SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

Кули Калон Панчакент

(ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР»)

Тољикистон ва мушаххасоти экологии об

Ќабули пешнињоди Љумњурии Тољикистон аз љониби Маљмааи Умумии Созмони Милали  Муттањид дар бобати эълон намудани Дањсолаи   байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солњои 2018-2028 барои Тољикистон мояи ифтихори бузург аст. Пешвои миллат дар Форуми 7 умуми љањонї оид ба масъалаи об, 12 апрели соли 2015 дар Кореяи Љанубї ва Симпозиуми байналмилалии сатњи баланд оид ба Њадафи шашуми рушди устувор тањти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва бењдошт», ки 9-11 августи соли 2016 дар Душанбе баргузор шуд, пешнињод карданд, ки Дањсолаи дуюми байналмилалї тањти шиори «Об ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад ва он аз љониби иштирокчиёни Форум дастгирї ёфт. Ин пешнињод идомаи пешнињодњои ќаблии Тољикистон марбут ба об мебошад. Яъне яке аз њадафњои асосии ин пешнињод аз нав ба роњ мондани њалли масъалаи муњими глобалии мазкур дар роњи рушди ояндаи  љомеаи башарист. Эълони дањсолаи нав дањњо њадафњоро пайгирї менамояд, ки имрўзу оянда љомеаи инсонї ба он ниёзманд мебошад. Яке аз њадафњои мењварї он аст, ки дањсолаи байналмилалии об барои  рушди устувор барои таъмини амнияти экологии сайёра наќши амиќ дорад. Маълум аст, ки дар ибтидои соли 2016 аз љониби СММ барои 15 соли оянда 17 њадафи асосї муайян гардид, ки чанде аз ин њадафњо ба масоили экологї иртибот доранд. Њамзамон дар шањри Душанбе бо мусоидати СММ ва дигар созмонњои байналмилалї дар давоми 15 соли охир 7 маротиба конфронсу  симпозиумњои  сатњи баланди байналмилалї марбут  ба об гузаронида шуданд, ки њамаи онњо фарогири масоили экологии вобаста ба об буданд. Тољикистон бо тасмимњову мавќеи густаришёбандаи байналхалќии худ дар асоси арзёбии созмонњои  байналмилалї аз рўи 98 фоизи истењсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз љињати экологї тоза, ба ќатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардидааст.

Тољикистон аз љумлаи он кишварњоест, ки бинобар ифлосшавии атмосфера ва дигаргун гаштани иќлим аз солњои шастуми асри гузашта ба суръати баланди обшавии пиряхњо дар њудуди худ мувољењ аст. Албатта ин маънои онро надорад, ки обшавии пиряхњо танњо манфиат ё зарари Тољикистон аст. Имрўз дар љањон ин раванд суръати бесобиќа дорад ва бетафовутї нисбат ба он барои оянда дањшатбор хоњад буд. Аз рўи њисоби мутахассисон агар тамоми пиряхњои љањон об шаванд, сатњи об дар рўи замин 64 метр баланд мешавад, ки ин фано гаштани њаёт дар як ќисмати аъзами саёраи мост.

Ќобили зикр аст, ки Љумњурии Тољикистон бо ташаббусњои ќаблии Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон, аз љумла оид ба эълон доштани Соли байналмилалии оби тоза(2003), Дањсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои њаёт»(2005-2015) ва Соли байналмилалии њамкорї дар соњаи об,(2013)  дар арсаи байналхалќї чун як ташаббускор эътироф шудааст. Њадафњои асосї дар ин њама пешнињодот њушдор додани љомеаи љањонї аз хавфи бузурге мебошад, ки дар сурати муносибати нодуруст ин љомеа дар наздиктарин фурсатњо мувољењ ба он мешавад. Дар робита ба ин дањсолаи нав дар самти расидан ба њадафњои муњити зисту бењдошт,  бахусус дар таъмини устувории муњити зист хеле созгор буда метавонад. 

Њадафњои иќтисодї аз об

Њадафи дигари ќабул ва эълон гардидани ин дањсола марбут ба омилњои иќтисодї мебошад. Яъне обро ба манбаи истењсоли энергияи арзону безарар табдил додан аст, ки моњияти аслии инро воќеоти нерўгоњи Фукусимои Япония барои тамоми љањон собит намуд. Дар Тољикистон захирањои об асоси захирањои энергетикии кишвар ба њисоб мераванд, ки инро маротибаи чандум натиљагирињову хулосањои комиссияњои махсуси баландпояи байналхалќї собит намудаанд. Мавриди зикр аст, ки аз иќтидори  гидроэнергетикии кишвар, ки дар њаљми 527 млрд. кВт.соат бањогузорї карда шудааст, имрўз њамагї 3-4 фисади он истифода карда мешавад. Яъне захирањо барои аз худ кардани ин сарчашмаи неруи аз лињози экологї тоза ва аз лињози иќтисодї нисбатан арзон кифояанд ва феълан зиёда аз 98 фисади неруи барќи дар љумњурї истењсолшаванда ба гидроэнергетика рост меояд.

Муносибати оќилона ва бањси об

Њадафи дигари эълон ва ќабули дањсолаи нави «Об барои рушди устувор» истифодаи оќилона ва боинсофонаи обњои минтаќавї мебошанд. Ин масъала чандин дањсола боз дар Осиёи Марказї хеле печида боќї мемонад.  Захирањои оби минтаќа асосан дар ќаламрави ду кишвари болооб – Тољикистон (ќариб 60%) ва Ќирѓизистон (зиёда аз 25%) ташаккул ёфта, истифодаи онњо бошад  (зиёда аз 80%) ба кишварњои поёноб рост меояд. Кишварњое ки дар саргањи об ќарор доранд, њаќќи соњибияти хеле ками ин обњоро бархурдоранд. Аммо маълум аст, ки дар кишварњои поёноб бо сохтани обанборњои сунъї бањри Аралро хушк намуданд. Заминњои зиёд бо истифодаи ѓайри маќсадноки об ба шўразамин табдил ёфтанд. Саноати бесобиќа ва пур сохтани конњои холишудаи газ бо об иќлими минтаќаву сайёраро таѓир додааст. Об масъалаи љиддиву бањсбарангез аст. Мувофиќи маълумотњо дар давоми 50 соли охир дар маљмўъ 507 мољаро ба масъалаи об марбут аст, ки 21-тои он ба амалиётњои љангї табдил ёфтааст. Яке аз роњбарони кишварњои Осиёи Марказї чанд сол ќабл ба таври ошкоро эњтимолияти бархурдњои низомиии вобаста ба обро ишора карда буд. Бањсњои зиёди обии Осиёи Марказї танњо дар сурати мављуд будани њамгироињо њалшавандаанд, ки Тољикистон љонибдори ингуна сиёсат аст. Мањз  нарасидани об ва таќсими нодурусти он аст, ки дар кишварњои алоњидаи африќову Амрикои љанубї  мардумон  азият мебинанду ба беморињои марговар дучоранд. Кишварњое дар Шарќи наздик њастанд, ки дар таќсими дарёњо дар њоли бархўрдњои низомї ќарор гирифтаанд.

Ањамияти об  ва сарфаи обњои ширин

Маълум аст, ки њамасола дар љањон 22 март чун рузи захирањои обї таљлил мешавад. Ин таљлилро СММ ба роњ гузошта, то ин ки ањли башар моњияти масъаларо дарк намуда, ањамияти онро дар њаёти табиати фарогир ва инкишофи љомеа пайхас намоянд. Аммо њануз љомеаи башарї ба дарки амиќи ин муаммо нарасидааст. Имрўз ногузир аст, ки љомеаи башарї дарк намояд, ки њарчанд 70-80 фоизи рўи заминро об пўшонида бошад њам, аммо танњо як фоизи он барои ошомидан љоиз аст. Имрўз кишварњои пешрафта имкони зиндагиву буду бошро дар дигар саёрањо ёфтан мехоњанд. Дар навбати аввал дар љустуљуву тањќиќи худ мављуд будан ё набудани обро дар он саёрањо  ба роњ мемонанд. Яъне ањамияти об бояд як масъалаи назарногиру ночиз набошад ва њар љо ки об њаст онљо њаёт аст.

Оби ширину ошомиданї  чун як манбаи њаёт арзиши баланд дорад. Аз рўи маълумотњои ЮНЕСКО оби тозатарин дар љањон дар Финляндия ба њисоб гирифта шудааст. 122 давлати љањон дорои чунин захирањои обї мебошанд, ки Тољикистон аз рўи сифати ин гуна об дар ќатори дањгонањои аввал ќарор гирифтааст. Бояд, боиси нигаронии ањли башар бошад, ки зиёда аз як миллиард сокини сайёра аз оби ошомиданї танќисї мекашанд. Аз рўи њисоби мутахассисон на њама захирањои оби ошомиданї барои инсоният дастрас аст. Яъне нисфи он дар шакли ях ва љоришавии зеризаминї ќарор дорад. Дар сурати масрафи бењудуд инсон метавонад ба хавфи беобї дучор гардад. Имрўз ањолии кураи Замин  ин хавфро камтар дучор гашта метавонад. Аммо бо чунин суръати афзоиши ањолї ва саноати аждањорсифати тавонмандњо шояд дар асрњои оянда дар тамоми манотиќи љањон оби ошомиданї дар истифодаи умумї кифоят накунад.

Об ва њаёт

Љои инкор ва муаммо нест, ки љисми инсон аз об таркиб ёфтааст. 86% бадани тифли навзод ва 70% бадани инсони калонсолро об ташкил медињад. Об асоси њаёти танњо инсон нест. Инсон барои эњтиёљоти худ ногузир аз дигар неъматњо истифода мебарад, ки барои фаровониву мављудияти онњо низ наќши об аввалиндараља мебошад. Њайвоноту наботот аз об њастии худро таъмин кардаанд. Масалан њайвонот  аз 75%, картошка аз 76%, себ 85%,  помидор 90%,  бодиринг 95%, тарбуз 96%  аз об иборат гаштаанд. Акнун аз њаминљо бояд ќиёс кард, ки барои як кишвари аграрї об чї ќимате дорад. Аз њаминљо бояд хулоса баровард, ки  барои зиндагї дар ин љањон чї ќадар об лозим аст.

Њадафи дигар аз дањсолаи нав ба роњ мондани муносибати дурусту оќилона ба об аст. Инсон бояд дарк намояд, ки об худ шифо аст ва неъмати ивазнашаванда ба шумор меравад. Агар инсон 2 фоизи оби баданро аз даст дињад, ташна мемонад, 10 фоизро аз даст дињад бемор аст, 12 фоизро аз даст дињад, бе табобати духтур ба по истода наметавонад, 15-20 фоизро аз даст дињад ба марг дучор мешавад. Аз нигоњи тиб калориянокии љисмро мањз об паст мегардонад. Нафаре ки обро бештар менўшад, ба сактаи ќалб камтар дучор мешавад. Бе хурок инсон то чанд моњ зинда монда метавонад. Аммо беоб аз се то њафт рўз зиёд зинда намемонад. Як инсон давоми умр танњо барои эњтиёљоти  худ дањњо тонна обро истифода мебарад. Баъди оксиген дуввумин омили баќо барои инсон об аст. Инсоният бо пешрафти илму техника ба дараљаи тањаввулу ташаккули баланд расидааст. Дањњо мушкилоти худро осон гардонида, љои як чиз чизи дигарро кашф намудааст. Имрўз инсоният хуроки худро иваз намуда, њатто дар бархе аз кишварњо нонро бо дигар анвои хурокї иваз кардаанд. Аммо обу њаво он неъматњое мебошанд, ки дар заминаи њамагуна илму тањаввулот наметавон онњоро иваз намуд.

         Дар баробари ин бояд гуфт, ки об натанњо њаёт мебахшад, балки њаётро аз мо  мегирад. 85 % беморињо бо ёрии об мегузаранд. Бо ин иллат њар сол 25 миллион нафар сокинони сайёра мефавтанд. Аз ифлосии дарёи Ганги муќаддас њар сол 3 миллион нафар одамон нобуд мешаванд. Мардумони поёноби дарёи Нил ифлостарин обро истифода мебаранд, ки муљиби эпидемияњои давомдору марговари минтаќаи Африка мебошад. Амазонкаи бузург њамасола садњо њазор заминњои кораму манзилњоро хароб сохта, садњо нафарро ба коми худ мекашад. Њамасола бо иллати таѓирёбии иќлим ва обшавии пиряхњо дар Тољикистон ва дигар кишварњои Осиёи Марказї селобу жолаву боронњои пуршиддат њазорњо манзилро хароб ва садњо нафарро одамон ќурбон месозанд.

Об ва тиљорат

Мављудияти ин њама омилњо бо гузашти ваќти муайян оби тозаи ошомиданиро чун мол ба бозор мебарорад. Коршиносону муњаќќиќон ба он назаранд, ки дар дањсолањои наздиктарин оби ошомиданї чун нафти имрўза ба як тиљорати бузург табдил меёбад. Инсоният ќодир аст, ки нафтро иваз намуда, ба љои он манбањои нави энергияро барои худ пайдо созад. Аммо боз њам об чун ганљи ивазнашаванда боќї хоњад монд. Имрўз тиљорати оби ошомиданї алакай ба як раванди муќарарї табдил ёфта истодааст. Намунаи ин тиљорат алакай маълум мебошад. Мављудияти беш 1300 навъи об дар љањон сифату арзиши онњоро муайян карда истодааст. Масалан як навъи оби табии ќиматтарин дар Лос Анљелеси ИМА мебошад, ки як литри он 90 доллар арзиш дорад. Ќабилањои алоњидаи африќої бо кандани чоњњову љустуљўи  об дар биёбонњо онро аз тилло ќимат медонанд ва њар касе соњиби чоњи об аст, сарватманди ќабилаи худ дониста мешавад. Ин нуќтањоро бархе аз кишварњо алакай дарк намудаанд. Ба таври мисол оби ширину тозаи кули Сарез дар Тољикистон барои харидориву коркард мавриди таваљљўњи кишварњои алоњидаи арабї ќарор доранд.

Бо назардошти ин њама метавон гуфт, ки љомеаи ояндаи инсоният бештар ба проблемањои экологии вобаста ба об андармон мешавад. Печидагињо ва унсурњои алоњидаи онро дарк намуда, Тољикистон чун ташаббускори дањсолаи нав дар њамљоягї дар њалли ин проблемањои љиддї мусоидат кардан мехоњад. Бо ин њама тасмимот љомеаи љањониро барои ќазовату масъулият даъват менамояд. Зеро тавозуни табиї ба куллї таѓир ёфтааст ва Тољикистон аз љумлаи он кишварњои дорои захирахои обист, ки дар навбати аввал аз таѓирёбии ин тавозун зарар дида истодааст.

Бахтиёри Ќутбиддин

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм