SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

Телевизион

Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва пурмашаққатест, ки на ҳар инсон дар ин ҷода муваффақ гардида метавонад.

 

 

 

Албатта, агар корманд пешрафт ва навоварӣ кардан хоҳад, дар ҳама гуна кору фаъолият мушкилот пеш меояд ва бидуни кӯшишу талош муваффақияте ба даст овардан ғайриимкон аст. Вале, меҳнате, ки журналистон барои самаранокии корашон анҷом медиҳанд, қиёснашаванда аст. Масалан, як нафар рӯзноманигори телевизион ва радио барои пешниҳоди тамошобин гардонидани маводи эҷодӣ чунин зинаҳоро тай мекунад:

Ҷустуҷӯй ва интихоби маводи ҷолиб;

Пайгирӣ ва баррасии мавзӯъ;

Сабт, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маводи нотайёр;

Коркард, ҷобаҷогузории техникӣ ва ғ.

Тамоми ин ҷараён дар фурсати кӯтоҳтарин ва ё ҳамзамон иҷро шуданаш лозим меояд. Барои журналисте, ки мехоҳад дар ҷодаи интихобнамудааш пешсаф бошад, ба қавли худи онҳо “зиндагии шахсӣ” вуҷуд дошта наметавонад. Воқеан ҳам, чун мутаваҷҷеҳ мешавем, маҳз рӯзноманигорон то дергоҳ дар утоқи кории худ нишаста, андармони кор мешаванд ва ё бидуни рӯзи истироҳатӣ фаъолият намудани журналистони шабакаҳои телевизиониву радиоиро мушоҳида кардан мумкин аст.

Ба қавли Р. Г. Бухартсев, “журналистони алоҳида, ки воқеан ҳам вазифаи ихтисосии хешро дарк мекунанд, ҳаққулзаҳматро ҳадафи асосии кори хеш намешуморанд. Пас аз ворид шудан ба ҷаҳони ботинии журналист метавон дарк намуд, ки ниёзмандии шуури журналист дар шакли ягон мақсад маскан ёфтааст”. Яъне, барои журалистони соҳибкасб шунидани дарди мардум ва расидагӣ карда тавонистан ба мушкилоти рӯз аз ҳама гуна маблағу дороии дигар боло меистад. “Муҳимтарин дастоварди журналист эътимоди хонанда, шунаванда ва бинанда буда, беҳтарин роҳи нигоҳ доштани он саҳеҳияти баён аст” – менависад муҳаққиқи соҳа Дебора Поттер.

Суҳбат ё хоҳиши зани корафтодаеро бо журналист Гулчеҳра Сатторова, ки дар идораи «Фаросӯ»-и Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон (солҳои 2012 – 2013 дар ин шабака ба ҳайси ёвари коргардон фаъолият доштам) шунида будам, фаромӯш кардан наметавон:

Апаҷон, бовар кунед, ба ғайр аз шумо ба каси дигар умед баста наметавонам. Замини наздиҳавлигиямро аз дастам гирифта истодаанд. Кӯмак кунед, илтимос...

Воқеан ҳам, маҳз меҳнати шабонарӯзӣ ва содиқонаи журналистон аз тарафи дигар имконият медиҳад, ки рӯзноманигорон дар дилу дидаи мардум ҷо гардида, муътабар шаванд. “Ягон давлат, ягон сиёсатмадор, - менависад журналист Анатолий Рубинов, - бе мадади журналистика ба аҳдофи сиёсии хеш расида наметавонад”. Дар ҳақиқат, журналистон тарғибгаронеанд, ки барои пойдор нигоҳ доштани адолат ва суботи кишвар бо ҷиддияти тамом талош менамоянд ва ҷойи онҳоро ба воситаи дигаре иваз кардан ғайриимкон аст.

Нафаре, ки тамоми ҳаёти худро сарфи шунидани дарду доғи омма ва дар ин замина, расидагӣ ба онро мекунад, журналист аст. Ташхису натиҷагирии фаъолияти рӯзноманигорон ниёз ба санҷиши тулонӣ надорад, тамошобинони телевизион, шунавандагони радио ва хонандагони матбуоту интернет баробари нашр гардидани мавод аз мақсаду ният ва қобилияти журналист огоҳ мегарданд ва онро баҳогузорӣ мекунанд. Дар ин замина, рӯзноманигороне, ки донишу таҷриба ва истеъдоди кофӣ надоранд, дар ҷодаи эҷод роҳи кӯтоҳ хоҳанд дошт.

Чунон ки маълум аст, имрӯз дар арсаи ҷаҳон кишваре пешсаф аст, ки дар муборизаҳои иттилоотӣ дастболо бошад. Асри ХХI – асри иттилоот эълон гардидааст. Ин ҳолат аз як тараф, қувва ва тавонмандии волои журналистикаро бори дигар собит месозад, инчунин, масъулияти рӯзномагоронро дар самти сифатнокии фаъолият зиёд мекунад. Чун имрӯз журналистон аз ҷониби аудитория ҳамчун омӯзгор, роҳбар, машваратчӣ ва монанди ин пазируфта мешаванд, ҳамоно аз заҳмату машаққати эшон ҷиҳати пойдории суботи сартосарист.

Журналистика бо вуҷуди пешаи заҳматталаб будан, касби пурифтихор аст. Исми журналистони воқеиро, ки адолату ҳақиқатро шиори зиндагӣ карда, умри худро сарфи пайгирии мушкилот ва мавзӯъҳои мубрами ҷомеа гардонидаанд, таърих дар китоби ҷовидонаи хеш сабт менамояд.

Муслима Манонова

мудири студияи таълимии телевизион ва радиои

факултети журналистикаи ДМТ  

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм