, наметавонист ба масъалаҳои гуногун дахолат кунад, доираи мавзӯоташро васеъ ва рангоранг гардонад. Бо вуҷуди ин нашрия дар инъикосу баррасии муҳимтарин масоили рӯз ва ба ин васила баланд бардоштани маърифати иҷтимоии мардум ҳамеша талош мекард. 
  Ин масъала минбаъд то андозае ҳалли худро пайдо кард. Алҳол, ки нашрия ҳафтае панҷ маротиба интишор мешавад, имкон дорад, ки аз як тараф, муҳимтарин рӯйдод ва ҳаводиси рӯзро дар гармогармиаш фаро гирад, аз ҷониби дигар, талаботи хонандагонро ҷиҳати инъикоси масъалаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии кишвар қонеъ гардонад.

Як соли «Ҷумҳурият»
Соли 2014 барои нашрияи «Ҷумҳурият» аз чанд ҷиҳат фарқкунанда аст. Аввалан, чопи нашрия аз 3 ба 5 рӯзи ҳафта табдил ёфт, ки он хусусияти рӯзнома будани онро аз нав эҳё намуд. Дуюм, ороиш ва шакли рӯзнома то андозае дигаргун шуд, ҳаҷми мавод нисбатан хурд ва замонавӣ гардид, рубрикаҳои гуногун пайдо шуданд ва рубрикаҳои алоҳида хусусияти доимӣ пайдо карданд, дар тарафи рости унвони нашрия ҷой додани пораҳои шеърии ҳикматангез маъмул гардид. Сеюм, доманаи мундариҷаи нашрия васеъ ва басо рангоранг шуд, ки беихтиёр талаботи ҳар хонандаро метавонад қонеъ гардонад. 
 Дар шумораи якуми соли 2014 нашрия марому мақсади худро чунин ташреҳ додааст: «Шиори он («Ҷумҳурият» М.М.) ба хонанда расонидани ахбори дурусту санҷида буда, матлабҳои интишорнамудаи он мардумро ба рушди ҷомеа, беҳбуди зиндагонии ҳамдиёрон ва таҳкими дӯстиву рафоқат нақл менамояд» (Бо «Ҷумҳурият» ба соли 2014 / Ҷумҳурият, 2014.- 1 январ). 
 Ба мақсади ба кор даровардани ин шиор ва муносибати демократӣ намудан ба инъикоси воқеиёти иҷтимоӣ дар ҳамин шумора нашрия ба хонандагон муроҷиат намуда, аз ҷумла навиштааст: «Ҷумҳурият» ба матлабҳои таҳлилии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҷиддӣ ниёз дорад. Аз ин рӯ, аз донишмандони соҳаи сиёсату ҳуқуқ, арбобони сиёсиву ҷамъиятии мамлакат ва ҳамаи онҳое, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишварро ботинану амалан дастгирӣ менамоянд ва барои такмилу таҳкими он гуфтаниҳое доранд, андешаву пешниҳоди ҷолибро чашмрас ҳастем».
 Шиносоӣ бо бастаи шумораҳои соли 2014-и рӯзнома нишон медиҳад, ки воқеан нашрия мазмуни зикршударо ҳадафи асосии худ қарор дода, тозатарин рӯйдодҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ, иқдомот ва амру фармонҳои навтарини Президенти мамлакат, лоиҳа ва матни қонунҳо, тағйиру илова ба қонунгузориҳо, санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқии вазорату кумитаҳо, агентиҳои марбути сохтори давлативу ҳукуматӣ, мушкилоти ҳаёти иҷтимоӣ, ҷараёни ободкориҳои диёр, зиндагии ибратомӯзи ашхоси кору пайкор, ҷӯяндаву ихтироъкор ва амсоли инро мунтазам инъикосу баррасӣ намудааст. Ҳамчунин дар инъикоси ин ва амсоли ин масъалаҳо нафарони касбу кори гуногун-рӯзноманигорону публитсистон, сиёсатмадору ҷомеашиносон, олимону муҳаққиқон, адибону омӯзгорон, коршиносону масъулони мақомоти давлатӣ ва намояндагони соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа саҳм гузоштаанд. Чунин усули фаъолият аз чанд ҷиҳат ҳам барои нашрия ва ҳам барои хонандагони он манфиатбор шудааст. Аввалан, доманаи мавзӯоти рӯзнома васеътару рангинтар гардида, ба ҳолати қабули аудиторияи умумӣ мувофиқ шудааст. Баъдан, инъикоси воқеияти рӯз ва баррасии масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ аз диду назари гуногун ва фарогирии ҷанбаҳои мухталиф сурат гирифтааст. Солисан, мундариҷаи нашрия аз ҷиҳати шакли жанрӣ рангоранг ва нисбатан ҷаззобу ҷолиб шудааст. Ниҳоятан, муносибат ба мавзӯву масъалаҳои инъикосшуда то андозае демократӣ гардида, оммавияти рӯзнома вусъат пайдо кардааст.

Шаклу ороиш
«Ҷумҳурият» аз он нашрияҳоест, ки дар тӯли фаъолияти худ асосан, дар формати А-2 интишор мешавад. Ҳаҷми он аслан 4 саҳифа мебошад, аммо баъзан дар ҳаҷми 8 ва аҳёнан 12 - 16 саҳифа ҳам чоп мешавад. Агар қаблан 8 ва ё 12 саҳифаи нашрияро қонуну қарорҳо ташкил медод, имрӯз бошад дар чунин маворид ҳеҷ не 2-4 саҳифаи онро маводи публитсистӣ ташкил медиҳад. Аз ин бармеояд, ки нашрия ҳуқуқи хонандагонашро маҳдуд накардааст, балки ҳангоми чопи асноди расмӣ талаботи эшонро низ ба назар гирифта, ба эҳтиромашон қоил шудааст. 
 Нашрия барои мушаххас намудани матолиби худ аз талаботи касбии рӯзноманигорӣ маърифатона ва моҳирона истифода бурдааст, ки он, аз як тараф, боиси ҷолибияти тарҳу ороишоти он гардида бошад, аз сӯи дигар, дар фаро гирифтани панорамаи васеи зуҳуроту воқеиёти иҷтимоӣ, ашколи дуруст ва замонавии инъикоси онҳо мусоидат намудааст. Дар паҳлуи рости унвони нашрия зери рубрикаи «Таъкид» ҷой додани пораҳои шеърӣ аз намояндагони адаби дирӯзу имрӯзи тоҷик на танҳо мазмуни ба шеъру шоирӣ дилбастагӣ доштани сармуҳаррири онро мефаҳмонад, ки баъзеҳо чунин гумон доранд, балки ифодагари ҳикмати зиндагӣ ва панди рӯз аст, ки хонандаро ба таҳаммулпазириву сабурӣ, худшиносиву худогоҳӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, меҳнатдӯстиву фидокорӣ талқин менамояд. Барои тақвияти фикр «муште аз хирвор:

Нафс бар мо чӣ бувад? Роҳилаи гармравон,
 Аждаҳоро чу гулӯ танг бигиранд, асост. 
 Соиб


 Гунбади гардун аҷаб ғамхонаест,
 Беғамӣ дар вай дурӯғ афсонаест.
 Ҷомӣ (10.01).

Дар базми давр як-ду қадаҳ даркашу бирав,
 Яъне тамаъ мадор висоли давомро.
 Ҳофиз (10.01).

Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест,
 Ба тасбеҳу саҷдаву далқ нест.
 Саъдӣ (15.01).

Ба ҳукми анъана даровардани рубрикаи «Таъкид» ва рубрикаи «Тоҷикистон», ки дар саҳифаи аввали нашрия ҷой дода шудаанд, ҳамчунин рубрикаҳои саҳифаҳои дигар ба ороиши нашрия ҳусн бахшида, шеваи шаклии онро хоса гардонидааст. Агар зери рубрикаи «Таъкид» табиати инсонӣ ва рисолати он таъкид гардад, маводи зери рубрикаи «Тоҷикистон» мунъакис гардида, хонандаро аз навтарин рӯйдодҳои кишвар огоҳ намуда, ба ин минвол понарамаи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлолро намо медиҳад. Зери ҳам омадани ин рубрикаҳо хеле мантиқӣ баромадааст. Хонандаи закӣ аз мутолиаи шеърпораҳои «Таъкид» лаҳзае ба худ меояд, андешаи одаму одамгарӣ менамояд, дар фикри созандагӣ ва накукорӣ мешавад, матолиби зери рубрикаи «Тоҷикистон» аз муваффақиятҳо, созандагиҳо, иқдомҳо, хайрхоҳиҳо, ободкориҳо ва амсоли ин мужда медиҳад, ки дар амалӣ гардидани онҳо инсони коргар, соҳибвазифа, масъулиятхоҳ даст доштааст. Албатта, дар маводи ин рубрика баъзан хабарҳое низ ба назар мерасанд, ки аз ҳолатҳои ногувор, амалҳои номатлуб, натиҷаҳои дилнохоҳ иттилоъ медиҳанд. Дар рух додани чунин вақоеъ низ инсон даст доштааст, аниқтараш бемасъулиятӣ, бевиҷдонӣ, бадахлоқӣ, худписандиву тамаъҷӯйи бархе аз шахсон боиси сар задани ин гуна ҳаводиси номатлуб гардидааст. Дар таҳияи хабарҳо нашрия бештар аз ду сабки нигориш истифода мебарад. Агар баъзе хабарҳо дар сабки классикӣ таҳия шаванд, қисми дигар дар сабки ҳарами воруна шакл гирифтаанд. Ҳангома ва ё ҳангомасозӣ чи дар сарлавҳагузории хабарҳо ва чи дар таҳияи иттилоот камтар ба назар мерасад, балки дар навишти хабарҳо кормандони нашрия бештар ба воқеияти факту рӯйдод эътибор медиҳанд. Аммо сарлавҳаи матолиб, ба хусус хабарҳо ағлаб дар қолаби ҷумла ва ибораҳое сохта шудаанд, ки ба иборае «асрорангез» буда, ташреҳ металабанд. Чунончӣ: «Баррасии дурнамои ҳамкориҳо бо ИМА», «Як хиёбон дар Туркия «Тоҷикистон» ном мегирад», «Порагир дастгир шуд», «Се корхонаи нав дар «Суғд»» ва ғайра. Барои пурра хондани матни хабари аввал фаҳмидани кадом ҳамкориҳо, хабари дуюм кадом хиёбон, сеюм, кӣ будани порагир ва чаҳорум чи хел корхонаҳои нав маҳз хонандаро беқарор мекунад, ҳисси кунҷковиашро бедор ва ихтиёрашро ба мутолиаи матн мекашад. Чунин шакли сарлавҳасозӣ бештар дар навъи хабари васеъ истифода шудааст, ки барҷову муассир ҳам баромадааст. 
 Зимнан дар таснифоти мундариҷаи шумораҳои алоҳида ва осон кардани кори хонанда нашрияи мавриди назар аз рубрикаҳои зиёди гуногун истифода намудааст, ки «Аз нишастҳои матбуотӣ», «Ба «Ҷумҳурият» ҷавоб омад», «Қонун дар амал», «Журналист масъала мегузорад», «Чеҳра», «Олимони мо», «Порлумон», «Зикри хайр», «Нигаронӣ», «Дидгоҳ», «Аз Паём то Паём», «Ба пешвози 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Ихтироъкорони Тоҷикистон», «Мавзӯи рӯз», «Шарҳ» намунае аз онҳост. Умуман, нашрия дар соли 2014 зиёда аз 100 номгӯи рубрикаҳоро кор гирифтааст, ки таносуби истифодаашон аз 3 то 250 маротиба мерасад. 
 Дар ҷолибгардии шаклу ороиши нашрия ҳамчунин ҳаҷми нисбатан хурди матолиб, аксҳои барҷо, мувофиқати онҳо бо матн ва тарҳи саҳифаҳо низ нақш гузоштааст. Дар муқоиса бо солҳои қаблӣ матолиби нашрия ҳаҷман хурд ва миқдоран зиёд шудааст, ки дар як саҳифа аз 4 то 6 матолибро мушоҳида кардан мумкин аст.

Мундариҷаву муҳтаво
 Мундариҷаи нашрия гуногуну фарох аст, ки дар умум метавон онро ба масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва ғайра ҷудо намуд. Аммо доираи мавзӯоти нашрия аз ин таснифот берунтар баромада, ағлаби ҷанбаъҳои ҳаёти иҷтимоии ҷумҳуриро фаро гирифтааст. Нашрия дар инъикоси мавзӯву масоили мубрам ва тасвири хислату характери инсонҳои кору пайкор, ҷӯяндаву созанда, нексиришту хайрхоҳ муносибати якхела дошта бошад ҳам, таносуби инъикоси ин масъалаҳо яксон сурат нагирифтааст, ки табиист. Муносибати нашрия ба воқеиёти иҷтимоӣ холисонаву касбӣ буда, фаъолияти он баҳри татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат, Ҳукумати Тоҷикистон равона карда шудааст. Ба ин маънӣ, ҷанбаи сиёсиву иҷтимоии мундариҷаи нашрияро самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумат, Паёму шодбошӣ ва суханрониҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати санаҳои таърихӣ, ҷашнҳои миллӣ, ифтитоҳи корхонаву муассисаҳо, вохӯриву мулоқотҳои Сарвари давлат бо пешвоён ва ё намояндагони сиёсии мамолики хориҷӣ, ҳамкориҳои байналхалқӣ, хатарҳои ҷаҳони муосир, таҳдиди ҷиноятҳои трансмиллӣ, авзои сиёсии кишварҳои хориҷӣ, хоса даргириҳои Сурия, вазъи Афғонистон, муноқишаҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон, мубориза ба муқобили гурӯҳҳои экстремистӣ, терроризм, манфиатҳои миллӣ, иртиботи дину ҷомеа ва амсоли ин ташкил медиҳад.
 Дар баррасии масъалаҳои иқтисодӣ низ нашрия муносибати холисонаро пайгирӣ намуда, дар баробари таҳлили омилҳои такондиҳандаи рушди иқтисодиёти кишвар – ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ба кор даровардани корхонаҳои истеҳсолӣ, асос гузоштан ба бунёди корхонаҳои азими саноатӣ, омилҳои буҳронии иқтисодиёти кишварро низ мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст.
 Дар соли 2014 нашрия ҷиҳати тақвияти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши бештар гузоштааст. Бо шарофати 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои зиёде дар шумораҳои он интишор гардидаанд, ки дар фаҳми моҳияти асноди ҳуқуқӣ, таърихи ташаккули мақомоти судӣ ва баланд шудани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз аҳамият холӣ нест. Ҳамчунин дар нашрия шарҳу тавзеҳи қонуну қарорҳо, тағйиру илова ба онҳо, масъулияти шаҳрвандон дар назди қонун, ҳолатҳои риоя накардани қонунҳо, хоса қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва амсоли ин ҷойгоҳи хоса дорад.
 Ҳамин тавр, тарғиби самтҳои асосии фаъолияти давлат, рушди илму маориф, фарҳангу ҳунар, саноат, хоҷагии қишлоқ, варзиш, беҳдошти муҳити зист, ҳаёти солим, эҳсоси худшиносиву ифтихори миллӣ, ватанпарастиву меҳнатдӯстӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, гиромидошти анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, поси хотири гузаштагон ва эҳтироми имрӯзиён ва амсоли ин мундариҷаи асосии соли 2014 – и нашрия маҳсуб меёбанд.

Рубрикаҳои озмунӣ
Нашрия дар гузаронидани озмунҳои эҷодӣ ва ташкили рубрикаҳои озмунӣ таҷрибаи ғанӣ дорад. Дар соли 2014 низ ин анъанаи нашрия идома ёфтааст, ки рубрикаҳои озмунии «Васфи диёр», «Ба озмуни экологҳо» («Ҳифзи муҳити зист»), «Ба озмуни хушунати хонаводагӣ» аз ҷумлаи онҳост. Аз ин миён аҳли қалам дар озмуни «Васфи диёр» фаъолтар будаанд. Нигоштаҳои Шералӣ Мусо «Эҷози дӯстӣ» (28 январ), «Турнаи заррин» (6 май), Саидалӣ Бобохонов «Рӯди Ому, Тахти сангин ва наҳре дар биёбон» (18 июл), Абдулҳамид Самад «Заҳри носозӣ ва шаҳди ошноӣ» (19 июл), Сироншоҳ Диловар «Ҳокими Яхчисор» (13 август), Адабҷон Амирҷонов «Дар дил нағунҷад» (22 ноябр), ки зери ин рубрика интишор шудаанд, аз дӯстии тоҷикону чиниён, шукуфоиҳои диёр, инсонҳои фидоии роҳи ободкории кишвар, хоса талошҳои Сарвари давлат дар истеҳкоми ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон, пешрафт ва шукуфоии он нақл мекунанд. Аз мутолиаи ин ва амсоли ин асарҳо хонанда бори дигар ба сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол, шикасту рехт, талхиву турушиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, кӯшишҳои пайгиронаи Сарвари давлат ва дастгирии мардуми кишвар баҳри расидан ба сулҳу ваҳдат ва раванди корҳои бунёдкориву созандагиҳо воқиф мегардад, ки бешак дар бедории ҳисси ватандӯстиаш бетаъсир буда наметавонад. Хосатан нигоштаи А. Самад, ки бо чунин мактаъ ба анҷом мерасад:
 «Фарзанд аз ҳама бештар барои модар азизу гиромист. Модари нозпарвари мо Тоҷикистони озоди мост. Ба ҳар қитъаи дунё ё шаҳри обод биравему олам-олам сарват гирд оварем, рӯзгори пур аз шаҳд дошта бошем, болои Моҳ низ бароему хайма занем, бе Ватан ҳақиру ғарибем, бе Тоҷикистон хору нотавонем. Дили тангамон аз дуриҳои дур ба ёди ин сарзамин, шаҳру деҳ, водиву кӯҳсорон, рӯду чашмасорон ва як пора нони гармаш метападу гум мезанад. Меҳри бузургаш моро модарвор ба оғӯши гармаш мекашад. Он гоҳ мехоҳем болу пар барорем, агар қудрат дошта бошем…. Охир Меҳан аст. Ва қарзи фарзанди банангу бошараф ин аст, ки дар ҳама ҳолат то ҷовидон хоки муқаддаси Ватанро мисли падару модар дӯст ва чун дину имон поку бегазанд нигоҳ дорад, барои ҳифзи он содиқона сина сипар кунад». 
 Агар дар рубрикаи «Васфи диёр» аз пешрафту муваффақиятҳо сухан равад, муаллифони нигоштаҳои рубрикаи «Ба озмуни Ҳифзи муҳити зист» ба мавзӯъ муносибати интиқодӣ намуда, мушкилоти экологӣ ва роҳҳои бартараф кардани онро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Чунончи нигоштаҳои Зокир Ҳасан «Маркази Бохтар ё партовгоҳ» (29 январ), «Қурғонтеппа Париж мешавад? Ё чаро сабзкорӣ пурсамар сурат намегирад?» (15 феврал), Ташрифулло Саъдуллоев «Тоҷикистон ба 16 миллион дарахт эҳтиёҷ дорад» (13 феврал) ва ғайра. Тавре аз сарлавҳаҳои матолиби зикршуда бармеояд, муаллифони онҳо, асосан, аз харобиҳои муҳити атроф ва муносибати бемасъулиятонаи баъзе мутасаддиён ҳарф задаанд, ки мутаассифона, ин масъала дар ҷумҳурӣ нигаронӣ мехоҳад. 
 Ҳамчунин нашрия вобаста ба омодагии ҷашнҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву адабии дар кишвар таҷлилшаванда рубрикаҳои махсус ҷорӣ намудааст, ки «Ба пешвози иди ҷаҳонии Наврӯз», «Ба ифтихори бузургдошти 600-солагии Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ», «3000- солагии Ҳисор» намунаи онҳост.

Қолабҳои жанрӣ
Мушоҳида ва мутолиаи бастаи соли 2014 ва ҳамзамон шумораҳои солҳои пешин нишон медиҳад, ки нашрия дар инъикоси ҳодисаву рӯйдод, шарҳу тавзеҳ ва баррасии вазъу ҳолат, таҳлили қазияҳои иҷтимоӣ ва ҳаллу фасли онҳо, тавсифи раванди бунёдкориҳо ва нишон додани нақши инсонҳои созанда дар ин раванд аз шаклу анвои гуногуни публитсистӣ истифода бурдааст. Бо маҳорати касбӣ истифода намудани имконоти жанрҳои публитсистӣ, аз як тараф, боиси рангорангии матолиби нашрия ва ҷолибияти он гардида бошад, аз сӯи дигар, идомаи қолабҳои анъанавии жанрҳо ва инкишофи онҳо гардидааст.
 Миёни жанрҳои ахборӣ дар ҷои аввал хабар, дуюм ҳисобот ва сеюм мусоҳиба қарор дорад. Аксари хабарҳо расмӣ буда, манбаи иттилооти ҳисоботҳо, ҷаласаҳои ҳукуматӣ ва нишастҳои матбуотианд, ки тибқи амри 622 дар се моҳ (ҳоло дар 6 моҳ) як маротиба гузаронида мешаванд. Дар муқоиса бо нашрияҳои дигар дар «Ҷумҳурият» мусоҳиба камтар аст.
  Аз гурӯҳи жанрҳои таҳлилӣ мухбирнома, табсира, мақола, тақриз (китобиёт) ва нигориш нисбатан бештар истифода шудаанд. Дар маркази аксари жанрҳои таҳлилӣ проблема қарор дорад, ки нигарони ҳал аст. Тарзи проблемагузорӣ дар матолиби таҳлилӣ гуногун мебошад. Баъзан сарлавҳаҳо оҳанги саволиро мегиранд, ки, агар аз тарафе, як навъ тарзи гузориши проблемаро фаҳмонанд, аз тарафи дигар, аз муносибати интиқодонаи нашрия ба предмети инъикос дарак медиҳанд. Барои мисол: «То кай барқ маҳдуд мешавад?» (21 декабр), «Чаро «Ҷумҳурият»-ро ба хонандагон дер мерасонанд?» (26 декабр), «Дар мактаб китоби дарсӣ нест» (26 ноябр), «Душанбе, зимистон омад, гармӣ куҷост?» (15 ноябр), «Маблағи тухмӣ куҷо шуд» (10 июл)…. 
 Миёни жанрҳои таҳлилии нашрия вокунишро низ метавон ба сифати жанри алоҳида шомил намуд. Ин гуна мавод, аслан зери рубрикаи «Ба «Ҷумҳурият» ҷавоб омад» ба табъ расидааст. Зимнан, пас аз фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» (2009, 7 феврал) истилоҳи вокуниш мақоми расмӣ пайдо кард. Фармони мазкур, ки моҳияти таъмини фазои солими иртиботӣ байни ашхоси мансабдор ва ВАО – ро дошт, дар ташаккули вокуниш ҳамчун матни хосаи публитсистӣ замина гузошт, балки тақвият бахшид.
 Вокунишҳои «Ҷумҳурият» бештар хусусияти расмӣ дошта, мазмуни онҳоро моҳият ва ҳақиқати масъалаҳои баррасишуда, қоил шудан ба камбудиҳои ошкоргардида ва ваъдаи ислоҳи онҳо ташкил медиҳад. Аз мазмуни вокунишҳо бармеояд, ки нашрия дар инъикоси камбудиҳои иҷтимоӣ, саҳлангориҳои баъзе роҳбарон муносибати ҷиддӣ ва санҷидашуда дорад, ки далели собит ба «гуноҳи худ» қоил шудани аксари вокунишнависон мебошад.
 Дар муқоиса ба солҳои пешин дар соли 2014 жанрҳои публитсистию бадеӣ зиёдтар ба назар мерасанд. Муаллифони чунин матолиб дар тавсифи кору фаъолияти инсонҳои наҷиб, хислату характери онҳо аз имкониятҳои жанрҳои лавҳа, очерк ва эссе моҳирона истифода намудаанд. Аммо ҳаҷви публитсистӣ дар нашрия ба назар намерасад. Ҳарчанд баъзан зери рубрикаҳои «Фелетон» ва «Памфлет» матолибе ба назар расад ҳам, аз ҷиҳати ҳунари бадеӣ ва ҳаҷвсозӣ ба талаботи ин жанр чандон ҷавобгӯ нестанд. Яъне дар онҳо бо вуҷуди факти ифшокунандаи камбуд ва фикри маҳкумсозандаи бадиҳо оҳанги танзу ҳаҷв эҳсос намешавад. 
 Ағлаби лавҳаву очеркгунаҳои нашрия хусусияти портретӣ дошта, дар онҳо лаҳзаҳои ҷудогонаи зиндагии фарзандони фарзонаи диёр, маҳорати кордониву масъулияти вазифашиносии эшон, кӯшишу талошҳо баҳри ободии сарзамин ва амсоли ин мавриди инъикосу тасвир қарор гирифтааст. Муаллифони ин гуна матолиб, ки аксар публитсистону адибонанд, қаҳрамонони нигоштаҳои худро хуб медонанд, замоне бо онҳо ҳамнишин будаанд, аз суҳбаташон баҳраманд гаштаанд, аз феълу атворашон огаҳӣ доранд, ба маҳорату ҳунари роҳбарӣ, кордонӣ ва масъулиятшиносиашон қоиланд. Аммо барои нишон додани хислату характери онҳо танҳо ба ин авомил қаноатманд намешаванд, балки ба гуфтаҳои дигарон низ такя мекунанд, муносибати ҳамкорон, ҳамкасбон ва дӯстонро далел меоранд ва ба ин минвол чеҳраи воқеии шахсони тасвиршавандаро нишон медиҳанд. Ба ин мазмун метавон гуфт, ки «Ҷумҳурият» дар болобурди қадри инсони кор иқдоми некеро думболагирӣ менамояд, ки шоистаи таҳсин ва пайравии нашрияҳои дигар мебошад. Ба хусус интишори очерку ёддошт ва эссеву хотира дар бораи зиндагинома ва корномаҳои гузаштагон аҳамияти дуҷониба дорад. Чунин мавод, аз як тараф, зикри хайр аст, ки рӯҳи ононро шод мегардонад, аз сӯи дигар, дар тарбияи инсонгароӣ, меҳнатдӯстӣ, вазифашиносӣ ва худшиносиву худогоҳии имрӯзиён, хоса насли ҷавон таъсири нек мерасонад. 
 Умуман, «Ҷумҳурият» ҳамчун нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи фаъолият роҳи пурпечутоб ва шарафнокеро тай намуда, сабақҳои зиёди касбиро ҳосил намудааст, ки баҳрабардорӣ аз он барои кулли ҳампешагон аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Бошад, ки нашрия дар инъикоси воқеиёт ва мушкилоти рӯз таҷрибаи гузаштаи худро бо навгониҳои касбии замони муосир тавъам намуда, фаъолияташро боз ҳам рангину пурсамар гардонад. Ба ин умед аҳли эҷод ва кулли ҳаводорони онро муборакбод намуда, барояшон саломатӣ, кайфияти эҷодӣ, иродаи қавӣ ва завқи баланди мутолиаро таманно мекунем.

Мурод МУРОДӢ, доктори илмҳои филология, профессор
11Buhoro5

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм